Барои тайёр намудани ин дар 10 литр об бояд 2 кг хокистари нағз майда кардашуда ҳал карда шуда, инчунин ба он ҳамроҳ намудани 100–150 грамм хушкаи тамокуи носӣ, ё ин ки 10 дона тамокуи дудӣ (папирос), як-ду дона сармисоқ (чеснок)-и майдакардашуда, як-ду дона қаламфури майда карда шуда ҳамроҳ кардан лозим аст. Ин маҳлули кориро бояд дар муддати 3–4 рўз дар соя нигоҳ дошт. Баъд аз ин онро аз дока гузаронида, ба он дар рўзи истифодабарӣ пеш аз ба растаниҳо пошидан ба миқдори 100–150 грамм селитраи аммиакӣ (аммиачная селитра), 50–70 грамм…