Дӯсти гиромӣ ва омӯзгори асили Меҳан Одина Сафарзода,
Ростӣ, ҳар гоҳ ки Шумо дар гирду атрофи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва махсусан, давру бари ошхонаи Раёсати АМИТ пайдо мешавед, ин минтақа гул мекунад. Шумо, ки доимо масруфи мутолеа ва мурури китобҳои наву ҷадид ва ахбору матолиби тозаи интернетӣ ҳастед, ҳангоми сари як пиёла чой нишастан ҳатман баҳси ҷолиберо матраҳ мекунед, ки мутмаинан, моҳҳо моро ба ҷустору ковишҳо вомедорад. Новобаста ба масруфиёти таълимию тадрисӣ (устод Одина Сафарзода устоди фанни забони хориҷӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳастанд), Шумо имкон пайдо мекунед, ки адабиёти тозанашри адабию бадеӣ, гузоришоту мақолоти матбуоти даврӣ, мутолиботи шабакаҳои иҷтимоӣ ва маводи дархӯри фазои маҷозиро мурур намоед.
Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, ходими пешбари илмии Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умаров, Ризо Баҳромзод иштирок намуданд. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Шарҳи ҳодисаҳои гирифт: дидгоҳи физикӣ» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Имрӯз зодрӯзи донишманди шинохта ва омӯзгори варзидаи тоҷик устод Нозим Нурзода аст. Тӯли солҳои ҳамкорӣ бо Устод ба мо муяссар гашт, ки бо ин шахсияти воқеан ҳам милливу инсондӯст аз наздик ошно шавем. Нозим Нурзода бо доштани дониши васеъ муносибати баланди инсониро доро мебошад. Ҳамчун олим бениҳоят сахткӯш буда, ҳамеша пӯёву ҷӯёст. Ҳамчун раҳбар ҳеҷ гоҳ худро аз ҳамкорон боло намедонад ва бо ҳама муносибати самимонаи инсонӣ дорад. Ҳамчун дӯст ҳамеша барои дастгириву кумак омода буда садоқатпеша аст. Ин хислатҳои накӯи Устод омили обрӯи рӯзафзуни ӯ дар назди дӯстону ҳамкорон гардидааст.
Намунаи “Ман ҳамеша ҷо мемонам”. Маънояш ин аст, ки мо ҳамеша, чи дар мавқеи тавлид, чи дар шурӯъи мадраса, чи дар тиҷорат ва чи дар рафтан ба таътилот ё хеле дер мерасем ва ё хеле зуд. Ҳамеша дар вақти нодуруст дар ҷои дуруст будан. Ҳамчунин истеъдоди хуб ва муаллими бад доштан ё муаллими хуб ва истеъдоди бад доштан ва ё фоқиди ҳарду будан (надоштани ҳарду).