Файласуфи миллӣ дар масири рӯшангарӣ
(Шодбошии аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба ифтихори зодрӯзи файласуф, андешаманд ва равшанфикри миллӣ, Устод Комил Бекзода)
Файласуф ва равшанфикри муосири миллӣ устод Комил Бекзода имрӯз (9 январ) ба синни 75 мерасанд. Устод як умри азизи хешро сарфи омӯзишу таҳқиқи масъалаҳои умдаи фалсафӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ карда, то имрӯз дар масири рушду таҳаввули ҷаҳонбинии фалсафӣ ва биниши миллӣ бардамона гом бардошта истодааст. Аз солҳои донишҷӯйӣ шурӯъ намуда, устод Комил Бекзода озодандешӣ ва ҳувиятшиносиро минҳайси мабодии илмию фалсафӣ ва фарҳангию эҷодӣ меъёри кору фаъолият қарор дода, ин иқдомро то имрӯз, бидуни фосилаю таваққуф идома медиҳад.
Шаҳаншоҳи ислом-Хоқони Акбар,
Ки тоҷи сари Оли Сомон намояд.
Хоқонӣ
Баъди аз байн рафтани давлати миллии Сомониён, рӯи кор омадани сулолаҳои турктабор ва ташкили давлатҳои ғайримиллии Ғазнавиёну Қарахониён ва алалхусус, Салҷуқиён рӯҳи миллӣ ба заъф гароида буд ва рӯҳи мазҳабию қавмии атрок дар ҷомеа ҳукмронӣ менамуд.
“Аз таҷрибаи солҳои тадрисӣ дарк намудам, ки “муаллим” новобаста аз хоҳишу хостор вориди зиндагии ҳар кӯдак ва хонаводаи ӯ мешавад”. Ин сухани муаллимаи мактаби №53-и ш. Душанбе (ҳоло Гимназияи ба номи Муҳаббат Маҳмудова) Саида Бобоева мебошад.
Мо донишҷӯёни солҳои 70-ум ва 80-уми асри гузашта, асарҳои нависандаи маҳбуб, Баҳром Фирӯзро ба ҳавас мехондем. Ин бор, баъди чиҳил сол, хотираҳои ҳамсари устод, муаллима Саида Бобоеваро, ки журналист ва нависандаи пуркор Латофат Кенҷаева ба номи “Таронаҳо бо олиҳаи вафо” китобат кардаанд, бо таҳсину ҳаваси бештар хондам. Чунки андешаву хулосаҳои аз баландии ҳафтод соли умр гуфта, ҳама санҷида, рӯшаншуда ва ҳақиқати зиндагии як оилаи пешқадам ва ҳавасбарангези замони мо мебошанд. Китобро хонда ба фикр меоӣ: “Муҳаббату вафодории чунин занҳост, ки мардҳо шоир, олим ва ҷангҷӯй мешаванд. Баҳри ватан ва шуҳрат ҷон нисор мекунанд”.
Дар ҷаҳони муосир сохтори мактабҳои дунё гуногун буда, ҳар як мамлакат вобаста ба шароиту имконият сохтори мактабро дар худ муайян мекунад. Сохтори мактабҳои аксарияти мамлакатҳо аз рӯйи зинаи таҳсилот, шакл ва синну соли қабули ҳонандагон фарқ мекунанд. Вале қайд кардан зарур аст, ки бо вуҷуди фарқият дар сохтор монандӣ низ дида мешавад. Барои бунёди сохтори мактабҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои ворид намудани тағйиру иловаҳо аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта истифода бурдан лозим аст. Аз ин лиҳоз, шуморо бо сохтори мактабҳои Шоҳигарии Нидерландҳо (Ҳолландия) шинос менамоем. Дар сохтори мактабҳои давлати Нидерландҳо ду навъи мактабҳо - нидерландӣ ва ҳолландӣ дида мешавад.