JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 06 Сентябри 2019 09:44

Симин ва мусиқӣ

Муаллиф:

 

  Дар бораи паҳлуҳои гуногуни осори шоираи маъруфи Эрон Симини Беҳбаҳонӣ (1927 - 2014) ва вижагиҳои ғазали ӯ муҳаққиқону донишмандони хориҷу дохили кишвар таҳқиқоти пурарзише иншо намудаанд. Аммо доир ба муносибати ӯ ба мусиқӣ ва оҳанг, инчунин эҷоди суруд аз ҷониби оҳангсозону мусиқидонон ба шеърҳои ин устоди ғазал пажӯҳиши қобили таваҷҷуҳ ҳанӯз сурат нагирифтааст.

  Модоме сухан дар бораи суруду мусиқӣ рафт, месазад он нуктаро хотирнишон сохт, ки ҳанӯз аз нимаҳои дуюми асри гузашта сарояндагону мутрибони зиёде аз кишварҳои форсизабони Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон ба шеърҳои ин устоди каломи бадеъ оҳангҳои дилнишин баста, сурудҳои фаровонеро эҷод намудаанд, ки ҳамеша тавассути телевизиону радио садо медиҳанд ва ҳамчун гавҳари гаронбаҳо дар хазинаи тиллоӣ ҷой гирифтаанд.

  Хотирнишон сохтани он нукта мусаллам аст, ки аз мутолиаи шеърҳои Симини Беҳбаҳонӣ дар тафаккури хонанда таассуроте пайдо мешавад, ки шоира пеш аз он, ки шеъреро иншо намояд ва онро ба рӯйи коғаз биёрад, матни онро борҳо дар хаёли худ гаштаю баргашта замзама намуда, сипас асбоби мусиқиеро ба даст гирифта, шеърро ба оҳанги маҳин тараннум мекунад, онгоҳ навиштаи худро дар шакли ниҳоӣ ба хонанда пешниҳод месозад. Яъне аз ин гуфтаҳо чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки Симини Беҳбаҳонӣ дорои истеъдоди баланди модарзоди мусиқидонию адворшиносӣ буда, шеърҳои эҷодкардаи ӯ ҳанӯз аз лаҳзаи аввали ба нашр расидан бо оҳанги махсусе тавъам бо мусиқӣ ба дунё омадаанд.

  Бояд зикр кард, ки Симини Беҳбаҳонӣ ҳангоми иншо намудани ин ё он ғазал мутобиқи мавзӯю мундариҷа дар интихоби калимаю ибораҳо чунон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудааст, ки иваз намудани як калима ё ибора ба калима ё ибораи дигар амри номумкин аст.

  Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин сарояндаву ромишгаре, ки ба шеъри волои Симин рӯй овардааст, устоди накӯном Зафар Нозим мебошад. Тавре маълум аст, ин устоди чирадаст дар интихоби шеър хеле эҳтиёткорона муносибат мекард ва бо табъи баланду нозукписанди хеш танҳо дурдонаҳои пурқимати назми форсию тоҷикиро мавриди истифода қарор медод ва аз эҷодиёти Симин нахуст ба шеъри “Санги мазор” оҳанги гуворою фораме баста буд, ки матни он чунин аст:

 “Эй рафта зи дил, рафта зи бар, рафта зи хотир!

Бар ман манигар, тоби нигоҳи ту надорам.

Бар ман манигар, з-он ки ба ҷуз талхии андуҳ,

Бар хотир аз он чашми сиёҳи ту надорам.

Эй рафта зи дил, рост бигӯ! Баҳри чӣ имшаб,

Бо хотираҳо омадаӣ боз ба сӯям?

Гар омадаӣ аз пайи он дилбари дилхоҳ,

Ман ӯ наяму мурдаву ман сояи ӯям!

Ман ӯ наям охир дили ман сарду сиёҳ аст,

Ӯ дар дили савдозада аз ишқ шарар дошт,

Ӯ дар ҳама ҷо, бо ҳама кас, дар ҳама аҳвол,

Савдои туро, эй бути бемеҳр, ба сар дошт.

Ман ӯ наям ин дидаи ман гунгу хамӯш аст,

Дар дидаи ӯ он ҳама гуфтор ниҳон буд.

В-он ишқи ғамолуда дар он наргиси шабранг,

Мармузтар аз тирагии шомгаҳон буд.

Ман ӯ наям, оре, лаби ман ин лаби беранг,

Дерест, ки бо хандае аз ишқи ту нашкуфт.

Аммо ба лаби ӯ ҳама дам хандаи ҷонбахш,

Маҳтобсифат бо гули шабнамзада мехуфт.

Бар ман манигар, тоби нигоҳи ту надорам,

Он кас, ки ту мехоҳияш аз ман, ба худо, мурд!

Ӯ дар тани ман буду надонам, ки ба ногоҳ,

Чун диду чиҳо карду куҷо рафту чаро мурд?!

Ман гӯри ваям, гӯри ваям, бар тани гармаш,

Афсурдагию сардии кофур ниҳодам,

Ӯ мурдаву дар синаи ман ин дили бемеҳр,

Сангест, ки ман бар сари он гӯр ниҳодам.”

 

  Шоира барои ифодаи эҳсосоти нозуки худ ва ба хотири ба шӯру шавқ овардани хонанда, тасвири ҳолати руҳию равонии худ маҳз тарзе калимаҳоро пайиҳам гузоштааст, ки беихтиёр ба торҳои нозуки эҳсосот таъсир мерасонанд. Агар дар ашъори бисёре аз шоирон такрор ёфтани калима ҳамчун камбудию нуқс арзёбӣ гардад ва ҳусни шеърро коста гардонад, маҳз такрор ёфтани калимаю ибораҳо дар шеъри Симин ба оҳангнокӣ ва ҷазабаи он лутфу маънии бузургеро зам намудааст. Дар мисраи “Эй рафта зи дил, рафта зи бар, рафта зи хотир” калимаи “рафта” се маротиба такрор шудааст, вале он чунон дар ҷойи худ ба тариқи нишонрас истифода шудааст, ки ба ҳусни шеър ҳусни тоза зам кардааст ва маънии онро пурратар сохтааст ва ба муассирияти шеър афзудааст..

  Ё худ дар мисраи “Ӯ дар ҳама ҷо, бо ҳама кас, дар ҳама аҳвол” калимаи “ҳама” низ ба такрор омадааст, вале ба зебу ороиши назм пирояи нав афзудааст.

Дар байти:

Ӯ мурдаву дар синаи ман ин дили бемеҳр,

Сангест, ки ман бар сари он гӯр ниҳодам”,

шоира дили бемеҳрро ба санги хотираи рӯи мазор ташбеҳ додааст, ки ӯ аз дарди ишқ дар тапишу такопӯ огоҳ намебошад ва дарди ишқро эҳсос наменамояд, яъне он аз ҳама гуна эҳсосоти волои инсонӣ орию барканор мебошад.

  Сарояндаи дигаре, ки ба ашъори Симини Беҳбаҳонӣ ба таври фаровон оҳанг баста, сурудҳои зиёде эҷод карда, ба шунавандагон пешкаш намудааст, ҳофизи зиндаёд Аҳмад Зоҳир мебошад. Ин сарояндаи хушзавқ, ки дар ҳиқиқат ҳам дар санъати мусиқӣ инқилобе ба вуҷуд оварду бо табъи баланди сарояндагию хунёгарӣ мусиқии Шарқу Ғарбро ба ҳам омезиш дод, дар интихоби матн ниҳоят нозукписандона муносибат намуда, шеърҳои дорои мазмуну мундариҷаи баланди устоди ғазали форсию тоҷикӣ Симини Беҳбаҳониро барои бастани оҳанги дилнишин интихоб намуда, ба ҳаводорони суруди нобу сара пешниҳод намудааст.

Яке аз сурудҳои хеле фораму дилчаспе, ки бо як лаҳни нозуку дилпазир ба шунавандагон пешкаш кардааш, дар матни ғазали “Шароби нур” мебошад, ки ин аст:

    

Ситора дида фурӯ басту орамид, биё,

Шароби нур ба рагҳои шаб давид, биё.

Зи бас ба домани шаб ашки интизорам рехт,

Гули сапеда шукуфту саҳар дамид, биё.

Шаҳоби ёди ту дар осмони хотири ман

Паёпай аз ҳама сӯ хатти зар кашид, биё.

Зи бас нишастаму бо шаб ҳадиси ғам гуфтам.

Зи ғусса ранги ману ранги шаб парид, биё.

Ба вақти маргам агар тоза мекунӣ дидор,

Ба ҳуш бош, ки ҳангоми он расид, биё.

Ба гомҳои касон мебарам гумон, ки туӣ,

Дилам зи сина бурун шуд, зи бас тапид, биё.

Наёмадӣ, ки фалак хӯша-хӯша парвин дошт,

Кунун, ки дасти саҳар дона-дона чид, биё.

Умеди хотири Симини дил шикаста, тӯйӣ,

Маро махоҳ аз ин беш ноумед, биё.”

 

  Аз мутолиаи ғазали боло чунин ба назар мерасад, ки ин ғазал маҳз барои сохтани суруд ва бастани оҳанг офарида шудааст. Шоир дар ин шеър эҳсосоти баланди ба таври “даҳшатовар” зебо ва “муҷримона” гуворои шӯру шарари ишқро чунон бо маҳорати баланди суханофаринӣ баён намудааст, ки он ба гӯши шунаванда мисли як эҳсосоти маҳин ба торҳои хеле нозуки ӯ таъсир мерасонад ва завқи бадеии онро бедор менамояд. Агар ба матни ин ғазал таваҷҷӯҳ намоем, пас мебинем, ки дар гузиниши вожаҳову иборот то чӣ андоза нозукписандона муносибат ба амал омадааст ва муаллиф ҳар як калимаю ибораро ба таври нишонрасу мутаассиркунанда истифода кардааст. Агар ба ҳар як рукну ҳар як ҳиҷо назар афканем, пас равшан мешавад, ки танҳо худи ҳамин як ғазал бо маҳорати баланди суханварӣ эҷод шуда, таъбирҳое ба мисли: ситора дида фурӯ басту орамид, шароби нур ба рагҳои шаб давид, ба домани шаб ашки интизорам рехт, гули сапеда шукуфту саҳар дамид, шаҳоби ёди ту дар осмони хотири ман, хатти зар кашид, бо шаб ҳадиси ғам гуфтам, зи ғусса ранги ману ранги шаб парид, тоза мекунӣ дидор, дилам зи сина бурун шуд, зи бас тапид, фалак хӯша-хӯша парвин дошт, дасти саҳар дона-дона чид, маро махоҳ аз ин беш ноумед, бо як чирадастиву маҳорати устодӣ эҷод гардидаанд, ки бешубҳа “саҳли мумтанеъ” мебошанд.

  Инчунин таъкид бояд кард, бо гуфтани “зи ғусса ранги ману ранги шаб парид, биё” шоира онро дар назар дорад, ки аз интизории зиёд шаб ба саҳар расид, яъне шаби тор ба рӯзи равшан мубаддал гашт, вале то ҳанӯз аз ёр дараке нест ва ӯ ба наздаш наомад, мушавваш шудани хотири худ ва бадал шудани торикиро ба рӯшноӣ бо як малоҳати нозуки шоирона бо алфози “ранги ману ранги шаб парид” ба қалам додааст, ки далели маҳорати баланди шоирӣ ва назокати сухансанҷии Симини Беҳбаҳонӣ мебошад.

  Маҳз суханварии муъҷизаофаронаи Симини Беҳбаҳонӣ мебошад, ки эҳсосоти ниҳоят нозуки шавқу шӯри ошиқонаро бо чунин ибораҳои ихчаму хушсадо ва оҳангнок бо як лаҳни дилфиребу дилнишин оростаю пероста гардонида, дили хонандаву шунавандаро тасхир намудааст.  

  Шеъри дигаре, ки ба он аз ҷониби ин сарояндаи ҷовидном Аҳмад Зоҳир оҳанг эҷод намудааст, “Чун дарахти фарвардин” ном дорад, ки аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа дорои маънии баланди лирикӣ буда, эҳсоси баланди муҳаббати поки инсониро тараннум менамояд. Он нуктаро аз рӯйи инсофу адолат бояд иброз дошт, ки маҳз сеҳри суханофаринии Симини Беҳбаҳонӣ аст, ки вожагонро ба тарзи эъҷози нотакрор баргузидаву корбаст кардааст, ки кас тасаввур мекунад, дар бадани сухан ҷони зинда ворид гашта, аз хондану тараннум кардани он дили кас ба ваҷд меояд:

 

“Чун дарахти фарвардин пуршукуфа шуд ҷонам,

Домане зи гул дорам, бар чӣ кас бияфшонам.

Эй насими ҷонпарвар, имшаб аз барам бигзар,

Варна инчунин пургул то саҳар намемонам.

Лолавор хуршеде дар дилам шукуфо шуд,

Сад баҳори гармизо сар зад аз зимистонам.

Донаи умед охир, шуд ниҳоли боровар,

Сад ҷавона пайдо шуд аз талоши пинҳонам.

Парниёни маҳтобам, дар хамӯшии шабҳо,

Ҳамчу кӯҳи побарҷо сар бинеҳ ба домонам.

Бӯи ёсуман дорад хобгоҳи оғӯшам,

Ранги настаран дорад шонаҳои урёнам.

Шеъри ҳамчу удамро оташи дилам сӯзад,

Мавҷи атр аз он рақсад дар дили шабистонам.

Кас ба базми майхорон ҳоли ман намедонад,

Чунки бо дили пурхун чун пиёла хандонам.

Дар китоби дил, Симин, ҳарфи ишқ меҷӯям,

Рӯи гуна меларзад сояҳои мижгонам.”

 

  Ҳамзамон дар шеъри болоӣ санъатҳои бадеӣ аз қабили ташбеҳ, истиора ва тазод ба таври нишонрасу тақвиятдиҳандаи фикри волои шоира истифода гардидаанд. Дар мисраи “Сад баҳори гармизо сар зад аз зимистонам” бо маҳорати баланди суханофаринӣ таъкид шудааст, ки дар интизории дидори ёр дар сармои зимистони интизориаш сад баҳори гармизо бурун омад. Ё худ агар ба байти “Бӯи ёсуман дорад хобгоҳи оғӯшам, Ранги настаран дорад шонаҳои урёнам”-ро ба муқоиса гирем, чунин ба назар мерасад, ки муаллиф бо як эҳсосоти нозуки шоирона канори маъшуқаро дорои бӯи ёсуман маънидод карда, бадани нозуки ӯро ба настаран ташбеҳ намудааст. Чунин тарзи суханофаринӣ, бешубҳа, ба торҳои нозуки эҳсосоти хонанда нохун мезанад ва лаҳзаҳои дилпазири ишқварзиро дар назари ӯ ҷилвагар месозад.

  Ё “ҷустани ҳарфи ишқ дар китоби дил”, “рӯйи гуна ларзидани сояҳои мижгон” ибораҳоеанд, ки маҳз Симини Беҳбаҳонӣ барои ифодаи афкори бикри шоиронаи худ моҳирона эҷод намудааст.

  Шеъри дигари Симини Беҳбаҳонӣ, ки ба он Аҳмад Зоҳир оҳанги дилошӯбе баста, онро бо шавқу шӯри баланди хунёгарӣ сароидааст, “Доми фиреб” унвон дорад, ки шунавандаро ба рақсу само меорад ва ба дилҳо шодию сурур мебахшад:

 “Гуфтам, ки мехоҳам туро, бовар макун, бовар макун,

Аз ҷамъи ёрон по макаш, бо ман ба ёрӣ сар макун.

Гар ҳамчу гул дар хандаам, доми фиреб афкандаам,

Дар ҳасрати доме чунин беҳуда доман тар макун.

Эй ошиқи покизахӯ, васли мани расво маҷӯ,

Ҳамбистари ҳар сифларо бо хеш ҳамбистар макун.

Шаҳди лаби майранги ман, олуда бо найранги ман,

Ин ҷоми афсун дар макаш, ин бода дар соғар макун.

Чашмам агар дорад наме, резад ба пои оламе,

З-ин гавҳари беобрӯ, зинҳор ангуштар макун.

Не, не, ки ҷуз оғӯши ман, ҷуз лаъли соғарнӯши ман,

Дар хилвати хомӯши ман, андешаи дигар макун.

Инак туву инак лабам, ин шӯру ин тобу табам,

Сад бӯса бар лаълам бизан, в-аз сад яке камтар макун.”

 

  Агарчӣ ин ғазал дар вазну сулуки Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ гуфта шудааст, аммо сар то по ҷӯшу эҳсоси ошиқонаи Симини Беҳбаҳониро дорост, ки оҳанги ҷаззобу дилнавози шодравон Аҳмад Зоҳир онро боз ҳам муассиртару шӯрангез сохтааст.

  Тавре маълум аст, устоди суруди мардуми форсизабон Аҳмад Зоҳир ниҳоят табъи баланди шеършиносию шеърдониро бархурдор буд ва камтар шеъре писанди хотири нозуку саршор аз сухани волои шоирона мегардид. Маҳз ашъори баландпояи Симини Беҳбаҳонӣ аст, ки ӯро шефта гардонидааст ва ин сарояндаи шаҳир бештар дар эҷодиёташ ба назми ин сухансарои чирадаст муроҷиат намудааст. Ғазали дигаре, ки онро устод Аҳмад Зоҳир ба риштаи адвор кашида, бо як лаҳни дилнишин тараннум кардааст, шеъри “Ошуфтагӣ” ном дорад, ки ин ҷо пешкаш мегардад:

 “Шӯридаи озурдадилу бе сару по ман,

Дар шаҳри шумо ошиқи ангуштнамо ман.

Девонатар аз мардуми девона агар ҳаст,

Ҷоно, ба худо ман, ба худо ман, ба худо ман.

Шоҳи ҳама хубони сухангӯи ғазалсоз,

Аммо ба дари хонаи ишқи ту гадо ман.

Як дам на ба ёди ману ранҷурии ман ту,

Як умр гирифтор ба занҷири вафо ман.

Эй шершикорони сияҳмӯи сияҳчашм!

Оҳуи гирифтор ба зиндони шумо ман.

Он руҳи парешони сафарҷӯи ҷаҳонгард,

Ҳамроҳ ба ҳар қофила чун бонги даро ман.

То бештар аз ғам дили девона бисӯзад,

Бардошта шаб то ба саҳар дасти дуо ман.

Симин! Талаби ёриям аз дӯст хато буд,

Эй бедили ошуфта, куҷо дӯст, куҷо ман?”

 

  Суруди дигаре, ки Аҳмад Зоҳир ба шеъри “Шохаҳои оҳакӣ”-и Симини Беҳбаҳонӣ бастааст, ниҳоят ғамангезу ҷонгудоз буда, ҳолати рӯҳии муаллифро дар худ таҷассум менамояд, ки дар вартаи ғам гирифтор омада, бо эҳсоси навмедию нотавонӣ нола мекашад ва ба нафароне, ки дар зиндагӣ муваффақанд, муроҷиат менамояд:

 “Вой, ман беҳудаам, беҳудаам дар корҳо,

Оҳ, ман афтодаам, афтода чун беморҳо.

Рӯзу шаб мерӯяму рӯиданам ин аст ин,

Шохаҳои оҳакӣ дар зери сақфи ғорҳо.

Дар кавири сахти сӯзон мояи навмедӣ аст,

Устухоне монда боқӣ аз тани мурдорҳо.

Лошахӯрон дар танам ковидаву нодида ҳеҷ,

Хашмгин кӯбида бар ҳам болҳо, минқорҳо.

Холиям, холитар аз як хоб ё аз як сукут,

Эй шумо аз зиндагӣ лабрезҳо, саршорҳо.

Дӯстонам одамакҳо, одамакҳоям гилӣ,

Душманонам - гургҳо, кафторҳо, хунхорҳо...

Рӯзҳоям, ҳафтаҳоям, солҳоям чист? Чист?

Достоне куҳна бо тақлидҳо, такрорҳо.

Эй, ки чашмандози сабзи дидаӣ, овоз деҳ!

То ҷавобам бишнавӣ аз пушти ин деворҳо.”

 

  Шеъри дигари дилошӯбе, ки ба он аз ҷониби сарояндаи зиндаёд Аҳмад Зоҳир оҳанги руҳбахш баста шудааст, “Гуфтугӯ” унвон дорад, ки бо шунидани он дар дили шунаванда эҳсоси баланди руҳию равониро ба вуҷуд оварда, шавқу шӯре ӯро фаро мегирад ва беихтиёр ӯро ба олами рӯъё раҳнамун месозад:

 

“Гуфтӣ, ки мебӯсам туро, гуфтам таманно мекунам,

Гуфтӣ агар бинад касе, гуфтам, ки ҳошо мекунам.

Гуфтӣ зи бахти бад агар ногаҳ рақиб ояд зи дар,

Гуфтам, ки бо афсунгарӣ ӯро зи сар во мекунам.

Гуфтӣ, ки талхиҳои май гар ногувор афтад маро,

Гуфтам, ки бо нӯши лабам онро гуворо мекунам.

Гуфтӣ чӣ мебинӣ бигӯ дар чашми чун ойинаам?

Гуфтам, ки ман худро дар он урён тамошо мекунам.

Гуфтӣ, ки аз бетоқатӣ дил қасди яғмо мекунад,

Гуфтам, ки бо яғмогарон боре мадоро мекунам.

Гуфтӣ, ки пайванди туро бо нақди ҳастӣ мехарам,

Гуфтам, ки арзонтар аз ин ман бо ту савдо мекунам.

Гуфтӣ агар аз кӯи худ рӯзе туро гӯям: “Бирав”?

Гуфтам, ки сад соли дигар имрӯзу фардо мекунам.

Гуфтӣ агар аз пои худ занҷири”ишқат во кунам?

Гуфтам зи ту девонатар донӣ, ки пайдо мекунам...

 

  Дар ин ғазал Симин дар баробари корбурди устодона аз санъати суолу ҷавоб, ки ҷанбаи  таъсирбахшии шеърро афзудааст, инчунин ба ҳар як овози вожа аҳамият додааст, то зарбу оҳангро дар ғазал тавъам созад.

  Инчунин ногуфта намонад, ки маҳз овози дилошӯбу рӯҳбахши устоди санъати сарояндагӣ Аҳмад Зоҳир аст, ки бо ҳанҷараи довудии худ дар бадани ин ғазал ҷони тоза дамида, тавассути оҳанги марғубе ба он умри ҷовидона бахшидааст.

  Мутрибу сарояндаи дигаре, ки дар эҷодиёти он ашъори Симини Беҳбаҳонӣ ҷойгоҳи вижа дорад, овозхони машҳури Афғонистон Фарҳоди Дарё мебошад, ки ба шеърҳои ин маликаи кишвари шеър оҳангҳои ҷаззобе баста, бо лаҳни фораму диловез пешниҳоди шунаванда гардонидааст. Алалхусус шеъре, ки бо номи “Дубора месозамат Ватан” ёд мешавад, аз ҷониби ин сароянда ба оҳанг дароварда шуда, ниҳоят ҷаззобу форам садо медиҳад:

“Дубора месозамат Ватан! Агарчи бо хишти ҷони хеш,

Сутун ба сақфи ту мезанам, агарчи бо устухони хеш.

Дубора мебӯям аз ту гул, ба майли насли ҷавони ту,

Дубора мешӯям аз ту хун, ба сели ашки равони хеш.

Дубора як рӯзи равшано, сиёҳӣ аз хона меравад.

Ба шеъри худ ранг мезанам зи обии осмони хеш.

Касе, ки “азми рамим”-ро дубора иншо кунад ба лутф.

Чу кӯҳ мебахшадам шукӯҳ ба арсаи имтиҳони хеш.

Агарчи пирам, вале ҳанӯз маҷоли таълим агар бувад,

Ҷавонӣ оғоз мекунам канори навбовагони хеш.

Ҳадиси “ҳубб-ул-ватан” зи шавқ бад-он равиш соз мекунам,

Ки ҷон шавад ҳар каломи дил чу баргушоям даҳони хеш.

Ҳанӯз дар сина оташе ба ҷост, к-аз тоби шӯълааш,

Гумон надорам ба коҳише зи гармии дудмони хеш.

Дубора мебахшиям тавон, агарчи шеърам ба хун нишаст,

Дубора месозамат ба ҷон, агарчи беш аз тавони хеш.”

 

  Ин шеър, ки дар он ишора дар бораи ба хоку хун оғушта шудани Ватан рафтааст, дар он давра таълиф гардидааст, ки бо таҳрики кишварҳои хориҷӣ ва қувваҳои иртиҷоии дохилӣ Эрон ба ҷанги ҳаштсолаи харобиовар бо Ироқи ҳамсоя кашида шуда, дар натиҷаи он харобу валангор гардида буд. Шоира ин ҳолати риққатовари ватанашро мушоҳида намуда, омода аст, ки сутуни деворҳои онро аз “устухони хеш” бисозад ва хуну хокро аз рӯйи вай бо “сели ашки равони хеш” бишӯяд. Инчунин бо як малоҳати суханпардозона ибораи “Ҳубб-ул-ватани мин ал-имонӣ”-ро истифода намуда, дӯст доштани Ватанро аз вазифаи имондорӣ мешуморад.

  Дар хотимаи сухан таъкид намудани он нукта бамаврид аст, ки устодони бузурги санъату мусиқӣ ба мисли Зафар Нозим, Аҳмад Зоҳир, Фарҳоди Дарё ва дигарон, ки бидуни шак саррофони гавҳаршинос буда, қадри сухани нобро хеле ва хеле хуб медонистанд, аз осори гаронбаҳои ин шоираи ширинкаломи форсизабон истифода намудаанд ва ин худ як далели қотеест дар бораи бузургию мақому манзалати Симини Беҳбаҳонӣ дар адабиёти муосири кишварҳои форсизабон.

  Зимнан бояд ёдовар шуд, ки ин шоираи хушсалиқа, ки дар Эрон бо лақаби “Модашери эронӣ” машҳур буд ва шуҳрати ҷаҳонии вай ба дараҷае расида буд, ки ӯ ду маротиба ба мукофоти байналмилалии Нобел дар соҳаи адабиёт пешниҳод гардидааст. Далели дигари шуҳрати ҷаҳонии ӯ он нукта мебошад, ки соли 2001 президенти вақти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Барак Обама дар табрикоти наврӯзии худ ба мардуми Эрон шеъри:

“Агарчи пирам, вале ҳанӯз маҷоли таълим агар бувад,

Ҷавонӣ оғоз мекунам канори навбовагони хеш.

Ҳадиси ҳубб-ул-ватан” зи шавқ бад-он равиш соз мекунам,

Ки ҷон шавад ҳар каломи дил чу баргушоям даҳони хеш”

-ро ҳамчун иқтибос оварда буд.

  Шоираи ширинкалом Симини Беҳбаҳонӣ мақому мартабаи шеъри форсу тоҷикро ба арши аълои сухансароӣ расонида, дар адабиёти форсигӯён ҷойгоҳи баландеро барои худ касб намуда, дар тӯли тамоми умри бобаракати худ садри сухансароёни форсизабон будааст, ки ин маъниро дар ашъори худ ишора намудааст:

“Шоҳи ҳама хубони сухангӯи ғазалсоз,

Аммо ба дари хонаи ишқи ту гадо ман”.

  Албатта, доманаи мавзӯи алоқамандии ашъори Симини Беҳбаҳонӣ бо адвору мусиқӣ ва масъалаи омӯзиши зарбу оҳангнокии он хеле васеъ мебошад ва дар доираи як мақола наметавон тамоми паҳлуҳои онро фаро гирифт ва умед аст, ки дар оянда дар ин самт пажӯҳишу таҳқиқоти тозаву густурдатаре рӯи кор хоҳад омад.

Амирқулов НУРИДДИН

муҳаққиқ

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№5 (18), 2019

Хондан 1830 маротиба