JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 02 Феврали 2023 08:13

Наздикшавии ситораи думдор (Комета) – и C/2022 E3 (ZTF) ба Замин

Муаллиф: Институти астрофизикаи АМИТ

   Рӯзи 1 –2 – юуми феврали соли 2023 ба сайёраи мо Кометаи C/2022 E3(ZTF) аз масофаи наздиктарин мегузарад. Масофаи наздиктарини байни Замину ин комета ба 40 млн. км баробар мешавад. Дар ин наздикшавӣ дурахшонии комета  ба 4,7 – 5,5 қадри ситорагӣ мерасад, ки бо чашми оддӣ диданаш имконпазир аст. Дарозии думаш бошад, ба 10 дараҷаи кунҷӣ мерасад. Имконияти дидани ин комета аз соати 3 –и шаб то баромадани Офтоб аст. Аммо шарти дидани ин комета ин берун аз шаҳр будан, осмони софу беғубор ва набудани Моҳ дар осмон аст. Мутаассифона аз сабаби номусоидии обу ҳаво дидани комета шояд ғайриимкон шавад. Ин комета дар нимкураи шимолии осмон буда, дар  рӯзи зикр шуда дар байни ситораи қутбӣ (полярная звезда) ва  бурҷи Хирси калон (Большая медведица)  воқеъ мешавад.

Кометаи C/2022 E3 (ZTF)

  Кометаи C/2022 E3 (ZTF) 2 марти соли 2022 аз ҷониби гурӯҳи лоиҳаи Zwicky Transient Facility(ZTF), дар ИМА кашф шуд. Дар ибтидо олимон кометаи C/2022 E3 (ZTF)-ро иштибоҳан астероид гумон карданд, аммо баъдтар, ки дар ин объект комаи конденсивӣ кашф шуд, хусусияти кометавии ин объектро нишон дод.  

 

Кометаи C/2022 E3 (ZTF)

   Ҷолибияти  кометаи  C/2022 E3 дар он аст, ки вай дорои се дум: думи чангӣ, думи ионӣ ва думи аномалӣ  мебошад. Кометаи C/2022 E3(ZTF) кометаи дароздавр буда, даври гардишаш  дар атрофи Офтоб ба 50 000 сол баробар аст. Комета аз канорҳои дури Системаи офтобӣ, яъне аз Абри Оорт, ки аз Офтоб дар масофаи 50 000 – 100 000 воҳиди астрономӣ ҷойгир аст, омадааст (1 воҳиди астрономӣ ин масофаи миёнаи байни Офтобу Замин аст). Кометаи  C/2022 E3  аз нуқтаи перигелӣ (нуқтаи наздиктарин ба Офтоб) 12 январи соли 2023 гузашта буд.

    Агар мусоидии обу ҳаво имконият диҳад, кормандони Институти астрофизикаи АМИТ албатта ба мушоҳида ва тадқиқи ин комета машғул мешаванд.

 Манбаъҳо

  1. https://cdn.fishki.net/upload/post/2023/01/29/4348450/3a4e98cc5a75f26b8d1ca6fad46e6b18.jpg
  2. https://blogger.googleusercontent.com/img/b/R29vZ2xl/AVvXsEhGqoVkbxvwxYbgOcKZ60eCraJ9P_
  3. yOjRcKn3BmZeJoajILXFrM6rOfrbFitzhmO6xPfrnLKidX8lCJuie6Aj-eUXxJVp9sl9t6GbS7lthd_nDK5ON-WOJNkb2KOu8CsaT
  4. https://inpushchino.ru/news/nauka/kometa-c2022-e3-proletit-nedaleko-ot-zemli-1-fevralja-vpervye-za-50-000-let
  5. https://www.vokrugsveta.ru/articles/vstrecha-budet-poslednei-kak-uvidet-kometu-neandertalcev-rasskazyvaem-kogda-i-kuda-smotret-id860105/
  6. https://mirkosmosa.ru/p/pub-7314-zelenaya-kometa-c-2022-e3-priblizitsya-k-zemle-1-fevralya
  7. https://webpulse.imgsmail.ru/imgpreview?key=pulse_cabinet-image-0962ea78-c62b-47f0-8001-8ced39dc1d4d&mb=webpulse
Хондан 1595 маротиба