Масъалаи маорифпарварӣ ва мунавварфикрӣ дар аморати Бухоро, ки маркази тамаддуни тоҷикӣ маҳсуб меёфт, аз ҷумлаи масоили муҳиму мубрами иҷтимоӣ, сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангӣ буда, дар доираҳои улуми филологӣ ва фалсафӣ солҳост, ки матраҳ шуда, пайваста мавриди пайгирӣ қарор мегирад. Мусаллам аст, ки ҷомеаи аморати Бухоро, ки қисмати зиёди нуфуси онро тоҷикон ташкил медоданд, бар асари ҷаҳлу нодонӣ ва хурофотпазирӣ вазъи буҳрониро аз сар мегузаронид ва фақри фикрию маънавӣ бар баданаҳои иҷтимои сахт тасаллут ёфта, роҳи наҷотро душвор намуда буд.
Дар асрҳои XVIII – XIX, тақрибан 250 сол пеш аз тарафи олимони илмҳои дақиқ доир ба боридани сангҳо аз осмон баҳсҳои ҷиддӣ ва ҷолибе ба миён омад. Ин як заминаеро барои омўзиш ва таҳқиқ намудани падидаи мазкур ба вуҷуд овард. Чунин ҳодиса дар қиссаҳо ва солшумориҳои дигар халқхо, афтиши сангҳоро ба ғафс шудани ҳаво дар зери таъсири раъду барқ низ мавҷуд буд. Хусусан, олимони Академияи Париж ин ақидаи афсонамонандро пайгирӣ мекарданд. Боре ин ҳодиса дар пеши чашми шаҳрвандони зиёди Париж, аз ҷумла худи раиси шаҳр руй дода буд. Раиси шаҳр ин ҳодисаро ба олимони Академияи Париж ирсол кард.
Дар миёни маросимоти Наврӯзӣ Сездаҳбадар ба унвони расми ҷамъбастӣ ё ба истилоҳ, кулминатсионии ин ҷашни бошукӯҳи аҷдодӣ шинохта мешавад. Расми «Сездаҳбадар», қабл аз ҳама, бо зиндагии рӯзмарра ва ҳаёти воқеии мардумӣ бастагӣ дорад ва барои танзими муносибатҳои мутавозини иҷтимоӣ созмон ёфтааст. Он маҷмӯаи маросимоти Наврӯзиро ҷамъбаст мекунад ва омодагиро ба ҷараёни минбаъдаи зиндагӣ ба мардум илқо менамояд. Ин аст, ки тибқи одоти маросимӣ, мардум ва табақаҳои гуногуни аҳолӣ дастҷамъона берун аз шаҳр мераванд ва дар муҳити кӯҳсору саҳро бо хушию хушҳолӣ ва саргармиҳо бо табиат ҳамоғуш мешаванд.
Эҷодиёти асосгузори адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ на танҳо дар собиқ ҷумҳуриҳои Шӯравӣ, балки дар хориҷи кишвар маҳбубият ва шуҳрат дорад. Аз ин рӯ, бесабаб нест, ки ӯро дар қатори Байрон, Шекспир, Лесинг, Гёте, Балзак, Тагор ва дигар нависандагони ҷаҳонӣ ном мебаранд.
«Ёддоштҳо»-и устод Айниро энсиклопедияи ҳаёти то давраи инқилобии халқи тоҷик номидани тадқиқотчиён далели раднопазир аст. Гарчанде ин асар тарҷимаиҳолӣ бошад ҳам, дар он аз тасвири ҳаёти шахсии нависанда дида, бештар масъалаҳои муҳимми замон, тарзи зисту зиндагии меҳнаткашон, ҷамъомади шоирон ва рафторҳои ношоистаи табақаҳои ҳукмрони давр танқиди бадеии худро ёфтааст.