Муаллиф дар ин мақола раҳнамоии устод Айниро ба ду чеҳраи тобноки илму адаби мо, ду адабиётшинос ва мунаққиди барҷастаи замони мо академик Муҳаммадҷон Шакурӣ ва профессор Расулхон Ҳодизода мавриди баррасӣ қарор додааст.
Муаллиф баъди ба таври амид омӯхтани хотирот ва мақолаву рисолаҳои ба устод Айнӣ бахшидаи он ҳарду, ба гуфтаю навиштаҳои онҳо такия карда ба чунин хулоса омадааст:
Муҳаммадҷон Шакурӣ ва Ҳодизода аз устод Айнӣ раҳнамоии зиёд дидаанд ва баҳраҳо бардоштаанд.
Наврӯз ҷашни эҳтиром аз ҷойгоҳи табиат ва бузургдошти сайёраи Замин аст, ки баъди карахтии сармои зимистон ба мисли инсон аз хоб бедор мешавад ва ба риёзату тафаккур шурӯъ мекунад. Наврӯзро метавон ба мисол набзи тапандаи сайёраи Замин шинохт, ки дар гирди Офтоб як даври пурраи соли нуҷумӣ(астронономӣ)-ро паси сар мекунад ва дар моҳи Фарвардин ба ҷойгоҳи аслии худ, ки мӯъҷизакориро аз он оғоз карда буд, бармегардад. Агар ба рамзи Наврӯз аз дидгоҳи даруннигарӣ (маъниҷӯӣ) назар андозем, мебинем, ки рамзи аслии он навсозӣ ва навпардозӣ аст, на кӯҳнапарастӣ, ки баъзе аз ашхос ба хато, бо чашми зоҳирбин онро чунин пиндоштаанд. Ҳарчанд ки Наврӯз ҳар сол ба як қарор такрор мешавад, вале он на ҷашни такрорҳо, балки паёму даъват аст ба кашфу навгонӣ ва инчунин поксозӣ ва бозсозии тинату вуҷуди Инсон ва муҳити зиндагии табииву иҷтимоии ӯ. Ин бозсозии бадану тинат ҳам ба мисли Наврӯзу силсилаҷашнҳои ориёӣ кори доимии инсонҳо мебошад, на кори якрӯзаву дурӯза ва мавсимӣ.
Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, д и . ф., Нуриддин Шаҳобиддинов иштирок намуданд. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзўи «Фарҳанги тамошо ва фарҳанги офарандагӣ» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.