JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, доктори (PhD) дар соҳаи геология Ҷовид Аминов иштирок намуданд. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Усулҳои бозсозии ҷуғрофиёии бостонии курраи Замин» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, ходими пешбари илмии АМИ Тоҷикистон Номвар Қурбон иштирок намуданд. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Вазъи пиряхҳои ҳаракаткунанда дар раванди тағйирёбии иқлим» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

  Ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, хусусан, дар шароити кунунии ҷаҳони муосир, ки дар ҳолати муқовимат ба пандемияи “вируси тоҷдор” қарор дорад, аз ҳар як фарди бонангу номуси кишвар, бахусус, ҷавонон тақозо менамояд, ки тамоми нерӯи ҷисмониву зеҳнии худро ба ҳимояи сарзамини аҷдодӣ, ваҳдати миллӣ,таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, бунёдкориву созандагӣ ва рушди Ватани азизамон равона созанд

  Пайдоиш ва паҳншавии ғайричашмдошти вируси COVID-19 аз  шаҳри Вуҳони кишвари Чин то сарзаминҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Русия, Иттиҳоди Аврупо, Бритониёи Кабир ва соири кишварҳои Осиёи Миёна  натанҳо боиси нигаронӣ, балки  омили ҳалокати ҳазорон инсонҳо гашта истодааст. Ин вирус  ҳамчун  падидаи манфӣ ва хатарзо тавонист, ки   рафтору  кирдори  ҷомеаи башариро тағйир бидиҳад.  Имрӯз аён аст, ки дунё дар ҳолати муқовимат  бо падидаи хатарноки  тандурустии ҷаҳонӣ қарор доранд.

Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, ходими пешбари илмии Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умаров, Ризо Баҳромзод иштирок намуданд. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Хатарҳои кайҳонӣ, паёмадҳо ва роҳҳои пешгирии он» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.