JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Фаъолияти инноватсионӣ фаъолияте мебошад, ки ба истифода ва тиҷоратигардонии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва коркардҳои илмӣ барои беҳтар кардани сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда (молҳо, хизматрасониҳо), такмили технологияҳои тайёр намудани онҳо бо минбаъд татбиқ ва амалисозии самарабахши онҳо дар бозорҳои дохилӣ ва берунӣ нигаронида шудааст. Дар ин маврид истифодаи амалии натиҷаи илмӣ, илмӣ-технологӣ ва нерӯи зеҳнӣ имкон медиҳад, ки маҳсулоти истеҳсолшавандаи нав ва технологияҳои истеҳсоли он ба даст оварда шуда, талаботи истеъмолкунандагон ба молу хизматрасониҳои баландсифат қонеъ гардонида шавад ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ такмил ёбад.
Яке аз сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия нерӯи шамол буда, таърихи истифодаи он ба соли 200-уми қабл аз милод мерасад. Вале истифодаи нерӯи шамол барои истеҳсоли қувваи барқ аз охирҳои асри XIX оғоз мегардад. Зеро нахустин нерӯгоҳи барқии шамолӣ соли 1890 дар Дания бунёд гардида, аллакай дар соли 1908 шумораи онҳо дар ин кишвар ба 72 (иқтидорашон аз 5 то 25 кВт) мерасид. Намунаи аввалин нерӯгоҳи барқии шамолии муосир бо меҳвари амудӣ бошад, соли 1931 дар шаҳри Ялта (Қрим, Россия) сохта шуд, ки тавоноиаш 100 кВт буд.
Дар гузориши Агентии байналхалқии энергияи атомӣ (International Atomic Energy Agency) вазъи кунунӣ ва дурнамои соҳаи нерӯи ҳастаӣ дар ҷаҳон барои соли 2017 (International Status and Prospects for Nuclear Power 2017) таҳлил ва баррасӣ гардидааст.
Саҳифа аз 6 то 7