Музофоти Кӯлоб ноҳияҳои маъмурии Балҷувон, Восеъ, Данғара, Кӯлоб, Мӯъминобод, Фархор, Ховалинг, Ҳамадонӣ, Шӯробод ва Темурмалик- хосса собиқ вилояти Кӯлобро дарбар мегирад, 12,0 ҳазор километри мураббаъ масоҳат дорад ва беш аз 1086 ҳазор нафар (с.2014) сокинон ҳаёт ба сар мебаранд.
Оид ба рӯшноӣ ва табиати он ҳанӯз дар асри XVIII ду назария ба вуҷуд омада, инкишоф ёфтанд. Ин назарияҳоро таносубан назарияҳои корпускулавӣ ва мавҷии рӯшноӣ ном ниҳодаанд. Назарияҳои мазкур хосиятҳои гуногуни рӯшноиро дар муҳитҳои мухталиф тавсиф медиҳанд. Асосгузори назарияи корпускулавии рӯшноӣ олими англис Исаак Нютон (1643-1727) ва поягузори назарияи мавҷии рӯшноӣ физики нидерландӣ Христиан Гюгенс (1857-1894) мебошад. Мувофиқи тадқиқоти олими англис Ҷ.К. Максвелл (1830-1879) бошад, рӯшноӣ мавҷи электромагнитӣ аст.
Чунонки маълум аст, низоми анъанавии таълим аз назарияи таълимии Я.А. Коменский, сарчашма мегирад. Ин низоми аз ҷиҳати ташкили ҷараёни таълим синфӣ-дарсӣ буда, мазмуну мундариҷа тавассути методологияи шарҳӣ-аёнӣ пешниҳод карда мешавад. Назарияи мазкур ҳанӯз дар асри XVII дар асоси принсипҳои дидактика ташаккул ёфтааст. Хусусиятҳои хоси низоми мазкур инҳоянд:
ҶАҲОН ДАР РАВЗАНАИ АНТРОПОЛОГИЯ
(мусоҳиба бо файласуфи муосири тоҷик, профессор Муҳаммадалӣ Музаффарӣ)
Нозим Нурзода: Устоди арҷманд, қаблан сипосгузорем, ки ҳамеша имкони мусоҳибаро бо мо фароҳам меоваред, чӣ хоҳише, ки мо мекунем, шумо бе ягон такаллуфу таоруф қабул менамоед. Ташаккури зиёд. Дар ибтидо арз медорем, ки ҳангоми таъсиси маҷалла ва кушодани бахши “Ҷаҳон аз нигоҳи дигар” Шумо дар феҳристи аввалинҳо барои мусоҳиба қарор доштед. Акнун, ки ин фурсат расидааст, суҳбатро оғоз мекунем. Шумо дар ду давраи таърихӣ - Шӯравӣ ва марҳилаи соҳибистиқлолӣ зиндагӣ ва таҳқиқ кардаед. Ҳамзамон ба масоили инсоншиносӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, таҳқиқотатонро дар самти антропология маҳдуд намудед. Бо таваҷҷуҳ ба ин, суоли мо ин аст: Таносуби илми антропологияи имрӯза ва теология чӣ гуна аст?