Вазъияти солҳои охири дар ҷаҳони ислом бавуҷудомада бозгӯи он аст, ки қудратҳои ҷаҳонӣ барои тавсеаи манфиатҳояшон аз дину мазҳаб ҳамчун як василаи сиёсӣ истифода намуда, пайравони мазоҳиби исломиро муқобили ҳам қарор медиҳанд. Дар аксари кишварҳои Шарқи Наздику Миёна дину сиёсат ба ҳам омехтаанд ва барои ҳалли мушкилоти иҷтимоию қонунгузорӣ ба дастовардҳои илмӣ камтар таваҷҷуҳ зоҳир мегардад.
Ашёҳои моро иҳотакарда аз чӣ сохта шудаанд?
Ашёҳову чизҳое, ки моро иҳота кардаанду онҳоро мушоҳида кардан, ламс намудан (расидан) ва эҳсос кардан имкон дорад (аз он ҷумла газ, ки эҳсосоти мо қабул намекунад). Ҳамаи инҳо ҷои муайянро ишғол менамоянд ва вазн доранд. Ҳамаи ин чизҳое, ки моро иҳота мекунанд, аз материя (ҳастӣ) иборат мебошанд. Яъне материя (ҳастӣ) – ҳамон чизҳоест, ки гирду атрофи моро иҳота кардааст. Материя (ҳастӣ) фазои муайянро ишғол мекунад, бинобар он дорои ҳаҷм ва вазн мебошад. Гоҳо истилоҳи «материал» низ истифода мешавад. Материалҳо шаклҳои гуногуни материя (ҳастӣ) мебошанд. Онҳо аз якдигар фарқ мекунанд, зеро материяе (ҳастӣ), ки онҳоро ташкил мекунад, хусусиятҳои гуногун дорад.
Оё обро истеҳсол кардан имкон дорад?
Обро мо дар шакли табиӣ дар чашма, баҳру дарёҳо, уқёнусҳо ва кӯлҳо пайдо мекунем. Онҳо аз абрҳои осмон ба воситаи борону барф (боришот) ба замин мерезанд. Об материяи табиӣ аст. Аз ду намуди газ - гидроген ва оксиген иборат мебошад. Дар ҳеҷ ҷое об истеҳсол карда намешавад. Табиат онро ба мо ройгон медиҳад. Албатта, дар лабараторияҳои кимиёвӣ, обро ҳосил кардан мумкин аст, лекин на ба он миқдоре, ки табиат онро ба мо ато мекунад. Барои он ки дар лабаратория об ҳосил карда шавад, ду моддаи таркиби он аз гидроген ва оксиген бударо омехта мекунанд ва онҳоро то ҳарорати баландтарин мерасонанд ва об ҳосил мекунанд. Ин равандро синтез меноманд.
Чаро оби баҳрҳо шӯр аст?
Кристали намак
Ҷойгиршавии намак
Ҳамаи мо медонем, ки оби баҳру уқёнусҳо шӯр аст. Уқёнус ва баҳрҳо аз оби борон ва бухори обҳои вулканҳо пайдо шудаанд. Оби борон ва бухорҳои обӣ ягон таъм (маззае) надоранд. Ғайр аз ин ба уқёнусу баҳрҳо дарёҳое ҷорӣ мешаванд, ки ҳамроҳи худ маҳлули намакҳоро меоранд. Азбаски намак бухор намешавад, дар уқёнусу баҳрҳо миқдори зиёди он ҷамъ шуда, боиси шӯр гардидани оби онҳо мешавад. Аз ин ҷо оби баҳрҳо оби тоза набуда, балки оби омехта бо намак аст. Ин омехта шаффоф ва якҷинса аст, ки маҳлул меноманд ва инсон онро то чашидан аз оби тоза фарқ намекунад.
Ҳамадон бош!. – Душанбе: «Баҳманрӯд», 2012. - 248 саҳ.
Аз худбинӣ ба сӯйи хурдабинӣ
(чанд андеша дар ҳошияи рӯнамоии китоби устод Иброҳим Усмон «Савганди сулҳофаринӣ» (-Душанбе: «Бебок», 2017. -132 саҳ.)
Шоми 2 июни соли 2017 маҳфили «Гуфтугӯйи тамаддунҳо», ки чанд сол аст таҳти садорати донишманди тоҷик, профессор Иброҳим Усмон амал мекунад, доир гардид. Мавзӯи баҳс ин дафъа рисолаи ба тозагӣ таълифнамудаи устод Иброҳим Усмон таҳти унвони «Савганди сулҳофаринӣ» (-Душанбе: «Бебок», 2017. -132 саҳ.) қарор гирифт, ки ба муносибати 20-солагии Сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон бахшида шудааст, Дар рисола масоили сулҳи тоҷикон, мушкилоти самти марбута, нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ, муаррифии мухтасари аъзои КОМ, ки дар ҷараёни сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми муносиб гузоштаанд, дарҷ шудаанд. Маҳфилро метавон як навъ рӯнамоии китоби устод Иброҳим Усмон «Савганди сулҳофаринӣ» талаққӣ кард.
Мусиқӣ ба унвони ҳунар аз қадимтарин замонҳо ҳамқадаму ҳамнафаси мардум буда, дар ғаму шодӣ, бурду бохт, муваффақияту нокомӣ ва дарду ранҷ инсон ва дар маҷмӯъ, халқро шарикӣ мекардааст. Инсон танҳо дар қолаби мусиқӣ, ба истилоҳ «оҳи сабук» кашида, ба зиндагӣ аз нав дил мебандад ва камбуду навоқиси зиндагиро як лаҳза канор мегузорад ва дар партави созу овоз ба олами хаёлот сар зада, дар имтидоди маҳдуди замонӣ ормиши равонӣ ва ҷисмонӣ пайдо мекунад. Чун инсон дар гирудори умр ва мушкилоти зиндагӣ худро гум мекунад, тавассути мусиқӣ эҳсоси сабукӣ менамояд ва ин амал як навъ ҷуброн ва ё компенсатсияи равонӣ ва фикрӣ маҳсуб меёбад.