JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 11 Ноябри 2019 09:36

Қадами хайру нияти нек

Муаллиф:

  Мақом ва манзалати як фард дар ҷомеа аз чи иборат аст? Оё, як фард метавонад дар таърихи инсоният нақши ҳалкунанда ва муҳим дошта бошад ва ҷомеаро бо тамоми ҳастияш дигар созаду боиси ифтихори мардуми он ҷомеа гардад? Таърихи инсоният доир ба ин суолҳо ҷавоби мусбат дорад ва ҳоҷат ба такрор нест ва танҳо ҳаминро мегӯям, ки ба қавли бузургҳо қадами хайру нияти неки як нафар метавонад баракату раҳмат биёрад ва сарзаминашро сарсабзу мардумашро саодатманд кунад ва баръакс як қадами нохайру тинати нопок боиси нобудии баракат ва бадбахтии башар мегардад. Кишвари мо пас аз барҳамхурии Иттиҳоди шуравӣ кулли бадбахтиву балоҳоро аз сар гузаронид ва мардуми Тоҷикистон ва сарзамини онро хатари сахте таҳдид мекард. Мардум дар баробари қурбониҳову сарсониву қашшоқӣ боз тарси бузургеро дар дил мепарвариданд, ки оқибати ин зиндагии бесару сомон ба чи меанҷомида бошад ва чи қисмате насиб мешуда бошад ва амсоли инҳо.

   Шукри худованд, ки дурахшиши барқе шуду ба майдон марди ҷасуру қавиирода бо қадами хайру устувор бо номи Эмомалӣ Раҳмон омад, ки як нур ва умеде буд бар дили мардуми парешону нимароҳи тоҷик. Дар ҳақиқат ба сари давлат омадани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шабеҳи Хуршеде буд, ки дар як муддати кутоҳе ба сарзамин ва ҷисму ҷони шаҳрвандони кишварамон гармӣ бахшиду қоматҳои хамида аз нав шуруъ ба рушду камол карданд. Ҷои манзилу биноҳо ва хиёбону кӯчаҳои баҳам рехтаро биноҳои наву ҳозиразамон ва гулгашту чаманзорҳо гирифт. Шаҳру деҳотҳои солҳо аз назар дурмонда ва роҳҳои фарсудаи нообод аз нав рӯ ба беҳбудӣ карданд ва мактабу мадрасаҳо, боғчаву парваришгоҳи наву замонавӣ ба роҳ монда шуд….Махсусан Нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун, ки бепарастору нообод монда буд бо талошҳои зиёду қатъии Пешвои миллат аз нав ба кор андохта, танзим карда шуд ва инак ду агрегати он ба кор даромада боиси ифтихору сарбаландии кишвару миллатамон шуд. Ин буд мухтасари аввалин талош ва шоҳкориҳои давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки мардумро аз торикоту зулмот наҷот бахшид ва Тоҷикистонро ба як давлати соҳибихтиёр ва соҳибҳуқуқ табдил дод ва ба тамоми дунё муаррифӣ кард.  Дигар аз дастовардҳои бузурги Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар он буд, ки бо ташаббуси оқилонаи хеш байни шаҳрвандон сулҳ ва ваҳдати миллиро барқарор намуд, ки аз хайртарин ва бузургтарин корҳои Президенти кишварамон буд. Тавассути ин фаъолияти хирадмандонаи хеш назму низом ва сулҳро байни шаҳрвандон барқарор намуданд ва ба кинаву адоват, бадбиниву бадфикрӣ ва ҷудоӣ хотима бахшиданд. Ҳамаи ин заҳмату фаъолиятҳои Пешвои миллат боис гардид, ки  мардум ва кишвари азизамон соҳиби Пешво ва Лидери ягонаи миллӣ гаштанд. Маҳз ба қадами хайру нияти неки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳониён Тоҷикистонро ҳамчун як давлати соҳибихтиёру мустақил ва бо фарҳангу тамаддун шинохтанд.

  Қалбан мегӯям, ки мефахрам бо чунин шахсияти хоксору бохирад ва давлатдори бо сиёсату ба ҷаҳони муосир созгор ва дар айни замон мардумпарвару ғамхору меҳрубон ва нисбати мардуму миллати хеш дорои худшиносӣ ва ҳувияти миллии воло. Бо дастгирӣ ва ташабусҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон худшиносии миллӣ, фарҳанг ва суннатҳои миллӣ аз нав эҳё шуд. Аз ин ҷо, мо дар дурахшиши симои ӯ на танҳо як Президент ва Пешвои миллатро мебинем, балки як ворис ва Асосгузори давлати миллати тоҷикро бо тамоми фарҳангу тамаддун ва суннату таърихаш мебинем.

  Бояд гуфт, ки корҳое, ки дар муддати на чандон зиёд Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон нисбати давлату давлатдорӣ, нисбати фарҳангу суннат, нисбати иқтисоду сиёсат ва сохтору ба роҳмонии корҳои дохиливу берунии кишвар кардаанд, ҳарчи қадар гӯем кам аст. Аз тарафи дигар худи мардум шоҳиди хизматҳои шоёни Президенти муҳтарам мебошанд ва танҳо дастгирӣ ва қадрдонӣ намудан аз Пешвои хирадманди миллат вазифаи ҳар яки мост.

Муродова Тоҷинисо

Номзади илмҳои фалсафа

Хондан 1933 маротиба