Устод Назрӣ Асадзода!
Ҳар гоҳ сухан дар бораи Шумо меравад, хаёлан фикр мекунем, ки дар рӯбарӯйи манзарае қарор дорем ва ин манзара ба сони бӯстони иборат аз ҳама анвои гул мебошад ва дар миёни анбӯҳи гулҳо гулеро шабеҳ ба Нилуфар мебинем (ва ин гул яқин образи Шумост). Ин мисли он аст, ки гулҳои дигар аз рӯйи қонуни фитрат нашъунамо мекунанд, вале гули Нилуфар аст, ки аз шахсияти худ огаҳӣ дорад ва ҳамвора мекӯшад, ки аз ҳама гуна олоишоти гирду атроф худро пок ва тоза нигоҳ дорад.
Устод Нуриддин Шаҳобиддин,
Шумо ба унвони шахсияти матраҳи ҳаракати равшанфикрии миллӣ дар марҳилаи навини таърихӣ солҳост, ки дар ҷодаи мушкилписанди ҳувиятсозии миллӣ ва ташаккули биниши фалсафӣ дар сатҳи иҷтимоӣ гомҳои устувор бармедоред. Шахсияти фалсафӣ ва иҷтимоии Шумо дар заминаи илму хиради миллӣ ва урупоӣ шакл гирифта, ба таври тадриҷӣ рушд кардааст. Омӯзиш ва мутолеаи бардавом, таҳсил ва андӯхтани таҷриботи илмӣ, фалсафӣ ва ихтисосӣ дар бузургтарин марказҳои илмӣ ва фалсафии ғарбӣ Шуморо миёни ҷомеаи маданӣ ва фаъолони донишгоҳӣ минҳайси як шахсияти матраҳи фалсафӣ соҳибэҳтиром гардонидааст.
(Шодбошии аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба ифтихори зодрӯзи файласуф, андешаманд ва равшанфикри миллӣ, Устод Комил Бекзода)
Файласуф ва равшанфикри муосири миллӣ устод Комил Бекзода имрӯз (9 январ) зодрӯз доранд. Устод умри азизи хешро сарфи омӯзишу таҳқиқи масъалаҳои умдаи фалсафӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ карда, то имрӯз дар масири рушду таҳаввули ҷаҳонбинии фалсафӣ ва биниши миллӣ бардамона гом бармедорад. Ҳанӯз аз солҳои донишҷӯйӣ устод Комил Бекзода дар коргоҳи фикрию эҷодӣ ҳувиятшиносии миллӣ ва озодандеширо ба сифати меъёрҳои илмию фалсафӣ ва фарҳангӣ пазируфта, бар ин мабно то имрӯз, бидуни фосилаю таваққуф фаъолият мекунад.
Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, доктори (PhD) дар соҳаи геология Ҷовид Аминов иштирок намуданд. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Пайомадҳои тағйирёбии иқлим дар Осиёи Миёна» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.