Дар мақола фаъолияти адабии яке аз пайравони С. Айнӣ Ҷалол Икромӣ баррасӣ шудааст. Нависанда дар давоми солҳои 30-40-уми қарни ХХ беш аз чаҳор повестро навишт, ки муаллифи мақола мазмун ва аҳамияти онҳоро ошкор месозад. Ин повестҳо ба ташаккулёбии жанри повести тоҷикӣ замина гузошта, ба раванди насри адабиёти шӯравӣ нақши муассире расондаанд. Албатта, саҳми устод С. Айнӣ дар роҳнамоии адабии нависанда Ҷалол Икромӣ ниҳоят бузург мебошад, ки ба ин масъала дар мақола таваҷҷуҳи бештаре дода шудааст. Ва инчунин муаллиф ба натиҷае мерасад, ки ҳаёти адабии нависандагони тоҷик дар тӯли солҳои 30-40-уми қарни ХХ мураккаб буд, зеро дигаргуниҳои таърихию сиёсӣ, оғози фарматсияи нави ҷамъиятӣ, ба амал омадани тағйиротҳои иҷтимою фарҳангӣ ва тазодҳои он давр ба аҳли адаб бетаъсир намонд.
Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, Устоди Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Собир Боев иштирок намуданд. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Зарурати бозҷӯйи ва корбасти вожаҳои ноби тоҷикӣ» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Бино ба расми дерин ва таманиёти ширин боз пешвоз мегирем ҷашни наврӯзро, ки оғозин рӯзи сол ва паёмовари зиндагии навин аст. Наврӯзро меситоем, ки бо нафаси сеҳрпардозу тарабангези худ табиати хуфта ва ҷаҳони афсурдаву пажмурдаро ҷони тоза мебахшад. Хуршед бо чеҳраи дилорои худ шодӣ ва хуррамӣ меофаринад. Навои ҷонбахш ва нафаси гарми зиндагӣ ва шодобиву тандурустӣ аз ҳар гӯшаву беша ба гӯш мерасад. Шохаҳои урёни дарахтони сармохӯрда кулоҳи шукуфа ба сар мениҳанд ва ба ҳарсӯ, ки бингарӣ бисоте аз шодиву сурур густурда меёбӣ.