Дар Системаи Офтобӣ ғайр аз ҳашт сайёраҳои калон, боз бисёр ҷирмҳои хурд дар гирди атрофи Офтоб доимо дар харакат мебошанд. Ин ҷирмхо сайёраҳои хурд ё астероидхо, кометахо ва метеороидхо хастанд. Астероидҳо асосан дар тасмаи асоси астероидҳо ҷойгир ҳастанд. Миқдори ками онҳо бо таъсири қувваи ҷозибаи Муштарӣ ба мадорҳои наздизамини партофта шуда, дар масофаи наздик ба мадори Замин ҷой ёфтаанд. Ҳамин тавр, сайёраҳои хурд вобаста ба ҷойгиршавиашон дар Системаи Офтобӣ ба ду гурўҳи калон тақсим мешаванд, яъне астероидҳои тасмаи асосӣ ва астероидҳои наздизаминӣ.
Рӯзи 21 августи соли 2017 гирифти пурраи навбатии Офтоб ба амал меояд. Ҳодисаи астрономии «Гирифти Офтоб» вақте ба вуқуъ меояд, ки Моҳтоб пурра ё қисман Офтобро аз мушоҳидачи дар рӯи Замин буда мепӯшонад (торик мекунад) (расми 1). Гирифти Офтоб танҳо ҳангоми навшавии Моҳтоб имконпазир мебошад. Ин чунин фазаи Моҳтоб мебошад, ки он аз Замин тамоман дида намешавад.
Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, н.и.ф., Алиаҳмад Холов иштирок намуданд. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Кристалшиносӣ: пайдоиш, омӯзиш ва таҳқиқ» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Мо дар ин мақолаи хоксоронаи худ усули тадқиқӣ (муқоясавӣ)-и адабиётшиносиро пеш гирифтаем. Ҳангоме ки нависандаи араб дар бораи шоири намоёни тоҷик, муборизи роҳи бахту озодӣ устод Садриддин Айнӣ сухан ронданӣ мешавад, надида наметавонад, ки роҳи ин шоир, ҷодаи шеъру зиндагие, ки ӯ тай намудааст, қатъи назар аз тафсилоте, ки ба муҳити маҳал ва шароити ба худ хос вобаста аст, дар ҷавхари худ таҷассуми орзуву омоли шоирони Шарқ ва инъикоси намунаи ифодаи ҳақиқии беҳтарин ва зеботарин умедҳоест, ки шоирони муосири Шарқ аз интиҳои асри ХIХ то нимаи асри ХХ дар дили худ мепарвариданд.