JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 07 Декабри 2021 09:26

Эълон! Озмуни "Маводи беҳтарини илмӣ-оммавӣ"

Муаллиф:
  Гурӯҳи “Илми муосир” ба хотири 7 солагии таъсисаш (12. 12. 2014), бо дастгирии як тоҷири саховатманди илмдӯст, ки мехоҳад барои рушди илм ва ҷаҳонбинии илмӣ дар Тоҷикистон саҳм дошта бошад тасмим гирифт, ки озмуни “Маводи беҳтарини илмӣ-оммавӣ”-ро эълон кунад.
 
Шартҳои озмун:
* Матлаб ё мақола муаллифӣ ва аслӣ бошад;
* Мақола бо забони тоҷикӣ бошад; *
* Муаллифон бояд то 35 сола бошанд;
* Мақола бо навиштаи “Ба озмуни гурӯҳи Илми муосир” оғоз шавад;
* Мақола то 1-уми марти 2022 дар гурӯҳ нашр гардад;
* Ҳаҷми мақола на камтар аз 1000 калима бошад;
* Дар мақола доир ба ҳодисаҳои табиат, қонуниятҳои олам, назарияву фарзияҳои илмӣ ва дигар дастовардҳои олами илму техника дарҷ гардида бошанд. Инчунин, матолиби тарҷумаиҳолии олимони тоҷик низ қабул мегарданд;
* дар охири мақола ҳатман ҳештеги #озмуни_илми_муосир ва #илми_муосир гузошта шавад;
* муаллифи мақола ба гурӯҳ 5 нафар дӯстонашро даъват кунад;
* як нафар метавонад то се мақола пешниҳод кунад;
* муаллифи мақола бояд дар шабакаи ютубии Нардбон обуна бошад: https://www.youtube.com/c/naRdBan
* Мақолаи шахсони воқеӣ қабул карда мешавад.
 
Шартҳои ғолибият ва меъёри баҳодиҳӣ:
* Дар аввал бо назрдошти муҳтаво ва моҳият даҳ мақолаи беҳтарин аз тарафи комисия интихоб карда мешаванд. Дар рафти интихоби 10 мақолаи беҳтарин ҳайати доварон миқдори лайкҳои гирифтаи мақоларо низ ба назар мегиранд.
* Аз мобайни даҳ мақолаи беҳтарин тавассути овоздиҳии кушодаи аъзои гурӯҳи «Илми муосир» ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм интихоб карда мешавад (яъне дар гурӯҳ пурсиш (опрос) гузаронида мешавад).
* Муаллифони мақолаҳи ғолибомада дар арафаи иди Наврӯзи 2022, рӯзи 21-уми марти 2022 муайян карда мешаванд;
* Даҳ мақолаи интихобшудаи беҳтарин дар сомонаи «ravshanfikr.tj» нашр карда мешаванд; * Се мақолаи ғолиб дар маҷалаи академии илмию омавии «Илм ва ҷомеа» нашар мегарданд;
* Ғолибон бо Ифтихорномаи Академияи миллии илмҳо қадрдонӣ карда мешаванд.
 
Тӯҳфаҳо:
* Ғолиби ҷойи якум – 3000 сомонӣ
* Ғолиби ҷойи дуюм – 2000 сомонӣ
* Ғолиби ҷойи сеюм – 1000 сомонӣ
Хондан 8199 маротиба