JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, донишманди тоҷик Зафари Мирзоён иштирок намуданд. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома Нуров Нозим  мавзӯи «Шоҳномаи Фирдавсӣ ва Ваҳдати миллӣ» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Панҷшанбе, 15 Июни 2017 09:32

Рӯ ба сӯйи хушзавқӣ

  Омӯхтани мероси гаронмояи гузашта ва андӯхтани таҷрибаи собиқа дар боло рафтани сатҳи тафаккур, андеша ва маънавиёти миллият ва халқият нақши асосӣ дорад. Таърихи андеша, ҳунар ва фарҳанги башарӣ собит намудааст, ки бинишҳои устуравӣ, ойинҳои динию мазҳабӣ, қолабҳои тафаккурӣ, моделҳои шинохтӣ, мактабҳои фикрӣ ва ҳавзаҳои илмӣ дар асоси омӯзиши осори пешин, андӯхтани таҷриба ва мушоҳидаи амиқ рӯйи кор омадаанд. Ҳамин гуна таҷрибаро метавон дар самти фарҳанг ва ҳунар низ, ки аз қадимулайём олами тафаккуру тахайюли инсонро бою ғанӣ гардонидааст, ба хубӣ мушоҳида кард. Ҳадаф аз навиштани матлаби мухтасар ва овардани муқаддамаи кӯтоҳ дар заминаи омӯзишу андӯзиши мероси собиқа ва таҷриботи ҳунарӣ тамошои барномаи «Садои ошно»-и Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» мебошад, ки рӯзҳои истироҳатӣ (рӯзҳои якшанбе) дар нимарӯз пахш мегардад.

  Дар охири садаи нуздаҳум синамо ба сифати абзори муҳими фарҳангӣ ва санъатӣ ба арсаи тамаддуни башарӣ ворид гардида, дар кӯтоҳтарин муддат фазои ҳунарӣ ва фарҳангии манотиқи гуногуни мамлакатҳои мутамаддинро соҳиб шуда, раванди огоҳӣ, шинохт, омӯзиш, иттилоот, ташхис ва биниши инсонҳоро густариш бахшид. Бар ҳасби истилоҳ, синамо(Cinema) мухтасари калимаи синематограф буда, ҳунари намоиш додани силсилаи тасвирҳо, манзараҳо, ашхос, ашё ва ҳаракати ҳунарпешагон мебошад, ки рӯйи филм ба василаи дастгоҳи махсус сабт мешавад (Амид Ҳасан. Фарҳанги Амид. Ҷилди дуввум. –Теҳрон: Амири Кабир, 1381. -С.1508).

                             Забони гушода чу омад падид,

                             Шуд он бандҳоро  саросар калид.

                                         Фирдавсӣ

    Ба масъалаи забони давлатӣ ҳамчун созмондиҳандаи  андешаи миллӣ таваҷҷуҳ намуда, чанд нуктаи асосиро ироа медорем:

  1.Забони форсии дарии тоҷикӣ дар таърихи фарҳанги иронитаборон ба сифати забони илму тамаддун шинохта шуда, дар бедоии фикрии ақвоми ирониасли қуруни мутамодӣ нақши муассир доштааст. Забони форсии тоҷикӣ дар имтидоди асру қарнҳои гуногун забони илму хирад, забони сиёсат буда, тавассути он бостонитарин китоби башарӣ «Авасто» китобат шудааст. «Авасто» китобест, ки беш ва пеш аз ҳама, ба самти огоҳӣ ва созмони андешаи миллӣ нигаронида шудааст (Сайид Аҳмадӣ. Фарҳанги форсӣ дар қуруни вусто. Теҳрон, 1375. –С. 38).