Ба таври куллӣ метавон гуфт, ки раванди ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва рушди улуми ақлиро дар ҷаҳони ислом бидуни мушорикати фаъолу созандаи тоҷикон ва куллан мардуми эронитабор наметавон тасаввур кард. Аъроб таъсири маънавии марудуми эронитаборро ҳануз дар замони Ҳахоманишиён ва сипас ба таври густурдатар дар даврони Сосониён эҳсос намуда буданд. Масалан, Фарҳангистони маъруфи Гунди Шопур - маркази зеҳнии Империяи Сосонӣ, ки дар он омӯзишу таълим дар бахшҳои тиб, фалсафа, илоҳиёт ва тамоми дигар илмҳои замон ба роҳ монда шуда, дар даврони ҳукумати Хусрави I Анушервон (531-579) ба авҷи аълои шукуфоии хеш расида буд, дар ривоҷу равнақи минбаъдаи илм дар минтақа ва куллан дар ҷаҳони мутамаддини даврони бостон ва авоили қуруни вусто нақши муҳиме дошт.[1]
(муқаддимае дар ҳошияи 70-солагии инсони шариф Муллоназари Холназар)
Дар хусуси ватандорони сидқӣ ва меҳанпарастони воқеӣ, ки тафаккуру биниши миллӣ-давлатӣ доранд, зиёд навиштаанд, аммо, мутаассифона, теъдоди ин қабил ангуштшуморанд. Мунтаҳо, вуҷуду ҳузури ин гуна ашхос, ки на танҳо дар гуфтору шиор, балки дар амалу кирдор садоқату вафодорӣ ба ватанро нишон медиҳанд, боиси ифтихори ҳамватанон будаву ҳаст. Мусалламан, ҳар гоҳ ки дар мавриди ватанпарастии забонию шиорӣ ва меҳандӯстии сидқию қалбӣ сухан ба миён меояд, ба таври худогоҳу нохудогоҳ байти калидии ғазали машҳури устод Лоҳутӣ “Ё ҳар ду” ба унвони далелу мадраки асосӣ пеши назар рӯ мезанад:
(матни суханронии И.В. Сталин дар маросими пазироии ширкаткунандагони Даҳаи санъати тоҷик ба ифтихори Рӯзи таъсисёбии Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки 14 октябри соли 1924 иттифоқ афтода, аз он рӯзи таърихӣ ҳамакнун 100 сол сипарӣ мегардад, манзур мешавад)
Рафиқон!
Мамнун аз эътимод, ҳамдардӣ ва орзуи шумо. Аммо мардум як одати бад доранд, тамҷид аз зиндаҳо ва фаромӯш кардани гузаштагон. Ҳамон тавр ки дар қадим мегуфтанд бутҳо ё ба қавли имрӯзӣ, раҳбаронро то замоне ки зинда ҳастанд, меситоянд ва пас аз марг гоҳҳо фаромӯш мекунанд. Ба назари ман, ин як фазилат нест ва бо суннатҳои болшевикӣ мутобиқат надорад...
(Шодбошии аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба муносибати зодрӯзи иқтисодшиноси миллӣ Нуралӣ Собирзода)
Мусалламан, тасаллут дар илми иқтисод ва равандҳои иқтисодӣ, ки аз ҷумлаи қисматҳои муҳимми зиндагию рӯзгори инсонист, кори саҳлу осоне нест. Аз тарафи дигар, омӯзишу таҳқиқи ҷиддии иқтисоди миллию ҷаҳонӣ ва ташхиси мушкилоту муаммоҳои соҳавӣ, ки ба болоравии сатҳи зиндагии фардию ҷамъӣ оварда мерасонад, рисолати касбӣ-ҳирфавии иқтисодшиносони банангу баҷуръату боғурури миллию ватанӣ маҳсуб мешавад. Яке аз нафарони сазоворе, ки дар самти омӯзишу таҳқиқи мушаххасоти иқтисоди миллӣ ва равандҳои иқтисодӣ саҳми муносиб гузоштааст, доктори илми иқтисод, профессор Нуралӣ Собирзода мебошад.