JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 05 Сентябри 2019 10:09

Ҷашнвораи эҳёи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон

Муаллиф:

   «…умри миллат ва таърихи давлатдории мо ҳазорсолаҳост. Мардуми мо ҳанӯз аз бомдоди таърих мардуми соҳибватан ва давлатсоз буда, ниёгони арҷманди мо дар саргаҳи  давлатдорӣ қарор доштанд ва намунаҳои нахустини ҷомеаҳои мутамарказ ва давлатҳои муқтадири таърихиро ба башарият ато карданд, аммо дар натаиҷаи тохтутозҳои пайдарҳами аҷнабиён ва пирӯзии дарозмуддати тирагӣ ба равшанӣ мардуми тоҷик як муддати тӯлонӣ аз идоракунии мустақилонаи давлатдории худ маҳрум монд».

Ин сатрҳои воқеӣ ва таърихиро аз китоби «Уфуқҳои истиқлол»-и Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибос овардем. Дар асари мазкур Сарвари давлат таъкид намудаанд, ки 9 сентябри соли 1991 давлатдории тоҷикон аз нав эҳё гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол арзи вуҷуд намуд ва дар харитаи сиёсии ҷаҳони муосир номи кишвари азизи мо бо ҳарфҳои заррин сабт ёфт.

  Мутаассифона, бар асари мудохилаи душманони хориҷӣ ва бадхоҳони миллат дар мамлакат мухолифатҳои шадиди дохилӣ боиси оғози ҷанги шаҳрвандӣ гардиданд. Дар он айёми пурхавфу хатар баъзе нерӯҳои бадхоҳу бадкирдор нақшаи тақсими Тоҷикистонро кашида буданд ва мехостанд ниятҳои нопоки худро амалӣ намоянд.

  Моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади пешгирии нобасомониҳои авзои нооором ва нигаронкунанда Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид, ки дар он вакилони мардумӣ  нақшаҳои  ҷудоихоҳиро маҳкум намуданд. Дар иҷлосияи мазкур Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд.

  Роҳбарияти олии мамлакат дар атрофи худ нерӯҳои тарафдори давлати миллӣ ва равшанфикру равшанзамирро муттаҳид намуда, ҳифзи тамомияти арзии кишварро таъмин намуд. Маҳз дар ҳамин давраи хеле мураккаб ва тақдирсози таърихӣ рукнҳои давлатдории миллат тадриҷан ташаккул ёфтанд. Нишони давлатӣ ва Парчами милии давлати соҳибистиқлоли мо тавассути Парлумони кишвар тасдиқ ва қабул гардиданд. 

  Қадами  таърихии дигар ин қабули аввалин Конститутсияи давлати мустақили тоҷикон дар соли 1994 мебошад. Дар ин ҳуҷҷати муҳим ва роҳнамо тарзи фаъолият ва мақсаду ваколатҳои низоми ягонаи ҳокимияти иҷроия, парлумони дупалатагӣ,  ҳокимияти мустақили судӣ  ва дигар масъалаҳои асосӣ сабт ёфтанд.         

  Бояд қайд намуд, ки доираҳои муайян ва бадхоҳони миллати тоҷик бо мақсади ҷорӣ намудани фарҳанги бегона ва ташкили давлати бо ном исломӣ ба қатлу ғорат ва таҳдиду вайронкориҳо даст заданд. Тезутундшавии вазъияти сиёсии мамлакат боиси пастравии иқтисодиёт  гардид. Дар солҳои 1991-1996 садҳо корхонаҳо аз фаъолият бозмонданд, сатҳи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ то 67,4 фоиз коҳиш ёфт,  ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ 65,8 фоиз, соҳаи кишоварзӣ бошад, 52,8 фоиз кам гардид. Дар баробари ин, сатҳи баланди беқурбшавии пул боиси паст шудани даромаднокии аҳолӣ шуд.

  Бар асари оқибатои даҳшатноки ҷанги бародаркуш  қариб 150 ҳазор нафар одам ҳалок гардида, даҳҳо ҳазор нафар кӯдакон ятим монданд, ҳазорҳо хонаҳо вайрону валангор ва ба хок яксон када шуданд. Хисороти иқтисодии ин ҷанги фоҷиабор ба 10 миллиард доллари амрикоӣ баробар шуд. Бояд қайд намуд, ки дар байни ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ, ки роҳи истиқлолиятро интихоб карданд,  ягонтояшон то ин дараҷа зарари ҷониву молӣ надиданд. 

  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои душвортарини ҷанг низ барои рушди иқтисод  иқдомоти муассир анҷом дод. Дар он давра даҳҳо қонунҳо, аз ҷумла қонун “Дар бораи сармоягузории хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қонун “Дар бораи робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қонун “Дар бораи хусусигардонӣ ва ғаридавлатигардонии амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул карда шуданд.

  Соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ Эмомалӣ Раҳмон Президенити Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид ва худи ҳамон сол вай «Дар бораи гузаронидани чораҳои аввалиндараҷа доир ба таъмини ислоҳоти иқтисодӣ ва тезонидани суръати гузариш ба иқтисодӣ бозорӣ» фармонро имзо намуд. Дар он зарурати озод намудани нархҳои дохилӣ, тиҷорати хориҷӣ ва танзими асъор пешбинӣ шуда буданд.

  Чанде баъд «Барномаи комплексии дигаргунсозиҳои иқтисодӣ» таҳия ва қабул гардид. Хамчунин дар он солҳои ниҳоят душвор, ки вазъи зиндагии шаҳрвандон мураккаб гардида буд, ба аҳоли 75 ҳазор гектар замин тақсим карда шуд, ки омардумро аз хатари гуруснагӣ эмин дошт.

  Дар мамлакат барои гузаштан ба иқтисодӣ бозоргонӣ тадбирҳои муҳим ва созанда андешида шуданд. Аз ҷумла, раванди хусусигардонӣ равнақ ёфт. Танҳо дар солҳои 1991-2000 дар соҳаи саноат 1949 корхона, дар сохтмон 89 корхона дар бахши нақлиёту алоқа 46 корхона ва дар соҳаи савдо 2056 корхона хусусӣ гардонида шуданд.

  27 июни соли 1997 бо ташаббуси Президенти мамлакат ва дигар фарзондони фарзонаи миллат байни Хукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифин Шартномаи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ ба имзо расид, ки он ба ҷанги бародаркуш хотима бахшид. Сулҳу салоҳ ва ҳамдигарфамӣ натиҷаҳои хуб дод. Дар ин сол бори аввал пастравии суръати маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ боздошта шуда, рушди иқтисодиёти миллӣ таъмин гардид.

  Тадбирҳои гузаронидашуда имконият доданд, ки бештар аз як миллион нафар фирориҳои тоҷик аз кишварҳои хориҷӣ ба Ватани азизамон баргарданд. Дар ин самт воситаҳои ахбори омма низ саҳми арзанда  гузоштанд. Махсусан барномаи радиои Тоҷикистон бо номи «Хоки Ватан», ки солҳои тӯлонӣ бо фирориён робитаи мустақим дошт, аз мардуми чашминтизор барои ба зодгоҳ ва  ватани бобоияшон баргаштан ҳар рӯз даъватҳои самимӣ ба амал меовард.

  Бо мусоидати созминҳои байналмилалӣ ва кишварҳои дӯст хонаҳои дар замони ҷанг вайроншуда таъмиру тармим гардида ба соҳибонашон баргардонида шуданд. Ҳаёт нишон дод, ки таҷрибаи сулҳоварии тоҷикон дар саросари ҷаҳон ҳамчун таҷрибаи нодиру муфид эътироф гардида, мавриди омӯзиши васеъ қарор гирифт.

  Барои таъмини рушди устувори мамлакат дар ҷумҳурӣ лоиҳахои гуногуни сармоягузорӣ тартиб дода шуданд, барномаҳои мухталифи давлатӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ қабул гардиданд. Дар доираи онҳо азнавбарқарорсозии  корхонаҳо оғоз ёфтанд.

  “Барномаи рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015”, Барномаи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Барномаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ”,  Барномаи давлатӣ оид ба коркарди  сангҳои қиматбаҳо ва ашёи сангҳои ороишӣ барои солҳи 2001-2005”, “Барномаи рушд ва ҷойгиркунии корхонаҳои истихроҷ ва коркарди тиллову нуқраи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2010”, “Консепсияи рушди комплекси сӯзишворию энергетикӣ дар давраи то соли 2015”, инчунин барномаҳои рушди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон, вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғайраро мисол овардан мумкин аст.

  Дар давраи солҳои истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин стратегияҳои рушдро таҳия намуд:

- Таъмини амнияти энергетикӣ ва самаранокии истифодабарии нерӯи барқ;

- Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани мамлакат;

- Таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба хӯроки серғизо.  

- Аз давлати аграрию саноатӣ ба давлати саноатию аграрӣ табдил додани Тоҷикистон.

  Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ мебошад ва онҳо 527 млрд. кВт-соатро ташкил медиҳанд. Истифодаи захираҳои номбурда  барои таъмини дастрасии комил ба нерӯи барқ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ мусоидат менамоянд.

  Дар давоми солҳои истиқлолият дар кишвар фаъолияти нерӯгоҳҳои мавҷудаи барқи обӣ барқарор карда шуда, сохтмони иқтидорҳои нав идома ёфтанд. Аз ҷумла, бунёди нерӯгоҳҳои нави «Сангтӯда - 1», «Сангтӯда-2», садҳо нерӯгоҳҳои хурду миёнаи барқи обӣ, Маркази барқу гармидиҳии Душанбе, зеристгоҳҳои бузурги барқии «Ҷануб-Шимол», «Хуҷанд-Айнӣ» ва «Лолазор-Хатлон»-ро номбар кардан мумкин аст. Дар натиҷа низоми ягонаи энергетикии кишвар барқарор гардид.

  Бояд ёдовар шавем, ки оғоз ва идома ёфтани сохтмони нерӯгоҳи бузурги аср – нерӯгоҳи барқи обии Роғун барои Тоҷикистон як комёбии бузург аст ва эътирофи байналмилалии энергетикаи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар иншооти мазкур насби 6 агрегатт пешбинӣ шудааст, ки тавоноии ҳар кадоми онҳо 600 мегаваттро ташкил медиҳад. Иқтидори пурраи нерӯгоҳ ба 3600 мегаватт (бештар аз 17 млрд. кВт-соат) баробар аст.

 Соли 2018 агрегати аввали ин кохи нур ба истифода дода шуд, ки ба шарофати он дар мамлакат камбуд ва маҳдудияти барқ бартараф гардид.

 Ҳар сол барои бунёди ин иншооти бузург 4-5 миллиард сомонӣ харҷ мегардад. Айни замон дар он 24 ҳазор нафар коргарон ва коркунони инженерию техникӣ машғули кор ҳастанд.

 Сохтмони иншооти  минтақавии «CASA- 1000» идома дорад, ки он чор кишвар – Тоҷикистон, Қирғизистон ва Афғонистону Покистонро фаро мегирад. Бо бунёди ин хати интиқоли барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ҳар сол 5 млрд. кВт-соат нерӯи барқ ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ содир карда мешавад. Инчунин пас аз ба баҳрабардорӣ супурдани ин иншооти бузург дар минтақа бозори бузурги фурӯши барқ (CASAREM) ба фаъолият оғоз хоҳад намуд, ки аз он кишварҳои Осиёи Марказӣ, Осиёи Ҷанубӣ ва дар ояндаи дарозмуҳлат Осиёи Шарқӣ истифода хоҳанд намуд.

 Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ низ аз ҷумлаи вазифаҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар давраи истиқлолият чандин долонҳои автомобилӣ ва роҳи оҳан ифтитоҳ ёфтанд ва таҷдид гардиданд, ки онҳо Тоҷикистонро бо кишврҳои хориҷа пайваст намуданд Роҳҳои автомобилгарди Душанбе-Хоруғ-Кулма-Қароқурум, Душанбе-Ҷиргатол-сарҳади-Қирғизистон-Хитой, Душанбе-Панҷи Поён,  Душанбе-Турсунзода, Душанбе-Чанак-сарҳади-Узбекистон, Душанбе-Айнӣ-Панҷакент-Самарқанд, роҳи оҳани Душанбе-Ваҳдат- Ёвон-Кӯлоб ва ғайра бунёд таҷдид гардиданд. Дар масири роҳҳои номбаршуда тунелҳо ва иншшотҳои  зиёде сохта ба истифода дода шуданд, ки онҳо ҳаракати нақлиётро дар тамоми чор фасли сол ба минтақаҳои мухталифи мамлакат таъмин намуда истодаанд. Ҳоло ҳизир эстакадаи роҳҳои шаҳри Душанбе, азнавсозии роҳҳои Душанбе-Бохтар, Душанбе-Ҷиргатол, Душанбе-Дарвоз ва ғайра идома дорад.   

Аз шаҳри Душанбе ва дигар шаҳрҳои мамлакат ба даҳҳо кишварҳои ҷаҳон  роҳҳои ҳавоӣ кушода шудаанд, ки онҳо ба мусофирон хизмат мерасонанд. 

 Тоҷикистон ҳоло узви 12 Конвенсия ва Созишномаи байналмилалӣ доир ба нақлиёт мебошад ва дар якчанд лоиҳаҳои байналмилалӣ дар доираи ШОС, Хамкориҳои иқтисодии Осиёи Марказӣ, роҳҳои мошингарди Осиё, Долони нақлиётии Аврупо-Қафқоз ва Осиё иштирок менамояд. Умуман, ҷиҳати рушди ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёт бо даҳҳо кишварҳои хориҷаи дур ва 13 давлати хориҷаи наздик созишномаҳои дуҷониба баста шуданд. 

 Вазифаи стратегии сеюм ин  таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба хӯроки серғизо мебошад.  Ҳукумати мамлакат тасмим гирифтааст, ки қисми зиёди хӯрокворӣ дар дохилӣ ҷумҳурӣ истеҳсол гардад ва як қисми он аз кишварҳои хориҷӣ ворид гардад. Ҷиҳати иҷрои ин нақша соли 2018 дар ҷумҳурӣ 1295,6 ҳазор тонна ғалла, 2119,4 ҳазор тонна саюзавот, 964,6 ҳазор тонна картошка, 447,4 ҳазор тонна мева, 679,1 ҳазор тонна пиёз, 261,9 ҳазор тонна гӯшт, 983 ҳазор тонна шир, 450,3 миллион дона тухм истеҳсол гардидааст. Дар баробари ин аз кишварҳои хориҷӣ дар ҳаҷми  1018,9 ҳазор тонна гандум, 47,2 ҳазор тонна орд, 80 ҳазор тонна равған  ва ғайра ворид гардид.

  Инчунин солҳои охир бинобар ба таври доимӣ фаъолият намудани роҳҳо таъминоти аҳолии минтақаҳои гуногуни мамлакат бо маводи хӯрока хеле беҳтар гардидааст.

 Боиси зикр аст, ки Пешвои миллат рӯзи 26 декабри соли 2018 дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар саноатигардонии мамлакатро ҳадафи чоруми стратегиии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намуданд.  Дар ин замина Стратегияи миллии рушд баро давраи тос соли 2030 таҳия гардид. Тибқи муқаррароти он  ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2030 ба 22 фоиз расонида мешавад.

 Робитаҳои хориҷӣ дар кишварамон дар доираи Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (с. 2015) сурат мегирад, ки дар он сиёсати “дарҳои боз” пешбинӣ шудааст. Консепсияи мазкур бо он фарқ мекунад, ки дар он ягон кишвари ҷаҳон ба ҳайси “кишвари душман” зикр нагардидааст ва мамлакати мо бо кишварҳои хориҷӣ дар асоси муқаррароти байналмилалӣ муносибатҳои дӯстонаро идома медиҳад. Инчунин дар ҷумҳурӣ “Барномаи мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” қабул гардид, ки он дар марҳалаи иҷро қарор дорад.

  Ҳар сол Тоҷикистон бо бештар аз 100 кишвари ҷаҳон муносибатҳои содиротию воридотӣ анҷом медиҳад, ширкатҳои бештар аз 55 кишвари ҷаҳон дар лоиҳаҳои мухталиф сармоягузорӣ менамоянд. Айни замон татбиқи 70 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 31,9 млрд. сомонӣ идома дорад. Иқдомоти Тоҷикистон оид истифодаи самараноки захираҳои обӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пурра дастгирӣ ёфтанд. Ташаббуси охирини мамлакати мо дар бораи даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028 дар амал татбиқ мегардад.  

  Мо ҳоло дар остонаи ҷашни мубораки 28-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем ва дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо коллективҳои меҳнатӣ ба ин иди умумихалқӣ дастовардҳои шоистаи меҳнатӣ тайёр менамоянд. Ҳамзамон, мардуми кишварамон ба ҷашни 30-солагии истиқлолият омодагӣ мегиранд ва ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил мегарданд. Инро аз ҷараёни сафарҳои Пешвои миллат ба ноҳияҳои мухталифи кишваопмон мебинем. Мардум бо ҳисси баланди ватандӯстӣ саргарми кору пайкоранд. Онҳо даҳхо иншоотҳои муҳимро сохта ба баҳрабардорӣ месупоранд.  

  Кормандони Маркази таҳқиқоти инноватсионии Академияи илмҳои Тоҷикистон низ барои иҷрои ҳадафҳои муҳими инноватсионӣ саъю кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд. Имрӯзҳо онҳо ба таҳқиқу омӯзиши амиқи хосиятҳои фулузоти мухталифи истеҳсолоти ватанӣ, ғанигардонӣ ва қавигардонии онҳо, ҷустуҷӯи роҳхои каммасрафи истеҳсоли нуриҳои маъданӣ машғуланд. Аз ҷумла олимони омӯзишгоҳи маркетинг ва ояндабинӣ дар ояндаи миёнамӯҳлат дар мавзӯи «Ҷанбаҳои технологии гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳи индустриалӣ-инноватсионии рушд» тадқиқоти муфид ва судбахш анҷом хоҳанд дод.

 

Ғафур Расулов,

номзади илҳои иқтисодӣ, мудири озмоишгоҳи  Маркази таҳқиқоти технологияҳои

инноватсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хондан 1310 маротиба