Таърихи ҷомеаи инсонӣ борҳо собит намудааст, ки маҳз дар давраи гузариш аз як тарз ба тарзи дигари муносибатҳои истеҳсолӣ, ки он дар заминаи куллан тағйир ёфтани шакли моликият сурат мегирад, зуҳуроти номатлуб, аз қабили тундгароӣ, ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ бештар рӯйи кор меоянд.
Далели ин гуфтаҳо даргириҳои сиёсӣ ва ҳарбии ибтидои солҳои навадуми асри гузашта бар асари гусастани ҳамгироии иқтисодии дар байни ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар як қатор кишварҳо, аз он ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рухдода, мебошанд.
Аз замони зиндагии Ибни Сино бештар аз ҳазор сол гузаштааст. Дар тӯли ин муддат таълимоти фалсафии вай аз тарафи ҷонибдоронаш рушду такомул ёфта, аз ҷониби рақибонаш мавриди нақду инкор қарор гирифтааст. Ба интиқоди шадиди рақибон нигоҳ накарда, таъсири ақидаҳои Ибни Сино ба аксари мутафаккирони асримиёнагии Шарқу Ғарб барало ба мушоҳида мерасад. Асарҳои Ибни Сино ҳамчунин дар маркази диққати мутафаккирони давраи Эҳёи Аврупо қарор доштанд. Доир ба таъсири Ибни Сино ба мутафаккирони ин давра осори зиёди донишмандони давраи нав шаҳодат медиҳад. Вале аз тарафи дигар, Ибни Сино он эътибору шукӯҳеро, ки дар асрҳои миёнаи Аврупо дошт, дар давраи Эҳё то андозае аз даст медиҳад. Бо вуҷуди ин, таълимоти вай дар маркази таваҷҷуҳи донишмандони давраи нав, авраи маорифпарварӣ ва фалсафаи муосир қарор мегирад. Оид ба таъсири мутафаккир ба донишмандони давраи маорифпарварӣ як қатор олимон, аз ҷумла олими олмонӣ Эрнст Блох, маълумот додаанд.
Ҳамасола дар арафаи таҷлили Рӯзи занону модарон мо, мардон ба худ иҷоза медиҳем, ки роҷеъ ба шахсият ва ҳувияти занону бонувон мунсифона қазоват намоем ва ҷойгоҳи онҳоро дар низоми зиндагии иҷтимоӣ, фикрӣ, ахлоқӣ, сиёсӣ ва маданӣ мушаххас созем. Ба ин маъно, агар асли зан, ки дар зиндагибахшӣ, муҳаббатсозӣ, меҳрварзӣ, вафопешагӣ ва бурдборӣ ғунҷоиш меёбад, намебуд, ҷаҳону ҳастӣ, аслан қобили таҳаммулу зист намебуд, чунки ваҳшату даҳшат онро фарогир мешуд ва зиндагӣ бемаънӣ ва беҳадаф мегардид. Чун зан бо асли худ – зиндагипарастӣ ва меҳрварзӣ ба ҷаҳону ҳастии бемаънӣ ва беҳадаф ворид гардид, онро, бидуни тардид, тағйир ва бар манфиати башар тарҷеҳ дод.
Замине, ки мо инсонҳо дар он зиндагӣ ва кору фаъолият мекунем, дорои хусусияту нормативҳои хоси худ аст, ки тавассути онҳо мо танаффус ва нашунамо меёбем. Дар ҳақиқат, агар ин нормативҳову моддаҳо муҳайё набошанд ва назорат нашаванд, барои мо инсонҳо дар чунин сайёра зиндагӣ карданд, номумкин ва душворпазир хоҳад буд.Ҳамин хусусиятҳову норматиҳои мададрасони замин дар рушду нумуи инсоният кӯмак расонида, гувоҳӣ онанд, ки ҳаракатҳояш доимо назорату арзёбӣ мегарданд.