JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 14 Сентябри 2017 09:07

Пешниҳоди Раиси шаҳри Душанбе муфиду саривақтист

Муаллиф:

 Ба ҳамагон маълум аст, ки дар замони истиқлолият ба шарофати   сиёсати хирадмандона ва созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифи кишварамон ҳамаҷониба инкишоф меёбад.

  Маориф яке аз соҳаҳои афзалиятнок ҳисобида шуда, ҳамасола барои рушди он маблағҳои зиёд ҷудо карда мешаванд ва татбиқи чунин сиёсати дуруст албатта барои тараққии соҳаҳои дигар, болоравии маърифату фарҳанги ҷомеъа ҳам мусоидат менамояд.  Бо ин мақсад дар Тоҷикистон ҳар сол муассисаҳои нави таълимӣ бунёд ёфта, ба таври замонавӣ муҷаҳҳазонида мешаванд ва  шароити фаъолияти устодон ва таҳсили донишҷўёну хонандагон беҳтар мегардад. 

 Боиси хушнудист, ки масъалаи беҳтар гардонидани вазъи соҳаи маориф мавриди таваҷҷуҳи махсуси Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ низ қарор дорад. Яке аз иқдомҳои созанда дар ин самт  29 августи соли ҷорӣ аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе ба истифода додани Маҷмааи нави таълимии  Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, дар шаҳраки «Шифобахш»-и ноҳияи Сино  мебошад. Инчунин дар ин рўзҳо корпуси нави муассисаи таҳсилоти умумии рақами 54 дар ноҳияи мазкури шаҳри Душанбе ба истифода дода шуд. 

 Шумораи аз ҳама зиёди таълимгоҳҳо, аз ҷумла донишгоҳу донишкада ва коллеҷҳо дар шаҳри Душанбе мавҷуд буда, фароҳам овардани шароити дурусти таҳсилу зиндагии донишҷўёну хонандагон дар пойтахти кишварамон заҳмату кордонии зиёдро талаб мекунад. Аз ин рў, роҳбарияти шаҳри Душанбе ба таври мунтазам масъалаҳои марбут ба соҳаи маорифро мавриди таҳлилу омўзиш қарор медиҳанд ва барои рафъи мушкилиҳои ҷойдошта чораҳои зарурӣ меандешанд.

 Яке аз иқдомҳои ниҳоят муҳим, ки аз тарафи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, дархости тағйир додани вақти оғози дарсҳо дар  донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷу  омўзишгоҳҳои шаҳри Душанбе мебошад. Ин пешниҳод муфиду саривақтӣ буда, аз тарафи тамоми омўзгорону сокинони пойтахт ҳам дастгирӣ хоҳад ёфт. Аз ҷумла, ман ҳамчун омўзгор ва сокини шаҳри Душанбе ман ин иқдоми сиёсатмадори ҷавону муваффақ Рустами Эмомалиро дастгирӣ мекунам.

 Зеро дар шаҳри Душанбе, ки шумораи зиёди корхонаю муассисаҳо ва донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷҳо ҷойгиранд,  дар як вақт (соати 8 субҳ) сар шудани ҳам вақти корӣ ва ҳам машғулиятҳои дарсӣ мушкилиҳои зиёдро вобаста ба истифодаи нақлиёти мусофирбари шаҳрӣ пеш овардааст.

 Аз ин рў, тағйир додани вақти оғози дарсҳо дар донишгоҳу донишкада ва коллеҷҳо имконият медиҳад, ки кормандони муассисаҳои корӣ то соати   8 ба корхонаҳо ва устодону донишҷўён ба таълимгоҳҳо то соати 9 озодона ҳозир шаванд.

 Амалӣ сохтани чунин тағйирот фаъолияти нақлиёти шаҳриро сабук намуда, ба аз байн бурдани тамбашавӣ ва таъмини бехатарӣ дар роҳҳо мусоидат менамояд. Ҳамзамон, самаранокии фаъолияти меҳнатӣ дар корхонаву муассисаҳо ва сифати таълим дар таълимгоҳҳо меафзояд.

 Номзади илмҳои филологӣ,

устоди ДМТ Фирдавс Ниёзӣ 

https://hamsinf.com/tj/single.php?id=8952

Хондан 1824 маротиба