JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 22 Августи 2019 06:34

Мақоми оилаи солим дар ваҳдати ҷомеа ва истиқлоли миллӣ

Муаллиф:

  Нақши оилаи дар ҷомеа муҳим буда, танҳо оилаи солим метавонад пешрафт ва раванди зиндагиро дар ҳолати муътадил нигаҳ дорад. Пеш аз ҳама оилаи солим фазои солиму латиф, осудагиву озодагӣ, нармию гармиро фароҳам месозад; дуюм оилаи солим насли солим, фарзанди солеҳу боодобу ахлоқи ҳамида ба дунё меорад; сеюм оилаи солим поя ва асоси ҷомеаро ташкил намуда, дар ташаккулу суботи ваҳдати ҷомеа кумак мекунад. Танҳо оила аст, ки ба аҳли хонавода, махсусан фарзандон беҳтарин арзишҳои маънавӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва хонаводагиро, ба мисли тарбия, омӯхтани забон ва гуфтору рафтор, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир, ватандӯстиву ватанпарварӣ, инсондӯстӣ, худшиносӣ ва хайру саодат таълим медиҳад. Зеро ки то падару модар дар вуҷуди фарзанд аз кудакӣ худшинос будану меҳру муҳаббат доштан ба миллату ватан ва фарҳангу суннати хешро ҷо накунад, фарзанд аз ҳувияти миллӣ бехабар мемонад. Ҳувияти миллӣ ин надоштани шахсият ва бенажодии инсонро гувоҳӣ медиҳад.

  Пешвои миллатамон дар суханронии хеш дар ҷаласаи умумиҷумҳуриявӣ доир ба танзими расму ойинҳо ва анъанаву маросимҳои динӣ, 24 майи соли 2007 махсусан таъкид намуда буданд, ки «вазифаи муқаддаси падару модар, пеш аз ҳама, тарбия намудани фарзанди баодоб, хушахлоқ ва ватандӯсту ватанпарвар мебошад»[1].

  Бояд гуфт, ки дар оила мақом ва манзалати модар хело бузург аст, чунки модар аст, ки фарзанд ба дунё оварда, аввалин ҳарфро ба ӯ ёд медиҳад. Президенти кишварамон борҳо дар баромадҳояшон доир ба нақши модар дар тарбияи фарзанд ва солимии хонавода гуфта гузаштаанд, ки «дар оилае, ки модар дорои маърифати баланд аст, фарзандони нек ба воя мерасонад. Бинобар ин худи модарон бояд соҳибмаърифату бофарҳанг ва дорои ҷаҳонбинии васеъ бошанд, то ки тарбияву парасторӣ, камолоти маънавию ҷисмонӣ ва ба ҳаёти мустақилона омода кардани фарзандонашон нақшу мақоми он ба хубӣ эҳсос мегардад. Дар ин ҳолат афроди ҷомеаи таълимдидаву тарбиягирифта, соҳибмаърифату донишманд ва худогоҳу худшинос, пеш аз ҳама иззату эҳтироми падару модари худро ба ҷо оварад, дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои муқаддаси Ватан рисолати инсонӣ ва қарзи фарзандии худ медонанд»[2]

  Аз ин фармудаҳои Пешвои миллат бармеояд, ки мақоми модар ва зани на танҳо дар оила, балки дар пешрафт ва ваҳдатгароии ҷомеа ва ҳифзи истиқлолияти миллӣ ниҳоят бузург аст. Модарон буданд, ки бо ҳисси волои ватандӯстиву миллатдӯстӣ фарзандону оилаҳои худро муттаҳид сохта, барои ба даст овардани Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ зидди ҳар гуна гурӯҳҳои мухталифе, ки муқобили давлату кишвар баромада буданд мубориза карданд ва бо саъю талоши зиёде аз кишвари соҳибистиқлоли хеш ҳидоят намуданд.

  Имрӯз ҳам дар байни занону модарон шахсони боҳиммате ҳастанд, ки барои солимии оила ва тарбияи дурусти фарзандон ва ояндаи дурахшони онҳо саъю талош менамоянд. Модарон новобаста ба он ки мушкилот ва равандҳои гуногуни зиндагониро аз сар гузаронида бошанд ҳам фарзандонеро дар муҳити давлати ҳуқуқбунёд таълиму тарбия намудаанд, ки барои ваҳдату ба даст овардани истиқлоли миллӣ дар замони муосир бо афкори илмӣ-фарҳангӣ ва нигоҳи наву кушиш баҳри расидан ба марому мақсади нек бо фарҳангу маърифати боло амал намоянд. Истиқлоли миллии кишварамон имконият ва шароит муҳайё кард, ки мардуми мо нисбатан озод ва худшиносиву ҳувияти миллӣ дошта бошанд ва пайгири масоили муҳими рӯз гарданд ва бар зидди ҳар гуна унсурҳои зараррасони бегона, ки бар зидди пешрафти ҳаёту зиндагиамон мебошад ва ҷаҳлу гумроҳии фарҳангиву миллӣ мубориза кунанд.

  Дар худшиносии оила нақши ахлоқ ва фалсафаи он хеле муҳим аст. Фалсафаи ахлоқ шохае аз фалсафа буда, мавзӯи баҳси он афъоли хуб ё бад, дуруст ё нодуруст, аъмолҳои бояду набоядҳо ва ҳамчунин ботини поку равшан ва ё торику тира ва амсоли инҳоро дар бар мегирад. Фалсафаи ахлоқ навъе аз ахлоқшиносӣ аст, ки асоси раванду равиши ахлоқ – ахлоқи ҳасана ва замимаро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Мутафаккирони шарқи асримиёнагии форсу тоҷик дар атрофии ин мавзӯи муҳим баҳсу мунозираҳои зиёде намуда, бештар аз ҳикмати амалӣ сухан кардаанд, ки мавзӯи баҳси он худи инсон ва хулқу одоб ва одату афъолу кирдори ӯро дар мегирад.

  Аз таҳлилу баррасии таълимоти ахлоқии як гурӯҳ донишмандон ва мутафаккирони тоҷику форс Муҳаммад Закариёи Розӣ, Абӯабдуллои Рудакӣ, Носири Хусрав, Ҳусайн Воизи Кошифӣ, Насируддини Тусӣ, Мавлонои Балхӣ, Имоди Фақеҳи Кирмонӣ, Шамсуддин Муҳаммад Лоҳиҷӣ, Файзи Кошонӣ, Соиби Табрезӣ, Сайидои Насафӣ, Маҳдии Нароқӣ ва монанди инҳо бармеояд, ки доштани ахлоқ ва худшинос будан ин як ёрии бузурге ба феълу рафтори инсонӣ ва мавқеи ӯ дар пешрафти оила ва ҷомеа аст. Яке аз устодон ва донишманди илми ахлоқ Маҳдии Нароқӣ дар асари машҳури хеш «Ҷомеъ-ул-саодот» дар бораи тарбияи фарзанд фармудаанд, ки «осонтарин натоиҷ барои пазириши ҳар хулқу одат солҳои кудакӣ аст, зеро нафсҳои тифлон аз зиддиятҳо ва хостаҳое, ки монеи пазириш бошад, холӣ аст. Бинобар ин бар падарон воҷиб аст, ки фарзандони худро ба одоби неку тарбият кунанд ва онҳоро аз майл ба амалҳои зишт боз доранд, то ки нафсҳои онҳо тарки разоил кунанд ва ба ахлоқи нек одат намоянд[3].

  Файзи Кошонӣ (асри 15-16) муаллими воломақоми ахлоқ дар китоби «Ахлоқи ҳасана» -и хеш дар бораи ахлоқ ва тамоми категорияҳои он - ҳам ахлоқи ҳасана ва ҳам ахлоқи замима маълумоти васеъ дода, роҳҳои наҷот ёфтани инсонро аз ахлоқи замима ва ё разила, ба монанди ҳасад, бухл, кибру ғурур, такаббуру худхоҳӣ, хабаркашиву хабарчинӣ, забон ва оқибатҳои он, уҷбу худбинӣ, кинаву риё, шаҳватрониву нафспарастӣ, айбҷӯиву тамасхуркунӣ ва амсоли инҳо баррасӣ намудааст. Мутафаккир дар баробари ин категорияҳои ахлоқи нек, яъне ахлоқи ҳасанаро-ба монанди: сабр ва фазилатҳои он, шукр ва фазилати он, ризо, муҳаббат ва навъҳои он, хайру саодат, ростӣ ва дурустӣ ва ғайраҳоро низ мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор додааст, ки омӯзиши он барои тарбияи маънавии насли инсонӣ аз аҳамият холӣ нест. Мутаассифона, мо дар ин навиштаи мухтасар наметавонем ба таҳлили ин категорияҳои ахлоқӣ бипардозем, лекин ба волидайн ёдрас менамоем, ки як бор ба оинаи вуҷудашон нигаранд, ки унсурҳои ахлоқи разила то кадом ҳад дар вуҷуди онҳо реша давондааст ва ҳамчунин оинаи қалби онҳо аз категорияҳои ахлоқи ҳасана дурахшиш дорад, ё не. Албатта, ин ҷойи айб нест, балки ҷои ислоҳи он аст, то ки баъдан тавонанд фарзандони хешро дар рӯҳияи ахлоқи ҳасана ва ё ҳамида тарбия намоянд ва онҳоро аз ин аъмоли зишт барҳазар доранд ва оилаи солимро ҳифз намоянд. Дар ин бора Файзи Кошонӣ навиштааст, ки ҳоло агар касе бихоҳад комилан аз айбҳои худ бохабар шавад бояд рафиқ ва ё шахси ростгӯву боимонро барои худ пайдо кунад ва ӯро муроқиби худ қарор диҳад, то вай ба тамоми маънӣ аҳвол ва феълу атвори ӯро бозрасӣ намояд. Ва ахлоқу афъол ва айбҳои ботиниву зоҳирии ӯро, ки хориҷ аз қонун буда, ба вай бозгӯяд ва танбеҳаш кунад ва ё ин ки аз душманон, ё бадбинони худ айбҳояшро аз даҳони онҳо бишнавад, чунки чашми душман корҳо ва одатҳои зиштро мебинад ва ба хубӣ ташхис медиҳад.[4]

  Ҳадаф аз ҷумлаи поён ин аст, ки чашме, ки комилан аз одаме хушнуд аст, аз изҳори айбҳо оҷиз аст, аммо дидаи норозӣ ҳамаи корҳо ва рафторҳои бадро мебинад ва бе каму кост ба тарафи муқобили худ мегӯяд. Роҳи дигар ин аст, ки инсон ҳар чӣ аз назари онҳо нисбат ба айбҳои худ мешунавад, саъй намояд, ки он айбу эродҳои худро тарк кунад ва ҳарчи писандида аст омӯзиш намояд, чунки ба қавли Кошонӣ «муъмин бародари муъмин аст, яъне айбҳои худро дар ӯ мебинад[5].          

  Тарбияи инсон ва фарзандон агар саҳлу осон мешуд, бузургон ва устодони ахлоқ, ба монанди Ҷалолуддини Давонӣ (Ахлоқи Давонӣ), Ҳусайн Воизи Кошифӣ (Ахлоқи Муҳсинӣ), Мулло Муҳсин Файзи Кошонӣ (Ахлоқи ҳасана), Маҳдии Нароқӣ (Ҷомеъ-ул-саодот) ва бисёри дигар мутафаккирон китобҳо ва рисолаву маснавиҳои ахлоқиро барои инсоният наменавиштанд.

  Натиҷаи тарбияи нодуруст аст, ки меҳру муҳаббати бисёр   фарзандон фақат ба пулу молу мошин ва манфиат аст. Агар ба ҳаёту фаъолияти мутафаккирони асримиёнагии тоҷик назар афканем дар хонаводаи онҳо як ё ду фарзанд буд, зеро ки тарбияи фарзандони зиёд сахт ва мушкил буд ва агар онҳо ду нафар мебуданд ҳатман як нафар ба омӯзиши илму адаб ва дигаре ба тиҷорат ва ё касбу шуғлҳои дигар машғул мешуд. Мисоли беҳтарин ин Абӯалӣ Ибни Сино ва Носири Хусрав ҳастанд, ки бародарони онҳо ҳарду ба корҳои тиҷорат машғул буданд, аммо худи онҳо, махсусан Ибни Сино шабу рӯз ба омӯзиши илму маърифат ва аз назди ин устод ба он устод машғули таҳсилу аз худ намудани илму адаби замона буд. Носири Хусрав бошад дар дарбори салчуқиён хазинадор буд, вале дар синни чиҳилсолагӣ тарки молу дарбор намуда, ба сафари тӯлонӣ баромад ба хотири омӯзиши илму дониш ва ошноӣ ба мазҳабу тариқатҳои гуногун ва интихоби роҳу равиши дурусти зиндагӣ. Аммо имрӯз фарзандону ҷавонони мо аз хондану аз бар кардани илму дониш ва ахлоқи хамида нисбатан дур шуда истодаанд, онгоҳ бо чунин раванди зиндагии беилмиву бедонишӣ ва беахлоқӣ онҳо чигуна аз ваҳдату истиқлолияти миллиамон ҳимоят мекунанд. Падару модарони азиз малол нашаванд, ҳанӯз вақт аст, ки ба тарбияи фарзандон вобаста ба талаботҳои замони муосир машғул шавем, ба кору рафтор ва аъмолу хулқи онҳо бо ҷиддият аҳамият диҳем. Бояд ба қадри ғамхориву заҳматҳои Пешвои миллатамон расем ва ба гуфтаҳои Он кас амал кунем, зеро ки Ваҳдату Истиқлоли миллӣ ба осонӣ ба даст наомадааст ва ин кишвари ободу солим бо муҳаббат ва ишқ сохта шуда истодааст. Бигузор, зебоиҳои табиату сохторҳои онро мо бо ахлоқи писандидаву илму дониш ва маърифати худ боз ҳам зеботару равшантар гардонем.

  Зан-модари муосир дар раванди анҷоми корҳои давлатӣ-иҷтимоӣ, рисолати офарандагию тарбиятгарӣ, навиштани корҳои илмию тадқиқотӣ, мудирият, тиҷорат ва амсоли инҳо боз масъулияти муҳими дигарро иҷро менамояд. Ба дунё овардани фарзанд, модар будан, хонадориву шавҳардорӣ намудан, тарбияи фарзанд ва ҳифзи он аз муҳитҳои носолим, муҳофизати муҳити нарму солими хонавода. Аз ин рӯ, бар души зани муосир иҷрои анҷоми корҳои зиёде бор шудааст, аммо ӯ аз ин тарс надорад ва бо иродатмандӣ барои солимии оила ва ҷомеаи хеш мекушад. Пас, ҷомеа ва аҳли оила низ дар навбати худ аз обрӯ ва саломатии ӯ бояд ҳифз кунанд, чунки модари солим сарчашмаи оилаи солим ва ҷомеаи солим аст. Аз ин ҷо, «нақши оила ҳамчун рукни ибтидоии ҷомеа басо муҳим аст. Зеро оила нахустин бунёди иҷтимоиест, ки дар он пайванд ва ворисияти наслҳо амалӣ гашта, ташаккули инсон ҳамчун шахсияти бархурдор аз одобу фарҳанги миллӣ сурат мепазирад».

  Дар ҳаёт зану шавҳар шарики зиндагианд ва дар масири зиндагӣ якдигарро ёру ёваранд ва ҷавҳари асосии оилаанд, вале оила дар навбати худ ҷавҳари асосии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Ҷомеа бошад пойдевори асосии давлат аст, бинобар ин оилаи солим ва фарзандони солим ин калиди асосӣ ва ояндаи давлат ҳисобида мешавад.

  Бинобар ин, таълим ва тарбияи фарзандон дар оила ҳам вазнинтарин масъулият ва ҳам босаодаттарин давраи омӯзиш дар ҳаёти падару модарон мебошад. Зеро аз аввалин рӯзҳои зиндагонии тарбиявӣ-ахлоқии рушди ҳар як фарзанд масъулияти сангине бар души волидайни онҳост. Ин масъулият пеш аз ҳама бар асоси он ташаккул меёбад, ки кудак як иртиботи муҳимеро байни худ ва падару модар месозад, то ки тавассути он рушду ташаккули ахлоқии кудак рӯз то рӯз, ҳар лаҳзаву соат дар марҳилаҳои мухталифи ҳаёташ оҳиста-оҳиста инкишоф ёбад. Тарбияи фарзандро бояд бо назардошти табиату ҳолатҳои равонӣ ва муҳити зисти ӯ анҷом дод.

  Мақсади тарбия тавсия ва густариши зарфияти ботинӣ ва қувваи фаҳми кудак буда, он набояд маҷбурӣ ва ба воситаи зӯру танбеҳ амалӣ шавад, балки чунонки гуфта шуд ба ҳолатҳои рӯҳу равони ӯ нигоҳ карда, амал кардан зарур меояд. Агар волидайн тарбияи кӯдакро масъалаи содда шуморанд ва дар тарбияи фарзанд саҳлангорӣ намоянд, аз кудак рафтори дуруст, тани солим, ахлоқи некро набояд интизор шаванд. Чунки ҳодисаҳои нохуше, ки дар солу моҳҳои охир дар ҳаёти кудакону наврасон рух додааст, ба монанди дар об ғарқ шудан ва ё худкушӣ намудани фарзандон, ки иллати асосии он беэътиноии худи волидайн мебошанд.

  Тарбияи фарзанд дар асоси ҷаҳонбинӣ, тафаккуру дониш ва арзишҳои маънавии падару модар сурат гирифта, инъикосгари шахсияти падару модар дар тафаккури кудак мебошад. Тибқи ин баёнот волидайн бояд ба ду ҷиҳати масъала диққати худро бештар равона намояд: 1. Таваҷҷӯҳи волидайн ба фарзанд дар оила; 2. Робитаи ҷудонашаванда пайдо кардани волидайн бо мактаб ва муҳити зисти иҷтимоии кудак. Азбаски тавассути масъулияти оила тамоми фазилатҳо ва зебоиҳо ҳамчун гавҳар дар вуҷуди фарзанд кошта мешавад, мактаб ҳам ин равандро идома бахшида, дар рушду такомули фарзандон саҳм мегузорад. Пас, барои расидан ба ин марому мақсади ягона бояд байни муаллимон ва волидайн як иртиботи устувори ҳамкорӣ вуҷуд дошта бошад.

  Аксари кулли падару модарон кушиш менамоянд, ки фарзандони онҳо боадабу бомаърифат, бо шахсият, донишомӯз ва шаҳрванди ба номуси ватани хеш бошанд. Аммо, новобаста бар он, ки падару модарон имрӯз зиёдтар кушиш мекунанд, ки фарзандонашонро ба беҳтарин донишгоҳҳои ҷаҳонӣ хононда, соҳиби маълумоти арзанда гарданд, вале ин на ҳама вақт мушкили онҳоро ҳал мекунад. Чунки то замоне, ки худи волидайн дар таълиму тарбияи ахлоқӣ ва донишомӯзии онҳо саҳмгузор набошанд, яъне хондани китобу омӯзиши фанҳо ва интихоби касбро бо назардошти хостаҳои қалбиашон ба онҳо ёд надиҳанд ва раҳнамоӣ накунанд, ҳеҷ донишгоҳ, муаллим, мудири он мактаб наметавонад талаботҳои фарзандон ва волидайнро қонеъ гардонанд. Аз тарафи дигар хулқу рафтори неки фарзанд низ яке аз масоили муҳими ҳалкунандаи тақдири онҳо мебошад.

  Мутафаккири бузурги асри 14 Имоди Фақеҳ дар фасли чоруми «Сафарнома»-и хеш дар фасли «Насиҳат ба фарзанд» дар мисоли фарзанди худ инсонҳоро ба хулқи неку, рафтору гуфтори солеҳ, фазлу ҳикмат, илму амали ҳасана даъват мекунад ва мефармояд, ки гавҳари инсонӣ ва нияти инсони поксиришт дар рафтору кирдори ӯ бидуни риё таҷаллӣ пайдо мекунад. Ӯ ба инсонҳо панд дода менависад:

 

Рӯй матоб аз назари аҳли илм,

Сар макаш аз хоки дари аҳли илм….

Гар надиҳӣ умр ба ғафлат зи даст,

Сар биниҳад пеши ту ҳар кас, ки ҳаст.[6]

 

  Ба фикрам ҳамин чор мисраи шеърӣ ҷавоб ба волидайн ва аҳли байти ҳар хонадон дар тарбияи илмомӯзии фарзандони онҳо медиҳад. Албатта, дар ин ҷо ҳадафи Имод пеш аз ҳама тарғибу ташвиқи аҳли илм ва қадрдонӣ аз онҳо мебошад, ки ин масоил чи дар замони ӯ ва чи барои замони ҳозир актуалӣ мебошад, ки дастгирии аҳли илм аз вазоифи асосии ҳар ҷомеаву ҳар давлат мебошад. Аз ин ҷо, ба қавли бузургон аҳли илм хор шуд, ҷомеа хор шуд.

  Ба туфайли дастгириҳои Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои давраи Истиқлолият қоматҳои хамидаи аҳли илми ҷомеа аз нав баланд шуд ва имрӯз шукри Ваҳдату Истиқлолият, ки илм дар айни рушду камолот аст. Пешвои миллат дар суханронии худ дар мулоқот бо намояндагони зиёиёни мамлакат аз 20 марти соли 2002 таъкид намуда буданд, ки «илм, таърихи инсонӣ ба мисли сангҳои қимматбаҳо мебошанд, ки боди айём метавонад гардолуд кунад, вале ҳамзамон, чун онҳоро тоза кунӣ. Боз ба мисли офтоб медурахшанд»[7].             

  Дар оила, аз як тараф заминаҳои моддиву маънавӣ аз зан вобастагӣ дошта бошад, аз тарафи дигар ӯ монеаи бероҳа шудани фарзандону шавҳар дар ин масири зиндагӣ мегардад, то ки вазифаи муқаддаси худро ҳам аз лиҳози шаръӣ ва ҳам аз ҷиҳати дунёӣ шарофатмандона анҷом диҳад. Яъне зан-модар бо оилаи хеш тавассути тарбияву таълим ба сифати занҷири васлкунанда, ҳамчун интиқолдиҳандаи арзишҳои миллӣ аз як насл ба насли дигар амал намуда, дар пойдору устувор нигаҳ доштан ва дар вуҷуди фарзандон тарбия кардани ҳисси миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба он арзишҳо нақши арзанда мебозанд.     

  Дар замони ҳозир тарбияи ахлоқии насли муосир, хонаводаҳо, умуман инсонҳо ин як амр ва шарти муҳим аст. Аз ин ҷо, тарғибу ташвиқи ахлоқи ҳамида ва аз байн бурдани ахлоқи зишту разила ва монанди инҳо аз тарбия вобастагӣ дорад. Яъне адаби фарзанд яке аз самтҳои муҳими пешрафту камолоти фарзандон ва умуман инсонҳо мебошад. Дар бораи адаб ва таъбири он Имоди Фақеҳ дар асари худ «Тариқатнома» чунин навиштааст, ки адаб иборат аст аз таҳсин, яъне таърифи ахлоқ ва таҳзиби ақвол – гуфтору кирдор ва афъолу атвор, ки он дар навбати худ ба ду қисманд: афъоли қалбӣ, яъне ботинӣ, ки онро ниятҳо мехонанд ва афъоли зоҳирӣ, ки онро аъмол мехонанд.[8] Аз назари мутафаккир, адаби комил он аст, ки зоҳиру ботини инсон бо покиву некӣ, яъне ахлоқи ҳасана сиришта бошад:

Адаб, таҳсини ахлоқ асту афъол,

Вале афъол ният асту аъмол.[9]

 

  Ин фармудаҳои мутафаккири дар боло номбаршударо беасос наовардем ва ба нияте овардаем, ки шояд фарзандон ва волидайни муҳтарам панде гиранд аз бузургони ахлоқ. Зеро ки падару модарон дар рушди ахлоқ, маърифат таълиму тарбияи фарзандон асоси ҳама гуна аъмолу кирдори ҳамидаи онҳо мебошанд. Муносибатҳои нави маданӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ дар оила иҷрои фармудаҳои падару модарон ва ҳамчунин иҷрои хостаҳои фарзандон дар ҳадди зарурӣ: дар сатҳи фарҳангӣ, моддӣ ва маънавӣ, нисбати ватану  миллати худ вафодор будан, худшинос ва ҳувияти миллӣ доштан, омӯзиши илму фарҳанг ва тамаддуни миллатамон ва дар баробари ин ошноӣ  ба дигар фарҳангу тамаддунҳо, дар пешрафту ташаккули кишварамон саҳмгузор будан, эҳтиромгузорӣ ба тамаддуну фарҳанги гузаштаву имрӯзаамон ва монанди инҳо аз тарбияву таълим вобастагӣ дорад.

  Дар дунёи пешрафтаи муосир марому мақсади асосии таваҷҷӯҳи роҳбарияти сиёсии мамлакат ба таҳкими мақоми иҷтимоии оила, махсусан занон, ки вазифаи аввалини онҳо тарбияи насли имрӯзаву ояндаанд нигаронида шудааст.

  Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ, дар навбати худ, пеш аз ҳама ба шинохти чеҳраи иҷтимоӣ-сиёсии падару модарон ва масъулияти онҳо нисбати ба тарбияи фарзандон, ки ояндаи миллатанд, мусоидат намуд. Занони тоҷик дар давраи соҳибистиқлол буданашон дар баробари рисолати модарӣ ва ҳамсарӣ боз рисолати роҳбариро низ сарбаландона метавонанд анҷом диҳанд, ки ин аз баракати Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ ва дастгириҳои Пешвои миллатамон аст.       

  Умедворем, ки ин навиштаҳои мухтасар як рамзи такондиҳанда ва раҳнамое шавад барои оилаҳо дар таълиму тарбияи ахлоқӣ, илмӣ, моддӣ, иҷтимоӣ ва маънавии насли наврас ҳамчун созандагон ва ахтарҳои дурахшони ояндаи кишварамон.

 

  Муродова  ТОҶИНИСО

ходими пешбари илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М. Баҳоваддинов

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№4 (17), 2019

 

[1] Роҳнамо. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо. Душанбе. «Балоғат», 2017.-С.44

[2] Эмомалӣ Раҳмон. Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад. Душанбе, 2013.-С.295

[3] Маҳдии Нароқӣ.Ҷомеъ-ул-саодот». Тарҷумаи Ҷалолуддини Муҳтабо. Интишороти.: «Ҳикмат», Теҳрон,1377.-С.64-65

[4] Мулло Муҳсин Файзи Кошонӣ. Ахлоқи ҳасана. Теҳрон,1369.-С.26-27

[5] Ҳамон ҷо.-С.27

[6] Имоди Фақеҳи Кирмонӣ. Сафонома.  Таҳлили девон ва шарҳи ҳоли Имодуддин Фақеҳи Кирмонӣ. Навиштаи Аҳмади Нозирзода…Теҳрон, 1374.-С.305

[7] Эмомалӣ Раҳмонов. Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат. Ҷилди 4. Душанде. «Ирфон», 2002.-С.303

[8] Имоди Фақеҳ. Тариқатнома. Таҷлили девон ва шарҳи ҳол….Теҳрон, 1379.-С.279

[9] Ҳамон ҷо

Хондан 3930 маротиба