Баъд аз вафот турбати мо дар замин маҷӯ,
Дар синаҳои мардуми доност мазори мо.
Имрӯз аз даргузашти устоди зиндаёд, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, профессор, собиқ вакили парлумон Сӯҳроб Шарипов 9 – сол сипарӣ мешавад. Устоди зиндаёд 19. Январи соли 2015 дунёи фониро падруд гуфт ва дар ин рӯз месазад, ки аз ин олими варзида, шахсияти шинохтаи сиёсӣ – иҷтимоӣ, инсони наҷибу фурӯтан ёдоварӣ кунем, хизматҳои шоистаи ӯро бори дигар иҷмолан ёдоварӣ кунем, зеро ҷойи вай дар миёни мо ва дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳамеша холӣ боқӣ хоҳад монд.
Саҳми Сӯҳроб Ибронович ҳамчун асосгузори илми сиёсатшиносӣ дар шаклгирӣ ва рушди мактаби миллии сиёсатшиносӣ басо арзанда мебошад. Корҳои илмӣ – таҳқиқотии ӯ ҳамеша бо воқеъбинӣ ва таҳлили амиқи интиқодии худ фарқ мекарданд.
Вай дар айни замон, ба тарбияи кадрҳои миллӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекард ва роҳбарии чандин рисолаи илмиро ба уҳда дошт. Роҳро барои бисёр олимони ҷавони бомаърифат боз кард, ки алҳол дар муассисаҳои гуногуни давлатӣ ва илмӣ бомуваффақият кору фаъолият мекунанд.
Устод Сӯҳроб Шариповро барҳақ метавон ба ҷумлаи он олимони сиёсатшинос шомил кард, ки бо ҳадафмандӣ, пайгирии доимӣ, ҷустуҷӯи мунтазами илмӣ, таҳқиқи мубрамтарин ва муҳимтарин масоили назариявӣ ва амалӣ, бо дониши амиқу бунёдӣ ва ҷаҳонбинии васеъ ва дар айни замон, бо фурӯтанӣ ва назокату фаросати азалии хеш фарқ карда меистанд. Сӯҳроб Ибронович ҳамеша таъкид мекард, ки мо бояд идеяи миллӣ ва андешаи худро дошта бошем...
Шарипов Сӯҳроб Ибронович зимни фаъолият дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳбуди низоми қонунгузорӣ ва ояндаи ҷомеа, таҳкими робитаҳои байналмилалии Тоҷикистон ва масоили дигари марбут ба рушду пешрафти кишвар пшниҳодҳои мушаххасро матраҳ менамуд.
Хотираи дурахшони устоди зиндаёд Сӯҳроб Шарипов барои ҳамеша дар қалбҳои мо – пайвандон, дӯстон, ҳамкорон ва шогирдони вай мемонад.
Ҳикматулло Хоҷаев