JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 16 Октябри 2017 10:55

Имтиёз

Муаллиф:

 Амини Зуҳур, ки бо қомати баланду каллаи калон, рӯи гирди кунҷитакдору лабони кӯтоҳи ғафс ва чашмони бумию шиками дам ғули ҳақиқиро мемонд, ғавғокунон аз роҳи калон гузашта, ба тангкӯча даромад. Дар даст химчаву санг дошт, бисёр хашмгин менамуд.

 «Гургро дуру майдонро холӣ дида, ба замини ман наздик шудаӣ, ҳа. Хоки заминат накунам, намемонам.Ҳоло ба собуни ман ҷома нашустаӣ»- гуфта, ба касе таҳдид мекард..Ҳолдонҳо медонистанд, ки ӯ киро дар назар дорад. Яку якбора аз ғурбат ба сангпартоӣ гузашта, саги газандаи амаки Давронро аз хоб бедор кард. Мурғи кутзани холаи Меҳрубонро ҳам ба санг зад. Як санги хаторафта шишаи тирезаи хонаи амаки Мансурро пора-пора кард.Зану бачааш берун баромада, баробари дидани Амин-амак бозпас ба хона даромаданд. Баъд чашмаш ба кӯдаки шиносе, шояд ошнои наберааш буд, афтод: «боз ту аз куҷо пайдо шудӣ, саги дайду, гум шав аз назарам» гуфт ва андак аз паси кӯдак давид. Кӯдак додгӯён гурехта, зуд аз назар пинҳон шуд.

 Амини Зуҳур тез-тез қадам гузошта, дар як мижа задан худро дар паси девори хонааш гирифт.

 Ҳамсояи деринааш бобои Оқил ғавғои ӯро шунида, даступо хӯрд. Фурсат тангӣ кард, имкон наёфт, ки белро пинҳон кунад. Алаккай дуртар аз худ Аминро дид, ки лабонаш бозӣ доранд.

–  Дар назди ҳотаи ман чи кор мекунӣ, дигар ҷои гардиш наёфтӣ ?- ба сари бобои Оқил дод зад Амин.

– Мехоҳам, ки ҳамин гӯшаи хушкидаро сарсабз намоям,

 заминро нарм карда каду корам.

–  Ман бисёр чиҳо хостанатро медонам. Дами иштиҳоятро набанданд, оламро фурӯ мебарӣ, ранги каду ҳама ҷоро иҳота кардан мехоҳӣ, вале ба мақсад намерасӣ. Агар як навдаи кадуятро дар замини ҳотаам бубинам, тамоми кадуҳоятро аз реша меканам, фаҳмидӣ? Бо баҳонаи кадукорӣ хандақ наканӣ?

– Не, не, Аминбой, ман беақл нестам, ки аз роҳи нишондодаи ту як қадам берун бароям. Бе розигии ту на хандақ меканаму на девор мебандам.

–  Кӣ розӣ мешавад, ман? Девор мебандӣ? Номаъқул кардӣ, белатро гирифта, зуд аз назди ҳотаи ман бирав.

 Амин пеш аз рафтан як маротибаи дигар химчаашро ба замин зада, санги дасташро ба қитъаи нармкарда партофт. Гӯё таъкид мекард: «Дар ин гузар гапи ман қонун аст. Агар дар ин ҷо каду шинонӣ, кадуи хӯрдагиятро аз патаки биниат мебарорам.»

 Баъди рафтани Амин мӯйсафед санги партофтаи ӯро аз замин бардошта, ба сӯе ҳаво дод ва аз дил оҳи сард кашид.

– -Садқаи номи Амин шавад, раҳмат ба падари касе, ки ба ӯ тахаллуси «нотинҷ » додааст. Хулқу рафтораш ба тахаллусаш бисёр мувофиқ аст. Амин ҷони ширини маро ба лаб овардааст. Намемонад, ки дар рӯи ҳавлии худам осуда қадам гузорам. Аз бало ҳазар, фалокат аз таги по мехезад. Бо ин ҳамсояи бадфеъли як дам ба худу як дам бехуд чи кор кунам, намедонам.Бо ин девона чи ҳам мекунӣ? Ба сараш мушт бардорам нашавад.Гапаш қонун аст, имтиёз дорад.Аз бинӣ боло гап занӣ, дар бало мемонӣ, борони сангу кулӯхро ба сарат мерезад.

 Боре набераи хабаргиру кунҷковаш Соҳиб баъди таҳдиди Амин-амак ба бобо суол дод:-Бобоҷон, чаро аз Амин-амак метарсед? Он кас дар даст сангу химча дораду шумо бел.

– Худо аз ҳамсояи бад нигоҳ дорад. Амин-амакат одами хуб нест. Ба бемори рӯҳӣ доштанаш шубҳа дорам. Дошта бошад ҳам, дараҷаи бемориаш ба он рақаме, ки худро вонамуд мекунад, намерасад. Девона бошад ҳам, ба кори худ ҳушёр. Дар ҳузури зану бачаҳояш нисбатан ором аст. Дар назди бегонагон гӯё тори асабаш бори гапи вазнинро намебардорад, ғавғо мекунад. Ба фикрам, ин усулро барои ҳимояи манфиати худ истифода бурда, гоҳо аз ҳад мегузаронад. Ин ҳолати ӯро дида, марди оқилу дурандеш барои ҳифзи шаъну шараф ва нарехтани обрӯи худ маҷбур мешавад, ки хомӯширо ихтиёр намояд.Ту ҳам кӯшиш бикун, ки дар чашми ҳамон ғул натобӣ. Зеро девонагӣ аз нимҳушёрӣ беҳтар аст.Девонаи силоҳдор ҳам, аз санги дасти тифлон метарсад. Вале одами нимҳушёру марди асабаш хароб аз балову офат наметарсад. Амин, ба фикрам, аз тоифаи дуюмаш аст.

 Набера аз саволи додааш пушаймон гашта, ба чидани аҷириқҳои ба рӯи хок баровардаи бобояш машғул шуд. Мӯйсафед дар симои давоми умраш, ки акнун кӯдаки хурд нест, дувоздаҳсола аст, ақлаш ба бисёр корҳо мерасад, соҳиби ин даргоҳу ин қаламравро дида, дилпур мегашт.

 Вақте ки ба ин манзил кӯч бастанд, набера надошт. Дертар, дар миёнаумрӣ соҳиби зану фарзанд шуд. Фарзанди калониаш дар донишгоҳ таҳсил мекард, муҷаррад буд. Ҳамон рӯзе ки шастсолагиашро дар хонаи пешинааш ҷашн мегирифтанд, набераи аввалинаш ба дунё омад. Баъдтар ба нақша афтодани манзилашонро ба эътибор гирифта, дар ҳамин гӯшаи шаҳр ҷояшон доданд ва дар таҳҷои хонаи кӯҳнаашон корхонаи нав сохтанд. Онҳо кӯчидан намехостанд, хонаашон бо вуҷуди намуди зебо надоштан дар марказ буд, аз обу барқу газ азоб намекашиданд. Вале баъди фаҳмидани мақсади наҷиби ҳукуматдорон, ки манфиати халқу ватанро ифода мекард, бе саркашӣ ба кӯчидан розӣ шуданд.

 Мӯйсафед дар он айём, ки тобистони фасли умраш ҳисоб мешуд, ҳанӯз тоби бардоштани бори гарон дошт. Зӯри бозуяш имкон медод, ки хонаи барҳаво созад. Ба ӯ ва Амин дар як рӯз аз ҳамвории бари теппа замин доданд. Қитъаи берун аз нақша ҳам, ки дар он ҷо хона сохтан номумкин буд ва танҳо барои бунёди боғ мувофиқат мекард, дар ихтиёрашон афтод. Хост, ки як қисми ками ҳамон қитъаро обод кунад. Ҳанӯз ниҳоли аввалинро нашинонда, дар рӯ ба рӯяш Аминро дид.

– Дар замини ман чи кор мекунӣ? Шаҳрро бедарвозаю дунёро бесоҳиб гумон кардаӣ? Ман фақат ба хотири ҳамин қитъа аз бари теппа ҷо гирифтам ва ҳамсояи ту шудам. Зуд бору бандатро аз ин ҷо бардор. Агар ба хубӣ наравию нияти ҷанг кардан дошта бошӣ, ман ҳам ба ҷанг омодаам.

– Медонам, ки тамоми ҷанги ҷаҳон барои гирифтани як пора замини кишвари бегона аст.Вале маро аз ҷанг натарсон, аз фашист, ки натарсидам, аз ту метарсам? Ёфтӣ тарсончакатро. То Олмон ҷангида, сари садҳо немисро барбод додам, парчамро дар Рехстаг задам. Ту бигӯ, ки бо ин баҳодурӣ дар кадом майдон ҷангидаӣ, маҷрӯҳи гурӯҳи чандумӣ?

 Амин ба суханони ҳамсояи наваш сарфаҳм нарафта, якбора дод зад:

–  Ту худат кӣ ҳастӣ, ки дафтари аъмоли маро варақ мезанӣ, гузаштаи маро донистан мехоҳӣ? Маро ҷосус ё гуреза гумон мекунӣ? Мехоҳӣ, ки сари маро ҳам барбод бидиҳӣ? Не, наметавонӣ, зӯри милиса ҳам ба ман намерасад. Фаҳмида мон, ки ман аз гурӯҳи якумам, чандум нестам,- гуфта, худро якбора ба замин партофт Амин ва лабонашро ҷунбонда, чашмонашро пӯшид. Ҳамсоя аз тарс аввал гӯшҳои ӯро молид ва баъд гӯш ба қафаси синааш гузошта, фарёд кард, ки зуд об биёранд. Баъди ба рӯяш об пошидан Амин чашмонашро кушода, сиёсат кард:

–  Ҳоло ҳам дар ҳамин ҷоӣ, нарафтаӣ? Ба хубӣ мегӯям, ки аз ин замин умедатро бикан, ҳамааш аз они ман аст, як пораашро ҳам ба ту намедиҳам.

 Сухани пухта гуфтану дар як лаҳза яксаду ҳаштод дараҷа дигар шудану худро беҳуш кардани Амин дар доираи тасаввури бобои Оқил намегунҷид. Ба ӯ баҳои ҳақиқӣ дода наметавонист.Дар девонагияш аломати ҳушёрӣ ва дар ҳушёриёш аломати девонагиро медид. Ин одам сояравшанро мемонд, ки дар вуҷуд ҳам зулмот дошту ҳам нур. Балки бо пайдо шудану гум шуданаш ба ғул шабоҳат дошт, яъне махлуқи одамранги девсиратро ба ёд меовард. Алқисса,дар муқоисаи ин ду олами мухталиф музтар мемонд.Ба хотири таъмини осудагии худ аз баҳри ҳамон қитъа гузашт. Ҳанӯз ҳам дар ҳамон қитъа як дарахти сабз вуҷуд надорад ва аз хашми Амин касе ба он гӯшаи бекорхобида қадам намегузорад. Дар вохӯрии нахустин ҳамон ҳамсояи ғулмонандаш алови чашми сарбозеро, ки то Олмон ҷангида, аз майдон ғолиб баргашта буд, гирифт.Он вақт Амин ба дараҷаи имрӯза пургӯ набуд. Баъдтар беҳудагӯ ва ҳамсояҳоро ба ҷони ширин мерасондагӣ шуд. Хусусан сояи ҳамсояи аз ҳама наздикаш, рӯ ба рӯю девор ба деворашро дидан намехост. Намегузошт, ки як тарафи сарҳади ҳотаи худро девор кунад. Бобои Оқил ғайри ҳавлии худ ягон ҳавлии як тарафаш кушодаро намедид. Ҳол он ки ӯ аввалин шуда ба ин гузар омада буд. Дар як мижа задан гӯё аз байн чандин фасли умр гузашт, писараш донишгоҳро ба итмом расонида, хонадор шуд. Ана-мана нагуфта набераи аввалинаш Соҳиб ба камол расида, ҳамқисмати худро меёбад. Аз рӯзи ба ин ҷо омадан дар рӯзгорашон даҳҳо дигаргунӣ рух дод, вале як тарафи ҳавлиашон бедевор монд. Амин намегузошт, ки барои чашмпаноҳ ақаллан аз болои хандақ қадри як ваҷаб девор бардоранд. Мӯйсафед розӣ буд, ки ҳама хароҷотро ба гардан гирифта, як ваҷаб дарунтар, аз ҳисоби замини худаш девор бардорад, вале аз дасти доду фарёди ҳамсоя бел ба замин бурда наметавонист. Медонист, ки орзуи деринааш ҷомаи амал намепӯшад. Дигар дар ин хусус андеша накарда, барои осудагии минбаъда роҳи муросо меҷуст.

 Солҳои пеш музди хуб мегирифт, пасандоз дошт, метавонист ҷои зисташро иваз карда, хонаи нав созад.Ҳоло он имконро надорад. Бо умеди ояндаи нек сабр кард, вале рӯзаш аз дасти ҳамсояаш беҳтар не, торафт бадтар шуд. Баробари ба замин бел задан дар тори бора Аминро медид, ки чашм аз ӯ намеканд: «Хокро аз байни ҳотаат бигир, дар наздикии замини ҳотаи ман лой макун, намаш таъсир карда, ин бораро мегардонад.» Айби шамолро ҳам, ки баргҳои рехтаи лаби бораро бурда, ба замини ҳотааш паҳну парешон мекард, ба гардани ӯ мезад. Зани ӯро низ нон пухтан намемонд, мегуфт, ки дуди чагдонат ба тарафи ҳотаи ман меояд. Навдаҳои дарахтонашро, ки ба он сӯ майл мекарданд, бепурсиш мебурид.Гови ҳамсояашро ҳам аз паси девораш меронд. Хайрият, ки хонаи Амин дар баландӣ ва хонаи ӯ дар пастӣ ҷойгир буд. Агар ҷойҳо иваз мешуданд, дар рӯзи борон «борони ҷамъшудаи аз бомат рехтаро, ба сӯи хонаи ман равон макун» мегуфт.

 Амин аз ҳамон баландии пешаш кушода гаштугузори аҳли хонаводаи ӯро пайваста тамошо мекунад. Ҳар рӯз чандин маротиба паси дарвозаву пушти деворашро аз назар мегузаронад. Ғавғои худро фаромӯш карда, онҳоро овоз баланд кардан намемонад. Хулоса, аз дасти Амин осудагӣ надоранд. Вале фарзандони ӯ дунёи дигаранд, бачаҳои хубу боодобанд, аз падар ба куллӣ фарқ мекунанд. Бачаҳо мехоҳанд,ки дар болои хандақашон як ваҷаб девор бошад, рафтану омадани аҳли хонаводаи ҳамсояро набинанд, чашмашон ба моли дигарон наафтад. Вале аз тарси қиблагоҳашон, ки аслан ситорааш ба ситораи ҳамсоягон мувофиқ нест, аз боби девор бастан лаб намекушоянд. Сабр мекунанд, ноумед намешаванд. Медонанд, ки дунё ба як қарор намемонад. Оқибат алмоси зиндагӣ санги дуруштро низ ҳамвор мекунад.

 Бобои Оқил ҳам бовар дорад, ки баъди сари ӯ ва Амини ҳамсояаш муҳит дигар мешавад. Фарзандони аз рӯзгори падарон бохабар хулосаи худро бароварда, аз даричаи меҳр ба чеҳраи зиндагӣ менигаранд ва роҳи некномиро пеш мегиранд.На танҳо як тарафи кушодаи ҳотаро девор мебанданд, балки замини бекорхобидаи бари хонаашонро низ баробар тақсим карда, боғ бунёд мекунанд.

 Инак умри ӯ ба ҷое расидааст,ки бозгардӣ надорад. Бисёр қувват кунад, панҷ-даҳ соли дигар ба фишори бераҳмонаи зиндагӣ тоб меорад ва баъд олами фониро падруд мегӯяд. Ҳавлии як тарафаш кушодаю замини бедарахти бари хонааш ва роҳу гузарро ба ҳамсояи бадфеълаш монда, ба олами хомӯшон дасти холӣ меравад, ба хуфтагони садсола баробар мешавад.

 Умри ҳамсояи ҷангарааш ҳам, ки ҳар рӯз чандин маротиба аз сари роҳаш мебарояд ва бехабар дар лаби бораи пеши ҳотааш пайдо мешавад, ба таги ҳафтод расидааст. Бекорӣ ва бепарвоӣ аз як тараф, аз ҷониби дигар кӯса будан пирии Аминро ниҳон медорад.Вале ҳангоми шиштану хестан ин аломат ошкор мешавад. Ҳамсояи мӯйсафедаш низ ин дардро дорад. Роҳхат гирифта, ба табобат рафт, муддате хост, ки ҳам табобат кунаду ҳам истироҳат. Пеш аз рӯзи ба табобат рафтан бо баҳонаи Аминро рӯ ба рӯ дидан ва ғавғояшро шунидан бел гирифта, дар кунҷи охири ҳотааш, ки ба замини ҳамсоя часпида буд, нақши лойкунандаро бозӣ кард. Аслан белро мебурду меовард. Лаҳзае нагузашта фарёди Амин баромад:

– Дар назди ҳотаи ман чи кор мекунӣ? Магар қасами хӯрдаатро аз ёд бурдӣ, ки боз ба кандан машғулӣ? Девор накун, ки дар бехи деворат гӯрат мекунам.

 Ба суолаш посух нагирифтан хашми Аминро зиёд кард ва зуд худро ба лаби бора расонд. Дид, ки ҳамсояаш чандин қадам дур аз сарҳади ҳавлии ӯ белро бурдаву оварда истодааст. Баъди дидани ин манзара «бо бел бозӣ мекунӣ, магар девона шудаӣ» гуфт ва аз ҳайрат дигар сухани муносиби ба ҳалли ин масъала дахлдор наёфта, хомӯширо пеша кард. Оромии яклаҳзаинаро овози ҳамсӯҳбаташ, ки ноилоҷ аз бед тут ҷустан мехост, барҳам зад.

– Амин, аз мушоҳидаҳои чандинсолаи ҳамсоягӣ хулоса баровардам, ки дар ҳамин гузар одами аз ҳама дурусту боақл ту будаӣ,- гуфт мӯйсафед ва суханашро идома дод.-Ғайри ту ҳеҷ кас аз имтиҳонам нагузашт.Туро ягона одами бовариноку бовафои худ меҳисобам.Мехоҳам, ки дар набуданам хонаву аҳли оилаи маро назорат кунӣ, нагузорӣ, ки гапи бачаҳо гурезад. Хулоса ҳамаро ба ту ва туро ба Худо месупорам. Чи гуфтӣ?

– Мебинам, илоҷашро меёбам, катамро оварда, дар лаби бора мегузорам. Шабу рӯз назорат мекунам, гунаҳгорро намебахшам. Касе ба гапам гӯш надиҳад, рӯзашро сиёҳ мекунам.

 Амин ба аҳдаш вафо кард, то аз табобат баргаштани бобои Оқил аз гирди хонаи ӯ дур нарафта, ҷони мардумро ба лаб овард. Рӯзона сари роҳро гирифта, ҳатто мошинҳоро гузаштан намемонд. Ба ронандагон таъкид мекард, ки чанг нахезонанд, девору дари хонаи ҳамсояро ғуборолуд насозанд.

– Эй гов, говатро ба он сӯи роҳ ба чаро бубар, тарафи роҳи хонаи ҳамсояи маро чиркин макун,- дӯғ мезад ба молдоре.

–  Эй кӯдак, ғулакат аз сарат монад, ба сӯи хонаи ҳамсоя тир наандоз. Дар бехи девори ҳамсоя нагард, агар як мева кам шавад, дасту поятро мешиканам,- чашм ало мекард сӯи кӯдаке.

 Касе ҷуръати рад кардани суханашро надошт. Ҳатто шабе яке аз бачаҳои бобои Оқилро, ки дер ба хона омад, сарзаниш карда, гуфт: - Даромадан мумкин нест, рафта шабатро дар ҳамон ҷое, ки будӣ, рӯз кун ва баъд саҳар биё.

– Бегона ё дузд набошам, ки аз ман шубҳа кунӣ ва ҳақ надорӣ, ки маро аз ҳуқуқи ба хонаи худамон даромадан маҳрум намоӣ?

–  Дер ки омадӣ, ҳуқуқи даромадан надорӣ. Хонаи худатон ҳам бошад, хонабон манам, фаҳмидӣ?

 Бача дид, ки баҳс бо Амин-амак фоида надорад, аз аспи ғурур фаромада, ба роҳи паси хона тоб хӯрд ва дар торикӣ аз назар ғоиб шуд. Хулоса як моҳ бо назорати ҷиддӣ гузашт. Дар ин муддат Амин-амак худро хӯҷаини мутлақи хонаи ҳамсоя ҳисобида, парвои хонаву дари худ надошт. Рӯзона дар гирду атрофи хонаи ҳамсоя чарх зада, шабона дар рӯи кати лаби бораи ҳотааш дароз кашида, чашмонашро аз атроф намеканд. Сагу пишакеро, ки аз ҳамон сарҳад гузаштанӣ мешуд, сангборон мекард. Аз қазо як санги ҳавододааш боре ба шонаи яке аз шабгардон зад ва оҳу фарёди ҷабрдида ба фалак печид. Хайрият, ки ҷабрдида дар торикӣ сангпарторо надид.

 Ин назораткунанда, ки ҷояш паси девору сари роҳ буд, аз мошин фуромадани бобои Оқилро пеш аз ҳама дид ва ба истиқболаш шитофт. Бар ба бараш қадам зада, гиреҳи риштаи гуфтугӯро аз ҳолпурсӣ не, аз ҷои ҳисобот кушод.

– Ҳамааш хуб гузашт, ягон шикоят нест. Акнун хонаву даратро ба худат месупорам, вале кати ба лаби бора гузоштаамро аз ҷояш наҷунбонда, назоратро боз ҳам пурзӯр мекунам. Зеро дар набудани ту фақат як чизро фаҳмидам. Ҳама сагу пишак аз ҳотаи ту ба ҳотаи ман мегузаштааст, кӯдакон ҳам. Ман ин корро ба ин ҳол намемонам. Аз пагоҳ ба деворкунӣ машғул мешавам. Деворе мебардорам, ки на одам гузашта тавонаду на сагу пишак.

 Мӯйсафед, ки солҳо интизори як ишора буд, аз шунидани ин сухан дар ҷо шах шуда, лаҳзае бо дидаи ҳайрат ба рӯи Амин нигарист.Бори нахуст аз ҳарфи нигоҳаш ҳамон як гапи коғазпечро бо оҳанги дигар хондан мумкин буд. «Гапи ту барои мо қонун аст, баландии деворро то фалак барӣ ҳам, мо розӣ, ту имтиёз дорӣ…» 

Муҳаммад Ғоиб. Ифтихор (шеърҳо ва ҳикояҳо, нашри II.) – Душанбе, «Адиб», 2011, 224 саҳ.

Хондан 2000 маротиба
Маводҳои дигар дар ин бахш: « Ғамхар Аллома Аҳмад Махдуми Дониш »