JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 19 Сентябри 2017 07:59

Андар масири илм чу ту устувор нест!

Муаллиф:

Андар масири илм чу ту устувор нест!

(шодбошии ҳайати кормандони Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳои ҶТ)

 Устоди гиромӣ, Фарҳод Раҳимӣ!

   Талошу заҳматҳои бедареғи Шумо дар ҷодаи такомул ва рушди илми ватанӣ сазовори таҳсину офарин аст. Ҳадафмандона интихоб ва паймудани масири илму хирад, агарчи саҳлу осон нест, Шумо бо итминон ин ҷодаро пушти сар намуда, ба қуллаи баланди ин гавҳари зиндагии башарӣ расидаед. Дар ҷараёни мудирияти илми ватанӣ аз тамоми имконоти фикрӣ, сиёсӣ, ахлоқӣ, маданӣ, фаннӣ истифода намуда, ҷиҳати дар сатҳи ҷаҳонӣ қарор додани дониши илмӣ саъю талоши фаровон меварзед. Илова бар ин, сатҳи баланди муносибат ва муошират бо ҳайати кормандон ва персонали илмӣ-таҳқиқӣ мақом ва нуфузи Шуморо ҳамчун аввалраҳбар-менеҷери самти илми ҷумҳурӣ боло бардоштааст. Ин аст, ки ҳар корафтодае, новобаста аз сатҳу дараҷаи илмию мансабӣ ва иҷтимоӣ роҳат бо Шумо дар мавзӯоти мавриди назар суҳбат мекунад ва қаноатмандона изҳори сипос менамояд.               

  Аз фурсати муносиб истифода бурда, Шуморо ба муносибати зодрӯзатон шодбош гуфта, ба Шумо, пеш аз ҳама, сиҳатмандию тандурустӣ, рӯҳи тамомнопазири илмию эҷодӣ ва саодати рӯзгорро таманно менамоем.

Ҳамарӯза бахти ту пирӯз бод,

Ҳама рӯзгорат чу имрӯз бод!

Зодрӯз муборак, устоди арҷманд!

Бо эҳтиром,

ҳайати кормандони Маркази омӯзиши равандҳои

муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳои ҶТ

    19 сентябри соли 2017

Хондан 1920 маротиба