Ҷойи ҳеҷ шакку шубҳа нест, ки тоҷикон қадимтарин сокинони муқимии ориёинажоду форсизабони Осиёи Миёнаанд ва забону адабиёти онҳо дар ин сарзамин таърихи ниҳоят қадим дошта, аз қаъри асрҳои пешин ибтидо мегирад. Ин ҳақиқатро дар ибтидои садаи сарнавиштсози XX устоди аллома Садриддин Айнӣ дар сарсухани «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926) чунин ба қалам оварда буд: «Аз бозе, ки вақоеъро таърих қайд мекунад, то имрӯз дар диёри Мовароуннаҳр ва Туркистон чунонки як қавми муаззам ба номи тоҷик ё ки тозик истиқомат дорад, ҳамчунон забон ва адабиёти эшон ҳам ривоҷ ёфта омадааст. Ривоҷи забону адабиёти тоҷик дар Мовароуннаҳр ва Туркистон махсус ба асре, ё тасаллути подшоҳу амире нест. Чунончи мо мебинем, адабиёти тоҷик дар ин сарзамин дар аҳди Сомониён, ки ирқан форсизабон ҳастанд, чи қадар ривоҷ дошта бошад, дар замони авлоди Чингиз, Темур, шайбонӣ, астархонӣ ва манғит, ки ирқан муғул, турк ва ӯзбак ҳастанд, ҳамон қадар ривоҷ ёфтааст. Пас маълум мешавад, ки ривоҷи забону адабиёти тоҷик дар ин ҷоҳо, маҳз ба тасаллути Сомониён, ё ки муҳоҷирати эрониён набуда, сабаби ҳақиқии мавҷудияти як қавми бузург ба номи тоҷик, ки мансуб ба ирқи орӣ аст, дар ин ҷоҳост» [1, 9].
Аз замони ба даст овардани истиқлолият Тоҷикистон роҳи ғайриоддии худ, тасдиқнамоии давлатӣ, таҳкими истиқлолият ва ҷустуҷӯйи самти дурусти рушди ояндаро аз сар гузаронид. Ба шарофати соҳиби таҳаммулпазир будани халқ ва сиёсати одилонаи роҳбарият Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ вазъи ногувори ҷамъиятию сиёсӣ ва тағйироти харобовари иқтисодии солҳои 90-умро бартараф намуда, дар аввали асри XXI ба муваффақиятҳои бузурге ноил гардид. Маҳз ваҳдати миллӣ халқи моро аз хатари парокандашавӣ ва нобудшавӣ раҳоӣ намуд, роҳро барои муттаҳидӣ ва рушди босубот боз намуд. Дар Тоҷикистон сулҳу ваҳдат ва дар ҷомеа ризоият ҳукумфармо шуд, дар гузаронидани ислоҳоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва демократӣ дастовардҳои назаррасе ба даст омаданд.
Нақши оилаи дар ҷомеа муҳим буда, танҳо оилаи солим метавонад пешрафт ва раванди зиндагиро дар ҳолати муътадил нигаҳ дорад. Пеш аз ҳама оилаи солим фазои солиму латиф, осудагиву озодагӣ, нармию гармиро фароҳам месозад; дуюм оилаи солим насли солим, фарзанди солеҳу боодобу ахлоқи ҳамида ба дунё меорад; сеюм оилаи солим поя ва асоси ҷомеаро ташкил намуда, дар ташаккулу суботи ваҳдати ҷомеа кумак мекунад. Танҳо оила аст, ки ба аҳли хонавода, махсусан фарзандон беҳтарин арзишҳои маънавӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва хонаводагиро, ба мисли тарбия, омӯхтани забон ва гуфтору рафтор, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир, ватандӯстиву ватанпарварӣ, инсондӯстӣ, худшиносӣ ва хайру саодат таълим медиҳад. Зеро ки то падару модар дар вуҷуди фарзанд аз кудакӣ худшинос будану меҳру муҳаббат доштан ба миллату ватан ва фарҳангу суннати хешро ҷо накунад, фарзанд аз ҳувияти миллӣ бехабар мемонад. Ҳувияти миллӣ ин надоштани шахсият ва бенажодии инсонро гувоҳӣ медиҳад.
Порае аз китоби Вил Дюрант (1885-1981) файласуфи муосири амрикоӣ бо номи “Тафсирҳои зиндагӣ”.
1.Чаро чунин китобе навиштаам?
Чаро навориде, ки ҳаштоду чаҳор (84) сол аз синнаш мегузарад, пас аз ним қарни ғӯтаварӣ дар фалсафа ва таърих, ногоҳ китобе дар бораи адабиёт менависад? Дар ин замина чи салоҳияте дорад? Чи метавонад бигӯяд, ки муддатҳо пеш аз ӯ соҳибназароне, ки зиндагиашонро сарфи мутолиаи адабиёт кардаанд, нагуфта бошанд?
Бо ҳамаи инҳо, адабиёт нахустин ишқи ман будааст. Дар ҷойе дигар гуфтаам, ки чигуна дар дувоздаҳсолагӣ духтараке ҳамсинну соли худро ки ба ӯ дил бохта будам, дар ҳоли хондани китоби “Ёддоштҳои Пиквик” дидам. Китобро аз ӯ ба амонат гирифтам ва он гоҳ бо носипосӣ, дилбастагии хешро миёни духтарак ва Дикенс тақсим кардам. Сипас бо чаҳордаҳ сент пасандоз Девид Коперфилдро харидам. Тамоми ҳаштсад саҳифаи онро калима ба калима хондам ва муддатҳо дар радифи “Китоби муқаддас” ва “Тақлиди Масеҳ” қарораш додам. Ва адабиёт камобеш барои ман навъе ваҳй ва паёми осмонӣ, навъе бозофаринии мӯъҷизаосои ҷаҳон ва зиндагӣ шуд.