JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 26 Августи 2019 09:02

Асолати забони тоҷикӣ дар Осиёи Миёна

Муаллиф:

  Ҷойи ҳеҷ шакку шубҳа нест, ки тоҷикон қадимтарин сокинони муқимии ориёинажоду форсизабони Осиёи Миёнаанд ва забону адабиёти онҳо дар ин сарзамин таърихи ниҳоят қадим дошта, аз қаъри асрҳои пешин ибтидо мегирад. Ин ҳақиқатро дар ибтидои садаи сарнавиштсози XX устоди аллома Садриддин Айнӣ дар сарсухани «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926) чунин ба қалам оварда буд: «Аз бозе, ки вақоеъро таърих қайд мекунад, то имрӯз дар диёри Мовароуннаҳр ва Туркистон чунонки як қавми муаззам ба номи тоҷик ё ки тозик истиқомат дорад, ҳамчунон забон ва адабиёти эшон ҳам ривоҷ ёфта омадааст. Ривоҷи забону адабиёти тоҷик дар Мовароуннаҳр ва Туркистон махсус ба асре, ё тасаллути подшоҳу амире нест. Чунончи мо мебинем, адабиёти тоҷик дар ин сарзамин дар аҳди Сомониён, ки ирқан форсизабон ҳастанд, чи қадар ривоҷ дошта бошад, дар замони авлоди Чингиз, Темур, шайбонӣ, астархонӣ ва манғит, ки ирқан муғул, турк ва ӯзбак ҳастанд, ҳамон қадар ривоҷ ёфтааст. Пас маълум мешавад, ки ривоҷи забону адабиёти тоҷик дар ин ҷоҳо, маҳз ба тасаллути Сомониён, ё ки муҳоҷирати эрониён набуда, сабаби ҳақиқии мавҷудияти як қавми бузург ба номи тоҷик, ки мансуб ба ирқи орӣ аст, дар ин ҷоҳост» [1, 9].

Дар ин суханони устод Айнӣ панҷ матлаби дорои арзиши муҳимми илмию таърихӣ таъкид шудааст:

1) асли ориёӣ доштани мардуми тоҷик;

2) эътирофи бузургӣ ва эътибори қавми тоҷик дар таърихи башарият. Чунонки аз ин истинод ба мушоҳида мерасад, устод Айнӣ қавми тоҷикро «қавми муаззам» ва «қавми бузург» тавсиф кардааст;

3) кадимтарин сокинони муқимии Осиёи Миёна будани тоҷикон;

4) вобаста ба фароҳам омадани имкону шароити мусоид ривоҷу равнақ пайдо кардани забону адабиёти тоҷик дар Осиёи Миёна;

5) ба муҳоҷирати эрониён ва маволиён ҳеҷ иртибот надоштани ташаккулу такомули забону адабиёти тоҷик дар ин минтақа.

  Бояд гуфт, ки ҳамин панҷ матлаби дар боло ёдшуда то ба имрӯз аз аҳамияти зиёд бархурдоранд, зеро ҳанӯз дар ин замина ғаразу суитафоҳумҳо ҷой дошта, дар амри пазириш ва ё инкори бархе аз ин матолиб аз тарафи душманону бадхохони дохилию хориҷӣ гоҳ-гоҳ сару садоҳо баланд мешаванд.

  Матлаби асолати забони тоҷикӣ дар Осиёи Миёна ва аз замонҳои қадим маҳди рӯишу болиши забони форсӣ (тоҷикӣ) будани ин минтақа, бахусус сарзамини Варорӯд (Мовароуннаҳр) аслан ҷойи баҳс надорад. Зеро, дар муқаддимаи “Тарҷумаи Тафсири Табарӣ”, ки шояд аввалин тафсири Қуръон ба забони модарии мост ва тақрибан ҳазор сол пеш аз ин бо амри амири сомонӣ – Абӯсолеҳ Мансур ибни Нӯҳ (ваф. 975) дар Бухоро аз забони арабӣ тарҷума гардид, ин воқеият, яъне аз рӯзгори қадим форсӣ будани забони ин сарзамин ва шоҳони Аҷам (Эрону Тӯрони таърихӣ) будани подшоҳони он возеҳан таъйид шудааст: «… Ва дигар ин бувад, к-ин забони порсӣ аз қадим боз донистанд… Ва ин ҷо, бад-ин ноҳият (яъне, Варорӯд) забон порсист ва мулукони инҷониб мулуки Аҷаманд» [8, 5].

  Шоир ва луғатнигори маъруф Асадии Тусӣ (1005/10-1074), луғатномаи маъруфи худро, ки ғолибан дар заминаи шарҳи вожаҳои гӯйиши Хуросону Варорӯд таҳия шудааст, “Луғати фурс” ном ниҳодааст ва чунин ба назар мерасад, ки ғараз аз «луғати фурс», яъне забони форсиён дар ин асар забони мардуми сарзамини Хуросону Варорӯд аст, зеро соҳиби луғатнома ҳангоми тавзеҳи вожагон низ ғолибан аз ашъори устод Рӯдакӣ, Шаҳиди Балхӣ, Дақиқии Самарқандӣ, Абӯшакури Балхӣ, Мунҷики Тирмизӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Кисоии Марвазӣ, Хусравонӣ, Фаррухии Систонӣ, Унсурии Ғазнавӣ ва ғ., ки зодаю парвардаи ин сарзаминанд, шоҳид овардааст.

  Танҳо зикри қавли Абӯбакри Наршахӣ дар «Таърихи Бухоро», ки мегӯяд, - “...мардумони Бухоро ба аввали ислом дар намоз Қуръон ба порсӣ хондандӣ ва арабӣ натавонистандӣ омӯхтан» [5, 67] - кофист, ки дар бобати забони хосу ом будани ин забон дар рӯзгори ҳамлаи лашкари араб эътимоди комил ҳосил намоем.

Ҳамчунин муаллифи «Таърихи Бухоро» ёдовар мешавад, ки сарлашкари араб Қутайба ибни Муслим «аҳли Бухороро фармуд як нима аз хонаҳои хеш ба араб доданд, то араб ба эшон бошанд ва аз аҳволи эшон бохабар бошанд...» [5, 66].

Яқин аст, ки ин иқдоми Қутайба ибни Муслим на фақат ба манзури омӯзонидани шариати ислом, балки ҳамчунин ба мақсади густариши забони арабӣ низ буд. Вале мардумони Осиёи Миёна, ба хусус аҳли Хуросону Варорӯд баъди ислом овардан ва ба сафи мусулмонон пайвастан, боз ҳам зери бори пазириши забони бегона нарафтанд ва аз забони модарии худ даст накашиданд.

Истилои араб натавонист истиқлоли забонии аҳли Хуросону Варорӯдро комилан дар ҳам шиканад. Забони модарии мо дар ин марзу бум бо забони арабӣ пайваста рақобат кард ва дар мақоми худ пойдору устувор бимонд.

  Мавриди зикр аст, ки аксари муҳаққиқони дар ҷомеаи илмии ҷаҳонӣ эътирофшудаи таърихи забон ва адабиёти форсӣ-тоҷикӣ, аз ҷумла донишмандони маъруф устод Айнӣ, Е.Э. Бертелс, Саид Нафисӣ, Маликушшуаро Баҳор, Забеҳуллоҳи Сафо, Муҳаммади Муин, Ҷалоли Матинӣ, Абдулҳайи Ҳабибӣ, Мирғулом Муҳаммади Ғубор, Абдулғанӣ Мирзоев, Муҳаммадҷони Шакурӣ, Акбари Турсон ва дигарон макони пайдоишу густариши забони адабиву китобии форсии дариро Хуросону Варорӯд медонанд. Ба андешаи ин донишмандон, ин забон асосан дар Хуросону Варорӯд, ки донишманди маъруфи Эрон Саид Нафисӣ ин марзу бумро бо ифтихор “сарзамини поки ниёгонам” [6, 37] номидааст, падид омада, дар заминаи гӯйишҳои форсии (тоҷикии) Хуросону Варорӯд ташаккул ёфтааст.

  Андешаи мазкур боз аз ин ҷиҳат комилан воқеӣ ва мантиқӣ ба назар мерасад, ки нахустин бузургони поягузори забону адабиёти форсӣ, ки ба ин забон ҳам дар шеъру адаб (устод Рӯдакӣ бо сурудани ашъори фаровони рангин, ҳаким Фирдавсӣ бо сурудани “Шоҳнома”) ва ҳам дар илм (Абӯалӣ ибни Сино бо таълифи “Донишномаи Алоӣ”, Абӯрайҳони Берунӣ бо таълифи “Китоб ут-тафҳим”) ба истилоҳ «шеваи роҳгардӣ» омӯхтанд, дар сарзамини Варорӯду Хуросон ба дунё омадаанд. Ба ибораи дигар ва ба андешаи ғолиб ин забон дар ҳамин сарзамин аз овони тифлӣ то давраи балоғат роҳи пурпечутоби ташаккулу такомул паймуда, тадриҷан ба дараҷаи ифодаи нозуктарин таъбирҳои шоирона ва дақиқтарин мафҳумҳои орифона расид ва бегумон замони ҳукмронии Сомониёни ба қавли устод Айнӣ “ирқан форсизабон”, ки Бухороро пойтахти давлати муқтадири худ қарор дода буданд, ба эътирофи умум давраи авҷи шукуфоии ин забон ба ҳисоб меравад.

  Зикри ин нукта ҳам муҳим аст, ки доираи густариши ин забон дар рӯзгори пеш дар Осиёи Миёна танҳо ба Хуросону Варорӯд маҳдуд намегардид, балки сарзаминҳои паҳновари дигар, аз ҷумла Хоразму Ҳафтрӯд ва Кошғарро ҳам фаро мегирифт. Аз ин ҷост, ки Абӯрайҳони Берунӣ (973-1048) дар “Осор ул-боқийа” аҳли Хоразмро “шохае аз дарахти азими фурс (форсиён)” («ва аммо аҳлу Хуворизма ин кону ғуснан мин давҳати-л-фурси...) [2, 47] муаррифӣ карда, «Китоб ут-тафҳим»-и худро, ки аз шоҳкорҳои насри илмии форсии тоҷикист, соли 1029 бо хоҳиши Райҳона ном духтари хоразмии муқими Ғазна ба забони модарии ӯ таълиф кард ё Саид Исмоили Ҷурҷонӣ (1042-1136) донишномаи тиббии «Захираи Хоразмшоҳӣ»-ро дар нуҳ китоб ба номи Қутбиддини Хоразмшоҳ ва ба хотири баҳрабардории хосу оми Хоразм ба ҳамин забон иншо намуд.

  Ҳамчунин тахаллуси худро Берунӣ ихтиёр кардани донишманди маъруфи Хоразм, ки «берун» калимаи соф тоҷикӣ буда, то ба имрӯз дар забони модарии мо ба сифати ҷуфти муродифии «дарун» мавриди истифода қарор дорад, аз забони ҳамагон будани тоҷикӣ дар сарзамини Хоразми он рӯзгор дарак медиҳад. Абӯсаъди Самъонӣ (1113-1167) низ дар «Китоб ул-ансоб» ишора ба он дорад, ки хоразмиён касеро, ки аз беруни шаҳр ё кишвар аст ва аз даруни он нест, мегӯянд: “фулон берунист”... Ва ба ин нисба Абӯрайҳони Берунии ситорашинос машҳур аст (“Фаинна ман якуну мин хориҷи-л-балади ва ло якуну мин нафсиҳо йуқолу лаҳу: фулон берунист”... Ва-л-машҳуру би ҳозиҳи-н-нисба Абуррайҳон ал-мунаҷҷим ал-Бирунӣ [3, 99].

  Донишманди маъруф Абӯнасри Форобӣ (вафоташ 950), ки дар Фороб ном мавзеи минтақаи Ҳафтрӯд ба дунё омада, дар илми фалсафа ва шарҳи фалсафаи Юнони Қадим ба мартабаи устодии комил расид, бешак парвардаи домони забону фарҳанги форсии тоҷикист, ки ин ҳақиқат ҳамчунин аз рубоии маъруфи зерини ӯ ба назар мерасад:        

Асрори вуҷуд хоми нопухта бимонд

                         В-он гавҳари бас шариф ногуфта бимонд.

                         Ҳар кас ба далели ақл чизе гуфтанд,

                         Он нукта, ки асл буд, ногуфта бимонд.

 

  Шайх Саъдӣ дар «Гулистон» аз маҳбубият доштани ашъораш дар байни мардуми Кошғари Чин, бо таъкид ба қавли як ҷавони кошғарӣ, ки «ғолиби ашъораш (яъне, ашъори шайх Саъдӣ) дар ин замин ба забони форсист» [7, 266], ёд кардааст.

  Як далели дигари муътамади раднопазири асолати забони тоҷикӣ дар Осиёи Миёна дар канори он дар тӯли садсолаҳо мавҷуд будани дигар забонҳои эронии давраи миёна: суғдӣ, хоразмӣ, бохтарӣ, хутанӣ (сакоӣ) - дар гузашта ва забонҳои эронии давраи нав: забони яғнобӣ (як лаҳҷаи бозмондаи забони суғдӣ), забонҳои помирӣ (шуғнонӣ, рӯшонӣ, ишкошимӣ, язғуломӣ, сарикӯлӣ, вахонӣ ва ғ.) – дар рӯзгори мо мебошад.

  Хамчунин дар байни баъзе муҳаққиқон, ки аз таърихи мардуми Осиёи Миёна чандон огоҳӣ надоранд ва ё дидаву дониста онро таҳриф мекунанд, андешаи носавобе доман густурдааст, ки гӯё забони форсӣ ҳамзамон бо ҳуҷуми лашкари араб дар ин сарзамин густариш ёфт. Ҷонибдорони ин андеша саҳми маволӣ, яъне намояндагони қавмҳои муқимии форсизабонро, ки баъди пазируфтани дини нав ба сипоҳи ислом ҳамроҳ гардида, дар фатҳи Варорӯд ҳисса гузоштанд, дар интиқоли забони форсӣ ба шарқи Эронзамин назаррас медонанд.

  Вале андешаи мазкур низ пояи устувори илмӣ надорад, зеро табиист, ки як миқдор мардуми камшумори шикастхӯрда ё муҳоҷир ҳаргиз наметавонист дар тамоми Хуросону Варорӯд ва фаротар аз он нуфузу эътибор пайдо карда, забони худро ба мардуми ин сарзамин таҳмил намояд ва ин забони таҳмилшуда дар як муддати кӯтоҳи вақт ба забони умум табдил ёфта, ба авҷи аълои инкишофи худ расад ва мардум чунонки ба қавли муаллифи “Таърихи Бухоро” дар боло ишора рафт, намози худро ба форсӣ хонад.

  Пас аз суқути давлати Сомониён ва асрҳои баъдии парокандагию парешонҳолӣ бар асари тохтутози туркон ва ҳамлаи муғул ҳарчанд тоҷикон дар Варорӯд аз давлатдории воқеӣ маҳрум монданд, вале забони тоҷикӣ дар ҳамаи давлатҳои баъдӣ то ба сари қудрат омадани болшавикон дар Бухоро (соли 1920) забони расмии давлатдорӣ маҳсуб буд ва расму ойини давлатдорӣ “расмҳои тоҷикон” ба ҳисоб мерафт. Чунончи, ба шаҳодати Абулфазли Байҳақӣ дар “Таърихи Масъудӣ” яке аз бунёдгузорони давлати Салҷуқиён – Туғралбеки Салҷуқӣ одобу русуми давлатдориро “расмҳои тозикон (тоҷикон)” меномад ва ҳангоми ба Марв омаданаш аз Қозӣ Соид дар хусуси тариқи писандидаи фармонравоӣ маслиҳат шунида, маслиҳати ӯро ба ҷон мепазирад: “...бад-он чӣ гуфтӣ, кор кунам. Ва мо мардумони нав ва ғарибем, расмҳои тозикон (тоҷикон) надонем” [4, 586].

  Дар бобати асолати забони бухороиён ховаршиноси олмонӣ М.Клапрот дар мақолаи «Дар бораи бухориён», ки соли 1823 дар маҷаллаи фаронсавии «Журнал Азиатик» ба нашр расидааст, маълумоти ҷолиб медиҳад. Вай бар хилофи баъзе муҳаққиқони аврупоии он рӯзгор, ки забони мардуми Бухороро туркӣ медонистанд, дар хусуси форсӣ (тоҷикӣ) будани забони бозаргонони Бухоро, ки соли 1805 дар Қазон бо онҳо мулоқот анҷом додааст, изҳори назар кардааст. М.Клапрот дар ин мақолаи худ ҳамчунин аз форсигӯёни Тоболск, Тара, Томск ва дигар шаҳрҳои Сибир ёдовар шудааст [11, 158].

  Ҳамчунин мавҷудияти номҳои зиёди асили ҷуғрофии тоҷикӣ дар мавзеъҳои мухталифи Осиёи Миёна, аз қабили Ҳафтрӯд, Остона, Сарканд, Чордара (Шардара), Сардор, Лангар, Исфиҷоб, Ҳазорасп, Чорҷӯ, Хонобод, Сариосиё, Галаосиё, Шаҳрисабз, Деҳнав, Сиёб (Сияҳоб), Шеробод, Яккабоғ, Боғистон, Шоҳимардон, Оҳангарон ва ғ. аз асолати ин забон дар ин минтақа гувоҳӣ медиҳад.

  Тавзеҳ бояд дод, ки имрӯз минтақаи азими ҷуғрофии Ҳафтрӯд ба забони қазоқӣ маъмулан Жетису ва ба русӣ Семиречье ном бурда мешавад, ки ҳар ду тарҷумаи дақиқ аз ҳамин вожаи асили тоҷикист. Маконвожаи Чордара имрӯз гунаи маъмули қазоқии Шардара дорад (муқоиса шавад, табдили ҳарфи “ч” ба “ш”: Чочканд (Чоч) → Шошканд (Шош) → Тошканд (Ташкент) ва вожаи форсиасли Чоч ҳамчун ҷузъи Эроншаҳр дар катибаи шоҳи Сосонӣ Шопури I (соли 262 милодӣ) дар Каъбаи Зардушт сабт гардидааст [10, 293].

  Бояд гуфт, ки барои ифодаи номи забони модарии мо, дар Хуросону Варорӯд ва дигар қисматҳои Осиёи Миёна аз нахустин таълифот ба ин забон, то ибтидои асри XX маъмулан калимаи «форсӣ» ва ибораи “форсии дарӣ” доираи истифодаи бештар дорад, ҳарчанд бинобар иттилои донишманди Афғонистон Абдулаҳмади Ҷовид аз ибтидои асри XIX, аз ҷумла дар «Сафарнома»-и Мир Иззатуллоҳи Ҳиндӣ (соли 1813), ки забони аҳли шаҳри Қӯқон (Хуқанд)-ро «тоҷикӣ» медонад, корбурди калимаи «тоҷикӣ» ба маънии забон ба мушоҳида мерасад. Ин калима ба маънои забон дар тазкираи Афзал Махдуми Пирмастии Бухороӣ (асри XIX) низ дар шарҳи ҳоли шоире истифода шудааст [9, 269].

  Ин нукта ҳам гуфтанист, ки истилоҳи «тоҷикӣ» барои ифодаи забон ё лаҳҷа дар оғози асри XX, дар эроншиносӣ, бештар баҳри ифодаи лаҳҷаҳои қисмати Форси Эрон истифода шудааст. Бинобар иттилои эроншиноси олмонӣ Оскар Манн (Mann, 1909) баъзе мардуми қисмати ҷанубу ғарби Эрон, ба хусус дар музофоти Форс (деҳоти Сомғон, Попун, Буринҷон, Масарм, Говкушак (наздикии ш. Козарун), Ардакон, Қалот, Хуллор (шимолу ғарбии Шероз), Тангистон (наздикии Бушаҳр), Ришаҳр) худро “тоҷик” ва лаҳҷаи худро “тоҷикӣ” мегӯянд [12]. Ин лаҳҷаҳо то ба имрӯз лаҳҷаҳои тоҷикии музофоти Форс ном бурда мешаванд ва муҳаққиқи маъруфи забони модарии мо Вера Сергеевна Расторгуева солҳои 70-уми асри гузашта дар Шероз оид ба лаҳҷаи масармии ин гурӯҳи лаҳҷаҳо мавод гирд овардааст. Вале ҳарчанд лаҳҷаҳои ба истилоҳ тоҷикии музофоти Форс ва забони муосири тоҷикӣ таърихан решаи ягона доранд, аммо аз назари овоӣ, сохти дастурӣ ва луғат аз ҳам хеле дур шудаанд.

  Корбасти истилоҳи “забони тоҷикӣ” дар Осиёи Миёна асосан баъд аз Инқилоби Октябр ва тақсимоти марзии Осиёи Миёна, нахуст ба ҷумҳуриҳои халқӣ ва баъдан ба ҷумҳуриҳои миллӣ, бештар расмият пайдо кард. Зеро, пантуркистҳо ва баъзе тоҷикони туркгаро, ки дар мактабҳои олии Туркия таълим гирифта буданд, бо дастгирии тоторҳо дар идораҳои роҳбарии Ҳукумати Шӯравӣ роҳ ёфта, барои ба қудрат расидан мавҷудияти тоҷиконро дар Осиёи Миёна инкор мекарданд. Бинобар ин, бо талошу пархошҳои фарзандони асили миллати тоҷик соли 1924 Ҷумҳурии Худмухтори Тоҷикистон ва соли 1929 Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис гардид. Азбаски номи забони ҷумҳуриҳои миллии Осиёи Миёна бо номи миллати ҳокими онҳо ифода мегардид, дар Тоҷикистон ва минтақаҳои тоҷикнишин низ зарурат пеш омад, ки минбаъд ба таври расмӣ забон “тоҷикӣ” ном бурда шавад.

  Бинобар ин, дар замони мавҷудияти давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои Шӯравӣ забони тоҷикӣ ном бурдани забони модарии мо ҳаргиз ба гузаштаи пурифтихори он мухолифат надошт ва имрӯз ҳам дар даврони фараҳбахши Истиқлолият ва рӯзгори файзбори бунёди давлати миллӣ мухолифат надорад.

  Имрӯз забони тоҷикӣ воқеан забони расмӣ ва давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва рукни муҳимми давлатдории тоҷикон ба ҳисоб меравад, ки дар даврони муосири пурошӯби ба истилоҳ “ҷаҳонгароӣ” ё “ҷаҳонӣ шудан” бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ба шукуфоии ин куҳандиёр дар қалби Осиё ва бедорию худшиносии миллии ин мардуми деринарӯзгор ба ваҷҳи неку мусоидат мекунад.

 Султонов Мирзоҳасан Баротович

Маҷаллаи «Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ». «Дониш»-Душанбе. 2017, №3 (247)

Адабиёт

  1. Айнӣ, Садриддин. Намунаи адабиёти тоҷик / Садриддин Айнӣ. – Душанбе, 2010. - 420с.
  2. ал-Бирунӣ, Абу-р-Райҳон. ал-Осору-л-боқийа ’ани-л-қуруни-л-холийа. Қад илтазама нашраҳ Эдуорд Захов / Абу-р-Райҳон ал-Бирунӣ. – Лейпсиг, 1923.
  3. ас-Самъонӣ. Китоб ул-ансоб. – Лайдан, 1912.
  4. Байҳақӣ, Хоҷа Абулфазл Муҳаммад ибни Ҳусайн. Таърихи Байҳақӣ. Таҳиягари матн, муаллифи муқаддима, ҳавошӣ ва феҳристҳо Сайфуллоҳ Муллоҷон / Абулфазли Байҳақӣ. – Душанбе, 2014. - 774с.
  5. Наршахӣ, Абӯбакр. Таърихи Бухоро. Тарҷумаи Абӯнаср ал-Қубовӣ. Талхиси Муҳаммади Зуфар. Тасҳеҳ ва таҳшияи Мударриси Разавӣ / Абӯбакри Наршахӣ. – Теҳрон, 1351. - 445с.
  6. Нафисӣ, Саид. Сарзамини поки ниёконам // Тоҷикон дар масири таърих. Таҳқиқ ва тадвини Мирзо Шакурзода / Саид Нафисӣ. – Теҳрон, 1385. – С.37-39.
  7. Саъдӣ. Гулистон. Бо таҳқиқу тасҳеҳи Муҳаммад Ҳасани Шерозӣ / Саъдии Шерозӣ. - Теҳрон, 1370.
  8. Тарҷумаи Тафсири Табарӣ. Ба тасҳеҳ ва эҳтимоми Ҳабиби Яғмоӣ. – Теҳрон, 1339.
  9. Ҷовид, Абдулаҳмад. Сухане чанд дар бораи тоҷикон // Тоҷикон дар масири таърих. Таҳқиқ ва тадвини Мирзо Шакурзода / Абдулаҳмад Ҷовид. – Теҳрон, 1385. – С.263-273.
  10. Фрай, Ричард. Наследие Ирана / Ричард Фрай. – М.:Наука, 1972. - 107с.
  11. Klaproth Par M. Sur Les Boukhares. – Jonrnal Asiatique. T.II. / Par M Klaproth – Paris, 1823. – Р.154-163.
  12. Mann O. Die Tajik-Mundarten der Provinz Fars // Mann O., Hadank K. Kurdisch-Persische Forschungen, Abt. I. / O. Mann – Berlin, 1909.

 

Хондан 1975 маротиба