JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 13 Марти 2023 13:24

Асрори сайёраи Миррих

Муаллиф: Ҳусейн Асоев

  Сайёраи Миррих, ки онро гузаштагони мо Баҳром меномиданд, мунаҷҷимони қадим онро ҳамчун барангезендаи ҷангу қитол меҳисобиданд. Сайёра аз сабаби ранги сурх доштанаш ба шарафи Худои ҷанг Миррих ном гирифтааст. Ин сайёра аз қадимулайём  диққати мунаҷҷимонро ба худ ҷалб карда буд, ва ҳоло низ ҷалб карда истодааст. Ин сайёра аз ҷиҳати физикӣ ба Замини мо хеле монандӣ дорад. Баъзеҳо онро замини оянда низ меноманд.

  Аз ҳамин сабаб Миррих бо асбобҳои расадии заминӣ, кайҳонӣ ва инчунин дастгоҳҳои кайҳоние, ки бевосита ба сатҳи сайёра фурӯд меоянд, хуб омӯхта шудааст. Таҳқиқи Миррих ба воситаи дастгоҳҳои кайҳонӣ аз солҳои 70 – уми асри гузашта шуруъ шудааст. Агентии кайҳонии Амирко НАСА нақша дорад, ки дар соли 2030 инсонро ба Миррих фиристад.

  Сайёраи Миррих аз ҷиҳати дурӣ  чорумин  ва аз ҷиҳати андоза ҳафтумин сайёра дар Низоми офтобӣ буда, аз Офтоб дар масофаи 1,52 воҳиди астрономӣ ё  228 000 000 км  воқеъ аст.  Андозаи Миррих тақрибан ду маротиба аз андозаи Замин хурд буда, ба 6780 км баробар аст.  Миррих аз Офтоб нисбат ба Замин тақрибан 2 маротиба камтар энергияи гармӣ мегирад.

Давомнокии шабонарӯзи  Миррих  24 соату 37 дақиқаю 22,7 сонияро ташкил медиҳад, ки ин аз давомнокии шабонарӯзи Замин 40 дақиқаю 32 сония дарозтар аст.

     Фаслҳои сол ва ҳарорат дар Миррих

    Моилии тири чархзании Миррих дар атрофи меҳвараш  ба қариб ба моилии тири чархзании Замин баробар аст, бинобар ин дар сатҳи сайёра ивазшавии фаслҳои сол ба монанди Замин ба амал меояд. Моилии тири чархзании Замин нисбат ба ҳамвории мадораш ба 23,50 (дараҷаи кунҷӣ) ва аз Миррих ба 25,20 баробар аст, ки ин дар расм аён аст.

  Аз Офтоб  нисбат ба Замин дар масофаи дуртар  воқеъ будани сайёра ва атмосфераи тунук доштан  боиси паст шудани ҳарорат дар сатҳи он мегардад.  Дар фасли зимистон ҳарорат дар сатҳи сайёра  аз  -50 то -145 дараҷаи селсӣ  тағйир ёфта,  дар тобистон дар экватор  ҳарорат ба +30 дараҷаи  селсӣ мерасад.

  Аз сабаби атмосфераи хеле тунук доштани сайёра фишори атмосферӣ дар сатҳи он хеле паст аст. Фишори атмосферии сайёра нисбат ба фишори атмосферии  сатҳи Замин 160 маротиба кам аст. Атмосфераи сайёра 95% аз гази карбон,  2,7% аз нитроген 0,145% аз оксиген иборат аст.

  Дар сатҳи сайёра боришоти барф ба қайд гирифта шудааст. Барф асосан дар қутбҳои сайёра меборад ва аз сабаби дар қутбҳо паст будани ҳарорат  барф ба ях табдил меёбад.  Ин ях дар қутбҳои сайёра кулоҳҳои қутбиро ба вуҷуд меорад. Дар фасли баҳор ва тобистон дар натиҷаи гармӣ  яхҳои кӯлоҳҳои қутбӣ бухор мешаванд. Дар сатҳи Миррих барф ва ях об нашуда, балки якбора бухор мешавад. Сабаби ин ҳодиса паст будани фишори атмосферӣ дар сатҳи сайёра аст. Фишори муътадили атмосферии сайёра ба 612 Па (барои Замин 101 325 Па) баробар аст, ки дар ин ҳолат об дар ҳарорати 00С меҷӯшад.

 Тӯҳфонҳои чангии Миррих

 Дар вақти баҳор вақте, ки яхҳои қутбҳои сайёра об мешаванд, миқдори буғи об дар атмосфера зиёд мешавад ва ин боиси баланд шудани фишори атмосферӣ  мегардад. Дар натиҷа гази нисбатан вазнини массаи зиёддошта  аз тарафи қутб ба минтақаҳои экватории сайёра  кӯчида, боиси ба амал омадани тӯҳфонҳо дар сатҳи сайёра мегардад. Ин тӯҳфонҳо  бо суръати  аз 40 то 100м/с вазида, чангу гарди зиёдро аз сатҳи сайёра ба фазо мепартоянд, ки ин тӯҳфонҳоро  тӯҳфонҳои чангӣ меноманд. Тӯҳфонҳои чангӣ ба ҳар тараф вазида, сатҳи сайёраро пурра бо чанг рӯйпӯш мекунанд, ки дар натиҷа сайёра ранги сурхро  мегирад. Дар расми 4 ин манзари хуб нишон дода шудааст. Акси тарафи чап ҳолати Миррих пеш аз тӯҳфон ва акси тарафи рост ҳолати онро дар вақти тӯҳфон нишон медиҳад.

 Дараи  Маринер  

 Дараи  Маринер яке аз дарозтарин дара дар Низоми офтобӣ мебошад, ки  он дар сатҳи Миррих мебошад. Ин дараро  солҳои 1971 – 1972  дастгоҳи кайҳонии  «Маринер 9»  кашф кардааст.  Аз ҳамин сабаб ин дараро ба номи ҳамин дастгоҳи кайҳонӣ номгузорӣ кардаанд. Дарозии дараи Маринер ба 4500 км  паҳноияш  600 км ва чуқуриаш  11 км мебошад.

 

  Кӯҳи Олимп дар Миррих

  Кӯҳи Олимп бузургтарин ва баландтарин кӯҳ дар Низоми офтобӣ мебошад.  Кӯҳи Олимп вулқони хомӯшшуда мебошад. Хуруҷи и вулқон 1,5 млрд. сол пеш ба амал омадааст. Ин кӯҳ дар натиҷаи фаъолияти вулқонӣ пайдо шудааст. Ин кӯҳ дар ноҳияи Фарсид, ки дар экватори сайёра ҷойгир аст, пайдо шудааст. Баландии Олимп ба 27 км ва паҳноияш ба 550 км баробар аст. Баландии Олимп аз вулқони Маун Лоа (баландиаш 9 км), ки дар ҷазираҳои Гавая аст ва баландтарин вулқон дар сатҳи Замин аст, тақрибан 3 маротиба баландтар аст. Олимп аз қуллаи баландтарини Замин ки Ҷомолунгма ном дорад зиёда аз 3 маротиба баландтар аст.

  Об дар сайёраи Миррих

  Ягона сайёрае,  ки таваҷҷуҳи инсониятро оид ба маҷудияти ҳаёт дар  Низоми офтобӣ ба худ ҷалб кардааст, ин сайёраи Миррих мебошад.  Тахмин меравад, ки 3,5 млрд. сол пеш табиати сатҳи Миррих айнан ба табиати ҳозираи сатҳи Замин монанд будааст. Аз сабаби мавҷудияти атмосфера дар сатҳи сайёра боришоти борон ва барф ба амал меомад. Дар сатҳаш баҳру уқёнус кӯлхо ва дарёҳои ҷоришаванда мавҷуд буданд. 

 

   Далели гуфтаҳои боло ин айни замон дар сатҳи сайёра дар баландкӯҳҳо ва водиҳои он мушоҳидаи изи дарёҳо ва рудҳои хушкшуда мебошад. Олмон омили аз байн рафтани атмосфераи сайёраро аз сабаби нест шудани майдони магнитии он медонанд, ки ин майдон атмосфераро аз таъсири афканишотҳои кайҳонӣ ва шамоли офтобӣ ҳифз мекунад.

  Мувофиқи тадқиқотҳои охирин ҳоло захираи об дар  Миррих ба шакли ях ва моеъ то ба 60 000 000 км3 ё 60×1015 тоннаро ташкил медиҳад. Ин миқдор об  1/23 ҳиссаи обҳои сатҳи Заминро ташкил медиҳанд. Оби моеъ дар баъзе минтақаҳои сайёра дар зери яхи ғафсиаш аз 150 то 500 м мавҷуд аст. Захираи зиёди об асосан дар қутбҳои сайёра мавҷуданд.

  Кӯли оби моеъе, ки дар Миррих соли 2018 кашф шуд, мавҷудияташ ба туфайли сарчашмаҳои гармии иловагӣ шарҳ дода мешавад. Ин сарчашмаи иловагии гармӣ ин кӯлҳои моегии магмавӣ мебошад.  Ин кӯли оби моеъ дар қутби ҷанубии Миррих кашф шуд, ки он дар зери яхи ғафсиаш 1,5 км ҷойгир аст ва дарозии    кӯл ба 20 км баробар аст.   Бо вуҷуди ин чигуна пайдошавии чунин кӯл дар Миррих муаммоест сарбаста.

  Ҳамсафарони Миррих

  Миррих дорои ду ҳамсафар аст, ки онҳо Фобос ва Деймос ном доранд. Онҳо дар тарҷума аз забони лотинӣ маънои «тарс» ва «даҳшат»-ро гирифтаанд.

 

 Масофаи миёнаи байни Фобос ва Миррих  9378 км –ро ташкил дода, даври гардишаш дар атрофи Миррих ба 7 соату 40 дақ. баробар аст. Андозаи Фобос ба 27 км баробар аст.

 Масофаи миёнаи байни Деймос ва Миррих  23 459  км –ро ташкил дода, даври гардишаш дар атрофи Миррих ба 1 шабонарӯзу 6 соату 18 дақ. баробар аст. Андозаи Деймос ба 15 км баробар аст.

Ҳусейн Асоев

ходими илмии Институти астрофизикаи АМИТ

Манбаъҳои маълумот

  1. Галанин А.В. Cтроение и жизнь Вселенной // Вселенная живая [Электронный ресурс] – Владивосток, 2012. Адрес доступа: http://jupiters.narod.ru/universe1.htm
  2. Раҳмонов А.А. Ҷирмҳои Системаи офтобӣ (Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни макотиби олӣ). Душанбе, 2011, 225 с.
  3. https://college.ru/astronomy/course/content/content.html#.ZA6iGinxKfY
  4. https://ru.wikipedia.org/wiki/Марс
  5. https://www.bbc.com/russian/news-44957790

 

 

 

Хондан 1785 маротиба