Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, ходими пешбари илмии Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умаров, Ризо Баҳромзод иштирок намуданд. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Аҳмияти омӯзиши кайҳон барои башарият» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
(1)
Муҳаққиқони осори Фридрих Нитше (1844-1900) бештар аз ҳама урупоиён, дар таҳқиқотҳои худ доир ба солҳои муҳим ва ҳодисасози зиндагии Нитше, таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Ин таҷрибаи мусбат аст. Чаро ки доир ба мутафаккир ва файласуфе чун Нитше, намешавад дар ҳаҷми як мақола ва ё китобе ихтисосӣ, хонандагонро қонеъ кард. Пас, зарурате пеш меояд, ки муҳимтарин ҳодисаҳои зиндагии шахсӣ ва эҷодии ӯро ба таври мухтасар ва феҳраствор ба хонандагони фозил пешкаш намоем.
Ҳар чӣ дорам дар ин ҷаҳон Ватан аст,
Ватан асту мадори ҷону тан аст.
Гунаҳи мост, ҳолия ин хок
Мадфани мурдагони бекафан аст.
Устод Назрӣ Асадзода!
Бо руҷӯъе лирикӣ: Ҳар гоҳ сухан дар бораи Шумо меравад, хаёлан фикр мекунем, ки дар рӯбарӯйи манзарае қарор дорем ва ин манзара ба сони бӯстони иборат аз ҳама анвои гул мебошад ва дар миёни анбӯҳи гулҳо гулеро шабеҳ ба Нилуфар мебинем (ва ин гул яқин образи Шумост). Ин мисли он аст, ки гулҳои дигар аз рӯйи қонуни фитрат нашъунамо мекунанд, вале гули Нилуфар аст, ки аз шахсияти худ огаҳӣ дорад ва ҳамвора мекӯшад, ки аз ҳама гуна олоишоти гирду атроф худро пок ва тоза нигоҳ дорад.