JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 20 Апрели 2017 09:23

Асосҳои нанотехнология

Муаллиф:

  Дар замони муосир нанотехнология дар баробари биотехнология ва технологияи иттилоотӣ яке аз равандҳои ҷадидтарини илми имрўза ба шумор меравад. Ҳарчанд мафҳуми «нанотехнология» дар сарчашма ва адабиётҳои илмӣ ва таълимӣ борҳо ёдрас шуда бошад ҳам, вале то имрўз таърифи ягонаю умумии он вуҷуд надорад. Илми нанотехнологияро ба таври мухтасар чунин шарҳ додан мумкин аст. Нанотехнология - илми муосири фосилавии бунёдӣ, амалӣ ва техникӣ буда, натиҷаҳои ба даст овардаи онро дар равандҳои атомӣ, электронӣ ва молекулавӣ тавассути усулҳои назариявӣ, амалӣ, таҳлил ва синтез, ҷамбаст мекунанд ва дар ҳаёт татбиқ менамоянд. Ё бо ибораи дигар, нанотехнология, ин маҷмўи усулҳое мебошад, ки барои ҳосил, таҳқиқ ва истифодаи маводҳои сохторашон дар сатҳи атомию молекулӣ қарордошта хобида, истифода мешаванд.

 

  Вожаи «нанотехнология»-ро соли 1974 физики ҷопонӣ Норио Танигути (1912-1999) ба илм ворид намуд ва ин истилоҳро соли 1986 олими амрикоӣ, «падари нанотехнология» Ким Дрекслер (тав. 1955) ҳангоми навиштани китоби «Сохтани механизмҳо…» истифода кард. Дар консепсияи системаҳои нанотехнологӣ пеш аз ҳама асосҳои илмии наноробот, нанокомпютер, наномотор, нанофабрика, наноассамблер ва принс-технология истифода карда мешаванд. Масалан, ғояи наноробот хеле барвақт, яъне онро соли 1959 физики амрикоӣ, яке аз асосгузорони электродинамикаи квантӣ Ричард Фейнман дар лексияҳои машҳури худ «Он ҷо дар поин ҷой фаровон аст» истифода карда буд, ба вуҷуд омад. Худи истилоҳи «робот» - ро бошад, бори нахуст соли 1927 нависандаи чехӣ Карел Чапек истифода намудааст. Иловаи пешванди нано - пеш аз технология маънои аз миллиард як ҳиссаи метрро мефаҳмонад. Як нанометр (1 нм) ба як тақсими як миллиард метр (1/10–9 м) баробар мебошад. Ғафсии муйи сари инсон 50000 нм (10–5 м), пардаи ҳуҷайра (тахмо) 5-10 нм, рибосома 30 нм, сафедаҳо 4 то 76 нм, дарозии кислотаи дезоксирибонуклеини (КДН) 2 нм, микронайчаҳои хунгарди одам 30 нм андоза доранд ва ғайра… Чашми одам бошад, зарраи хурдтарини андозааш то 10000 нм (10–4 м) дида метавонад. Илми нано таҳқиқи нанозаррачаҳо, хусусиятҳои фундаменталӣ ва структурии молекулаҳои андозаашон дар фосилаҳои аз 1 то 100 нм (10–9 - 10–7 м) бударо меомўзад. Яъне нанотехнология бо ибора ва фаҳмишҳои нанозаррача, нанокомпозитҳо, наноноқилҳо, наноистеҳсолот, биоструктураи наноскопӣ, наносинтез, наноструктура, наносенсорҳо, нанонайчаҳо, нанонуқтаҳо, нанофиристандаҳо, нанополиш ва ғайра алоқаманд мебошад. Бинобар ин, нанотехнология ҳамчун илми муосир, наноструктураҳоро дар дастгоҳҳо ва механизмҳои хурдтарин истифода карда, аз се самти асосӣ иборат мебошад: а) сохтани қолабҳои электроние, ки таркиби онҳо аз якчанд атомҳо иборатанд; б) сохтани наномеханизмҳо ва роботҳое, ки андозаашон бо молекулаҳо муқоисашаванда аст; в) бевосита бо атомҳо ва молекулаҳо кор кардан дар ҳолати ҷамъкунии механизмҳо. Дар кишварҳои ҷудогонаи олам бо истифодаи нанотехнология истеҳсоли маводҳои анъанавиро, ки дорои наноструктураҳо мебошанд, мукаммал кунонида, ба даромади иқтисодии калон ноил гашта истодаанд. Барои мисол, дар ИМА усули анъанавии ҳосил намудани бензинро аз нафт (усули крекингӣ), ки бо истифодаи катализатори оксиди алюминий ва оксиди силитсий коркард мешуд, бо роҳи хока кардани катализатор дар ин раванд то нанозарра (10–5 - 10–9) тағйир дода, баромади бензинро ду баробар зиёд намудаанд. Акнун корхонаҳои нафтистеҳсолкунандаи ИМА бо истифода аз ин усул ҳар сол бо маблағи 400 миллиард доллар фоида ба даст меоранд.

  Имрўз барои бисёре аз давлатҳои пешрафта «нано» хубтарин тиҷорат ба ҳисоб меравад. чанде қабл, Фонди илмии ИМА пешгўӣ карда буд, ки то соли 2015 маҳсулотҳои нанотехнологӣ ва хизматрасонӣ дар ин соҳа ба триллион доллар мерасад, бинобар ин фирмаҳои гуногун дар ИМА тарафдори пешрафти ин илми ҳозиразамон буда, маблағи калонро барои равнақи он ҷудо менамоянд. Тадқиқоти нанотехнологӣ фанҳои гуногунро ба монанди физика, химия, биология, тиб, муҳандисӣ ва барномасозӣ муттаҳид месозад. Ҳамин тавр, дар баробари пешрафти илму техника ва талаботи ҳамарўзаи инсонӣ боиси он гардид, ки нанотехология ҳамчун илми бунёдии байнисоҳавӣ ба пайдоиш ва инкишофу ҳамкории илмҳои ҳамрадифи худ: наноиника, нанокимиё, нанотиб, технологияи квантӣ ва ғайра заминаҳои устувори илмӣ гузорад. Имрўз нанотехнология яке аз илмҳои муосир ва ҷавон буда, дар ояндаи наздик ба пешрафтатарин илми замонавӣ мубаддал хоҳад гашт.

  Аз ин рў, раванд, ташаккул ва пешрафти илмҳои табиташиносию техникӣ нишон медиҳад, ки бо пешрафти соҳаҳои мухталифи ҷамъият андеша, мафкура ва шуури инсонӣ низ инкишоф ёфта, боиси пайдоиши илмҳои ҷадид мегардад. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки баъд аз зуҳури Инқилоби илмӣ - техникӣ (ИИН) инсоният ба бузургтарин кашфиёту дастовард ва ихтироот ноил гардида, табиати сайёраи Замин ва ҳатто фазои берун аз атмосфераро низ тасхир ва тобеи худ гардонид, яъне ў ҳам ба дохили ядрои атом ворид шуду ҳам ба сайёраҳои Системаи офтобӣ роҳ ёфт. Аз ин ҷо, хулоса кардан мумкин аст, ки ивазшавии парадигмаҳо дар табиату ҷамъият боиси пайдоиши шохаҳои нави илмӣ гардида, баҳри пешрафти ҳаёти ҷамъиятӣ заминаҳои мусоид фароҳам меоранд. Дар ояндаи наздик ҷои микросхемаҳоро принсип ва усулҳои кории нанотехнологӣ иваз намуда, дар баробари пешрафти илму техника ҷои худро ба соҳаи дигар, ба монанди пикотехнология (шарҳи муаллифон) ва ғайра диҳад. Китоби «Асосҳои нанотехнология» нахустин дастури таълимӣ бо забони давлатӣ буда, хонандагонро бо асосҳои нанотехнология ва вазъи имрўзаи илми ҷаҳонӣ шинос менамояд. Дастури таълимии фавқ аз 4-боб иборат буда, боби якуми дар бораи таснифоти асосии наномаводҳо, аз ҷумла наномаводҳои гурўҳи карбонӣ - фуллеренҳо ва нанонайчаҳо маълумот медиҳад. Боби дуюм асосҳои физикаи квантӣ ва сохтори электронии маводҳои нимноқилии гетеросохторӣ (нуқтаҳо, риштаҳо ва чоҳҳои квантӣ)-ро маънидод менамояд. Дар боби саввум оид ба нанотехнология ҳамчун илми байнисоҳавӣ, яъне робитаи он бо илмҳои физика, кимиё, биология, энергетика ва ғайра сухан рафта, инчунин ҷиҳатҳои футурологии нанотехнологияро нишон медиҳад. Дар боби чаҳорум усулҳои мухталифи моделсозии компютерӣ ва омўзиши сохтори электронии наномаводҳо баён гардидаанд. Муаллифон ба номзади илмҳои техникӣ, дотсент, мудири кафедраи физикаи эксперименталии ДДОТ ба номи С.Айнӣ Қодиров Б.А. барои таҳрири пурраи дастур; ба номзадҳои илмҳои физикаю математика, дотсенти кафедраи физикаи назариявии ДДОТ ба номи С. Айнӣ Шерматов М.Ш. вадотсенти кафедраи оптика ва спектроскоияи ДМТ Муллоев Н.У. барои бартараф намудани баъзе нуқсонҳои дастури таълимии мазкур миннатдорӣ баён менамоянд. Албатта, китоби мазкур нахустин дастури таълимӣ бо забони тоҷикӣ аз фанни нанотехнология буда, аз камбудию норасоиҳо холӣ нест. Муаллифони «Асосҳои нанотехнология» аз шахсоне, ки андешаҳои худро доир ба беҳтар гаштани мазмуну мундариҷаи дастури мазкур пешниҳод мекунанд, миннатдоранд.

Номвар Қурбонов

Хондан 3985 маротиба