Оянданигарии илмӣ дар мавзӯи фарҳанг, иқтисод, шаҳрсозӣ, омӯзишу парвариш ва дигар паҳлуҳои зиндагии башар, дар таҳқиқотҳои илмии муҳандис ва футурологи амрикоӣ Жак Фреско, ки «Лоиҳаи Венера» 69 ном дорад пешкаши ҷаҳониён шуда аст. Маркази таҳқиқотии лоиҳа дар мавзеи Венуси Иёлоти Флоридаи ИМА ҷойгир аст ва аз соли 1975 амал мекунад. Дар ин марказ сабабҳои мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ муайян карда шуда таҳқиқотҳои илмӣ барои ҳалли онҳо гузаронида мешавад.
Он чи ки имрӯз ба сифати рушду тараққӣ ва таҷаддуду навигарӣ дар муҳитҳои иҷтимоӣ ва умуман, дар сайёраи замин муаррифӣ мешавад, натиҷаи фаъолияти сермаҳсули олимону донишмандони дунёст. Ҳамагӣ дар дусад соли ахир илму дониш босуръат пеш рафта, омили асосии рушду тавсеаи зиндагии инсонӣ гардид. Мусаллам аст, ки илму хирад натиҷаи фаъолиятҳои ақлонию зеҳнии башар буда, бо фаъол сохтану таҳрик додани низоми мағзӣ инсоният ба дараҷаи камолоти зеҳнӣ ноил гардид ва тадриҷан аз марҳилаи биологӣ ба сатҳи иҷтимоӣ-сотсиалӣ расида, саранҷом ба шинохт ва маърифати ҷомеа, ҷаҳон ва кайҳон даст ёфт. Дар натиҷаи фаъол шудани низоми мағзӣ инсон на танҳо дар пайи шинохти худ кӯшид, балки ҷаҳони перомуни худро низ маърифат намуд.
Бахши аввал: Бархурди селҳои метеорӣ, кометаҳо ва сайёраҳои хурд ба Замин
Дар адабиётҳои даврӣ номгӯи ҳодиса ва офатҳое, ки ҳаёти инсонро зери хатар қарор дода, муҳити зист ва вазъи экологии минтақа ва кишварҳоро халалдор менамоянд, борҳо мавриди таҳқиқи донишмандону коршиносон ќарор доштанд. Аммо назари андешамандон дар ҳошияи теъдоди хатарҳо ва ё офатҳо яксон нестанд. Дар баъзе аз адабиётҳои таълимӣ хатар ва ё офатҳоро аз чаҳор [1] дар дигаре аз шаш ва ё кам ҳолате ба назар мерасанд, ки аз ҳафт бахш иборат донистаанд [2]. Ба ин пеш аз ҳама офатҳои табиӣ, биологӣ, антропогенӣ, экологӣ, иҷтимоӣ-сиёсӣ, техногенӣ ва омехтаро одатан муттаалиқ медонанд.
Марҳилаи нави рушди забони тоҷикӣ бо номи яке аз поягузорони адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айнӣ пайванди ногусастанӣ дорад, зеро устод бо таълифи осори бадеӣ, асарҳои арзишмандии илмӣ, мақолаҳои муҳими публитсистӣ ва фаъолияти ибратомӯзи хеш мероси адабию фарҳангиамонро муаррифӣ намуда, дар баробари ин манфиатҳои миллии халқи тоҷикро ҳимоя намудааст.