JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 13 Ноябри 2019 06:35

Нақши иқтидорҳои рекреастсионӣ дар рушди соҳаҳои сайёҳӣ

Муаллиф:

  Иқтидори туристии минтақаҳои туристӣ яке аз заминаҳои асосии тараққиёти туризм ба ҳисоб меравад. Таҳлили ҳамаҷонибаи ҳудуд бо дороии иқтидорҳои зиёди табиӣ-захиравӣ дар асоси истифодаи методологӣ чунин роҳи истифодаи онро пешниҳод менамояд. Ба ҳудудҳои туристӣ- рекреатсионӣ як қатор хосиятҳоро нисбат медиҳанд:

-  сатҳи захираҳои табиӣ рекреатсионӣ;

-  иқтидорҳои онҳо;

-  ягонагии табиӣ ва иҷтимоӣ - иқтисодӣ;

-   пайваста будани талабот: имрӯз ва фардо.

  Чи тавре ки маълум аст, дар тамоми минтақаҳо дар назди инфрасохтори иҷтимоӣ вазифаи асосӣ- ин қонеъ намудани талаботҳои инсон ва ташаккули шахсият мебошад. Соҳаҳои комплекси рекреатсионӣ низ ба ҳайати ин инфрасохтор дохил мешаванд ва вазифаи аввалиндараҷаи ташкили ин комплекс дар минтақаҳои туристию рекреатсионӣ ин пеш аз ҳама қонеъ намудани талаботи аҳолӣ ва сайёҳони хориҷӣ ба сарватҳои рекреатсионӣ мебошад.

  Минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ вобаста ба мавқеи географӣ иқтидорҳои туристии ба худ хос доранд. Суоле бармеояд, ки иқтидори туристӣ гуфта чиро дар назар дорем.

  Иқтидори туристии ҳудуд шарти муҳими рушди туризм мебошад, ки он аз рӯи фарогирӣ ба сатҳи ҷаҳонӣ, кишвар, ноҳия ва мавзеъ ҷудо мешавад. Зери мафҳуми иқтидори туристӣ маҷмӯи ҳамаи унсурҳои табиӣ, фарҳангӣ - таърихӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ фаҳмида мешавад, ки он барои фаъолияти туристӣ дар ҳудуди муайян пешниҳод мегардад. Иқтидори туристии ҳудуд вобаста ба маърифати иҷтимоӣ-фарҳангӣ хеле тағйирёбандаанд. Зери иқтидори туристӣ мафҳуми шароит ва омилҳои рушди фаъолияти туристӣ фаҳмида мешаванд.

  Ба ақидаи баъзе коршиносон мафҳуми арзишҳои туристӣ маънои захираҳои туристӣ ё иқтидорҳои туристӣ -рекреатсионии ҳудудро дорад. Аз рӯи миҷози худ онҳо пайдоиши гуногунранг дошта, қисми он дорои хусусияти табиӣ буда, қисми дигар дар натиҷаи фаъолияти инсон ба амал омадааст, яъне ба тарзи сунъӣ офарида шудааст.

  Мутобиқи Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон силсила барномаҳои минтақавии рушди туризм, аз қабили «Барномаи мақсадноки комплексии рушди ноҳияи Варзоб ҳамчун минтақаи истироҳатӣ, табобатӣ, санаторию курортӣ, барои солҳои 2000-2010», «Барномаи мукаммали рушди ноҳияи Балҷувон ҳамчун минтақаи туризми байналмиллалӣ барои солҳои 2002-2012», «Дар бораи эълон намудани дараи Ромит ҳамчун минтақаи истироҳатӣ ва туризм» қабул гардидаанд, ки баҳри беҳтар кардани шароити иқтисодиву иҷтимоии ноҳияҳои кӯҳистони Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

  Барои ҷалби туристон ва меҳмонон ба Тоҷикистон заминаҳои таърихию фарҳангӣ ва табиӣ фароҳаманд.

  Табиати зебову пурасрор, иқлими мӯътадил, ҳавои софу гуворо, дараҳои сердолу дарахти зебоманзар, силсила кӯҳҳо, дарёҳои пуробу, олами набототу ҳайвонот, сарватҳои зеризаминиву табиӣ ва ёдгориҳои таърихиву бостонии минтақаи мазкур метавонад диққати садҳо меҳмонону туристони хориҷиро ба худ ҷалб намояд. Ин минтақаҳо потенсиали хуби ташкил намудани туризмро доро мебошанд. Инчунин дар кишвар бозёфтҳои пурарзиши ҳафриётӣ хеле зиёданд, ки онҳо аз ҷониби муҳаққиқони тамаддуни ҷаҳонӣ эътироф шудаанд. Аз ҷумла ёдгориҳои чандин ҳазорсолаи шаҳри Панҷакенти бостонӣ, Ҳафткӯл, Искандаркӯл хеле ҷолибу таассуротбахшанд. Дар қисматҳои дигари мамлакат, ба хусус дар вилояти Хатлон ёдгориҳои ҷолиби замони антиқӣ аҳамияти калони илмию тадқиқотӣ доранд.

  Имконияти дигари ташкили туризмро ин вилояти Бадахшон доро мебошад. Бадахшон дар ҷаҳон бо номи «Боми ҷаҳон» машҳур аст ва бисёриҳо орзу доранд, ки ба ин сарзамини қадима сафари пуртаассуроте дошта бошанд, қалъаву бутҳои ин сарзамини мӯъҷизаосорро бо чашми худ бубинанд. Ҳамчунин чашмаҳои обҳои маъданию зеризаминие, ки дар ин макон ҷойгир мебошанду хусусияти хуби табобатиро доранд.

  Дар чорчӯбаи «Барномаи иқтисодӣ барои барқарор ва рушди туризм дар Тоҷикистон» Институти «Ҷомеаи кушода»- Бунёди Мадад, Маркази рушди туризми Тоҷикистонро созмон додаанд. Мақсад ва ҳадафҳои марказ дастгирии рушди туризми хусусӣ бо роҳи баланд бардоштани сатҳи дониш ва таъмини фазои иттилоотии соҳаи туризм ва соҳибкории меҳмонхонавӣ дар Тоҷикистон мебошад.

  Соли 2005 гурӯҳи мутахассисони Маркази рушди туризми Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон бо мақсади омӯхтани потенсиали туристии минтақа тадқиқот гузаронида маводи корӣ оид ба Рушди сайру сайёҳат (туризм)-и ноҳияи Балҷувон омода намуданд. Натиҷаҳои ин тадқиқот нишон дод, ки зарурати созмон додани мақомот бо иштироки аҳолии маҳал дар хизматрасонии туристон, ташкили фаъолияти туристии мунтазам ба нақшагирӣ, қабули қарорҳо ва иҷрои онҳо доир ба рушди туризм дар минтақа омадааст.

  Миёни арзишҳои туристии антропогонӣ, сунъӣ ва табиӣ марзбандӣ вуҷуд дорад, зеро ин арзишҳо бо иштироки фаъолияти муштараки инсон дар табиат офарида шудаанд.

Партобов Алишер

Доктаранти (PhD) курси 1-уми  Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АИ ҶТ

Хондан 2278 маротиба