Мувофиқи ин формула суръати якуми кайҳонӣ барои сатҳи Замин ба 7,9 км/с баробар аст. Агар дастгоҳи кайҳонӣ аз сатҳи Замин бо чунин суръат партофта шавад он ба радифи сунъии Замин мубаддал мешавад.
Аввалин ҳамсафар ё радифи сунъии Замин бо ном «Спутник-1» аз космодроми «Байконур» - и ҷумҳурии Қазоқистон 4 октябри соли 1957 дар соати 22:28 дақиқа ба вақти Москва ба мадор сард дода шуд.
Расми «Спутник-1»
Бояд қайд намуд, ки сигнали радифи сунъии Замин «Спутник-1» - ро аввалин шуда дар ҷаҳон кормандони Институти астрофизикаи ҶШС Тоҷикистон аз Расадхонаи астрономии Ҳисор ба қайд гирифтанд.
Барои сохтани аввалин ҳамсафари сунъии Замин олимон бо сардории Сергей Павлович Королёв, М. В. Келдыш, М. К. Тихонравов, М. С. Рязанский, О. Г. Ивановский, Н. С. Лидоренко, Г. Ю. Максимов, В. И. Лаппо,К. И. Грингауз, Б. С. Чекунов, А. В. Бухтияров, Н.А Бересков ва дигарон саҳми арзанда гузоштанд.
Сергей Павлович Королёв
Дар сатҳи сайёраи Плутон як водиеро ба шарафи аввалин ҳамсафари сунъии Замин, яъне «Спутник 1» номгузорӣ карданд, ки он аз ҷониби Иттиҳоди байналмилалии астрономҳо 8 августи соли 2017 расман тасдиқ карда шуд. Санаи партоби "Спутник-1" оғози асри кайҳонии башарият аст ва дар Русия ҳамасола онро ҳамчун рӯзи фаромӯшнашавандаи Нерӯҳои кайҳонӣ таҷлил мекунанд.
Массаи «Спутник-1» 83 кг, андозааш 58 см ва даври гардишаш дар атрофи Замин ба 96,7 дақиқа буд. Нуқтаи наздиктарин аз сатҳи Замин ба 215 км ва нуқтаи дуртаринаш ба 939 км баробар буд. Масофаи миёнааш бошад нисбат ба Замин ба 584 км баробар буд.
Радифони геостатсионарии Замин
Мадори геостатсионарӣ ин мадори даврашакл буда, дар болои экватори Замин (дар арзи 0°) ҷойгир аст. Дар ин мадор радифи сунъӣ дар атрофи сайёра бо суръате давр мезанад, ки суръати кунҷии он ба суръати кунҷии гардиши Замин дар атрофи меҳвариаш баробар аст.
Барои он, ки радифи сунъӣ радифи геостатсионарии Замин шавад, он аз Замин бояд дар масофаи 36 000 км ҷойгир бошад. Маҳз дар ҳамин масофа даври гардиши радиф дар атрофи Замин ба даври гардиши Замин дар атрофи меҳвариаш баробар мешавад. Дар чунин ҳолат радифи сунъӣ аз сатҳи Замин ҳамеша дар як нуқта дида мешавад.
Баъди ба мадор баровардани аввалин радифи сунъии Замин миқдори онҳо сол то сол афзудан гирифт. Ҳамасола за ҳама бештар ширкатҳои хусусӣ дастгоҳҳои худро ба мадори наздизаминӣ ва берун аз он партоб мекунанд.
Ҳамсафарони сунъии Замин ба мо чӣ манфиат меоранд?
Радифон ё ҳамсафарони сунъии заминро ба чунин навъҳо ҷудо мекунанд: астрономӣ, биологӣ, метеорологӣ, ҳарбӣ, навигатсионӣ, барои алоқа ва таҳқиқоти фосилавӣ.
- Радифони астрономӣ
Радифони астрономӣ инҳо дастгоҳҳои кайҳоние мебошандт, ки барои анҷом додани мушоҳидаҳои астрономӣ аз кайҳон пешбинӣ шудаанд. Радифони астрономӣ гуфта, бештар телескопҳои кайҳониро дар назар доранд, ки онҳоро инчунин расадхонаҳои кайҳонӣ меноманд. Аз сабаби но, ки атмосфераи Замин гамма шуоъҳо, шуоъҳои рентгенӣ нурҳои ултрабунафш ва инчунин қисми зиёди шуоъҳои инфрасурхи объектҳои кайҳониро фурӯ мебарад, бинобарин бо телескопҳои Заминӣ бо сифати баланд мушоҳида намудани ҷирмҳои кайҳонӣ ва натиҷаи хубро ба даст аз имкон берун аст. Азбаски берун аз атмосфераи Замин фурӯбурди нурҳои кайҳонӣ ба назар намерасад, аз ҳамин сабаб ташкил намуди расадхонаҳои кайҳонӣ ба миён омад.
Телескопи кайҳонии Ҳаббл. Яке аз намунаҳои расадхонаҳои кайҳонӣ.
Ба воситаи радифони астрономӣ ё худ расадхонаҳои кайҳонӣ галактикаҳо, ситораҳо, сайёраҳо, радифони сайёраҳо, квазарҳо ва дигар ҷирмҳои кайҳонро мушоҳида намуда, онҳоро меомӯзанд.
- Радифони биологӣ
Дар парвозҳои кайҳонӣ радифони биологиро барои гузарондани таҷрибаҳо бо намояндагони гуногуни олами набототу ҳайвонот истифода истифода мебаранд. Яке аз вазифаҳои асосии радифони биологӣ ин дар раванди кор гузаронидани тадқиқотҳои тиббию биологӣ мебошад. Бо радифони биологӣ биоэксперименҳо гузаронида, масъалаҳои муҳими кайҳоннавардиро ҳал мекунанд. Дар ибтидо радифони биологӣ барои омӯхтани таъсири парвозҳои кайхонӣ ба саломатии одамон сохта шуда буданд. Баъдан вазифаҳои асосии радифони биологӣ ба омӯхтани таъсири бевазнии дуру дароз ба организмҳои зинда ва таъсири микроҷазиба (микрогравитатия) ва гайра мубаддал шуданд.
Радифи биологии Замин
Аввалин ҳамсафари биологии Замин «Спутник-2»-и шӯравӣ буд, ки барои санҷидани бехатарии парвози инсон ба кайҳон пешбинӣ шуда буд. Сар дода шудани био- ҳамсафарони силсилаи «Спутник» то соли 1961 то парвози Ю. А. Гагарин ба кайҳон амалӣ мешуд.
- Радифони метеорологӣ
Радифони метеорологӣ барои пешгӯии дақиқи обу ҳаво пешбинӣ шудаанд. Пеш аз пайдоиши моҳвораҳо, пешгӯии обу ҳаво бештар ба фолбинӣ аз рӯи қарта монанд буд. Он ба тамоюлҳои мавсимӣ ва ҳавои берун асос ёфта буд. Баъдан метеозондҳо, яъне пуфакҳои обу ҳавошиносӣ пайдо шуданд, ки онҳо қобилият доштанд ҳодисаҳои қабатҳои болоии атмосфераро мухтасар омӯзанд ва онҳоро назорат кунанд. Танҳо баъди ба мадор баровадани дастгоҳҳои кайҳонӣ ба инсоният муяссар шуд, ки тамоми манзараҳои тагйирёбии обу ҳаворо бо як нигоҳ тасвир кунад.
Радифи метеорологии Замин
- Радифи ҳарбии Замин
Моҳвораҳои ҳарбӣ моҳвораҳое мебошанд, ки бо ҳадафҳои низомӣ истифода бурда мешаванд. Онҳоро барои басо дақиқ муайян намудани координатаҳои киштиҳои зериобӣ, базаҳои ҳарбӣ ва ғайра истифода мебаранд. Дар моҳвораҳои ҳарбӣ системаи GPS ҷойгир карда шудааст. Маъмултарин миссияҳои моҳвораҳои ҳарбӣ ҷамъоварии иттилоот, интиқол ва иртиботи низомӣ мебошад. Аввалин моҳвораҳои ҳарбӣ бо фоторазведка машғул буданд.
Моҳвораи ҳарбӣ
Кӯшиши дар моҳвораҳо ҷойгир кардани аслиҳа вуҷуд омада буд, вале ин кор дар соли 1967 баъди тасдиқ шудани шартномаҳои байналхалқӣ дар бораи қатъ шудани дар мадор ҷойгир кардани яроқи қатли ом барҳам дода шуд.
- Системаи навигатсионии моҳворагӣ
Системаи навигатсионии моҳвораӣ (англ. Global Navigation Satellite System, GNSS) системаест, ки барои муайян кардани ҷойгиршавии (координатҳои ҷуғрофии) объектҳои заминӣ, обӣ ва ҳавоӣ, инчунин дастгоҳҳои кайҳонии паст мадор пешбинӣ шудааст. Системаҳои навигатсионии моҳворагӣ инчунин имкон медиҳанд, ки суръат ва самти қабулкунандаи сигналро дарёфт кунанд. Илова бар ин, онҳо барои дақиқ муайян намудани вақт истифода шаванд. Чунин ин системаҳо аз таҷҳизоти кайҳонӣ ва системаҳои идоракунӣ иборатанд.
Дар соли 2020, се системаи моҳворагӣ фарогирии пурра ва кори бефосиларо барои тамоми ҷаҳон таъмин мекарданд, ки инҳоянд: GPS, ГЛОНАСС ва Бэйдоу.
Алоқав моҳворагӣ яке аз навъҳои радиолоқаи кайҳонӣ мебошад. Дар ин навъи алоқа ба сифати ретранслятор ҳамсафарони сунъии Замин, ки махсус барои алоқа мебошанд, истифода мешаванд. Ретранслятор, таҷҳизоти алоқавиест, ки ду ва ё зиёда радиопередатчикҳоро, ки дар масофаҳои дур аз ҳамдигар ҷойгир шудаанд, мепайвандад. Алокаи моҳворагӣ дар байни стансияҳои заминӣ амалӣ карда мешавад, ки онҳо метавонанд ҳам статсионарӣ ва ҳам мобилӣ бошанд.
Антеннаи қабули мавҷи моҳворагӣ барои телевизион
Алоқаи моҳворагӣ ин рушди алоқаи анъанавии радиорелегӣ мебошад, ки бо роҳи ҷойгир кардани ретранслятор дар баландии хеле зиёд амалӣ карда мешавад. Азбаски майдони максималии намоёни як ретранслятор хеле фарох асту тақрибан нисфи кураи Заминро фаро мегирад, бинобар ин ба силсилаи ретрансляторӣ ҳоҷат нест, танҳо яктои он кифоя аст.
- Таҳқиқоти фосилавӣ(Дистанционное зондирование )
Таҳқиқоти фосилавӣ ин усули ба даст овардани маълумот дар бораи объект ё падида бидуни иртиботи бевоситаи ҷисмонӣ бо ин объект мебошад. Таҳқиқоти фосилавӣ як зермаҷмӯи ҷуғрофиёӣ мебошад. Ин истилоҳ ба маънои муосираш, асосан ба технологияҳои зеҳнии ҳавоӣ ё кайҳонӣ бо мақсади ошкор, гурӯҳбандӣ ва таҳлили объектҳои дар сатҳи замин буда, инчунин атмосфера ва уқёнус бо истифода аз сигналҳои паҳншаванда (масалан, радиатсияи электромагнитӣ) фаҳмида мешавад. Онҳо ба фаъол ва зеҳнии пассивии дурдаст тақсим мешаванд
Дастгоҳҳои фаъол дар навбати худ барои нусхабардорӣ (сканер) кардани объект ва фазо сигнал медиҳанд. Баъд аз сигнал додан сенсори дастгоҳ қодир аст радиатсияеро, ки ҷисми ба ҳадаф гирифташуда мебарорад ё инъикос мекунад чен Намунаҳои сенсорҳои фаъоли таҳқиқоти фосилавӣ радар ва лидар мебошанд, ки таъхири вақтро байни интишор ва бақайдгирии сигнали баргардонида чен мекунанд ва ба ин васила ҷойгиршавӣ, суръат ва самти объектро муайян мекунанд.
Таҳқиқоти фосилавӣ дар соҳаҳои геология (масалан, идоракунии табиат), кишоварзӣ (истифода ва ҳифзи захираҳои табиӣ), амнияти миллӣ (мониторинги минтақаҳои наздисарҳадӣ) низ аҳамияти амалӣ дорад.
Ҳамсафарони сунъии Замин инчунин бо мақсадҳои зерин низ истифода мешаванд:
Телекоммуникатсия
Телевизиони моҳворагӣ, интернет, алоқа ва ғайра. Агар ретрансляторҳои гаронбаҳо дар мадори Замин намебуданд, тамошои телевизион танҳо дар наздикии манораҳои телевизионӣ ва алоқаю ва интернет бошад, танҳо тавассути кабелҳо имконпазир мебуд. Технологияҳои моҳворагӣ телекоммуникатсияро ба сатҳи баланд бароварда, фарогирии тамоми қабати заминро бо пахши барномаҳои телевизионӣ хеле осон карданд. Ба шарофати онҳо имрӯз дар гӯшаю канорҳои дурдасттарини кураи Замин бо ҷаҳон алоқа доштан мумкин аст.
Кишоварзӣ
Мақсади дигари муҳимми ҳамсафарони сунъӣ назорат кардан ба парвариши маҳсулоти кишоварзӣ дар майдонҳои калон мебошад. Маҳз ба шарофати видео ва аксҳои моҳворагӣ кишоварзон метавонанд вазъи ҳосили худро пайгирӣ кунанд. Инчунин ҳамсафарони сунъӣ имконият медиҳанд, ки обёрии киштзорҳо, сарзании сӯхтор, паҳншавии касалиҳои оммавии растаниҳо назорат карда шавад. Чунин назоратҳои моҳворагӣ имконият медиҳанд, ки кишоварзон аз замин ҳосили зиёд ва дилхоҳ ба даст оранд.
Ҳамсафарони сунъии Замин ва муҳофизати табиат
Ҳамсафарони сунъии Замин манбаъи муҳими маълумот дар бораи сайёраи мо гардиданд. Ба воситаи онҳо олимон тавонистанд, ки ҳудуди воқеии минтақаҳои табиӣ, ҳолати рушд, хатари нобудшавии ҷангалҳо, ҷазираҳои азими партови укёнус ва чизҳои дигареро, ки аз мадор беҳтар намоёнанд, бубинанд. Ҳамсафарони сунъии Замин барои омӯхтан ва назорат кардани процессхои олами хайвонот низ истифода мешаванд. Маҳз ба шарофати онҳо инсоният дар бораи паҳншавии мушкилоти табиӣ, ба монанди хушксолӣ ё обхезӣ ва дар бораи он ки процессхои муайяни саноатӣ ба табиат чӣ тавр таъсир мерасонанд, огоҳ мешавад.
GPS (англ. Global Positioning System) - Cистемаи ҷойгиршавии ҷаҳонӣ
GPS ин системаи навигатсионии моҳворагиест, ки масофа ва вақтро чен карда макони ҷойгиршавии объектҳоро дар системаи ҷаҳонии координатӣ муайян мекунад. Ба шумо имкон медиҳад, ки қариб дар ҳама вазъи обу ҳаво маконро дар ҳама ҷо (ба истиснои минтақаҳои қутбӣ) ва фазои назди заминӣ муайян кунед. Система аз ҷониби Вазорати мудофиаи ИМА таҳия ва татбиқ шуда ва аз ҷониби он идора карда мешавад. Системаи навигатсионии GPS барои истифодаи шаҳрвандӣ дастрас аст ва барои истифодаи он ба шумо дастгоҳи қабулкунаки GPS навигатор ё дастгоҳи дигар смартфон лозим аст. Системаи навигатсионии GPS низ бо истифода аз ҳамсафарони сунъии Замин амал мекунад.
Мувофиқи маълумотҳо бо вазъияти 1 сентябри соли 2021, дар мадори Замин 4 550 моҳвораҳои фаъол мавҷуд ҳастанд. Моҳвораҳои аз ҳама бештарро дар мадор ИМА, ки шумораашон ба 2804 адад мерасад ва ин зиёда аз нисфи шумораи умумии моҳвораҳоро ташкил медиҳад. Дар ҷои дуввум Чин бо 467 моҳвора ва дар ҷои севум Бритониёи Кабир бо 349 моҳвора қарор доранд.
Ҷолиб он аст, ки 75 кишвари ҷаҳон дар мадори Замин ҳадди аққал як моҳвора доранд. 63 фоизи радифиони маснуъ барои алоқа, 22 фоизаш барои мушоҳидаи Замин ва 7 фоизаш барои коркарди технологияи нав мебошад. Зиёда аз 3000 моҳвора дар мадори пасти Замин қарор доранд, ки маъмулан дар он ҷо моҳвораҳои алоқавӣ ва моҳвораҳои тадқиқи фосилавии Замин ҷойгиранд. Ба моҳвораҳои геостатсионарии Замин бошад, 565 моҳвора рост меояд.
Асоев Ҳ.Ғ.
ходими илмии Институти астрофизикаи АМИТ
Адабиётҳо
- https://www.mozaweb.com/ru/Extra-3D_sceny-Tipy_iskusstvennyh_sputnikov-47104
- https://mirax.space/solnechnaya-sistema/sputnik-zemli
- https://online.mephi.ru/courses/physics/osnovi_mehaniki/data/lecture/5/p6.html
- https://ru.wikipedia.org/wiki/Астрономический_спутник
- https://bigenc.ru/physics/text/4727212
- https://www.4glaza.ru/articles/biosputniki/
- https://enciklopediya-tehniki.ru/biologicheskiy-iskusstvennyy-sputnik.html
- https://сезоны-года.рф/метеоспутник.html
- https://ru.wikipedia.org/wiki/Военный_спутник
- https://hi-news.ru/eto-interesno/cto-takoe-voennye-sputniki.html
- https://ru.wikipedia.org/wiki/Спутниковая_система_навигации
- https://www.gdemoi.ru/blog/gps-glonass-gnss/
- https://ru.wikipedia.org/wiki/Дистанционное_зондирование_Земли