JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 23 Августи 2019 11:52

Фарҳанги маънавӣ ҳамчун омили ризоият ва ваҳдати миллӣ

Муаллиф:

  Аз замони ба даст овардани истиқлолият Тоҷикистон роҳи ғайриоддии худ, тасдиқнамоии давлатӣ, таҳкими истиқлолият ва ҷустуҷӯйи самти дурусти рушди ояндаро аз сар гузаронид. Ба шарофати соҳиби таҳаммулпазир будани халқ ва сиёсати одилонаи роҳбарият Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ вазъи ногувори ҷамъиятию сиёсӣ ва тағйироти харобовари иқтисодии солҳои 90-умро бартараф намуда, дар аввали асри XXI ба муваффақиятҳои бузурге ноил гардид. Маҳз ваҳдати миллӣ халқи моро аз хатари парокандашавӣ ва нобудшавӣ раҳоӣ намуд, роҳро барои муттаҳидӣ ва рушди босубот боз намуд. Дар Тоҷикистон сулҳу ваҳдат ва дар ҷомеа ризоият ҳукумфармо шуд, дар гузаронидани ислоҳоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва демократӣ дастовардҳои назаррасе ба даст омаданд.

  Ҳангоми дар мавриди муваффақиятҳои кишварамон сухан гуфтан, бояд дар хотир дошта бошем, ки замина ва такягоҳи асосии рушди босуботи Тоҷикистон зиндагии накӯаҳволона, шароити мусоиди худмуайянкунӣ ва худтадбиқнамоӣ, ризоият ва ваҳдати миллӣ ба ҳисоб меравад. Ризоият ва ваҳдати миллӣ базаи устувору қавиест, ки барои пешрафти давлат мусоидат менамояд ва маҳз он ҳокимиятро ба захираи стратегии рушд табдил медиҳад. Чи хеле, ки таърихи инсоният гувоҳӣ медиҳад, дӯстии халқҳо, ризоият ва устуворӣ неъмати ҳамешагӣ нест. Устувор нигоҳ доштани дӯстию ризоияти намояндагони ҳамаи халқу миллатҳои муқими Тоҷикистон кӯшишу талошҳо ва заҳматҳои ҳамешагиро талаб менамояд.

  Асос ва заминаи ҳифзи ваҳдат ва ризоият дар кишварамон сиёсати хирадмандонаи озмудашудаи муносибатҳои миллӣ баромад менамояд. Дар он солҳои барои кишварамон мушкили барқароршавии истиқлолият, солҳои ҷанги шаҳрвандӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар қабули қарорҳои сиёсӣ дурандешӣ нишон дод. Сарвари давлат ҳамеша ғояи сулҳ ва ваҳдати миллиро дастгирӣ ва тарғиб менамояд. Муҳим он аст, ки Сарвари давлат бо ҳар як гуфтор ва рафтору амали худ ба ҷомеа ҳушдор медиҳад, ки ҳамаи тоҷикистониён новобаста ба миллат ва мазҳабу эътиқод барояш азизу арзишманданд. Маҳз ин ақидаи арзишманди Роҳбари давлатамон рамзи сиёсати давлатии кишвари бисёрмиллатамон ба ҳисоб меравад.

  Бо назардошти таърих аз замони ба даст овардани истиқлолияти Тоҷикистон вақти зиёд нагузаштааст, аммо маҳз дар ин давраи таърихӣ тағйиротҳои куллии иҷтимоӣ, ивазшавии сохтори сиёсии ҷомеаи тоҷикистонӣ ба вуқӯъ пайвастанд. Дар ин вақти кӯтоҳи таърихӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ табақаҳои нави иҷтимоии ҷомеа, тарзи нави зиндагӣ, арзишу дастурҳо, самтҳо ва тамоюлҳои нав шакл гирифтанд. Чунин тағйиротҳои куллӣ, бешак, дар худшиносӣ ва ҳуввияти одамон, инчунин дар сиёсати миллии давлат инъикоси худро ёфтанд.

  Дар ин замина ваҳдати халқҳои Тоҷикистон, ки имрӯз дар ҷаҳони глобалӣ дар раванди барқароршавӣ қарор дорад, аҳамияти хосаро пайдо менамояд. Дар шароитҳои бӯҳрони глобалии молиявию иқтисодӣ ва дигаргуниҳои куллии ҷаҳон, ки афзалиятҳои кишвар тағйир меёбанд ва вобастагии байни давлатҳо равшантар мегардад, ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ҳамчун кафили сиёсати хориҷаи кишварамон баромад мекунад.

  Ваҳдати ҳамаи ҷомеаи тоҷикистонӣ, ки мазмуни муносибатҳои арзиширо муайян мекунад ва “ҳамфикрии арзишӣ”-и субъектҳои этникии кишварамонро таъмин менамояд, бояд ба унсури шуури миллии модернизатсияшудаи ҳамаи этносҳои Тоҷикистон табдил ёбад. Дар заминаи он талаботҳои ботинии ҳифзи якпорчагӣ ва ваҳдати дохилии ҷомеаи тоҷикистонӣ қарор дорад. Барангехтани ҷудоии байниэтникӣ ва байнимазҳабӣ дар кишварамон ҷинояти зиддиконститутсионӣ ба ҳисоб меравад.

  Фазои хубу мусоид дар муносибатҳои байниэтникӣ асоси устувории на танҳо ҷомеаи мо, балки ҳамаи давлатҳо мебошад. Илова ба ин илҳомбахш ва таблиғгари чунин сиёсат дар соҳаи байниэтникӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мо - Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Чи хеле ки Сарвари давлат қайд менамояд, - «Ваҳдати миллӣ барои мо дастоварди ниҳоят пурарзиш, шарти асосии некӯаҳволии халқамон ва таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободии Ватани маҳбубамон мебошад. Аз ин лиҳоз, вазифаи ҳар шахси худшиносу худогоҳ, ватандӯсту ватанпарвар аз он иборат аст, ки ваҳдати миллиро чун гавҳари бебаҳо ва дастоварди ниҳоят азиз ҳифз намояд ва онро дар радифи дигар муқаддасоти миллиамон пос ва гиромӣ дорад. Ваҳдати миллӣ ҳамчун рамзи пирӯзиву хушбахтӣ ба мардуми тоҷик нерӯву тавони нав бахшид, дар қалби ҳар як сокини кишвар шуълаи умедро ба фардои ободу осуда фурӯзон намуд ва қалбҳои хурду бузурги мамлакатро пур аз шодиву фараҳ гардонид» [4].

  Бештари масъалаҳои муҳими рушди иҷтимоию иқтисодии кишварамон на танҳо ба ҳолати саноат, нақлиёт, инфраструктураи иттилоотӣ, балки ба омилҳои гуманитарӣ вобастагӣ доранд, ки дар байни онҳо муҳимтаринашон фарҳанги маънавии ҷомеа ва ваҳдати миллии кишвар ба ҳисоб мераванд. Маҳз ин омилҳо дар шароитҳои муосир барои рушди бомуваффақи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, инчунин барои мубориза ба муқобили хатарҳои дохилию берунии амнияти миллӣ муайянкунанда мебошанд.

  Фарҳанги маънавӣ ба фаҳмишу дарки ҳастӣ дар ягонагию алоқамандӣ ба ҳолати амнияти миллӣ таъсири назаррас мерасонад. Маҳз фарҳангҳои умумӣ ё универсалӣ муайянкунандаи устувори шуури ҷамъиятӣ мебошанд. Низоми арзишҳо ва меъёрҳои ахлоқӣ рафтори фардҳои алоҳида ва гурӯҳҳои аҳолиро дар ҷомеаи муосир муайян мекунанд. Ба омӯзиши масъалаи иттиҳод дар давлати полиэтникӣ донишманд Хосе Ортега-и-Гассет таваҷҷӯҳи махсус дода, қайд мекунад, ки «ваҳдату ягонагии миллӣ дар навбати аввал ба роҳ мондани робитаҳои наздики байни гурӯҳҳои этникӣ ва полиэтникӣ мебошад. Миллате вуҷуд дошта метавонад ва ташаккул меёбад, ки агар барои фардо барнома дошта бошад”[1]. Инчунин Ортега-и-Гассет илова мекунад, ки мо миллатро муҳофизат намуда, на рӯзи гузашта, балки фардоямонро муҳофизат мекунем.

  Таърихи ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳад, ки дастгирии ваҳдати миллӣ ба сифати омили таъмини ҳаёту фаъолияти миллат, истиқлолият ва ягонагии ҳудудии ин ё он кишвар баромад мекунад. Дар шароитҳои муосири ҷаҳонишавии ҷамъият ва шиддат гирифтани муборизаҳои рақобатнок дар бозори ҷаҳонӣ аҳамияти ин омил ба таври бесобиқа меафзояд. Аз ин рӯ, ваҳдати миллӣ имрӯз яке аз шароити зарурӣ ё кафолати ҳифзи амнияти миллӣ ба ҳисоб меравад. Аммо мо имрӯз ба мафҳуми “ваҳдати миллӣ” чи мазмуну муҳтавоеро ворид менамоем? Оё “ваҳдати миллӣ” – ин давлати бисёрэтникист, идеологияи ягонаи давлатист ё дини умумии одамоне мебошад, ки дар ҳудуди давлат зиндагӣ мекунанд?

  Ваҳдати миллии кишвар – ин пеш аз ҳама ваҳдати тасаввуроти халқи он оиди арзишҳои нисбатан аҳамиятноки маънавӣ мебошад. Арзишҳои ба ҳуввияти коллективӣ, миллӣ ва фарҳангӣ алоқаманди ҳамаи сокинони кишвар меҳвари ваҳдати миллиро ташкил медиҳанд. Маҳз ин арзишҳо, ки ба ягон намояндагони ин ё он этнос тааллуқ надошта мутаҳидии халқи кишварро таъмин намуда, миллатро ягона мегардонад.

  Ҳамин тариқ, шароити зарурии таъмини ваҳдати миллии халқи тоҷик умумияти фарҳангӣ, пеш аз ҳама, умумияти арзишҳои маънавӣ мебошад. Маҳз ин омилҳо хусусиятҳои махсуси ҳуввият, заминаҳои равонии шаҳрвандонро ташкил намуда, дар халқ сифати муҳими стратегиро бо номи ваҳдати миллӣ ташаккул медиҳанд. Ваҳдати миллӣ ҳангоме аз худ дарак медиҳад, ки агар миллат якхела ба хатари беруна ё бӯҳрони дохилӣ вокуниш нишон медиҳанд. Ба ибораи дигар, агар аксарияти аҳолии кишвари бисёрмиллата якхела ба хатари беруна ё бӯҳрони дохилӣ вокуниш нишон диҳанд ва дар он аз тарафи гурӯҳҳои гуногуни этникӣ, динӣ ва ё иҷтимоӣ ихтилоф мушоҳида нашавад, пас маълум мегардад, ки дар ин кишвар ваҳдати миллӣ ба вуҷуд омадааст. Маҳз ин ҳамон меъёрест, ки тавассути он дар бораи сатҳи ваҳдати миллӣ баҳо додан мумкин аст.

  Аз ин рӯ, зери мафҳуми “фарҳанги маънавӣ” мо маҷмӯи ҳамон қисматҳои фарҳангро мефаҳмем, ки барои ташаккулёбии принсипҳои ахлоқии рафтори одамон дар ҷомеа аҳамиятноканд ва дар заминаи онҳо муносибатҳо бо муҳити атроф, дигар одамон ва бо худи онҳо ба роҳ монда мешаванд. Ба чунин принсипҳо мо тасаввуротҳои инсонро оиди моҳияти зиндагӣ, хубию бадӣ, шаъну шарафи инсон, номус ва виҷдон, қарзу масъулият дохил карда метавонем.

  Ба ваҳдати миллии ҷомеаи тоҷикистонӣ аҳамияти дигар қисматҳои фарҳанги маънавӣ (эстетикӣ, илмӣ, корӣ, экологӣ ва ғайра) кам нестанд. Мо минбаъд таваҷҷӯҳи худро ба он қисматҳо ва омилҳое равона мекунем, ки имрӯз барои ҳалли масъалаҳои стратегии ваҳдати миллӣ ва амнияти Тоҷикистон нисбатан муҳим ва аҳамиятноканд. Чунин омилҳо арзишҳои маънавӣ мебошанд.

  Ҳар як ҷомеа низоми арзишҳои худро ташаккул медиҳад, ки ба идеалҳо ва талаботҳои аъзоёни ин ҷомеа мувофиқ меоянд, инчунин маҳз хусусиятҳои хоси чунин намуди фарҳанг ба ҳисоб мераванд. Сарвати аз ҷиҳати стратегӣ муҳими фарҳанги тоҷик арзишҳои маънавии анъанавӣ мебошанд, ки дар муддати таърихи дурударози рушди халқи мо ташаккул ёфта, хусусиятҳои асосии фарқкунанда ва махсусияти тоҷикистониёнро ҳамчун миллати воҳид инъикос мекунанд. Барои фарҳанги анъанавии халқӣ тоҷик хос чунин арзишҳои маънавӣ нисбатан аҳамиятнок ва афзалиятноканд:

  • арзишҳои ҷаҳонбинӣ, ки муҳимтаринашон тасавурот оиди мақсад ва моҳияти ҳаёт, эътиқоди динӣ, виҷдон ва шаъну шараф;
  • арзишҳои ҷамъиятӣ, ки миёни онҳо дар Тоҷикистон асоситаринашон ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ оиди тақдири кишвар, хизмат ба Ватан, эҳсосоти қарз ва эътирофи ҷамъиятӣ; 
  • арзишҳои ҳаётӣ, ки дар байни онҳо афзалиятнокашон муносибат ба волидон, фарзандон ва оилаи худ;
  • арзишҳои муоширати байнишахсӣ, мисли муҳаббат, дустӣ, виҷдон, боинсофӣ, меҳмондӯстӣ. 

  Дигар намудҳои арзишҳо (демократӣ, иттиҳодиявӣ, прагматикӣ) дар фарҳанги анъанавии тоҷик ҳамеша дар дараҷаи дуюм меистанд. Давоми даҳсолаҳои охир дар доираи фарҳанги маънавии ҷомеаи тоҷикистонӣ як қатор тамоюлҳои нигаронкунандаи манфӣ мушоҳида мешаванд, ки дар маҷмӯъ онҳоро бӯҳрони фарҳангӣ номидан мумкин аст, ки барои таъмини амнияти миллии Тоҷикистон, устувории иҷтимоии ҷомеаи тоҷикистонӣ, рушди минбаъдаи фарҳангӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодии кишварамон хатари ҷиддӣ доранд. Аз байни онҳо чунин тамоюлҳои нисбатан хатарнокро номбар намудан мумкин аст: 

  • дар байни аксарияти аҳолӣ поён рафтани чунин арзишҳои иҷтимоии барои фарҳанги тоҷик муҳим, мисли ватандӯстӣ, масъулияти шаҳрвандӣ доштан барои тақдири кишвар, эҳсоси ӯҳдадариҳо барои хизмат ба Ватани худ; 
  • дар шуури ҷамъиятӣ ба мадди аввал баромадан ва бартарӣ пайдо намудани чунин арзишҳои прагматикӣ, мисли накӯаҳволии моддӣ ва бойгарии шахсӣ, пешрафти касбию хизматӣ ва сиёсӣ, инчунин шаъну шараф ва иззату эҳтиром дар соҳаи санъат;
  • дар байни насли ҷавони шаҳрвандони тоҷикистонӣ поён рафтани аҳамиятнокии арзишҳои оилавӣ, эҳтиром ба волидон, хоҳиши ташкили оилаи устувор, таваллуд ва тарбияи фарзандон, кӯмак расонидан ба хешовандони кӯҳансол; 
  • вайрон шудани арзишҳои ҷаҳонбинӣ, аз даст додани мақсад ва маънии зиндагӣ, боварӣ ба оянда, тасаввуроти анъанавӣ оиди виҷдон ва шаъну шарафи шахсӣ; 
  • поён рафтани сатҳи ахлоқи ҷамъиятӣ ва меъёрҳои этикии рафтори инсон дар ҷомеа, муносибати он бо дигар одамон ва муҳити табиӣ. 

Имрӯз дар доираи фарҳанги маънавии Тоҷикистон чунин натиҷаҳои асосии рушди тамоюлҳои манфии номбаршуда мушоҳида мешаванд:

  • бепарвогию рӯҳафтодагии ҷамъиятӣ, нусхабардории тарзи зиндагӣ, қолибҳо ва меъёрҳои рафтору муошират, ки ба маданияти ватанӣ хос нестанд, мисли услуби либоспӯшӣ, анъана шудани истифодаи доимӣ ва бемавриди истилоҳоти хориҷӣ дар муоширати корӣ ва гуфтугӯи ҳаррӯза, таъсиру фишори рекламаҳои молу маҳсулоти воридотии хориҷӣ;
  • аз тарафи бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз даст додани эҳсоси ифтихор доштан нисбати кишвар ва гузаштаи он, фаромӯш намудани бисёре аз ҳодисаҳои муҳими таърихи кишвар, қаҳрамонони миллӣ ва анъанаҳои фарҳангӣ;
  • рушди коррупсия, намудҳои гуногуни қаллобӣ, ҷиноятҳои иқтисодӣ ва зӯроварӣ;
  • дараҷаи баланди нобаробарӣ ва ба табақаҳои иҷтимоӣ ҷудо шудани ҷомеаи тоҷикистонӣ;
  • дар муҳити ҷавонон паҳн шудани худхоҳӣ, бакамолнарасӣ, муносибати беэҳтиромона доштан нисбати меҳнат, қарзи шаҳрвандии худ, нисбати насли калонсол, паҳншавии майхорагӣ, нашъамандӣ, сигоркашӣ ва бадлафзӣ;
  • афзудани шумораи ҷудошавии ҳамсарон, оилаҳои ноосудаҳол, бепарастории кӯдакон ва ғайраҳою

  Соҳаи маориф яке аз самтҳои муҳимтарини тадбиқнамоии сиёсати давлатӣ дар соҳаи фарҳанги маънавӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷо барои Тоҷикистон масъалаи калидӣ барқарорнамоии бетаъхири низоми тарбияи ахлоқии насли ҷавони шаҳрвандони тоҷикистонӣ мебошад, ки айни замон пурра аз байн рафтааст. Ин низомро дар солҳои наздиктарин аз нав сохтан ва ташаккул додан лозим меояд. Бо ин мақсад зарур аст, ки на танҳо мазмуни бисёре аз барномаҳои таълимии мактабҳои миёна ва олиро аз нав дида баромадан лозим аст, балки ин соҳаҳоро бо омӯзгорони ботаҷрибаи соҳаи психология ва методологияи корҳои тарбиявӣ таъмин намудан ба манфиати кор хоҳад буд. Ин масъалаи мушкил буда, ҳалли он вақт ва хароҷоти зиёдро талаб менамояд. Аммо муҳимияти стратегии ҳалли ин масъала дурустии ин хароҷотҳоро собит менамоянд, зеро бе ҳалли ин масъала бисёре аз мақсадҳои азнавсозӣ ва рушди минбаъдаи кишварамон, инчунин таъмини амнияти миллӣ ба даст оварда намешаванд.

  Айни замон нақши фарҳанги маънавӣ дар ҳаёти ҷомеаи тоҷикистонӣ ба таври назаррас баланд меравад. Кӯшишҳои Президент ва Ҳукумати ҷумҳурӣ, ки ба азнавсозии ҷомеа равона гардидаанд, барои дар амал тадбиқгардӣ муттаҳидии халқҳои Тоҷикистон, таъминоти ваҳдати миллии кишвар ва сафарбар намудани тамоми захираҳои зеҳнию маънавиро талаб менамояд. Чунин ягонагию ваҳдатро танҳо дар асоси арзишҳои баланди маънавии барои фарҳанги анъанавии тоҷик хос таъмин карда мешавад. Имрӯз ин вазифа ниҳоят муҳиму аҳамиятнок аст ва аз ин рӯ, он бояд дар сиёсати давлатии Тоҷикистон дар самти фарҳанги маънавӣ мақоми афзалиятнокро ишғол намояд. Мақсади муҳимтарини стратегии сиёсати давлатии Тоҷикистон дар соҳаи фарҳанги маънавӣ бояд ваҳдати миллӣ ва ризоияти шаҳрвандӣ қарор гирад. Аммо ба ин мақсадҳо дар асоси консепсияи таъминоти накӯаҳволии моддии шаҳрвандон расида наметавонем, зеро ин консепсия на ҳама вақт ба ҳуввияти ҷомеаи тоҷикистонӣ ва фарҳанги анъанавии он мувофиқат мекунад. Ваҳдати миллии воқеии Тоҷикистон ва ризоияти шаҳрвандии ҷомеаи тоҷикистонӣ дар асоси фаҳмишу дарки якхелаи арзишҳои маънавии давоми асрҳои зиёд ташаккулёфта барқарор мегардад. Муҳимтарини онҳо худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва муҳаббат ба Ватан мебошад. “Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дарк намудаанд, ки устувор намудани пояҳои давлату давлатдории миллӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ, пеш аз ҳама, ба густариши эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ вобастагии мустақим дорад” [2].

  Сиёсати давлатии Тоҷикистон бояд ба барқароршавӣ, устуворгардонӣ ва ҳифзи ин арзишҳо равона карда шавад ва ин идеология дар қонунгузории кишварамон, махсусан Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикоси зарурии худро ёбад. Ин масъала дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хело равшан инъикос гардидааст: “Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад. Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд.

  Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд... Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд” [3].

  Дурнамои рушди устувору бехатари минбаъдаи тамаддун ба ҳолати фарҳанги маънавии ҷамъият, арзишҳо ва афзалиятҳои он алоқамандии зич дорад. Фарҳаги маънавӣ дар замони имрӯза омил ва кафолати муҳимтарини стратегии таъмини амнияти миллӣ ва байналхалқӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷо гуфтаҳои маъмули Иммануил Кантро дар бораи қонунҳои ахлоқӣ оиди инсон ёдовар шудан хело бомаврид аст: танҳо қонунҳои ахлоқӣ дар рӯҳи ҳар як шахс қобилияти зиндагӣ кардан дар ҷаҳони мураккаб ва хатарнокро таъмин карда метавонад. Дар ташаккули ин қонуни ахлоқӣ вазифаи асосии стратегии фарҳанги маънавӣ марҳилаи муосири рушди тамаддун ифодаи худро меёбад.

  Коркарди низоми нави фарҳанги маънавӣ холигии маънавии ҷомеаи моро бартараф намуда, роҳи дурусти инкишофи кишварамонро нишон медиҳад. Айни замон муҳим он аст, ки ҳангоми арзёбии идеяи миллӣ ҳифзи ҳукуку озодиҳои шаҳрванд ва манфиатҳои миллӣ дар зинаи аввал гузошта шавад, идеяи миллӣ ба ҳаёти муътадилу солими мардуми тоҷик тавъам бошад ва манфиатҳои миллӣ аз манфиатҳои гуруҳ ё шахсони алоҳида болотар истад, табақаи зиёӣ аз аҳамияти бештаре бархурдор гардад, зеро ин табақаи маълумотдори ҷомеа дар ташаккули идеяи миллӣ, ҳуввият ва худшиносии миллӣ, и ҷтимоишавии насли ҷавон накши муассире доранд.

  Агар вазъияти Тоҷикистонро таҳлил намоем, пас то барҳамхурии низоми шӯравӣ ба мо чунин арзишҳо, мисли боло будани манфиатҳои шахсӣ аз манфиатҳои ҷамъиятӣ, боло будани арзишҳои моддӣ аз арзишҳои маънавӣ, рафтори ғайриахлоқӣ ва ғайра бегона буданд. Шароити буҳроние, ки пас аз барҳамхурии шӯравӣ ба миён омад, аз худ халогии маънавӣ ва нигилизми ҳуқуқию ахлоқиро боқӣ гузошт. Аммо ботадриҷ одамон ба шароитҳои бозоргонӣ мутобиқ мегарданд ва дар ҷаҳонбинии онҳо гуногунфаҳмӣ пайдо мешавад. Дар байни аҳолии Тоҷикистон се категорияи одамон ташаккул меёбанд:

  • Насли калонсол, ки то ҳоло арзишҳои даврони шӯравиро дастгирӣ мекунанд, мисли ба ҷойи аввал гузоштани накӯаҳволии ҷомеа нисбати манфиатҳои шахсӣ, боло будани арзишҳои маънавӣ нисбати арзишҳои моддӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, ахлоқи намунавӣ, ростқавлӣ, меҳнатдӯстӣ, бовиҷдонию боинсофӣ беғаразӣ ва ғайраҳо.
  • Одамони ба истилоҳ «бозориҳо», ки зуд ба иқтисоди бозоргонӣ мутобиқ шуданд ва ҳоло ин амсила дар мо вуҷуд дорад. Арзишҳои онҳо ба он арзишҳое, ки одамони даврони шӯравӣ қадр мекарданд, муқобил мебароянд. Боло будани манфиатҳои шахсӣ аз ҷамъиятӣ, паст будани эҳсоси ватандӯстӣ (он ҷойеро ватан мегӯянд, ки аз ҷиҳати моддӣ зиндагии хуб доранд), ҷустуҷӯйи роҳи сабуки пулкоркунӣ, ғаразу тамаъҷӯйӣ ва ғайраҳо хоси ин категорияи одамон мебошад.
  • Одамони сатҳ ё қатори миёна, ки арзишҳои даврони шӯравиро қадр намекунанд ва арзишҳои даврони бозоргонӣ низ ба онҳо дахл надорад. Дар аксарияти онҳо ҳанӯз арзишҳо ташаккул наёфтаанд ва миёни ду категорияи одамони номбаршуда мекалаванд ва ҳар ду низоми арзишҳоро нодуруст ҳисоб мекунанд. Раванди ташаккулёбии арзишҳои нав кашол меёбад ва бо ҳамин сабаб дар Тоҷикистон то ҳанӯз устувории иҷтимоӣ пурра барқарор намегардад. Суханҳо ба рафторҳо муқобиланд, зуҳуротҳои манфии ҷомеа мавриди танқиди шадид қарор мегиранд, аммо вуҷуд доранд. Аз ин рӯ, дар чунин шароити зиддиятнок ташаккул додани арзишҳо хело мушкил аст.

  Фарҳанги маънавии ҷавонон (на танҳо фарзандон, балки наберагони насли шӯравӣ) то ҳол пурра муайян нашудааст. Айни замон ташаккулёбии субъкултураҳои зиёди ҷавонон мушоҳида мешавад. Дар баробари он насли калонсол аз набудани арзишҳои мусбии ҷавонон, прагматизми аз ҳад зиёди онҳо, фардгароӣ, синизми иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии насли ҷавон шикоят мекунанд. Аммо маҳз ин насл нисбатан насли озод аз шуури ғуломона мебошад. Умед ҳаст, ки маҳз ин насли ҷавон то дараҷае ба ҳаёти воқеан демократӣ дар Тоҷикистон, ташаккулдиҳии ваҳдати миллӣ ва маданияти миллӣ дар асоси принсипҳои озодӣ, шаъну шараф, масъулияти шахсӣ, ташвиш доштан на ба накуаҳволии давлат, балки ба корҳои шахсӣ ва камолоти ахлоқӣ омода аст” [3]. Мувофиқи таълимоти Конфутсия маҳз аз ташвиш доштан ба корҳои шахсӣ ва ташаккулдиҳии ахлоқ накӯаҳволии халқ вобастагӣ дорад. Дар ин маврид ҳифзи гуногунии фарҳангӣ кӯшишҳои зиёдро талаб намекунад. Умуман, ҳар як маданияти гурӯҳи иҷтимоӣ, минтақа ва халқ, ки қобилияти як қисми маданияти умумиро дошта бошад, он маданият зинда мемонад ва ба ваҳдати миллат мусоидат менамояд.

  ШОИСМАТУЛЛОЕВ Ш. , МИРОВ Ф.С.

Маҷаллаи «Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ». «Дониш»-Душанбе. 2017, №3 (247)

Адабиёт

  1. Ортега-и-Гассет. Избранные труды. - Киев, 1994.
  2. Паёми Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон [Электронный ресурс] // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Режим доступа: http://www.president.tj/node/10585 (Дата обращения: 01.2016).
  3. Паёми Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон [Электронный ресурс] // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Режим доступа: http://www.prezident.tj/node/13739 (Дата обращения: 12.2016).
  4. Эмомалӣ Раҳмон. Суханронӣ ба муносибати 18-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ [Электронный ресурс]/ Раҳмон Эмомалӣ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Режим доступа: http://www.president.tj/node/9240 (Дата обращения:06.2015).
Хондан 6087 маротиба