JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 06 Январи 2021 06:20

Хун чист?

Муаллиф: Шервони Умриддин
Хун чист? https://well-good.ru/

  Хун бофтаи моеъест, ки дар рагҳои хунгард доимо ҳаракат мекунад ва ба ҳамаи узвҳою бофтҳои инсон ворид шуда, онҳоро бо ҳам алоқаманд мекунад. Хун дар таркибаш ҳуҷайраҳои зиёд дорад. Вазифаи ҳуҷайраҳои хун таъмини узвҳои бадан бо моддаҳои зарурӣ мебошад.

   Хун дар узвҳои хунофар, чун халтаи зарда, испурч, ҷигар, мағзи сурхи устухон ва узвҳои лимфавӣ тавлид мешавад.

  Хун дар организм тариқи рагҳои шараёнӣ ва варидҳову каппилярҳо ҳаракат карда, фаъолияти тамоми узвҳои баданро идора мекунад. Хун дар шуш аз гази карбонат ва дар гурда аз оби зиёдатӣ ва намаки минерали тоза мешавад.

  Хун ҳамчун моеъи дохили организм дар ҳалқаи махсуси худ ҳаракат карда, вазифаҳои гуногун аз қабили нақлиётӣ, нафаскашӣ, кимиёвӣ ва ғайраро иҷро менамояд.

  Масалан оксиженро аз шуш ба бофтҳо, гази карбонатро аз бофтҳо ба шуш, моддаҳои ғизоиро ба ҷое ки бояд ҷаббида шаванд, маҳсули мубодилаи моддаҳоро, ки ихроҷашон зарур аст, ба узвҳои ихроҷ, ҳормонҳо ва ферментҳоро аз ҷои истеҳсол ба ҷои зарурӣ мебарад.

  Хун ба чор гурӯҳ ҷудо мешавад, ки ҳар яки он факторҳои махсуси худро дорад.

Дар таркиби хун вуҷуд доштан ё надоштани подженҳои А ва В, инчунин подтанҳои α ва β хунро ба 4 гурӯҳ ҷудо мекунад, ки онҳо бо рамзҳои ҳарфӣ ва рақамӣ ифода мешаванд.

Аз ҷумла:

         О (I) – гурӯҳи хуне, ки фақат подтанҳои α, β дорад,

         А (II) – гурӯҳи хуне, ки поджени А ва подтанҳои β дорад,

         В (III) – гурӯҳи хуне, ки поджени В ва подтани α дорад,

         АВ (IV) – гурӯҳи хуне, ки фақат поджени А ва В дорад.

 Бинобар ин дар аснои аз як шахс ба шахси дигар гузаронидани хун ҳаминро ба назар гирифтан зарур аст, ки дар хуни эҳдокунанда бар зидди поджени хуни бемор подтан набошад. Гузаронидани хуни яке ба дигаре дар сурати як хел будани гурӯҳи хуни ҳарду айни муддаост.

 Хун барои дар ҳолати доимӣ нигоҳ доштани муҳити дохилии организми инсон, масалан миқдори об, намакҳои маъданӣ ва мӯътадилии ҳарорати бадан иштирок мекунад. Ҳамчунин аҳамияти хун дар ҳифзи организми инсон аз омилҳои бегонаи зараровар калон аст. Ҳангоми ворид шудани уфунат ба организм яке аз омилҳои муҳофизатӣ, сафедаҳои хун фаъол мегарданд. Онҳо бо роҳҳои гуногун бактерияҳои касалиовар ва вирусҳоро безарар мегардонанд.

 Хун аз ду қисм иборат мебошад. Ҳангоми хунро ба лӯлаи озмоишӣ (пробирка) гирифтан ва  ба асбоби чархзананда (сентрифуга) давр занондан, ба ду қисм ҷудо шудани хунро дидан мумкин аст. Қисми болоии онро плазма ва қисми поёнашро ҳуҷайраҳои хун - эритроситҳо, лейкоситҳо ва тромбоситҳо ташкил мекунанд.

 Эритроситҳо (зарраҳои сурхи хун) — аз ҳама элементҳои сершумори хун ба ҳисоб мераванд. Давоми 120 рӯз дар организм  гардиш карда дар ҷигар ва испурч нобуд мешаванд. Дар эритроситҳо сафедаи оҳандор - ҳемоглобин ҷой гирифтааст, ки вазифаи асосии эритроситҳоро ба монанди интиқоли газҳои хун, дар навбати аввал оксигенро, дар ӯҳда дорад. Ранги сурх доштани хун маҳз аз ҳисоби ҳемоглобин аст. Камшавии эритроситҳо ба бемории камхунӣ меоварад. Зиёдшавии онҳо ҳам ҳолати потолоҷӣ ба ҳисоб рафта, дар тиб онро эритремия меноманд.

 Лейкоситҳо (зарраҳои сафеди хун) ҷузъи системи эмании организм ба ҳисоб мераванд ва қобилияти аз хун ба бофтҳо гузаштанро доранд. Вазифаи асосии лейкоситҳо аз ҷисмҳо ва пайвастагиҳои бегона дифоъ кардани организм мебошад. Онҳо дар аксуламалҳои эманӣ ба воситаи ҳосил кардани ҳуҷайраҳои гуногун, ба монанди Т - ҳуҷайраҳо, ки вирус ва микробҳоро ташхис медиҳанд, В - ҳуҷайраҳо, ки подтанҳо ҳосил мекунанд ва макрофагҳо, ки моддаҳои зарароварро нобуд менамоянд, иштирок мекунанд. Дар меъёр лейкоситҳо дар хун назар ба дигар элементҳои шаклӣ хеле каманд. Зиёдшавии лейкоситҳо ҳангоми ба равандҳои илтиҳобӣ дучор шудани организми инсон мушоҳида мешавад. Ҳангоми бемориҳои вирусӣ бошад, сатҳи лейкоситҳо, баръакс паст мешавад.

 Тромбоситҳо (пластинкаҳои хунӣ) фрагменти ҳуҷайраҳои азими мағзи устухон мебошанд. Онҳо хунро дар шакли моеъ нигоҳ дошта, рагҳоро аз осеббинӣ эмин медоранд. Агар сатҳи тромбоситҳо аз меъёр боло бошад, он ба ғализшавии хун ва дар натиҷа ҳосилшавии хунлахтаҳои зиёд меоварад. Дар сурати паст шудани сатҳи тромбоситҳо хавфи хунравиҳои гуногуни организм боло меравад. Якҷоя бо сафедаҳои зардобаи хун (масалан фибриноген) онҳо дар ҷои захм ба лахташавии хун мусоидат карда, хунравиро пешгирӣ менамоянд.

 Таркиби плазмаи хунро қариб 90-92% об ва 8-10% моддаҳои узвӣ, сафедаҳо, чарбҳо, глюкоза ташкил мекунанд. Аз моддаҳои ғайриузвӣ намакҳои минералӣ, ба монанди натрий, калий, калсий, магний ва гайраҳо ба таркиби хун дохил мешаванд. Таркиби плазмаи хун доимӣ буда, дар ҳолати тағйирёбии он организм ба душворӣ дучор мешавад. Моддаҳои зиёдатие, ки дар организм ҳосил мешаванд, тавассути узвҳои ихроҷ аз организм дур карда мешаванд.

 Меъёри мӯътадили хун дар мардҳо ба ҳисоби миёна 5,200 мл ва дар занҳо 3,900 мл аст. Хун аз қисми моеъ – плазма 55 – 65% ва дар ҳуҷайраҳо 35 – 45% иборат аст. Талаф додани 10% -и ҳаҷми умумии хун эҳтимолияти маргро боло бурда, бой додани 20%- и ҳаҷми умумии хун хатари маргро боз ҳам бештар мекунад ва  дар сурати  30%  талафоти хун  бошад, марг ногузир аст. Агар дақиқтар бигӯем, дар организми инсони калонсол қариб 4 - 5 литр хун мавҷуд аст. Аз ҳамин миқдор агар  1,5 литр ё 1500 мл хун аз организм инсон берун равад, инсон ба марг дучор мешавад.

 Таркиби хуни инсони солим ба туфайли механизми махсуси танзим доимӣ мебошад. Ҳар хел тағйироте, ки дар организми инсон хоҳ дар ҳолати мӯътадил, фарз кардем дар вақти ҳазми хӯрокхурӣ, хоҳ ҳангоми амрози гуногун рӯй медиҳад, ба хун таъсир мекунад. Аз рӯи тағйироти таркиби хун бисёр бемориҳоро ташхис намудан мумкин аст.

 Тағйироти хунро ба воридшавии ҷисми бегона, масалан вируси куруно (SARS - CoV - 2) дида мебароем.

 Вақте, ки вирус ба организми инсон ворид мешавад, аввалин шуда лейкоситҳо барои нобуд кардани он сафедаҳои махсуси худро фаъол менамоянд, то ба ҷисми бегона мухолифат нишон диҳад. Дар ин замина системи эмании бадан фаъол гардида боиси зиёд шудани тромбоситҳо мешавад, ки ин ҳолат дар навбати худ барои ғализшавии хун ва пеш омадани оризаҳои тромбоэмболикӣ заминаи асосӣ мегардад.

 Вирус эритроситро хароб карда, ҳемоглобинро маҳв мекунад ва дар ин замина қобилияти интиқоли оксигенро аз байн мебарад. Дар натиҷа гипоксемия ва гипоксия пеш меояд, ки ба пастшавии фаъолияти бофту узвҳои организми инсон меоварад.

Таҳияи Шервони Умриддин

Бознашр: https://bis.tj/tg/blog/hun-chist?fbclid=IwAR30kd14sAv4yzdrslJdsgmH3X2RRSu7gTS0Jc_Kx9UjidLKEGsddyl7lQA 

Хондан 10489 маротиба