JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 20 Сентябри 2017 05:41

Оид ба ҳолати ҳуқуқу озодиҳои динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муаллиф:

  Вақтҳои охир, мутаассифона дар воситаҳои ахбори оммаи баъзе кишварҳо  оид ба гӯё маҳдуд гардидани озодиҳои динии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаҳои ғаразнок ба нашр мерасанд, ки асоси воқеӣ надоранд.

  Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта ба бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд оғоз намуда, таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро дар сархати ин сиёсат қарор додааст. Роҷеъ ба ин мавзуъ андешаҳои устоди ДМТ Номвар ҚУРБОНОВро ба таваҷҷуҳи хонандагон пешкаш менамоем.

  Яке аз самтҳои асосии раванди бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз оғози солҳои 90-уми асри гузашта шуруъ гардид, ин   ҳуқуқи аҳолӣ ба озодии афкор, виҷдон, дин ва эътиқод мебошад.

  Дар  давраи соҳибистиқлолии мамлакати мо платформаи идеологӣ, сиёсӣ ва сохтории муносибати давлат ба дин ба таври куллӣ тағйир ёфт. Имрӯз сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ дар мувофиқат бо принсипҳои конститутсионии ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки аз плюрализми сиёсӣ ва идеологӣ дар муносибатҳои байни ташкилоту созмонҳои давлатӣ ва динӣ дар ҷомеаи дунявӣ маншаъ мегиранд, амалӣ карда мешавад. Бар асоси қонунгузории Тоҷикистон давлат ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.

  Ба ин мақсад заминаҳои ҳуқуқӣ ва сохтории таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, аз ҷумла озодии виҷдон ва эътиқод ташаккули нав ёфтанд. Имрӯз дар баробари Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои вобаста ба муносибат оид ба ҳуқуқи инсон ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, муносибатҳои байни давлат ва иттиҳодияҳои динӣ, инчунин вазъи ҳуқуқии иттиҳодияҳои динӣ дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ба танзим дароварда шуда, қоидаи иҷро намудани маросимҳои алоҳидаи динӣ ва ҳуқуқи волидайн барои назорат аз болои гирифтани маълумоти динию мазҳабӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  муайян ва мушаххас гардидааст.

  Бояд зикр кард, ки қонунгузории кишвар дар ин росто ба меъёрҳои бунёдии санадҳои байналмилалии «Эъломияи умумии ҳуқуқи башар» (1948), Паймони байналхалкӣ доир ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ (1966) ва протоколи иловагии он (2008), «Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқҳои фитрӣ ва сиёсӣ» (1966) ва протоколи иловагии он (1966), «Конвенсия оид ба ҳуқуқи кудак» (1989), ки  Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, ҷавобгӯ мебошад.

Оид ба хукуку озодии дин дар Точикистон  Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади ҳамоҳанг намудани равандҳои ҳаёти динӣ ва таълиму тадқиқоти масоили диншиносӣ ва хусусан исломшиносӣ, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шурои уламои Маркази исломӣ, Донишкадаи исломии ба номи Имоми Аъзам — Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит ва гимназияҳои таълими динӣ таъсис дода шудаанд.

  Дар баробари ин, ба мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии динии аҳолӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  фаъолиятро барои нашри бештари адабиёти дорои хусусияти илмӣ-динӣ ва мазҳабӣ – маърифатӣ ба роҳ монд. Тарҷумаи Қуръони шариф (ба забони тоҷикӣ) ва нашри ҳадисҳо анҷом дода шуданд. Дигар сарчашмаҳои муҳими илмӣ-динӣ — «Таърихи Табарӣ», «Кимиёи саодат» ва «Эҳёи улуми дин»-и Ғазолӣ, «Маснавӣ»-и Мавлавӣ, «Равзату-с-Сафо»-и Мирхонд, «Саҳеҳ»-и Бухорӣ, дигар ҳадисҳо, осори илмии Имоми Аъзам Абуҳанифа ва девонҳои комили як идда шоирони классик, ки ба масоили фарҳанги динӣ вобастагӣ доранд, нашр ва пешкаши аҳолӣ карда шудаанд. Таҷлили тантанавии бузургдошти Имоми Аъзам — асосгузори мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ дар соли 2009 бори дигар баёнгари пуштибонии роҳбарияти олии кишвар ва мардуми Тоҷикистон  аз арзишҳо ва муқаддасоти анъанавии динӣ мебошад.

  Ба ҳамин тартиб бо мақсади ташаккули шароити мусоиди таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои виҷдонии аҳолии кишвар шумораи зиёди иттиҳодияҳои динӣ (масҷидҳо), мадрасаҳои динӣ бунёд гардиданд ва тармими ҷойҳои муқаддас анҷом дода шуданд. Ба таври умум барои иҷрои аркони  Ислом дар кишвар ҳеҷ маҳдудияти ҳуқуқие ҷой надорад. Дар замони соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 4000 (дар оғози даврони истиқлолият 17 адад) иттиҳодияҳои динӣ (аз ҷумла 70 иттиҳодияҳои динии ғайриисломӣ) ташкил ёфта, ба қайд гирифта шудаанд, ки дар онҳо пайравони дин ибодати худро анҷом медиҳанд. Мутобиқи ҳисобҳои соҳавӣ, дар Тоҷикистон ба ҳар 1800 нафар як масҷид (ин нишондиҳанда нисбат ба бисёр кишварҳои пешрафта зиёд мебошад) рост меояд. Ин дар ҳолест, ки бақайдгирии иттиҳодияҳои динии нав идома дорад. Илова ба ин, анҷоми ибодат барои пайравони дин дар шароити хона тамоман озод буда, бо муқаррароти ҳуқуқӣ маҳдуд карда нашудааст. Имрӯзҳо дар маркази шаҳри Душанбе бунёди масҷиди ниҳоят калон бо ғунҷоиши 115 ҳазор намозгузор дар як вақт  ҷараён дорад.

  Дар ин давра шароити мусоиди ба ҷо овардани адои маносики Ҳаҷ ва Умра пурра фароҳам оварда шудааст. Солона мутобиқи ҳиссаи муқарраршуда бештар аз 6000 шаҳрвандони кишвар адои фаризаи «Ҳаҷ» менамоянд. Дар маҷмӯъ, дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 200 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба зиёрати хонаи Худо мушарраф гаридаанд.

Оид ба хукуку озодии дин дар Точикистон1  Идҳои мусулмонии «Фитр» ва «Азҳо» низ дар кишвар мақоми расмӣ гирифтанд ва дар қатори дигар идҳои давлатӣ бошукуҳ ҷашн гирифта мешаванд.

 Солона барои ҳофизони Қуръони азимушшаън мусобиқа дар ҳудуди ҷумҳурӣ ташкил мегардад. Ҳофизони Қуръон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ низ ширкат меварзанд. Аҳолии мусулмони кишвар урфу одот ва анъанаҳои фарҳанги исломиро озодона дар фазои хонавода низ анҷом медиҳад.

  Таъкид бояд намуд, ки пайравони дини мубини Ислом дар ҷомеаи Тоҷикистон дар доираи қонунгузории кишвар метавонанд ҳама хостаҳои мазҳабии худро бароварда созанд. Имрӯз фазои динӣ дар кишвар озод ва муътадил мебошад.

  Аз ҷониби дигар, Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1992 узви Созмони ҳамкориҳои исломӣ гардида, бо кишварҳои исломӣ робитаҳои мустақими созанда баргузор намудааст. Соли 2010 шаҳри Душанбе   “Пойтахти фарҳанги исломӣ” эълон гашт. Шурои уламои Маркази исломии кишвар низ бо мақомоти ҳаммонанди аксари кишварҳои мусулмоннишин ҳамкориҳои муфид анҷом медиҳад.

  Аз ин рӯ, даъвои расонаҳои хабарии алоҳида дар робита ба террористӣ ва мамнуъ эълон кардани ҲНИТ, боздошт ва шиканҷаи аъзои ин ҳизб, тарошидани риши мардони мусулмон ва баргирифтани сатри занон, манъи рафтани ҷавонон ба масоҷид, маҳдудияти синнусолии адои ҳаҷ ғаразнок ва яктарафа мебошад.

  Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар воқеъ ягона ҳизби қонунии исломӣ дар паҳнои кишварҳои пасошуравӣ буд, ки маҳсули мусолиҳаи миллӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон дониста мешуд. Бояд гуфт, ки ҳизби номбурда ҳарчанд сабабгору масъули ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта буд, вале ба мақсади пешгирӣ аз идомаи хунрезӣ дар кишвар дар натиҷаи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ (1997) имконияти фаъолиятро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати ҳизби сиёсӣ пайдо намуд. То интихоботи соли 2015 ин ҳизб дар Порлумони кишвар низ намояндагони худро дошт. Аммо баъд аз нокомӣ дар интихоботи порлумонии соли 2015, 4-уми сентябри ҳамон сол ба кӯшиши табаддулоти мусаллаҳона даст зад, ки боиси ҳалокати якчанд аз кормандони ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва шаҳрвандони алоҳидаи кишвар гардид. Танҳо ба ҳадафи таъмини сулҳу субот дар кишвар ва пас аз он, ки робитаи мустақими роҳбарияти ҳизб бо шӯришиён исбот шуд, тадбирҳои қонунӣ барои бастани ин ҳизб андешида шуданд. Аъзои ҳизб ҳамчунин дар таъсиси ҳалқаҳои ҷиноятӣ, даъвати ошкоро ба сарнагун сохтани сохти конститутсионии Тоҷикистон, амалҳои террористӣ ва таблиғи ғояҳои ифротгароӣ барои ноором кардани вазъи сиёсии кишвар даст доштанд. Гузашта аз ин, аъзои алоҳидаи ҳизб барои даст задан ба амалҳои террористӣ ва содир намудани ҷиноятҳои дигар низ равонаи зиндон шудаанд.

  Қобили таъкид аст, ки роҳбарияти  ҲНИТ сабабгори асосии ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон буд (ин ҷанг беш аз 100 ҳазор кушта бар ҷой гузошт ва ба кишвари тозаистиқлоли Тоҷикистон миллиардҳо доллари амрикоӣ хисорот ворид намуда буд) ва соли 2015 низ ба мақсади расидан ба ҳадафҳои хеш ба даст яроқ гирифт. Экстремистӣ ва террористӣ эълон кардани ҲНИТ ва қатъи фаъолияти он бо далелҳои собитшуда аз ҷониби мақомоти судӣ сурат гирифтааст ва ба ҳеҷ ваҷҳ маънои маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои динии аҳолии кишварро надорад. Зеро тибқи Конститутсияи мамлакат ҳамаи шаҳрвандон, новобаста ба миллату халқият, ҷинсият, эътиқоди динию мансубияти ҳизбӣ дар назди қонун масъулияти баробар доранд ва барои кирдори худ бояд ҷавоб диҳанд.

  Танзими иштироки ноболиғон дар баъзе намудҳои фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ ба асоси қонунгузории кишвар ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мухолифат надорад ва, баръакс, бо мақсади таъмини ҳуқуқи кӯдак сурат мегирад. Қонунгузорӣ ҷалби ноболиғон ба фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ба ноболиғон додани таълими диниро то ба балоғат расидани онҳо ба мавқеи падару модар пайванд додааст, ки бо дарназардошти ба ҳидояткунанда ниёз доштани кудак мантиқӣ ҳам ҳаст.

  То замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои маносики ҳаҷ аз ҷониби шаҳрвандони кишвар ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ буд. Дар давоми 70 соли ҳукмронии Шӯравии собиқ танҳо 31 нафар адои ҳаҷ намуда буд. Имрӯз талаботи қишри калонсоли ҷомеа, ки солҳои пеш имконияти адои ин фаризаро надошт, бештар аст. Маҳдудияти синнусолӣ барои адои ҳаҷ танҳо бо дарназардошти ин воқеият ва ба мақсади фароҳам овардани шароити мусоид дар ин ҷода барои калонсолон ворид карда шудааст.

  Дар робита ба манъи пӯшидани сатру ҳиҷоб, мондани риш, ки   баъзе аз воситаҳои ахбори омма аз камбудиҳои ҷомеа медонанд, ҳаминро бояд гуфт, ки ин ҷо аслан ҳеҷ гуна маҳдудиятҳои ҳуқуқӣ ҷой надорад.  Азбаски Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати миллӣ мебошад, ба мақсади ҳифзи арзишҳои миллӣ пӯшидани либоси миллӣ ва риояи рукнҳои мазҳабии вобаста ба либос бар асоси анъанаҳои миллӣ тавсия дода мешавад.

  Аз сӯи дигар бояд ёдовар шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон барои дигар ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои дигари бунёдии шаҳрвандони худ, ба монанди таъмини сулҳу субот, рушди устувори иқтисодиёт, рафъи камбизоатӣ, равандҳои муносиби иҷтимоӣ дар ҷомеа, таъмини таълиму тарбияи мусоиди насли наврас ва ғайра низ масъулият дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори таъмини тавозун дар равандҳои иҷтимоии ҷомеа мебошад.

  Ҷанги шаҳрвандӣ дар ибтидои солҳои 90-ум дар кишвар, кӯшиши гуруҳҳои экстремистӣ-террористӣ ба табадулоти низомӣ дар соли 2015, раванди афзоиши паҳншавии ақидаҳои ифротӣ, гаравидан ва пайвастани ҷавонон ба гурӯҳу ҳаракатҳои тундгаро ва террористӣ, хатар ва таҳдидҳои ҷаҳони муосир Ҷумҳурии Тоҷикистонро водор менамояд, ки дар баъзе ҳолатҳо бар асоси қонунгузории кишвар ва расму оини анъанавии миллии худ ҷиҳати ба танзим даровардани рукнҳои алоҳида дар ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳӣ амалӣ намояд. Имрӯз беш аз 1000 нафар ҷавонони тоҷик маҳз ба иллати пайравии кӯр-кӯрона дар сафи ҳаракатҳои экстремистӣ-террористӣ дар қаламрави кишварҳои хориҷӣ қарор доранд. Ин ҳолат метавонад дар сурати адами чораҳои пешгирикунанда ба ваҳдати динӣ ва эътиқодии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин тартиб ба оромию суботи кишвар ва минтақа таъсиргузор бошад.

  Бо боварӣ метавон гуфт, ки пешгирӣ аз ақидаҳои ифротӣ ва ҳамзамон ҳифзи расму ойини анъанавии миллӣ ба ҳеҷ ваҷҳ маънои маҳдуд сохтани озодиҳои диниро надорад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ дар доираи қонунгузории кишвар ва уҳдадориҳои байналмилалии худ барои таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои аҳолии кишвар тадбирҳои амалӣ хоҳад андешид.

Номвар ҚУРБОНОВ,
устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 
узви иттифоқи журналистони Тоҷикистон

http://khovar.tj/2017/09/oid-ba-olati-u-u-u-ozodi-oi-din-dar-um-urii-to-ikiston/

Хондан 2534 маротиба