JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 12 Сентябри 2017 04:14

Ҳиндустони озод 70 сола шуд

Муаллиф:

  Агар ба бузугтарин воқеаҳои таърихии Ҳиндустон дар асрҳои ХIХ - ХХ  нигоҳ кунем, пеш аз ҳама чунин мушоҳида мешавад, ки ду рӯйдоди ниҳоят бузург ва ниҳоят муҳим  дар сарнавишти мардумони ин кишвари бофарҳанг, афсонавӣ ва муддатҳо аз ҷабри аҷнабиён азияткашида  нақши бе мисле гузоштаанд. Яке аз ин воқеаҳои бузург номи “Шӯриши сипоҳиён” –ро гирифтааст, вале бо вуҷуди чунин унвон доштан, ки гӯё он танҳо аз ҷониби як қисми муайяни сипоҳиён сурат гирифтааст, ин ҳаракати мардумии тамоми халқҳои Ҳиндустон буд. Шӯриши сипоҳиён, ки  10  майи соли 1857 оғоз ёфта, дар моҳи апрели соли 1859 ба анҷоми фоҷиавӣ расидааст, ниҳоят бераҳмона пахш карда шуда буд. Ин ыо як далели аҷиб ин аст, ки Шӯриши сипоҳиён расо пас аз сад соли дар ҷанги назди Плессӣ мағлуб шудани ҳиндувон ва Ҳиндустонро зери даст намудани англисҳо сар задааст.Сабабҳои сар задани шӯришро дар парламенти Англия арбоби давлатии англис аз ҳизби Консервативии Британияи Кабир Бенҷамин Дизраэли (1804-1881) чунин шарҳ додааст: “Якум – ин аз тарафи мо маҷбуран нест кардани роҷаҳои маҳаллӣ, дувум  – аз тарафи мо вайрон кардани қоидаҳои соҳибмулкӣ ва севум – дахолати мо ба масъалаҳои диндории мардум буд”. Шӯриши сипоҳиёнро метавон аввалин ҷанги ҳиндувон барои ба даст даровардани истиқлолият ҳисоб кард. Шӯришро, мисле ки аз номаш бармеояд, сипоҳиён бардошта буданд, барои ҳамин ҳам чунин номро гирифтааст.

  Шӯриши сипоҳиён  шӯриши  аскароне буд, ки аз сиёсати бераҳмонаю ҷоҳилонаи англисҳо ба дод омада буданд.  Лекин илова бар ин бояд гӯем, ки қабл аз ҳама чӣ шуду он шӯриш сар зад, яъне   сабаби асосии сар задани он дар чӣ буд? Аслан онҳое,ки ба ин масъала рӯ меоранд дар посухи худ ба ин савол ҷой доштани чунин далелро таъкид мекунанд: 26 феврали соли 1857 дар полки сиючоруми аскарони маҳаллии Бангола овоза мешавад, ки  патронҳои нави болояшон бо пардаи   аз равғани хуку гов  тар карда шуда пайдо шудаанд ва пеш аз истифодаи онҳо бояд ин пардаро ҳар як сипоҳӣ бо дандонҳои худ аз патрон ҷудо кунад. Сипоҳиёни урдуи англо-ҳиндӣ аслан аз ҷумлаи ҳиндувону мусулмонҳо буданд, ки барои яке гов муқаддасу барои дигаре хук моли ҳаром ба ҳисоб меравад. Ин тавр истифода намудани патронҳоро  сипоҳиёни ҳинду ва мусулмон барои худ чун таҳқир меҳисобиданд. 29 марти соли 1857 як аскари 29 солаи ин полк Мангал Пандей (1827-1857) аввалин шуда норозигии худро баён мекунад. Барои ҳалли ин  масъала ва сахт тарсондану дар итоату сарфарорӣ беш аз пеш нигоҳ доштани аскарони ҳиндустонӣ ба полк лейтенанти англис Блау омада,  бе ягон андешае худ сӯи Мангал Пандей тир мекушояд, вале тир хато рафта ба аспе мерасад. Баъди ин ҳодиса генерал Ҷон Ҳерсӣ   ба  лейтенанти ин полк Ишварӣ Прасад фармон медиҳад, ки Мангал Пандейро  ҳабс кунад, лекин Ишварӣ Прасад итоат намекунад. Пас на танҳо Ишварӣ Прасад, балки тамоми аскарони полк намехоҳанд, ки Мангал Пандейро ҳабс кунанд, фақат як аскар – Саикҳа Палту розӣ мешаваду халос. Бадбахтона, ин аввалин кӯшиши ба саркашӣ даъват намудани аскарон  натиҷае намедиҳад.  6 апрел ҳукми қатли Мангал Пандей бароварда мешавад ва 8 апрел ӯро меовезанд. Пас нисбат ба Ишварӣ Прасад ҳукми қатл мебарояд ва 22 апрел вай ҳам овехта мешавад. Норозигии сипоҳиён, бар хилофи интизории мустамликадорон,  нисбат ба истифодаи патронҳои нав бо ин усули бераҳмона ва разилона ба қатл расонидани аскарони бегуноҳ    хатм намеёбад. Дар худи ҳамин моҳи апрел дар шаҳрҳои Оллоҳобод, Агра ва Амбалла чандин нафар аз аскарони маҳаллӣ, ки онҳо ҳам намехостанд барои машқ патронҳои навро истифода баранд, ба қатл расонда шуданд. Дар шаҳри Мирут аз 90 сипоҳӣ 85 нафарашон истифодаи патронҳои навро нахостанд, ҳарчанд хуб медонистанд, ки ин саркашӣ чи оқибати даҳшатоваре дорад. Он гоҳ ҳамаашон ҳукми қатл гирифтанд, ки баъдтар ин ҳукми ноодилонаву ҷоҳилона ба 10 соли бадарға иваз карда шуд.

 Дар фаъолияти мустамликадорони англис барои андак гуноҳ ба қатл расонидани мардуми маҳаллӣ коре буд маъмулӣ. Бо ин васила мардуми ҳиндро солҳо дар тарсу ваҳм ва итоат даст мегирифтанд. Лекин ин дафъа ин усул он натиҷае, ки мехостанд ва боварӣ доштанд, ки ба даст меоранд, онро надод. Ба қатл расонидани аскарони бегуноҳ ба ҳамаи дигар сипоҳиёни маҳаллӣ, ки дар   полкҳои  англо-ҳиндии  Ҳиндустон  зери фармони англисҳо   хизмат мекарданд, сахт таъсир расонд ва аввалин чунин як шӯриши ҷиддӣ ба вуқуъ пайваст.

Ҳамин тариқ, шӯришро дар шимоли Ҳиндустон сипоҳиён бардоштанд, ки дар андак вақт дар Банголаю Панҷоб ва қисматҳои марказии Ҳиндустон   паҳн шуд. Шӯриши сипоҳиён  аз тарафи дигар қишрҳои аҳолӣ, аз ҷумла деҳқонон дастгирӣ ёфт ва дар андак вақт  ба шӯриши умумихалқӣ табдил ёфт. Маҳз саркашӣ кардан аз истифодаи патронҳои нав  баҳонае буд, ки барои  Шӯриши сипоҳиён боис шуд. Ин далел зиёд дастгирӣ ёфтааст, вале сабаби асосӣ танҳо ҳамин буд гуфтан, шояд кифоя  набошад. Боз чунин хулоса низ аз ҳақиқат дур нест, ки    шӯриши солҳои 1857-1859 - калонтарин амали яроқноки ҳиндувон муқобили зулму истисмори аҷнабиён, дар натиҷаи то рафт зиёд шудани истисмори Ҳиндустон аз ҷониби буржуазияи англис ба вуқуъ пайваст. Андоза ва қувваи он дар ҳаракатҳои миллӣ-озодихоҳии солҳои пешин омода шуда буд.  Дар ҳар сурат    маҳз ҳамин шӯриш боиси  оғози давраи наве дар таърихи муборизаи озодихоҳонаи   ситамдидаҳои Ҳиндустон  шудааст. Шӯриш ва дар ин шӯриш талафоти сахти ҷонӣ додану зиндонӣ шудани  ҳазорҳо-ҳазорҳо ватандӯстони асили Ҳинд дар фикру андешаи миллионҳо ҳиндувон на танҳо як муносибати дигареро нисбат ба  мустамликадорони англис  ворид кард, балки маҷрои  фаҳмиш, дарк ва ҷаҳонбинии тамоми зиёиёни Ҳинд, аз ҷумла адибонро, ки дар ҷомеаи он вақта нақши муҳим доштанд   дигаргун сохт. Чунин муборизони далери ин шӯриш ба мисли Мангал Пандей (1827-1857), Лакшмӣ Байӣ (1828-1858), Азимуллохон (1830-1859) ва боз даҳҳо ҷавонони дигар дар ин муборизаи шадид ҷонҳои худро бохта,   ҳамчун қаҳрамонҳои бошуҷоати ин қиёми бесобиқа дар саҳифаҳои таърих ва ёди мардумони Ҳиндустон абадан зинда мондаанд.  Акнун ба анъанаҳои солҳо якранг ҷой дошта ва ба тақдир тан дода мутеона сар фаровардану зистани мардуми Ҳинд ба таври дигар баҳо додан сурат гирифт, акнун бештар ба ҳаёти воқеии имрӯза, ки дар шакли тороҷшавии мамлакат ва боз зиёдтар ғулому бебизоат шудани мардум дигар хел  назар кардан ва онро ҳамчун як далели қотеъ барои муборизаи навбатиро интихоб кардан заруру мубрам дониста шуд. Маорифпарварӣ, ки дар ҳаёти фарҳангии Ҳиндустон дар нимаи дувуми асри XIX муҳимтарин падида ба ҳисоб меравад, маҳз пас аз Шӯриши сипоҳиён ба худ бо суръат роҳ кушода  инкишоф ёфт. Дар   ҳолати пешомада барои дар оянда боз чунин муборизаҳо бурдан артиши бузурги мардуми босаводу огоҳ ва аз лиҳози сиёсӣ обутобёфта зарур буд, ки оҳиста-оҳиста ба вуҷуд меомад. Дар сафи пеши ин урду ашхоси маълумотгирифта  (намояндаҳои буржуазияи миллии аслан дар Аврупо таҳсил карда) ва дигар ватандӯстони асил ба мисли  маорифпарварон ва  адибони пешқадам буданд. Арбобони сиёсат  бевосита худашон бо   баромадҳои  боҷуръатона, ки аз  фош намудани сиёсати зиддиинсонии мустамликадорон иборат буд амал мекарданд. Адибону маорифпарварони  пешқадам ба мисли  Рам Моҳан Рой (1772-1833), Сер Саид Аҳмадхон (1817-1898), Бҳаратенду Ҳаришчандра (1850-1885) ва Равиндранатҳ Тҳакур (1861-1941) аз ҷумлаи ҳамон зиёиёни  Ҳиндустон мебошанд, ки   ба воситаи баромадҳои ҷудогона ва асарҳои бадеӣ барои мардумро босавод кардан, аз хоби гарон бедор намудан, маърифатнок кардан ва мубориз намудан бисёр талошҳо  кардаанд..

Шӯриш ва дар ин шӯриш талафоти сахти ҷонӣ додани ҳазорҳо-ҳазорҳо ватандӯстони   Ҳинд дар фикру андешаи миллионҳо ҳиндувон на танҳо як муносибати дигареро нисбат ба  сиёсати зиддиинсонии мустамликадорони англис  ворид кард, балки маҷрои  фаҳмиш, дарк ва ҷаҳонбинии зиёиёни Ҳинд, аз ҷумла бужуазияи миллиро низ дигаргун сохт.  Сабабҳои ноком шудани шӯришгарон зиёд буд, аз ҷумла    набудани нақша-барномаи муайяни амал, набудани маркази ягонаи раҳнамоӣ кардан ва мавҷудияти ягон ҳизби басиҷкунандаи тӯдаҳои васеи мардум. Ҳамин чиз ва  вазъи иҷтимоиву сиёсии дар Ҳиндустон пас аз Шӯриши сипоҳиён ба амал омада ташкил намудани аввалин ҳизби сиёсии ватандӯстони Ҳиндро ба   бо номи “Конгреси миллии Ҳиндустон” (Бҳаратия Раштрия Кангресс) фароҳам овард, ки он 28 декабри соли 1885 дар шаҳри Мумбайи ҳозира аз бунёд шудани худ хабар дод. Конгресс дар андак вақт ба маркази муборизаи мардумони Ҳинд табдил ёфт ва дар атрофи он ҳар навъ созмонҳои хурду калони дар қисматҳои гуногуни Ҳиндустон фаъол буда, новобаста аз пайдоиши иҷтимоиву сиёсӣ ва каставиашон ҳамроҳ шудан гирифтанд. Маҳз ҳамин ҳизб, ки бузургтарин  намояндагонаш Маҳатма Ганди (1869-1948), Дадабҳай Наороҷӣ (1825-1917), Маҳадев Говинд Ранаде (1842-1901),  Сурендранатҳ Банерҷӣ (1848-1925), Бал Гангадҳар Тилак (1856-1920), Мотилал Неҳру (1861-1931), Гопал Кришна Гокҳале (1866-1915), Мавлоно Абдул Калом Озод (1888-1958), Ҷавоҳирлол Неҳру (1889-1964), Субҳас Чандра Бос (1897-1945) ва даҳҳо чунин муборизон буданд, тавонистанд қавму миллатҳои мухталифи Ҳиндустонро зери шиорҳои “Инқилоб зинда бод!”, “Аз Ҳиндустон дафъ шавед!” муттаҳид намуда, соати наздик шудани озодӣ ва ба даст даровардани истиқлолиятро имконпазир менамуданд. Дар аввалин даҳсолаҳои асри ХХ бо даъватҳои Ҳизби Конгресс, алалхусус даъватҳои пешвои мардуми Ҳинд Маҳатма Ганди, ки муборизаи ғайризуровариро чун барномаи амал пешниҳод карда буд, ҳаракатҳои миллӣ-озодихоҳӣ тамоми Ҳиндустонро фаро гирифт. Барои мардуми азиятдида ва аз ҳуқуқҳои оддӣ маҳрум, маъно ва ҳадафи калимаҳои ҳар замон садодиҳандаи “Сватантра” (Истиқлолият), “Свадешӣ” (Ватанӣ. Моли ватанӣ) ва “Сатяграҳа” (Муборизаи ғайризуроварӣ (ба хотири дарёфти ҳақиқат) ба манфиати кист ва дар пиёда шудани онҳо чӣ ба даст меояд, ниҳоят бамаврид ва фаҳмо буд. Он вақт  касе дар фикри он набуд, ки кӣ ҳинду асту, кӣ мусулмону, ки сикҳ. Ҳамаро андеша як: аз мамлакат рондани мустамликадорон ва соҳибистиқлол шудани кишвар. Албатта, душманони Ҳиндустон ягонагии қавмҳои гуногуни ин мамлакатро намехостанд ва бо пешниҳоди бунёди давлати ҷудогонаи мусулмонҳои Ҳиндустон бо номи Покистон   мехостанд пойдевори ҳамбастагии мардуми Ҳиндро сусту нотавон кунанд. Ҳарчанд то андозае ба ин мақсад расиданд, вале пеши селоби ба қиём огоҳона ва қатъӣ бархестагонро гирифта натавонистанд.

Ҳоло пеш аз он, ки аз дуюмин рӯйдоди бузурги таърихи Ҳинд акнун дар асри ХХ ёдовар шавем, бояд як нуқтаи дигарро низ баён кунем. Дар солҳои сиюми асри ХХ дар арсаи мубориза ба хотири озодӣ якчанд гуруҳҳое ташкил ёфтанд, ки худро “инқилобчӣ” номида шакли муборизаи хосеро интихоб намуда буданд ва дар ин мубориза   зарур намедонистанл, ки тӯдаҳои васеи мардум ҳамроҳ шаванд. Онҳо бо ҷисман нест кардани ашадитарин душманони Ҳиндустон аз ҷумлаи аҷнабиён  бунёди Ҳиндустони озодро  орзу мекарданд ва дар ин роҳ ҷон супурданро шараф медонистанд. Дар он солҳо чунин ташкилотҳо ба мисли “Ҳизби инқилобӣ” (Крантӣ дал), роҳбараш Бҳагат Синҳ (1907-1031) ва  “Армияи сотсиалистӣ-демократии Ҳиндустон” (Ҳиндустан самаҷвадӣ праҷатантра сена), роҳбараш Чандрашекҳар Тиварӣ бо тахаллуси “Озод”  (1906-1931) дар пинҳонкорӣ фаъолият доштанд. Яке аз маъруфтари ватандӯстони Ҳинд Лала Лаҷпатрай (1865-1925) “Анҷумани ватандӯстони Ҳинд”-ро ташкил карда буд. Бҳагат Синҳ, Чандрашекҳар Озод, Суря Сен (1894-1934) ва даҳҳо дигар ҷавонон, ки аъзои чунин ташкилотҳо буданд, барои фаъолияти ватандӯстиашон гирифтори  ҳукми  қатл шуданд. Халқи ҳинду хотираи ин ҷавононро чун қаҳрамонони бошуҷоати Ҳиндустон то имрӯз пос медорад. Маҳатма Ганди бошад на танҳо дар Ҳиндустон, балки дар тамоми ҷаҳон ҳамчун муборизи матин, инсондӯсти комил ва адолатхоҳи бемисл эътибор дорад. Соли 2007  2 –юми октябр – яъне рӯзи таваллуди Маҳатма Ганди ҳамчун “Рӯзи байналмилалии алайҳи зӯроварӣ” ҷашн гирифта шуд. Ин аз он сабаб, ки 15 июни соли зикршуда Ассамблеяи генералии Созмони Миллали Муттаҳид бо дастгирии 142 мамлакати ҷаҳон бо як овоз қароре қабул кард, ки  мувофиқи он ҳар сол 2-юми октябр бояд ҳамчун “Рӯзи байналмилалии алайҳи зӯроварӣ” қайд карда шавад. Чунин як созмони байналмилалии бонуфуз бо ин қарори худ ақидаҳои пешвои мардумони Ҳинд Маҳатма Гандиро нисбат ба бе зӯроварӣ зистану фаъолият кардани  одамонро на танҳо барои насли имрӯз, балки барои наслҳои оянда дар тамоми дунё зуруру маъқул донист.

Муборизаи ватандӯстони Ҳинд ба хотири озодӣ дар нимаи аввали асри ХХ ба зулми дусадсолаи мустамликадорони Англия поён бахшид.  15 августи соли 1947 дар Ҳиндустон рӯзи рӯй додани дуюмин воқеаи бузурги таърихӣ мебошад. Дар  ҳамин  таърих Ҳиндустон худро соҳибистиқлол эълон намуд ва беҳтарин сарвати аз даст додаи худ - озодиро пас гирифт,  гарчанде бо қимати ниҳоят гарон – тақсим шудани ин мамлакат ба ду давлати мустақил бо номҳои  Ҳиндустон ва Покистон ва талафоти ҷонии садҳо ҳазор ҳиндувону мусулмонҳо. Ҳоло аз рӯзи рӯй додани дуюмин воқеаи бузурги таърихӣ дар ҳаёти мардумони Ҳинд 70 сол сипарӣ шуд. 26 январи соли 1950 Ҳиндустон худро республика эълон намуд. Ҳамин тариқ, давраи нави таърихи халқҳои Ҳиндустон оғоз ёфт. Ҳукумати Ҳиндустони тозабунёд бо сарварии аввалин сарвазири кишвари озод Ҷавоҳирлол Неҳру дар арсаи байналмилалӣ сиёсати бетарафиро пеш гирифта, нақшаи чи тавр аз оқибатҳои даҳшатовари  сохти мустамликавӣ халос шуданро кашид.Дар даҳсолаҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои инкишофи иқтисодиёт, илму фарҳанг ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум монеаҳо бисёр буданд ва расидан ба натиҷаҳои дилхоҳ дар андак вақт имкон надошт. Ин барои онҳое, ки содалавҳона баробари озод шудан ҳама мушкилиҳо осон ва ҳама масъалаҳо ба зудӣ ҳал мешавад гуфта гумон доштанд, маъюсиву ноумедӣ овард. Аз саҳифаҳои асарҳои бадеӣ, ки хонандаҳояшон хеле зиёд буданд, оҳангҳои некбинӣ қариб буд ба нестӣ расад. Вале ҳукумат ба пуртоқативу хирадмандии мардуми кишвар такя намуда, нерӯи ақлонӣ ва ҳимати муъҷизаофарии онро барои бартараф намудани монеаҳо ва тавлиди моли ватанӣ   оқилона сафарбар менамуд. Дар солҳои ҳафтодуму ҳаштодуми асри ХХ Ҳиндустон рӯ ба инкишофи воқеӣ овард ва акнун он кишвари ақибмондаи солҳои панҷоҳуму шастум набуд. Баробари пешравии саноати сабуку вазнин ва сол то сол қавитар шудани иқтисодиёти кишвар  дар арсаи байналмилалӣ эътибори Ҳиндустон афзоиш меёфт.Дар пурқувват намудани саноати вазнини Ҳиндустон барин мамлакати аграрӣ дастгирии Иттиҳоди Шӯравӣ дар шакли сохтани иншоотҳои бузург ба мисли корхонаҳои Бокаро ва Бҳилай ниҳоят назаррас мебошад Дар солҳои ҳафтодум Ҳиндустон акнун аз мамлакати ақибмонда ва сусттараққикарда, тавре ки қабул шуда буд гуфтан,  ба мамлакати рӯ ба инкишоф оварда дар қитъаи Осиё табдил ёфт. Ҳиндустон ба ягон блоки низомӣ ҳамроҳ нашуда, сиёсатеро пеш гирифт, ки ақли солиму эҳсоси дурандешӣ тақозо менамуд.Дар асоси принсипҳои ба ҳар ду ҷониб манфиатовар амал карда бо  мамлакатҳои сохти сиёсиашон мухталиф ҳамкориҳои боманфиатро ба роҳ монд. Халқи ҳинду ҳанӯз аз солҳои сиюми асри ХХ аз хариду истифодаи молҳои хориҷӣ даст кашиданро пешниҳод карда буд. Ҳамин усул дар давраи озодӣ беҳтарин натиҷаҳо дод. Дар даврони мустамлика будани Ҳиндустон  қариб ҳамаи  молҳои зарурӣ барои мардум аз хориҷи кишвар (аслан аз Британияи Кабир бар ивази ашёи хоме, ки беист аз Ҳиндустон ба он ҷо мерафт) оварда мешуд. Акнун бояд ҳама чизро дар дохили кишвар баровардан лозим буд. Ин босуръат сохтану ба истифода додани корхонаҳои гуногуни хурду калонро дар кӯтоҳтарин вақт талаб мекард. Аҳолии таҳҷоӣ на танҳо бо моли маҳаллии арзон балки бо ҷойҳои кор низ таъмин мешуд.

Бо гузаштани 70 сол  Ҳиндустон ба яке аз мамлакатҳои аз лиҳози иқтисодиёт инкишофёфта ва пурқуввати дорои силоҳи ҳаставӣ табдил ёфт.   Акнун на танҳо дар қитъаи Осиё, балки дар тамоми ҷаҳон обурӯю эътибори хос ҳосил кардааст. Имрӯзҳо ҳалли бисёр масъалаҳои муҳими минтақавӣ бе иштироки фаъолонаи Ҳиндустон имконнопазир аст. Душвор аст дар чанд сухан пешравиҳои бемисли Ҳиндустонро дар соҳаҳои гуногун баён кардан.  Ин мамлакат аз лиҳози истеҳсол ва ба хориҷа баровардани гӯшти гов ва истеҳсоли шир (146,3 млн тонна) ва чой дар ҷойи аввал меистад.Ҳар сол 14 млн тонна шакар истеҳсол намуда дар ҷаҳон  ҷойи дувумро гирифтааст.  Шумораи аҳолии Ҳиндустонро дар соли ҷорӣ ба 1 миллиарду 318 миллиону 700000 ҳазор расидааст.Ин қадар аҳолиро бо ғизо, либос, пойафзол таҳмин кардан ва боз ҳамин гуна молҳоро ба хориҷа баровардан  барои Ҳиндустон имконпазир шудааст, ки касро ба ҳайрат меорад.

Ҳиндустон яке аз аввалин давлатҳое буд, ки истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро 28 августи соли 1992 расман шинохт. Соли 1994 сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикисто ва соли 2003 сафорати Тоҷикистон дар Ҳиндустон  кшода шуданд. Ҳоло 25 сол мешавад, ки Ҳиндустону Тоҷикистон ду давлати  ҳамсоя ва бо ҳам дӯст ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондаанд. Аз соли барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҳиндустону Тоҷикистон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба  Ҳиндустон се сафари расмӣ (дар солҳои 1993,1995, 2001) ва се сафари давлатӣ (2006, 2012, 2016) намудааст, ки дар натиҷа бештар аз 60 ҳуҷҷатҳои байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ дар соҳаҳои афзалиятноку ояндадори савдо, иқтисодиёт, дорусозӣ, кишоварзӣ, инфрасохтори роҳу нақлиёт, маориф, сайёҳӣ, технологияҳои иттлоотӣ, фарҳанг ва ғайра ба имзо расидаанд. Сафарҳои давлатии сарварони олимақоми Ҳиндустон Пратибҳа Патил (Президент, 2009), Нарендра Модӣ (Сарвазир, 2015)  ва дигар ашхоси расмӣ ба Тоҷикистон  рӯз то рӯз бинои дӯстиву ҳамкориҳои боманфиати ду кишварро қавитар намудааст. Бо дастгирии  Шӯрои ҳиндустонии алоқаҳои фарҳангӣ садҳо қавонони тоҷикистонӣ дар Ҳиндустон таҳсил ё такмили ихтисос мекунанд. Аз тарафи Ҳиндустон неругоҳи барқи обии “Варзоб-1” пурра тармим ва меҳмонхонаи “Шератон” сохта ва ба истифода дода шуд. Ҳамкориҳои судманд дар соҳаи низомӣ низ назаррас аст. Боз чанде аз ин гуна мисолҳоро чун далели рӯз то рӯз бештар ривоҷ ёфтани ҳамкориҳои мардумони ҳинду тоҷикро пайиҳам овардан мумкин аст.

Ҳиндустони озод имрӯзҳо 70-солагии соҳибистиқлол шудани худро бо дастовардҳои бузурги иқтисоди ва дар олами сиёсат эътибори хос пайдо кардан ҷашн мегирад. Мо низ мардуми Ҳиндро бо ин ҷашни пуршараф табрик намуда, дар ҳама соҳаҳо боз бештар комёб шудан ва ҳамеша сарбаланду озод зистанро таманно дорем.

Ҳабибулло Раҷабов

Д.и.ф.

 

Хондан 2078 маротиба