JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 13 Сентябри 2019 05:07

Илм ва истиқлолият

Муаллиф:

 Ҷомеаи  инсонӣ дар  баробари  пешрафти  илму фановарӣ рушд мекунад  ва  инкишоф меёбад. Дастовардҳо ва  кашфиёти  олимон  мавриди истифодаи  башарият  қарор  мегиранд,  ки он  сабаби  некуаҳволии  инсонҳо  мегардад. Дар  ҳар  давру  замон  вазифаи  илм  дар  ҷомеа  ба  амал  овардани  донишҳои илмӣ-назариявӣ  буда, дастовардҳои он  дар  ҳаёт  татбиқ  мегардид. Таърихи  инсоният  вазифаҳои   асосии илмро  дар  ҷомеа  муайян  кардааст,  ки  иборатанд аз:

— ба  амал  баровардани донишҳои  илмӣ-назариявӣ;

—  вазифаҳои ҷаҳонбинӣ ва фарҳангӣ;

— вазифаи фановарӣ, ки  дар  истеҳсолот татбиқ намудани  дастовардҳои илмӣ ва  мавриди  истифода  қарор намудани маҳсулот;

— танзим намудани  равандҳои ҷамъиятӣ ва неруи иҷтимоӣ;

— вазифаи  барномарезӣ  ва  пешгўикунандагӣ ва ғайра.

Дар рушди илму  фарҳанг ва   дастовардҳои  бузурги  инсоният  дар  соҳаҳои   астрономия,  физика,  биология,  тиб, фалсафа  ҳамеша хидмати абармардони тоҷику форс кам нестанд. Шоҳкориҳои азими  фарзонагони халқи  тоҷик  дар  соҳаҳои  илмҳои  гуногун  бо  номҳои  Муҳаммад Закариёи Розӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Абунасри Форобӣ, Умари Хайём ва даҳҳо дигар донишмандон ва  мутафаккирон алоқаманд  аст.

Баъд  аз  ташкил шудани Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон  як  қатор  марказҳои  илмӣ-тадқиқотӣ  дар  ҳудуди  ҷумҳурӣ  ифтитоҳ  гардиданд. Аввалин  марказҳои  илмӣ-тадқиқотӣ  дар ҷумҳурӣ   соли  1932  ташкил  гардида, соли  1951 дар  асоси  базаи тоҷикистонии  Академияи  илмҳои Иттифоқи Советӣ,  Академияи  илмҳои Ҷумҳурии Совети Сотсиалистии Тоҷикистон кушода  мешавад. Дар  замони  шўравӣ  оид  ба  соҳаҳои  гуногуни илм – ҷомеашиносӣ,  дақиқ, химиявӣ-биологӣ  ва  тиб  муассисаҳо ва  марказҳои  илмӣ-тадқиқотӣ  дар   сохтори  Академияи  илмҳо  таъсис  дода  шуданд. Дар ин давра  олимони тоҷик дар баробари  дигар   олимон  ва  муҳаққиқони  ҷумҳуриҳои  иттифоқӣ  дар  самти  илмҳои  гуногун  натиҷаҳои  назаррас  ба  даст  оварданд,  ки  аксари  онҳо  дар  истеҳсолот  татбиқ  мегардиданд.

Ҳамин  тариқ, заминаи  асосии муассисаҳо  ва  марказҳои  илмии  Академияи  илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  замони  шўравӣ  асос гузошта  шудааст.  Дар  баробари  ба  даст  овардани  истиқлолияти  давлатӣ Академияи  илмҳо вуҷудияти  худро  аз   даст  надод. Гарчанде, ки  дар  баъзе  ҷумҳуриҳои  собиқ шўравӣ ин  ниҳод аз байн рафта  бошад ҳам, вале  дар  ҷумҳурии  мо  Академияи илмҳо ҳамчун  ниҳоди  илмӣ-тадқиқотӣ фаъолият ва рушд кард.

Албатта,  илми  тоҷик дар солҳои аввали ба  даст  овардани  истиқлолияти давлатӣ дар баробари дигар  соҳаҳои  ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ фазои  буҳрониро  аз  сар  гузаронд, ки ба чанд омил вобастагӣ  дошт.

Якум, пеш аз ҳама, ба пошхўрии  Иттиҳоди  Шўравӣ вобастагии  зич  дошт, зеро ҳамкории илмии муассисаҳои  илмии ҷумҳурӣ  бо дигар  ниҳодҳои илмии ҷумҳуриҳои иттифоқӣ якбора  канда  шуд. Ин  робитаҳо  дар  самти  тайёр  намудани  кадрҳо  ва ҳамкории  илмӣ, таҳқиқотҳои дуҷонибаву  бисёрсамта, таҷрибаомўзии  мутахассисони соҳавӣ  ва  ғайра иборат  буданд.

Дуввум, аз  ҷумҳурӣ  кўч  бастани  мавҷи  бузурги  мутахассисони  соҳавӣ,  аз  ҷумла муҳаққиқони  илмӣ.

Севвум, рушди  бемайлони технологияи  муосир ва  ҷавобгў набудани таҷҳизот,  озмоишгоҳҳо ва лабораторияҳои  соҳавӣ  ба  талаботи  замони  нав;

Чаҳорум, нарасидани  маблағи  кофӣ  дар  самтҳои  гуногуни  таҳқиқотҳои  илмӣ ва  ғайра.

Ҳамин  тариқ, боз  даҳҳо омилҳоеро  метавон  номбар   намуд, ки дар солҳои аввали истиқлолият барои  рушди  илм  монеа  мешуданд. Ҳарчанд,  иддае  аз  торикназарон  ҳанўз  ҳам  дар  расонаҳои  даврӣ танқид  мекунанд,  ки  илм  дар   даврони  истиқлолият  рушд накардааст. Бо вуҷуди  мушкилиҳо  олимони  Академияи  илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳқиқотҳоро   ба анҷом  мерасонанд ва дар  рушди  ҳаёти  сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар  саҳм  мегузоранд.           Истиқлолияти давлатӣ  барои  мо  имкон  дод, ки  баҳри  ҳифзи забон,  таърих  ва  фарҳанги ниёкон аҳамияти  махсус диҳем.
Бояд  зикр намуд,  ки  дар   даврони  истиқлолият баҳри  бедории  худшиносӣ  ва  ҳувияти  миллӣ,  назари  амиқ   намудан  ба   таърихи  миллати  тоҷик  ва   расму оинҳои  миллӣ, рушди  фарҳанги  миллӣ  корҳои зиёде  ба амал  бароварда  шуданд.

Инчунин баргузор намудани ҳамоишҳои илмӣ баҳри гиромидошти фарзандони бузурги  миллат бо  ҷалби олимону  муҳаққиқони  ватаниву хориҷӣ низ  дастоварди азими  даврони  истиқлолият ба шумор  меравад. Ин ҷашнҳо аз як  тараф бозгӯкунандаи он ҳастанд, ки насли муосир бидонанд, ки чунин  таърихи воло ва аҷдодони  барўманд  доранд ва  аз  тарафи  дигар, омили тақвиятбахшандаи   ваҳдати  миллӣ ва ҳамгироии  шаҳрвандон дар  зери  парчами  давлати  мустақил  бар  зидди таҳдидҳои  ҷаҳони муосир  мебошад. Дар  ин  раванд муҳаққиқони  Академияи  илмҳо дар самти  гиромидошти  шахсиятҳои  маъруфи  халқи тоҷик Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит, Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино, Муҳаммад Закариёи Розӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ, Миробид Сайидои Насафӣ, Аҳмади Дониш ва  дигарон  саҳми босазо гузоштаанд.

Дар  самти  илмҳои  таърихӣ   корҳои  назаррас  ба  анҷом  расидаанд. Яке  аз  шоҳкориҳои Институти таърих,  археология ва  этнографияи ба  номи Аҳмади  Дониши  Академияи  илмҳои  ҶТ  таълиф  ва  ба  нашр  омода  намудани «Таърихи халқи тоҷик» дар  6  ҷилд  мебошад. Инчунин таърихнигорон  ва   бостоншиносони  тоҷик барои  омўзиши  таърих  ва  фарҳанги  халқи  тоҷик  ёдгориҳои  таърихии шаҳру  ноҳияҳои  ҷумҳуриро аз он ҷумла ёдгориҳои шаҳри  Панҷакент, ноҳияҳои  Ҷалолуддини Балхӣ, Данғара, Фархор, Дарвоз  ва  дигар  ноҳияҳоро дар  рафти экспедисияҳо  мавриди  омўзиш  қарор  медиҳанд, ки  барои  шинохти таърих ва  фарҳанги тоҷикон  нақши муҳим  мебозад.

Дар даврони истиқлолият таваҷҷуҳи хосса додан ба насли наврас  ва ҷавон аз ҷумлаи дастовардҳои беназири истиқлолият мебошад. Чунки ин  насл ояндаи миллат буда, бақои  давлат ва Ватан мебошад. Аз ҷониби Ҳукумати ҶТ барномаҳо ва консепсияҳо оид ба  маърифаткунонии насли ҷавон ҳамчун  насли  солим ва бомаърифат қабул гардидаанд. Бояд зикр кард, ки соли 2017 – Соли ҷавонон эълон  гардида буд.  Дар ин  раванд  Академияи  илмҳо дар  самти тарбияи  кадрҳои  ҷавони илмӣ нақши  муҳим  бозида,  дар  назди  он  шуъбаи  магистратура ва  докторантура (PhD)  ташкил  гардидааст.

Кадрҳои ҷавон  дар соҳаҳои  гуногуни  илмҳо корҳои  тадқиқотӣ  анҷом  медиҳанд ва  рисолаҳои илмии  худро  дифоъ  менамоянд.      Бояд зикр кард, ки ҳамасола,  аллакай  бори  панҷум  аст,  ки баҳри   рўҳбаланд  намудани  донишҷўёни  мактабҳои  олии  ҷумҳурӣ ба  илмҳои муосир дар  Академияи  илмҳо, Озмуни ҷумҳуриявии донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти  олии ҷумҳурӣ барои  дарёфти  «Ҷоми Академияи илмҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз  рўи  зиёда  аз  даҳ  соҳаи  илм гузаронда  мешавад.

Олимони  тоҷик кўшиш  менамоянд,  ки  дар  раванди  баланд   бардоштани  тафаккури илмиву  техникии  аҳли ҷомеа,  ҳисси  худшиносиву  худогоҳии  насли  наврас ва  тарбияи  ватандўстӣ  ва  эҳтиром  гузоштан  ба  арзишҳои  миллӣ нақши  калидӣ  дошта   бошанд.

Дар  самти  иқтисодиёт  кормандони  Институти  иқтисодиёт ва  демография баҳри  баланд  бардоштани  иқтисодиёти  кишвар дар  шароити  нав  таҳқиқотро  ба  анҷом мерасонанд. Махсусан,  таҳқиқот дар  самти  сохтори  иқтисодиёти  кишвар оид ба рушди соҳибкорӣ дар  кишвар   ва  фазои муътамади  инвестисионӣ ба анҷом  расонда  шуданд.

Дар  самти  фанҳои  дақиқ  низ  корҳои  назаррас  ба  анҷом  расонда  шудаанд. Муҳаққиқони  Институти физикӣ-техникии ба  номи С.У. Умарови АИ ҶТ  методи  бақайдгаирии гамма-квантҳои дорои  дараҷаи  баландтаринро  бо  телескопҳо  ба  роҳ  монданд, ки чунин таҷриба  дар  сатҳи ҷаҳонӣ  камназир  аст.

Инчунин олимони  Институти  Астрофизикаи Академияи  илмҳо  бо  воситаи  Расадхонаи  байналмилалии Санглох (РАБС) ва  АЗТ-8- и Расадхонаи астрономии «Ҳисор» мушоҳидаҳои    спектрофотометрӣ ва  фотометрӣ мегузаронанд.

Дар  асоси  таҷрибаҳои  зиёд муайян  гардид,  ки  дар  шароити  баландкўҳи  ноҳияи  Мурғоби ВАБК,  махсусан  дар  мавзеи Булункўл кишти  зироатҳои  хўроки  чорво,  аз он ҷумла ҷав, ҷавдор, юнучқа, эспересет ба  роҳ   монда  шуд, ки ҳосили  хуби дилхоҳ  ба  даст  овардан  мумкин  аст. Олимони  соҳа  кўшиш  менамоянд,  ки барои  кишти  дигар   маҳсулоти  кишоварзӣ  дар   шароити  баландкуҳ  таҷриба  гузаронанд.

Тоҷикистон,  ки  кишвари  сарсабзу  хуррам  аст, гиёҳҳои  шифобахше,  ки  дар  минтақаҳои  гуногуни  он  мерўяд,  барои  аксари  бемориҳо дармон мебахшад. Барои шинохти  воқеии гиёҳҳои  шифобахш  аз  ҷониби  олимони соҳа  китоби «Атласи гиёҳҳои шифобахши «Тоҷикистон» ба нашр  расид.

Соли  2018 олимони  соҳаи  геология ду  маъдани  навро  зери  номҳои «Фалғарит» ва  «Бадахшонит» кашф  намуданд,  ки онҳо аз  ҷониби Комиссия  оид  ба  минералҳои  нав ба  қайд  гирифта  шудааст.

Дар  самти  рушди илмҳои  ҷамъиятшиносӣ нақши олимони  ин соҳа  кам  набуда, талош менамоянд,  ки  дар  самтҳои  гуногун таҳқиқотҳоро  ба  анҷом  расонанд. Махсусан  кормандони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти илмӣ-таҳқиқотиро дар бахшҳои фалсафа, сотсиология, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ ба анҷом  мерасонанд.

Яке аз  дастовардҳои сиёсии  истиқлолияти давлатӣ  ин  ба  даст  овардани  давлатдории миллӣ  мебошад. Маҳз дар  сатҳи давлатдорӣ  як  миллат  ё  халқ метавонад сохти ҳаёти иҷтимоӣ, низоми сиёсӣ ва шакли  идоракунии давлатро  нишон  диҳад  ва дар навбати  худ низоми ҳуқуқии миллиро таъсис диҳад. Аз  ин  лиҳоз, таҳқиқотҳо дар  самти сохторёбии муносибатҳои нави ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити истиқлолияти давлатӣ ба вуқўъ пайваст, ки он аз моҳият ва мазмуни фаъолияти сохторҳои сиёсии давлат вобастагӣ дорад.

Инчунин дар таҳқиқотҳои муҳаққиқон таъсири равандҳои иҷтимоӣ низ дар қатори равандҳои сиёсӣ ба ташаккулёбӣ ва сохторёбии муносибатҳои нави ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди  таҳқиқ  қарор гирифтаанд.

Ҳамзамон  дар  мақолаҳои  илмӣ  ва   монографияҳои   ба табъ  расида, равандҳои  иҷтимоӣ дар даврони истиқлолият таҳқиқ  гардидаанд. Дар  таҳқиқотҳо равандҳои иҷтимоӣ, ки дар шароити муносибатҳои бозаргонӣ дар Тоҷикистон ташаккул ёфтаанд, мазмуну моҳияти хоси худро доро мебошанд таҳқиқ  гардида,  ба вуҷуд омадани қишрҳои иҷтимоӣ дар ҷомеа ба  таври  куллӣ  таҳқиқ гардидаанд.

Бояд  гуфт, ки дар  таҳқиқотҳои олимони соҳаи ҷомеашиносӣ   масъалаҳои  манфиатҳои  миллӣ, амнияти миллӣ, ваҳдати  миллӣ,  истиқлолияти  давлатӣ, ҷомеаи  шаҳрвандӣ, хусусиятҳои модели дунявии давлат ва аҳамияти назариявии он, ниҳодҳои  иҷтимоӣ  дар  кишвар, нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм ва экстремизм, таҳдидҳои  замони  муосир ба  амнияти кишвар,  сабабҳои  шомилшавии ҷавонон ба гурўҳҳои ифротӣ,  тероризм ва  экстремизм ва  роҳҳои  мубориза  бо  онҳо ва  даҳҳо  масъалаҳои  ба  ин  марбут  таҳлил  гардидаанд.

Натиҷаҳои таҳқиқот дар  мақолаи  илмӣ-оммавӣ  ва монографияҳои  муҳаққиқони соҳа, махсусан дар  монографияҳо  ва  воситаҳои таълимӣ ба  монанди «Инсон, сиёсат ва ҷомеа», «Ваҳдати миллӣ” (ба забони русӣ), “Муқаддимаи идеяи миллӣ”, “Амнияти миллӣ”,«Сиёсатшиносӣ», «Антропологияи сиёсӣ», «Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият:   дигаргунсозиҳои иҷтимоӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангӣ”, “Тоҷикистон дар  масири тағйиротҳои иҷтимоӣ”, “Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқобилият бо терроризм,  экстремизми динӣ ва радикализми сиёсӣ”  ва ғайра ба нашр  расидаанд.

Дар ин  радиф  бояд зикр намуд, ки  шуъбаи Ҷомеашиносии Институти номбурда ҳамасола  дар  мавриди  масъалаҳои  мубрами ҷомеаи  кишвар  тадқиқотҳои  сотсиологӣ  мегузаронад. Барои  мисол  тадқиқотҳое дар  соли 2018 гузаронда шудааст, мавзўъҳои “Баҳодиҳии дастрасии занони соҳибкори Тоҷикистон ба бехатарӣ”, “Зуҳуротҳои номатлуб дар мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”,“Баҳодиҳии муносибати намояндагони дин нисбати зуҳуротҳои номатлубии ҷомеаи муосир”, “Вазъи паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва роҳҳои пешгирии онҳо дар доираи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, «Баҳодиҳии қобилияти ҳуқуқии худидоракунии иттиҳодияҳои донишҷўён дар ҶТ бо мақсади омода намудани лидерҳое, ки ба баланд бардоштани сифати таълим дар донишгоҳҳои олӣ мусоидат мекунанд”, «Сарчашмаҳои ташаккули ҷаҳонбинии ҷавонон: манбаъҳои ахборотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ”  ва даҳҳо  дигар  тадқиқотҳои сотсиологиро  метавон  номбар  намуд, ки натиҷаҳои дахлдор  ба  даст оварда шудаанд.

Дар  баробари  ин  дар  самти  ҳуқуқ  низ  таҳқиқотҳои илмӣ  ба  анҷом  расидаанд. Олимони ҳуқуқшиноси  Институт фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ  дар бораи нақши ниҳодҳои ҳуқуқӣ дар ташаккули давлатдории  миллӣ, тарзи демократии идораи давлатӣ, истифодаи шаклҳои гуногуни демократия ва амали бевоситаи он, аз қабили парламентаризм, тарзи интихоботи озодона, мустаҳкам гардонии мавқеи ҳуқуқии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла такмили сохтору салоҳияти судҳо ва ҳокимияти судӣ, ҳифзи судии ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, пайдоиш ва иншикофи ҳуқуқи байналмилалӣ, такмили асосҳои ҳуқуқи хусусӣ  дар қонунгузории ҶТ, таҳқиқотҳо  дар  самти  ҳуқуқи ҷиноятӣ, проблемаҳои татбиқи  ҳуқуқ дар кишвар ва  доир ба дигар  масъалаҳои ҳуқуқӣ таҳқиқотҳор мегузаронанд. Монографияҳое, ки  дар  давра  ба  чоп  расидаанд  натиҷаи таҳқиқотҳои олимони ҳуқуқшинос буда, ба  монанди “Масоили актуалии ҳуқуқи байналмилалии об”, “Ҷанбаҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ доир ба истифодабарии обҳои фаромарзӣ», “Ҳуқуқи мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ғ.

Дар  бахши фалсафа низ  дар  даврони  истиқлолият  корҳои  назаррасе  ба  анҷом  расидаанд. Махсусан  дар  самти таърихи фалсафа, фалсафаи фарҳанг, фалсафаи дин,  фалсафаи иҷтимоӣ ва мантиқ таҳқиқотҳо гузаронда шудаанд. Нашри Осори Абуалӣ ибни Сино дар 11 ҷилд ба забонҳои  тоҷикӣ ва русӣ, китобҳои “Таърихи фалсафаи тоҷик” ба забони тоҷикӣ дар ду ҷилд ва  ба забони русӣ дар се ҷилд,”Тибби мансури”-и Абубакр Муҳаммад Закариёи Розӣ, “Фанни Хитоба”- Арасту, “Таърихи динҳо” (китоби дарсӣ), “Мантиқ” (китоби дарсӣ) ва  даҳҳо  дигар  асарҳоро метавон  ном  бурд,  ки  бо кўшиши  муҳаққиқони соҳа  дар  даврони истиқлолият анҷом гардидаанд. Ёдовар  бояд  шуд, ки китоби “Таърихи фалсафаи  тоҷик” дар  се ҷилд (ба забони русӣ) дар  Озмуни байналхалқии “Беҳтарин китоби илмӣ” аз ҷониби Ассосиатсия  байналхалқии Академияи илмҳо дар таърихи 8 ноябри соли 2013  ҳамчун  беҳтарин  китоби  илмӣ  сазовори  диплом гардидааст.

Ҳамин  тариқ, ин чанд нуктаи хурде буд, ки аз  дастовардҳои олимони тоҷик дар даврони истиқлолият зикр  намудем. Албатта,  барои рушди ҳамаҷонибаи илми тоҷик ҳал намудани чанд  масъала  зарур аст, аз он ҷумла:

  • ҷудо намудани грантҳои илмӣ аз ҳисоби ниҳодҳои ватанӣ ва хориҷӣ барои таҳқиқотҳои фундаменталӣ  ва калидӣ;
  • фароҳам овардани шароит ҷиҳати  робитаи  зичи  илм ва  истеҳсолот бо дар  назардошти соҳаҳои алоҳидаи илм;
  • фароҳам овардани шароит барои барқарор намудани  робитаҳои  илмӣ  бо  муассисаҳои  кишварҳои хориҷӣ;
  • таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудан барои иштироки олимони тоҷик  дар  ҳамоишҳо ва конфронсҳои илмии байналмилалӣ;
  • пурзўр намудан ва зиёд кардани шумораи таҳқиқотҳои сотсиологии соҳавӣ, баҳри аниқ  намудани  самтҳои  омўзиш ва масъалаҳои  мубрами рўз;
  • аҳамияти махсус додан  ба  кадрҳои  ҷавони илмӣ  ва  барқарор  навмудани  озмунҳои соҳавӣ  бо  мақсади  пайдо  намудани истеъдодҳои нодири илмӣ ва ғайра.

Ҳамин тариқ маром ва  мақсади ҳар як  фарди ҷомеа бояд  таҳкими ваҳдати миллӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, масъалаи рушди ҷомеа, ноил  гардидан ба ҳадафҳои  стратегӣ,  баланд  бардоштани  сатҳи зиндагӣ, тарзи  ҳаёти солим ва тарбияи насли наврас дар рўҳияи инсондўстӣ бояд бошад. Файласуф ва  ҷомеашиноси испанӣ Хосе Ортега-и-Гассет гуфтааст: «Миллатҳо  ба вуҷуд меоянд ва боқӣ мемонанд, дар ҳоле, ки агар барои фардо  барнома дошта бошанд». Дар ҷаҳони пурталотуми муосир, ки  илму фановарӣ  дар  сафи  пеш  аст ва  дар  баробари  ин  таҳдидҳои ҷаҳони муосир ба  амнияти кишварҳо таъсир мерасонанд, танҳо метавон  дар  асоси барномарезии оянда, рушди  илму  маърифат ва маърифаткунонии аҳли ҷомеа пеш  рафт  ва  тараққӣ намуд. Аз ин рў,  масъулият  ва  рисолати ҳар  як  олим бояд талош барои пешрафти илм ва татбиқи дастовардҳои он дар ҷомеа  бошад.

         Нусратулло Зокиров,
Котиби илмии Институти фалсафа, cиёсатшиносӣ
ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АИ ҶТ,
 номзади илмҳои фалсафа.

Бознашр: https://khovar.tj/2019/09/ilm-va-isti-loliyat-dar-davroni-so-ibisti-lol-olimoni-to-ik-dar-samti-ilm-oi-gunogun-nati-a-oi-nazarras-ba-dast-ovardand/

Хондан 1642 маротиба