JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 03 Сентябри 2019 08:52

Фарҳанги миллӣ дар баробари воқеиятҳои имрӯзӣ

Муаллиф:

  Аз бозе ки инсон худро дар баробари табиат ва ҷаҳони бекарон шинохт, ба эҷод ва офариниш машғул шуд ва аз ин тариқ нахуст мубориза ва муқовиматро барои зинда мондан ва баъдан ба вуҷуд овардани фазои муътадили зистӣ идома дод. Дар масири шинохт ва муқовимат бо ҳаводиси табиӣ инсонро маҷмӯаи донишҳою бинишҳояш, ки аз роҳи таҳрики  сохтмони мағзӣ имконпазир шуда, шартан фарҳанг ном гирифтаанд, мадад кард. Аз ин ҷост, ки фарҳанг қудрат ва тавоноии равонию ҷисмии инсон аст, ки ӯро дар идомаи ҳастӣ кумак мекунад ва дар бархӯрдҳои зиндагӣ муқовиматпазир месозад.

  Ба сухани дигар, инсон, аз замоне ки бо кумаки абзорҳои сохтаи хеш кори иҷтимоии муфид анҷом дода тавонист, роҳи хешро аз соири ҳайвонот ҷудо карда, ба ин ҳақиқат пай бурд, ки дар ҷойгоҳи фаротар аз ҷаҳони ҳайвонӣ қарор дорад ва мавҷуде тавлидгар ва офаранда аст (ниг.: Фашоҳӣ Муҳаммадризо. Аз Готҳо то машрутият. Гузорише кӯтоҳ аз таҳаввулоти фикрӣ ва иҷтимоӣ дар ҷомеаи феодалии Ирон. –Теҳрон, Гутенберг, 1354. -С.7). Маҳз ҳамин ҳунари офарандагӣ ва тавлидгарӣ, ки аз қудрату неруи инсонӣ бармеояд, фарҳанг номида мешавад ва инсон бо ин навъи қудрату дониш асрҳо ҷаҳони перомуни худро ободу зебо карда, то имрӯз дар  ин масир бардамона гом бармедорад. Ба ин маънӣ:

Инсон, ки ба фарзонагӣ гардида ҳамоҳанг,

Дар оварад замину замонро ба фарочанг,

«Фар» донишу қудрат буваду «ҳанг» мар оҳанг,

Бо ин «фар»-у ин «ҳанг» шуда халқ бафарҳанг.

   Ҳадафи зандагӣ ва зистан ҳам дар тасаввури инсон ҳамин фарҳанг аст, ки дар буруз кардани тавоноиҳои ботинӣ ва сириштӣ ва мунтаҳо, раҳонидани мардум аз мушкилоти зиндагӣ таҳаққуқ меёбад. Дар саргаҳи фарҳанг ва қудрати фарҳангӣ ақлу донишу ҳуш, ки аз огоҳӣ сарчашма мегиранд, қарор дорад. Инсони огоҳу ҳушманд ҳамеша барои огоҳӣ бахшидани навъи башар кӯшиш кардааст ва ин навъ инсонро «фарҳангӣ» унвон додаанд, ки ин унвони ифтихории иҷтимоӣ то имрӯз дар миёни ҷомеа аз маҳбубияти вижа  бархӯрдор аст. Фарҳангиён бо роҳандозӣ кардани барномаҳои фикрию маданӣ ҳувият ва натиҷатан, фарҳанг дуруст карда, муносибатҳои инсониро бар мабнои фарҳанг устувор намуда, як ҷомеаи низомманд месозанд. Ҷомеаи низомманд ҷомеаи озоду созанда буда, тафоҳуму ҳамзистии фарҳангиро дар муҳитҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд меоварад. Гузашта аз ин, ҷомеаи низомманд фарҳанги миллиро аз қайдубандҳои гуногуни ахлоқӣ, фикрӣ, ақидатӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ эмин медорад ва роҳро барои расидан ба ҳадафҳои инсонӣ ва давлатсозии миллӣ ҳамвор месозад. Ин масъалаи муҳимест, ки дар шароити феълии давлатсозии миллӣ корсоз мебошад.

  Мусаллам аст, ки дар таърихи инсонӣ ҳамеша дар муқобили фарҳангу доноӣ ҷаҳолату бефарҳангӣ қарор дошт ва қудратмандону гурӯҳҳои манфиатхоҳ барои рахна эҷод кардан дар фазои фарҳангӣ ва аз ин тариқ ба ниёзҳои сиёсию иқтисодии худ даст ёфтан нақшаҳои шум мекашиданд ва ноамнию бесуботиро дар манотиқи мухталифи сайёра ба вуҷуд меоварданд. Мутаассифона, ҷаҳони имрӯз низ дар рӯёрӯйӣ бо барномасозиҳою нақшабандиҳо ба хотири касби қудрат ва контроли давлатҳо қарор дорад ва аз ин вазъ ҷойи гурез нест. Ба ин мазмун, талош барои тавсеаи қудрат ва ташаннуҷи бесуботию нооромӣ танишҳоро дар миёни ҷомеаҳо ба вуҷуд оварда, неру ва тавоноиҳои фарҳангии башарро тадриҷан заиф сохтааст. Дар натиҷаи ҷангу даргириҳо бархӯрди фарҳангҳо сурат мегирифт ва имрӯз низ ин раванд бо шеваҳои ҷадид идома дорад. Як қатор ҷомеаҳо мавриди таҳмили ақидатию фикрӣ ва маданӣ қарор гирифта,  бар асари таҳоҷуми сиёсию мафкуравӣ ба ҷомеаҳои ҳошиявӣ ва беҳувият табдил ёфта, бозичаи дасти гурӯҳҳои манфиатхоҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мешаванд. Дар натиҷа, ба қавли Франс Фанон, «зулми фарҳангӣ» манотиқи дар даргирӣ қарордоштаро фаро мегирад.

  Мусаллам аст, ки бархӯрд ва муколимаи тамаддунҳо собиқаи тӯлонии таърихӣ дошта, дар масири таърихи миллӣ ҳанӯз аз давраи истилои Искандари Мақдунӣ шурӯъ шудааст ва то имрӯз идома меёбад (ниг.: Назария ва методологияи ваҳдати миллӣ. –Душанбе: Дониш, 2007. –С.47.) Мардуми форсу тоҷик аз қадимулайём бо воқеиятҳои гуногуни сиёсию иҷтимоӣ мувоҷеҳ буда, дар ин замина таҷрибаҳои зиёдеро пушти сар кардааст. Даргирӣ бо мушкилоту воқеиятҳо ва муҳимтар аз ин, муқовимату муборизаи бардавом бо мафкураҳои бегона ва сиёсатҳои аҷнабӣ дар таърих фарҳанги миллиро ҳамеша ҳамсафарӣ намудааст.

  Бархӯрд бо аҷониба дар сарнавишти миллӣ аз марзи боварҳои устурӣ-мифӣ оғоз ёфта, то ба ҳадди таърихӣ давом кардааст. Ба қавли муҳаққиқон, нахустин тасвирҳое, ки аз бостонитарин адабиёти форсӣ-тоҷикӣ гувоҳӣ медиҳанд, ба маҷмӯае аз қиссаҳои динӣ ва қавмӣ иртибот доранд, ки дар Шарқи Ирон ва дар маҷмӯаи ҷуғрофиёӣ ва фарҳангии Хуросони бостон шакл гирифтаанд (ниг.:Муҳаммад Маҳдӣ Муаззини Ҷомӣ. Адаби паҳлавонӣ (Мутолиае дар таърихи адаби деринаи иронӣ аз Зардушт то Ашкониён). -Теҳрон: Нашри Қатра, 1379. -С.17). Маълум аст, ки нахустин намунаҳои фарҳанги миллӣ дар асотир инъикос ёфтаанд. Устура нишонае аз адами огоҳии башар аз илали воқеии башар аст. Ба назари муҳаққиқон, инсон ба пайравӣ аз тахайюли худ барои рӯйдодҳо иллат ва ангеза метарошад ва ба ин тартиб тахайюлро ба воқеиятҳо пайванд медиҳад (ниг.: Ҳаририён Маҳмуд, Шаҳмирзодӣ Содиқ Малик, Омӯзгор Жола, Мирсаидӣ Нодир. Таърихи Ирони бостон. –Ҷилди аввал. -Теҳрон: Созмони мутолиа ва тадвини кутуби улуми инсонии донишгоҳҳо, 1380. -С.55). Ба сухани дигар, устура таҷассуми ормонии оянда аст (ниг.: Ашрафзода Ризо. Таҷаллии рамзу ривоят дар шеъри Аттори Нишобурӣ. –Теҳрон: Интишороти «Асотир», 1373.-С.21) ва башари нахустин бардошти худро аз зиндагӣ ба тариқи устура баён кардааст (ниг.: Сарт Ҷон Пол. Адабиёт чист? Тарҷумаи Наҷафӣ ва Раҳимӣ. –Теҳрон, 1367. –С.238).

  Маҳз дар қадимтарин давраи ормонгаройии миллӣ, ки дар асотири Ҷамшеду Фаридун инъикос  ёфтааст, бархӯрди рӯшанию торикӣ, некию бадӣ, ҳунару беҳунарӣ ва фарҳангу ҷаҳолат ба мушоҳида мерасад. Ҷамшед бавуҷудоварандаи фарҳангу ҳунари ачдодӣ ва Заҳҳок барҳамзанандаи фарҳангу ҳунари бумӣ шинохта мешавад.  Бо сари қудрат омадани Заҳҳоки аҷнабӣ ва шикасти Ҷамшеди пешдодӣ зулму дурӯғ бар ҷомеа мусаллат шуда, фарҳангу ҳунар хор мегардад:

 

Ниҳон гашт ойини фарзонагон,

Пароканда шуд коми девонагон.

Ҳунар хор шуд, ҷодуйӣ арҷманд,

Ниҳон ростӣ, ошкоро газанд.

Шуда бар бадӣ дасти девон дароз,

Зи некӣ набудӣ сухан ҷуз ба роз.

(ниг.: Фирдавсӣ Абулқосим. Шоҳнома (аз рӯйи чопи Маскав). Матни илмӣ-интиқодӣ. Ҷилди аввал. Ба кӯшиш ва зери назари доктор Саид Ҳамидиён. –Теҳрон: Нашри Қатра, 1373. -С.51).

    Дар асотири бостонии миллӣ Заҳҳок (шакли қадимиаш Ажидаҳҳок) аз ибтидо алайҳи рӯшанӣ ва барподорандаи торикӣ будааст. Заҳҳок, ки намояндаи сиёсату фарҳанги бегона аст, Хуршедро мебалъад. Вобаста ба ин, дар миёни омма то имрӯз ақидае ба ин мазмун роиҷ аст, ки ҳангоми кусуф ё гирифтани Офтоб мардум таблу ташт мезананд, то Заҳҳок Хуршедро раҳо кунад (ниг.: Шамисо Сирус. Тарҳи аслии достони Рустам ва Исфандиёр. Дар перомуни Рустам ва Исфандиёр. –Теҳрон, 1369. –С.23). Ин расму одати куҳан ва собиқадор бозмондаи тарзи бархӯрди ду тарзи биниш ва ду фарҳанги мутақобил мебошад, ки ба таври худогоҳ ва нохудогоҳ дар хотираи мардумӣ ҳифз шудааст. Ба ин минвол қаҳрамони устурии миллӣ Фаридун кори Ҷамшедро идома бахшида, Заҳҳоки бефарҳангро шикаст дода, фарҳанги миллиро, ки дар даврони пешин барномарезӣ шуда буд, дубора эҳё мекунад. Ин аст, ки Фаридун зиндакунандаи ойини куҳани Ҷамшедӣ аст (ниг.:Муҳаммад Маҳдӣ Муаззини Ҷомӣ. Адаби паҳлавонӣ (Мутолиае дар таърихи адаби деринаи иронӣ аз Зардушт то Ашкониён).-Теҳрон: Нашри Қатра, 1379. -С.24). Зимнан, фарҳанги миллӣ дорои порае устураматнҳои ҳунарӣ ва адабӣ аст, ки ҳаммонанди решаҳое амиқ ин фарҳангро мустаҳкам ва устувор нигаҳ дошта, дар тӯли таърих ба гунаҳои мутафовите зуҳур ва таҷаллӣ кардаанд. Он устураматнҳо муҷиби тадовуми аносири фарҳангии як ҷомеа дар тӯли таърих шуда, бо густариши худ ин аносирро аз насле ба насле дигар ва аз асре ба асре дигар мунтақил кардаанд. Аз ин лиҳоз, устураматнҳо дар сурати такрор напазируфтан ва таҳаввул наёфтан аз байн мераванд ва умри онҳо ба поён мерасад. Кайфият ва такрорпазирии онҳо муҷиби тадовум ёфтан ва зинда мондани онҳо мегардад. Бинобар ин, устураматнҳо тадовуми фарҳанг, ҷилавгирӣ аз фаромӯшӣ ва гусасти фарҳангианд. Бар ҳамин асос, яке аз муҳмтарин шохисҳои шинохти як миллат шинохти устураматнҳои он ва татаввуру таҳаввулоти онҳост (ниг.: Баҳман Номвари Мутлақ. Ҳамчун рӯде сабзофарин – дар китоби: Устураматни ҳувиятсоз (ҳузури Шоҳнома дар адабу фарҳанги  иронӣ. Ба қушиши Баҳман Номвари Мутлақ.)  -Теҳрон: Ширкати интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, 1387. -С. Ҳафт).

  Дар қолаби ойин ва фарҳанги зардуштӣ асолати фарҳанги миллӣ, ки бар пояи ростию росткорӣ созмон ёфтааст, давом мекунад. Дар фарҳанги зардуштӣ ростӣ ба сифати ягона, ҳақиқат ва маънии он  баробар бо маънии инсон, табиат ва Худо дониста мешуд. Дар ин биниши дуалистӣ «ростӣ» бо «дурӯғ» дар зиддият қарор дода мешуд, ки ба сифати ду қувваи ифодакунандаи зиндагӣ ва нозиндагӣ дар ҳолати набарди ҳамешагӣ қарор доштанд. Ростӣ ифодакунандаи зиндагӣ, некӣ, зебоӣ дар набарди ҳамешагӣ бо нозиндагӣ, бадӣ ва зиштӣ дасту панҷа нарм мекунад (ниг.: Нуриддин Шаҳобуддинов. Дар сапедадами озодандешӣ. Душанбе, 2018. -С.25-26).

  Агар аз марзи устура берун бароем ва ба сарҳадди таърих ворид гардем, душманони мардуми иронитабор доимо ба таври мустақим ва ғайримустақим ба фарҳанги миллӣ, аз ҷумла ойинҳои қадимаи миллию мардумӣ, назири Наврӯзу Меҳргон ва Сада мубориза мебурданд. Аз назари бузургон, ба хатар афтодани Наврӯз маънои ба хатар мувоҷеҳ гардидани марзу буми ватанро дошт. Масалан, вақте ки сарлашкари иронӣ Баҳроми Чӯбин аз хатари вуруди лашкари Совашоҳи турк дарак медиҳад, ба мардум бонги изтироб мезанад, ки душман аслҳои фарҳангӣ ва қолабҳои ҳувиятии мо, ки дар ҷашнҳои бузурги Наврӯзу Сада таҷассум ёфтаанд, аз байн мебарад. Ба ин маънӣ иддао мекунад:

Кунад бо замин рост оташкада,

На Наврӯз монад, на ҷашни Сада.

       (ниг.: «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, ҷилди нуҳум. Теҳрон: Интишороти Корвон, 1387. –С.34)         

             Ё ин ки дар ҷойи дигар ба ин мазмун садои даъвӣ дармеояд:

Гар эдун, ки гӯйӣ, ки пирӯз нест,

Аз он пас варо низ Наврӯз нест.

(ниг.: «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, ҷилди нуҳум. Теҳрон: Интишороти Корвон, 1387. –С.76)

  Ба ин тартиб Фирдавсӣ аз забони сипаҳсолори ботадбир пирӯзии адувони ирониро пешгӯйӣ карда, ҳушдор медиҳад, ки лашкари душман ҳувияту аслият ва ҷавҳари моро, ки дар батни ҷашнҳои миллии Наврӯзу Сада нуҳуфтаанд, аз байн мебарад:     

      

Аз ин зоғсорони беобу ранг,

На ҳушу на дониш, на ному на нанг.

Ҳам оташ бимирад ба оташкада,

Шавад тира Наврӯзу ҷашни Сада.

(ниг.: «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, ҷилди нуҳум. Теҳрон: Интишороти Корвон, 1387. –С.274)     

  Дар шароит ва марҳилаи нави муносибатҳои иҷтимоию сиёсии ҷаҳонӣ, ба қавли ҷомашиноси муосир ва муаллифи китоби машҳури «Бархӯрди тамаддунҳо» Самюэл Ҳантингтон, сиёсати глобалӣ сиёсати тамаддунҳоро ташкил медиҳад ва бар мабнои ин, рақобати давлатҳои абарқудрат дар пояи бархӯрди тамаддунҳо  сурат мегирад (ниг.:Хантингтон Самюэль. Столкновение цивилизаций. –Москва: АСТ, 2006. –С. 7). Дар ин давра бархӯрдҳо шаклу намудҳои гуногунро ба худ мегиранд. Муҳаррикони асосии ин раванд  миллату нажодҳо ва дину идеологияҳо мебошанд. Ин аст, ки мо дар баробари воқеиятҳои хеле ҳассоси имрӯзӣ қарор дорем. Муҳимтар аз ин, қудрат ва бозигарони сиёсати ҷаҳонӣ мехоҳанд ҷомеаи ҷаҳонӣ, бавижа Шарқи мусулмониро дар қолаби бовару иттилооти дурӯғин қарор дода, ба ин васила онҳоро дар ҳолати бемориҳои музмини фикрию иҷтимоӣ, минҷумла ноогоҳӣ, ҷаҳолат, таассуб, хурофот, печидагӣ, нофаҳмӣ, дарҳамбарҳамӣ, бегонасолорӣ, дурӯғбофӣ ва дурӯғпарастӣ нигоҳ доранд. Таъкиди донишманди муосири рус Владимир Истархов  дар ин маврид бамаврид аст: «Ҳадафи онҳо (бозигарони сиёсати ҷаҳонӣ – Н.Н.) ҳамеша як дурӯғро ба дурӯғи дигар иваз кардан буда, мекӯшанд, инсон аз фазои иттилоотии онҳо, ки худашон омода кардаанд, берун набарояд» (ниг.: Истархов Владимир. Удар русских богов. - Москва, 2004. –С.4). Ҳассосияти воқеиятҳои имрӯзаро муҳаққиқи муосир Гейр Лундестад  хеле хуб ба риштаи тасвир баркашидааст: «Дар ҳоли ҳозир мо қудрати бузург ва рақобати мутақобили қудратҳои бузургро мебинем, ки дар як дақиқа мавҷудияти  тамоми инсониятро қатъ карда метавонанд» (ниг.:Лундестад Г. Восток, Запад, Север, Юг. Основные направления  международной  политики. – Москва: Издательство «Весь мир», 2002. -С. 12). Акнун инсон бо ин гуна воқеиятҳои талхи имрӯзӣ мувоҷеҳ аст ва бо ин воқеиятҳо аз тариқи василаҳои гуногун, ки муассиртаринаш фарҳанги миллӣ аст, дасту панҷа нарм мекунад. Ин воқеиятҳо имрӯз бо истифода аз технологияи навини иттилоотӣ хатарноктар шудаанд ва дар қолаби бозиҳои геополитикӣ рӯ зада, ҷомеаҳои камзарфиятро ба гирдоби бало ва мусибатҳо мекашанд. Истифода аз омил ва ё фактори дин бозиҳои сиёсию мафкуравиро тобиши дигар додааст ва ҳадди ақал дар маҳдудаи ҷомеаҳои Ховари Миёна дар сад соли ахир истифодаи абзорӣ аз мазоҳиби исломӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Ин вазъият, қабл аз ҳама, ба фарҳангҳои бумӣ таъсири манфӣ мерасонад.

  Гузашта аз ин, геополитика, бозиҳои геополитикӣ ва тақсимоти сиёсии ҷаҳон, агарчи дар доираи илмҳои сиёсӣ мафҳум ва истилоҳоти модерн ҳисобида шуда, мутаносибан таърихи камтар ва ё зиёдтар аз садсола дорад, дар таърихи сиёсии ҷаҳонӣ аз собиқаи тӯлонӣ бархӯрдор аст. Агар мамолики мусулмонӣ ва мушаххасан, Шарқи исломиро дар назар бигирем, бозиҳои геополитикӣ бештар дар доираи диёнати исломӣ чарх задаанд ва чуноне ки мушоҳида мекунем, имрӯз низ дар тахтаи бозиҳои ҷаҳонӣ исломи сиёсӣ минҳайси муҳраи асосӣ мавриди истифода қарор мегирад. Бар ин асос, аз нимаи дуюми асри нуздаҳум коргирӣ аз исломи сиёсӣ ва ба манофеи ҷомеаи сармоядорӣ истифода ва сӯйистифода шудани он аз силсилаи барномарезиҳои калидии қудратҳои ҷаҳонӣ буда, бо андӯхтани таҷрибаю собиқа минбаъд истифодаи дин ва мазҳаб дар баҳам задани бофтҳои иҷтимоӣ ва тафоҳуми фарҳангӣ ба амри зарурӣ ва стратегӣ табдил ёфтааст. Ин раванд дар ибтидои садаи бист ба стратегияи сиёсати хориҷии империализми ҷаҳонӣ табдил ёфта, таъсиси гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ аз ҳисоби ифротгароёни исломӣ ва ташкил додани равияву фирқаҳои динӣ ҷиҳати дар ҳоли парешонӣ нигаҳ доштани давлатҳои вопасгарои шарқи мусулмонӣ ва таҳти контроли ҳамешагӣ қарор додани онҳо ба ҳукми анъана даромад. Ин аст, ки тамоми созмонҳои сиррии динӣ-мазҳабӣ дар маҳдудаи мамолики Шарқи исломӣ таҳти назар, ҳидоят ва ҳимояти қудратҳои ҷаҳонӣ амал карда, баҳри бароварда сохтани манофеъ ва ниёзҳои сиёсию иқтисодии бегонагон хизмат кардаанд.

  Созмондиҳӣ ва барномарезии пружаҳои динӣ-мазҳабӣ, ки одатан ба хотири ба вуҷуд овардани фазои ноорому бесубот дар ҷомеа ва бебандуборӣ дар минтақаҳо ва аз ин ҳисоб касб кардани лавозими иқтисодию молиявӣ роҳандозӣ мешаванд, сухани тоза нест. Бахусус, аз ибтидои асри бист сарпарастони пружаи исломи сиёсӣ дар мамолики арабӣ «иқдомот»-и густарда рӯйи даст гирифта, бар асоси консепсияи динӣ-мазҳабӣ ва истифода аз нуфузи лидерони маҳаллии мазҳабӣ тарҳҳоеро таҳия ва амалӣ намуданд. Ин гуна тарҳҳои динӣ, албатта, таҳти сарпарастии молиявию иқтисодии созмонҳои пасипардагии ғарбӣ дар байни кишварҳои исломӣ аз ҷониби исломиёни салтанатталаб ва худбохта ҳамсадоӣ пайдо кард. Чи хеле ки болотар ишора кардем, исломи сиёсӣ дар сад соли ахир ба сифати абзори муҳимтарини мафкуравӣ ва сиёсӣ дар дасти созмону гурӯҳҳои манфиатпеша ва султахоҳ қарор гирифта, танишу ихтилофотро дар миёни ҷомеаҳои суннатии мамолики Шарқи мусулмонӣ ба вуҷуд овардааст. Аз ин ҷост, ки минтақа ва ҷаҳони имрӯз рӯз дар миён ба ҳаводиси даҳшатбори экстремизм, радикализм ва терроризми динӣ-мазҳабӣ дар қолаби исломи сиёсӣ даргир мешавад ва мақомотҳои расмӣ, ниҳодҳои давлатӣ, ҷавомеи маданӣ ва умуман, мардуми минтақаҳои гуногуни ҷаҳон саъю талош меварзанд, ки бо ҳар роҳу василаи дастрас аз раванди таҳрикоти даҳшатафкании динӣ ҷилавгирӣ шавад. Аммо, чуноне ки шоҳидем, вазъ на танҳо беҳбудӣ намеёбад, балки рӯз аз рӯз муташанниҷтар мегардад. Роҳҳалҳое, ки иттиҳодияҳои сиёсӣ ва ҳар гуна эътилофҳои динӣ дар даҳ-понздаҳ соли ахир андешида, манзур месозанд, бесамар буда, мушкил андар мушкилро дар фазо ва муҳитҳои иҷтимоӣ ва сиёсию мазҳабии манотиқи даргири Шарқи исломӣ эҷод мекунанд. Ин ҳолати буҳронӣ, ки аз динмадорӣ ва мазҳабпарастии ҷомеаҳои суннатии шарқӣ маншаъ гирифтааст, тамоми паҳлуҳои ҳаёти мардуми кишварҳои исломиро фаро гирифта, роҳи рушду тараққиро аз хар ҷиҳат мебандад. Воқият ин аст, ки исломи сиёсӣ ба абзори геополитикии қудратҳои ҷаҳонӣ бадал шудааст. Дар ин вазъияти ҳассос фарҳангҳои миллӣ бо чӣ мушкилоте мувоҷеҳ мегарданд ва фарҳанги миллии мо, тоҷиконро дар ояндаи наздик чӣ мунтазир хоҳад буд?  Ин пурсиш  роҳандозӣ намудани чанд тадбири муҳимро тақозо мекунад, аз ҷумла:

а) омӯзиш ва шинохти дурусти фарҳанги бумӣ ва вижагиҳои он;

б) андухтани таҷрибаҳои илмию фарҳангӣ ва сиёсию мафкуравӣ дар муносибат ва бархӯрд бо фарҳангу тамаддунҳои бегона, ки решаи таҳоҷумӣ ва ҳувиятбарангезӣ доранд;

в) пур кардани кӯлвори донишҳои муосири сиёсӣ ва фалсафӣ тавассути мутолеоти адабиёти илмӣ-таҳқиқии ватанию хориҷӣ, аз ҷумла осори ба мавзӯоти муҳими геополитикӣ ва оянданигарӣ бахшидашудаи Ҳангтингтон,  Бжезинский, Фукуяма, Комский, Тоффлер  ва дигарон;

 г) шинохти илмии адёну мазоҳиби ҷаҳонӣ, минҷумла динҳои сомӣ—яҳудӣ, масеҳӣ ва ислом ва қиёси тафаккуроти динӣ-мазҳабӣ бо теорема, аксиома ва гипотезаҳои илмӣ-фалсафӣ;

ғ) омӯзиш ва истифодаи усулу методҳои улуми табиӣ-риёзӣ дар ташхиси падидаҳои табиӣ ва ҳаводиси иҷтимоӣ;

д) ҳамиштирокӣ ва ҳамшарикии миллию мардумӣ дар муқовимат бо мафкураи ҳувиятшикани аҷнабӣ ва таблиғи хурофоти динӣ-мазҳабӣ. Қисмати охири тадобири дастабандишуда – ҳамшарикии миллию мардумӣ дар раванди муқовимат бо мафкураи ҳувиятшикани бегона марҳилаи ҷамъбастии мубориза маҳсуб меёбад. То он даме ки ҷомеа ва фарҳангиёни миллӣ ба ин марҳила нарасанд (расидан ба ин марҳилаи ниҳоӣ ба сатҳи баланди огоҳиҳои иҷтимоӣ ва миллӣ вобаста аст), гуфтугузор дар мавриди ҳувият ва асолати миллӣ ва ҳамчунин истодагарӣ дар баробари воқеиятҳои талхи имрӯзӣ бенатиҷа мебошад. Аз ин лиҳоз, омӯзиш ва шинохти арзишҳои миллӣ ва мардумӣ дар марҳилаи аввал зарурат дорад. 

  Ҷо додани арзишҳои миллӣ дар зеҳни насли наврас ва ҷавон кори мунтазам ва мудавоми фарҳангиёну зиёиёни ватанӣ мебошад ва ҷараёни зеҳнсозии миллӣ аз марзи хонавода шурӯъ шуда, то ба ҳадди ниҳодҳои дигари иҷтимоӣ ( боғчаву мактаб, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ, муассисоти фарҳангӣ-фароғатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва амсоли инҳо)  мерасад. Тарбияи зеҳнӣ ва фарҳангӣ, қабл аз ҳама, дар марҳилаи ҷанинии ташаккул ва рушди насли миллӣ корсозтар аст. Агар фазои марҳилаи ҷанинӣ бо андешаи солими бумӣ ва арзишҳои инсонсози миллӣ комил гардад, таҳдиди буҳрони беҳувиятӣ дар ҷомеаи тоҷикӣ коҳиш ёфта, роҳи ҳувиятшиносии миллӣ ҳамвор мегардад. Бинобар ин, аз ин марҳила – аз замони туфулият мебояд шурӯъ кард, то насли навраси мо бо шинохти арзишҳои миллӣ ва бумӣ ба воя расида, бо онҳо хӯ гирифта, бузург шавад ва минбаъд ҳадафмандона ҷилави таҳоҷумоти фарҳангҳои зӯргӯ ва зиддиинсонии  бегонаро бигирад.

Нурзода НОЗИМ

муҳаққиқ

 Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№5 (18), 2019

Хондан 1329 маротиба