Ту нимӣ, ними манӣ, ними ҷисму ҷони манӣ,
Ва зарра-зарра ту пайванди ҷовидони манӣ.
Бар ҳар куҷо, ки равӣ дар ман аст решаи ту,
Ту эй гул, аз қалами сабзи устухони манӣ.
Рӯзҳо мегузаранд,
Рӯзҳо аз сари мо,
Аз дили мо мегузаранд.
Хабари соати дидору ҷудоӣ бар лаб
Аз раҳи манзили мо мегузаранд.
Ахлоқ яке аз шаклҳои қадимаи фаъолияти маънавии инсон буда, эҳтиёҷ ба мавриди андеша қарор додани муносибати инсон ба инсон ҳанӯз хеле барвақт дар оғози тамаддун пайдо шудааст. Баҳсу мунозираҳои ахлоқӣ ҳанӯз дар аввалин мероси хаттии инсоният ба қайд гирифта шуда, баъзеи онҳо ҳатто хаттӣ сабт низ гардидаанд.
Таълимоти ахлоқии Суқрот. Суқрот (469 – 399 то м.) чунин мешуморид, ки инсон аз дигар махлуқот бо рӯҳи худ фарқ карда, дорои қобилияти муҳокимаронӣ буда, дар рафтори худ меъёрҳои одобро риоя менамояд. Ӯ инсонро даъват менамуд, ки нафси худро шиносад ва онро тобеи ақл намояд. Ақидаи Суқрот ба ақидаи релятивистии суфастоён мувофиқ набуд. Танҳо ба он ақидаи суфастоён, ки худи инсонҳо неку бад, адолату хушбахтӣ ва ғайраро муайян менамоянд, зид набуд. Аммо, ба андешаи ӯ, бояд шарҳи умумии мақулаҳои асосии ахлоқӣ вуҷуд дошта бошанд. Суқрот чунин мешуморид, ки хушунату дағалӣ ҳама вақт бадӣ ва инсони босаводу комил будан ҳамеша накӯист. Аз ин рӯ, танҳо тавассути маърифатнокӣ, озод будан ва накӯкорона умр ба сар бурдан метавонад, ки худи ҳамин аллакай хушбахтӣ мебошад. Суқрот асосгузори ахлоқи ақлгароёна (ратсионалӣ) мебошад.
Файласуфи миллӣ дар қаламрави фалсафаи озодандешӣ
(Номаи шодбошӣ)
Устод Нуриддин Шаҳобиддин,
Шумо ба унвони шахсияти матраҳи ҳаракати равшанфикрии миллӣ дар марҳилаи навини таърихӣ солҳост, ки дар ҷодаи мушкилписанди ҳувиятсозии миллӣ ва ташаккули биниши фалсафӣ дар сатҳи иҷтимоӣ гомҳои устувор бармедоред. Шахсияти фалсафӣ ва иҷтимоии Шумо дар заминаи илму хиради миллӣ ва урупоӣ шакл гирифта, ба таври тадриҷӣ рушд кардааст. Омӯзиш ва мутолаеи бардавом, таҳсил ва андӯхтани таҷриботи илмӣ, фалсафӣ ва ихтисосӣ дар бузургтарин марказҳои илмӣ ва фалсафии ғарбӣ Шуморо миёни ҷомеаи маданӣ ва фаъолони донишгоҳӣ минҳайси як шахсияти матраҳи фалсафӣ соҳибэҳтиром гардонидааст.