JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 18 Ноябри 2019 03:30

Саҳми академик Р.Масов дар рушди илми таърихи ватанӣ

Муаллиф:

  15 ноябри соли 2019 бо ибтикори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ ҶТ конференсияи илмӣ-амалии «Академик Р.Масов ва рушди илми таърихи ватанӣ», ба ифтихори 80 солагии зодрӯзи академик Раҳим Масов (дар маҷлисгоҳи АИ ҶТ соати 10.00) баргузор шуд, ки дар он олимони институтҳои Академияи илмҳои ҶТ, ходимони намоёни давлатӣ, вакилони МН МО ҶТ, намояндагони макотиби олии кишвар ва донишҷӯёну магистрҳо, ҳаводорони ӯстод ширкат варзиданд.

  Конференсияро президенти  АИ ҶТ Раҳимӣ Ф.Қ. ифтитоҳ намуда, дар бораи  шахсияти академик Р. Масов ва аҳамияти асарҳои ӯ дар рушди таърихнигории миллӣ ибрози андеша намуд. Дар сухани табрикии хеш директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш, профессор Убайдулло Н.К. самтҳои асосии фаъолияти Р. Масовро ёдовар шуда, саҳми устодро дар омода ва нашри асари шашҷилдаи «Таърихи халқи тоҷик»  қайд намуд.

 Сипас, узви вобастаи АИ ҶТ, профессор Пирумшоев Ҳ. бо мавзуи «Ҳомии ҳақиқати таърих», д.и.т., профессор Каримзода О.Қ. бо маърузаи “Тоҷикписаре, ки ҷаҳонро ба даври хони тоҷик кашид”, н.и.т., дотсент Ғафуров А. дар мавзуи «Академик Р. Масов ва рушди илми таърихи Тоҷикистон» ва д.и.т., профессор Бобомуллоев С. бо маърӯзаи «Саҳми академик Р. Масов дар таъсис ва рушди Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон» суханронӣ намуданд.

 Дар қисмати аввали конференсия инчунин академик А. Турсон, академик Ҳ. Ҳисориев, профессор И. Усмонов хотираҳои хеш ва нақши Р. Масовро дар рушди илми таърих ва барқароркунии сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон иброз намуданд.

  Нимаи дуюми рӯз конференсия идома ёфт, ки дар он маърӯзаҳои зерин шунида ва муҳокима шуданд: Абулҳаев Р., д.и.т., профессор. “Садоқати ӯ ҷовидонист», Додхудоева Л.Н., д.и.т., профессор. “Академик Р. Масов – последний историк-универсал», Кобилова Б.Т., д.и.т. “Вопросы культуры в наследии академика Р. Масова», Ҳотамов Н.Б., д.и.т., профессор. “Сарнавишти талхи тоҷикон», Абдурашитов Ф., д.и.т. «Роль академика Р. Масова в развитие историографии Таджикистана», Раҷабов А., д.и.т., профессор. “Чеҳраи баном дар таърихи худогоҳӣ ва таърихнигории миллӣ», Хоҷаева Н., д.и.т. “Вклад академика Р. Масова в развитии международных связей Института истории, археологии и этнографии АН РТ», Дубовицкий В.В., д.и.т., профессор. “История в огне войны», «Мухиддинов С., д.и.т., профессор. «Вклад академика Р.Масова в становление и развитие историографии советского Таджикистана», «Раззоқов А. , н.и.т.  «Саҳми Р. Масов дар тадқиқи Саразми бостонӣ», Раззоков Ф., н.и.т. «Роль Р. Масова в развитии отечественной археологии», Юсуфбекова З., н.и.т., Шовалиева М., н.и.т., Маҳмудова М., ходими илмӣ «Вклад академика Р.М. Масова в развитие этнографической науки Таджикистана».

 Пас аз анҷоми кори бахшҳо ҷамъбасти конфронс сурат гирифта, тибқи натиҷаҳои он резолютсия қабул гардида, пешниҳодҳо нисбати абадӣ гардонидани номи академик Р. Масов мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

 

 Котиби масъули конференсия

                А.М. Ғафуров

 

Хондан 1221 маротиба