Наврӯз, ки ҷашни ҳамсипосӣ бошад,
Дар силсилаи русум асосӣ бошад,
Ҷашне, ки на динӣ, на сиёсӣ бошад,
Дар сархатти ҷадвали қиёсӣ бошад,
Чун зубдаи осори ҳамосӣ бошад,
Фарҳанги шукӯҳу худшиносӣ бошад!
Наврӯзи Ҷамшедӣ дар ҳамбастагӣ бо баҳори Хуршедӣ ба сарзамини мо қадам ранҷа фармуда, фазою муҳити наврӯзию баҳориро бароямон ҳадя месозад. Асотири паҳлавӣ гувоҳи онанд, ки Наврӯз ба Ҷамшед ва Ҷамшед бо Наврӯз тамъаманд ва дар муколимот ва танзими зиндагӣ яке дигареро комил месозад. Ақвоми ориёӣ аз бомдоди таърихи инсонӣ миёни мардуми манотиқи гуногун аз аввалинҳо шуда, ба парастиши аносири табиӣ ва заминӣ, мисли офтоб, борон, оташ, хоку бод даст заданд. Дар қолаби тафаккури устурии онҳо ашёи табиӣ ё ба истилоҳ, воқеӣ ҷойгоҳи вижа дошт.
(Мусоҳибаи ихтисосии Фирдавс Ниёзӣ бо Комил Бекзода дар ҳошияи мақолаи Назри Яздонӣ “Девонае дар коргаҳи шишагар”. // Садои Шарқ, №11, 2020 -С.124-149)
Дар шумораи 11-уми соли 2020, Маҷаллаи “Садои Шарқ” (саҳифаи 124-149) мақолаи шоири халқии Тоҷикистон, номзади илми фалсафа Назри Яздонӣ бо номи “Девонае дар коргаҳи шишагар” (Муҳаммад Иқбол ва Фридрих Нитше) ба чоп расид. Мақола 25 саҳифаро дар бар мегирад. Кормандони Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи миллии Тоҷикистон, нашри чунин мақоларо падидаи мусбат шуморида, барои равшанӣ андохтан ба баъзе масъалаҳои печидаи мақолаи мазкур ба сарходими Институти масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа Комил Бекзода муроҷиат намуданд. Масъулияти пешбурди мусоҳиба ба уҳдаи яке аз кормандони Марказ -- номзади илмҳои филологӣ, Фирдавс Ниёзӣ вогузошта шуд.
Воқеан, агар зан, ки аз хамираи зиндагибахшӣ, муҳаббатсозӣ, меҳрварзӣ, вафопарешӣ ва бурдборӣ таркиб ёфтааст, намебуд, ҷаҳону ҳастӣ, аслан қобили таҳаммулу зист намебуд, чунки ваҳшату даҳшат онро фарогир мешуд ва зиндагӣ бемаънӣ ва беҳадаф мегардид. Чун зан бо асли худ – зиндагипарастӣ ва меҳрварзӣ ба ҷаҳону ҳастии бемаънӣ ва беҳадаф ворид гардид, онро, бидуни тардид тағйир ва бар манфиати башар тарҷеҳ дод. Ин аст, ки «Меҳр дар дил парваридан расму ойини ман аст» гӯён зан бо зиндагӣ созгор шуд ва васл (якҷо кардан, пайванд додан)-ро дар муқобили фасл (ҷудо ва пора кардан) ба майдони талошҳо ва гирудорҳо овард. Васле, ки аз асл реша мегирад, инсонсоз ва ҳувиятшинос аст ва он, қабл аз ҳама, ба фитрат, фикрат, малоҳат, муҳаббат, латофат, самимият, отифат, шарофат, наҷобат, фазилат, матонат, ҷасорат ва инсонияти зан бастагӣ дорад. Сифоти мазкур, ки ҳар як дар мавқеъ ва ҷойи худ чида шудаанд, дар маҷмӯъ, комплекси ҳаста ё ядрои иҷтимоӣ – Занро таҷассум мекунанд.