JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

 Имрӯз, 22 феврали соли 2018, дар толори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ дар мавзӯи “Сиёсати хориҷии Чин ва муносибатҳои Чину Ҷопон” баргузор шуд. Гузоришгари семинар профессори Донишгоҳи Токио Шин Кашива буд, ки ба омӯзиши таърихи муносибатҳои сиёсии Чину Ҷопон дар донишгоҳи мазкур машғул аст.

Чоршанбе, 21 Феврали 2018 08:18

Оё медонед?

Муаллиф:

1. Абрҳо аз чӣ иборатанд?

  Абрҳо аз заррачаҳои ниҳоят хурди бухори об иборат мебошанд. Обҳои бухоршуда аз қатраҳои хурдтарин иборат буда, дар болои дарё, кӯл ва баҳрҳо, инчунин дар баргҳои рустанӣ (шабнам) ва нафасгирии мавҷудоти зинда пайдо мешаванд.

Ин заррачаҳои хурдтарин хеле сабуканд ва ҳаво онҳоро мебардорад. Аммо вақте, ки ин заррачаҳо сард мешаванд, ба ҳам омехта мегарданд ва онҳоро дигар ҳаво бардошта наметавонад. Дар натиҷа онҳо дар шакли борон, жола ва барф ба замин мерезанд.

Имрӯз 16 феврали соли 2018 дар Меҳмонхонаи “Атлас” маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни рӯзноманигори соли 2017 барои мақолаи беҳтарин дар соҳаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист, ки аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Ҳукумати Британияи Кабир аз рӯйи Воситаи маблағгузорӣ барои тобоварӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон (КЛИМАДАПТ) ба роҳ монда шудааст, баргузор гардид.

Аъзои маҳфили илмӣ-фалсафии “Ҷаҳони андеша” аз даргузашти падари Исомиддин Шарифзода,  Умар Шарифзода сахт андуҳгин буда, ҳамдардии худро ба хешу табор ва фарзандони марҳум баён медоранд. Ба шароити сахти зиндагӣ нигоҳ накарда, ин марди шариф масири омӯзишу маърифатро интихоб намуда, дар ин замина илму дониши кофӣ андӯхт. Устод Умар Шарифзода умри пурбаракати худро ба самти таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавон бахшида, дар ин роҳи  мушкилписанду заҳматталаб тамоми қувваю тавони илмию эҷодиашро мавриди истифода қарор дода, шогирдони зиёде тарбия кард.

Китобҳо