JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

  Пас аз мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ ва соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар  корхонаву  идора ва  муассисаҳо  ба  забони  давлатӣ  ба  роҳ монда  шуд.  Давра ба давра шеваи нигориши санадҳо тағйир ва такмил меёбад.  Имрӯз олимону мутахассисон оид ба нигориши ҳуҷҷатҳои расмӣ-коргузорӣ ба забони тоҷикӣ дастурҳо иншо намуда, намунаи ҳуҷҷатҳо ва санадҳои коргузориро пешниҳод мекунанд, ки ин марҳилаи нав дар ҳуҷҷатнигории тоҷик мебошад.

  Муҳоҷирати  иҷборӣ барои ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ зуҳуроти нав  буда, ба вайроншавии робитаҳои иқтисодию сиёсии пештара алоқаманд аст, ки боиси зиёдшавии бекорӣ гардид.

Аз ин раванд асосан ҷавонон ҳамчун қисми фаъоли ҷамъият зарар диданд.

Агар муҳоҷири меҳнатӣ дар муҳити хуб афтода, муносибат байни кордиҳандаю муҳоҷир хуб бошад ва  аз ҷониби давлати миллиаш дастгирӣ ёбад, он гоҳ вай барои ташаккули шуури солими миллӣ мусоидат менамояд.

Дар акси ҳол ташаккулишуури миллӣ коста мегардад.

  Албер Камю дар таърихи 7 уми ноябри соли 1913 дар хонаводаи фаронсавӣ-алҷазоирӣ ба дунё омадааст. Давраи кудакии А.Камю дар шароити душвори иқтисодӣ гузашт. Ӯ падарашро дар ҷанги аввали ҷаҳон аз даст дод. А.Камю соли 1923 дар донишгоҳи Алҷазоир дохил шуд. Барои таъмини хароҷоти таҳсил ва зиндагӣ ба ҳирфаҳо ва касбҳои гуногуне чун тадриси хусусӣ ру овард. Агарчи ӯро бештар тарафдори мактаби асолати вуҷуд (экзистенсиализм) медонанд, аммо ӯ худ ин иддаоро қабул надошт. А.Камю дар мақолае бо номи “Шуришӣ” навишт, ки тамоми зиндагиашро сарфи мубориза бо фалсафаи пучгароӣ (нигилизм) кардааст.

  Номи расмӣ – Ҷумҳурии Федеративии Олмон. Масоҳат – 357,021км2. мураббаъ, аҳолӣ – 82 800 000. млн нафар (2018). Таркиби миллӣ – олмониҳо (91,5%), туркҳо (2,4%), итолиёвиҳо (0,7%) ва дигарон (асосан зодагони Югославияи собиқ). Забони давлатӣ – олмонӣ. Дин – протестантҳо (38%), католикҳо (34%), мусулмонҳо (1,7%). Пойтахт – шаҳри Берлин. Баъзе аз муассисаҳои давлатӣ ҳанӯз дар шаҳри Бонн қарор доранд.