JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 17 Сентябри 2019 13:24

Иқболи нави замона моро тарк кард! (дар сӯгвории шоир ва равшанфикри миллӣ устод Мирзо Боқӣ)

Муаллиф:

   Субҳи дирӯз --- 15 сентябр қалби пуршӯру пурэҳсоси шоир, адиб, публитсист ва равшанфикри муосири миллӣ, устод Мирзо Боқӣ дар синни 74-солагӣ аз тапидан бозмонд. Қалбе, ки бо гармию ҳарорати ҳамешагӣ дар ёди миллият, Меҳан, халқ, инсоният метапид ва барои расидан ба аҳдофи олӣ дар тапиш буд. Аз бозе ки устод Мирзо Боқӣ худро шинохт, сарнавишташро бо шеъру сухан пайваст ва рисолати шоириро ба унвони миссияи адабӣ, фикрӣ, ҳунарӣ, эҷодӣ ва иҷтимоӣ бар дӯш гирифта, то вопасин лаҳазоти умр дар масири рӯшангарии миллӣ гомҳои устувор бардошт. Устод хуб дарк карда буд, ки тавассути шеъру каломи мавзун метавон ҷомеаро ангезаю таҳрик ва ба сӯйи огоҳӣ, шинохт, ҳушёрӣ ва бедорӣ савқ дод.

   Зиндагии ҷасоратмандона, шоирона ва орӣ аз хушомаду тамаллуқ устод Мирзоро дар радифи шахсиятҳои хушноми ҷараёни равшанфикрии миллӣ қарор дод. Устод мусалламан, аз рисолати адабӣ ва шоириаш, ки дар офаридани шеъру сухани пурмаънӣ таҳаққуқ меёфт, сахт огоҳ буд. Бо таваҷҷуҳ ба ин, рисолати шоир дар ҷаҳони инсонӣ биниши наву тоза ворид кардан аст, чашми мардумро бинотар кардан аст, ба шӯру шавқ овардан аст, лаззати зебоиписандии мардумро таъмин кардан аст, аз дунё огоҳ кардан аст ва билохира ба асли худ – инсон шудан ва инсонвор зистан баргардонидани насли башар аст, ки ин рисолати муҳимро устод Мирзо Боқӣ тайи зиндагии  инфиродӣ ва эҷодӣ ба анҷом расонидааст. Се китоби гаронвазне, ки устод тайи солиёни тӯлонӣ ба нашр расонидааст (вазни холиси китобҳои устод баробари вазни як инсон аст), аз ашъори дилписанд ва афкори амиқи як андешаманд иборат буда, дар он раванди инсонсозӣ, худсозӣ ва хештандории қавму миллат ва инсоният бо забони шоирона ва баёни орифона таҷассум ёфтаанд.

   Устод дар баёни матолиби ҳассосу муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ, фикрӣ, динӣ, ирфонӣ, фалсафӣ аз тарзи баёни шоирона хеле зебо кор гирифтааст, ки ин шеваи таълиф танҳо махсуси устод Мирзо аст. Барои таъйини ҷойгоҳи устод дар таърихи адабиёти муосир тадқиқоти муфассали илмӣ мебояд.

   Устод Мирзо Боқӣ «тӯмори сухан»-и хешро дар китобҳояш бо гӯшзад кардани мақоми инсон дар олами вуҷуд, ки асли фалсафӣ маҳсуб меёбад, шурӯъ кардааст. Ин аст, ки дар ифтитоҳи китоби «Ҷовидоннома» (манзур китоби: Мирзо Боқӣ. Ҷовидоннома. Иборат аз ду ҷилд. Ҷилди 1. –Душанбе: «Деваштич», 2006. -2088 с.) ба рисолати инсонӣ дар имтидоди зиндагӣ ишораи ҷолиби фалсафӣ намудааст: «Инсон як вуҷуди худогоҳ аст, як вуҷуди асил аст, як вуҷуди офаранда аст ва як иродаи мустақил». Ва ҷойе, ки эҳсоси маргу нестии инсонӣ ӯро сахт дунболагирӣ кардааст, бад-ин мазмун файласуфона изҳори назар сохта: «Аммо инсони миранда дар ин олам барои масъулияти бузург ба дунё омадааст ва шодмониаш бузург ва андӯҳаш фузун аст ва аз таҳдиди марг ҳеҷ гоҳ эмин нест» ва дар зимн, абадият ва ҷовидонагии инсони заминиро ҳадафи эҷод қарор дода, ба мо хитобан арза медорад: «Бинобар ин инсонро зарур аст, ки ба ҷовидонагӣ имон дошта бошад ва риштаи умри хешро тавассути умед дарозтар созад ва аз хатари ҳар лаҳзаи марг худро эмин диҳад…» (ниг.: Мирзо Боқӣ. Ҷовидоннома. Иборат аз ду ҷилд. Ҷилди 1. –Душанбе: «Деваштич», 2006. -С.3).

   Дар ин муқаддиаи шаклан кӯтоҳ, вале мазмунан муфассали фалсафӣ устод Мирзо Боқӣ аз хасоиси дарунӣ, ботинӣ, фитрӣ, сириштӣ ва эҷодии шахсияти инсон баҳс дар миён овардааст, ки ҳамагӣ тавассути огоҳӣ шакл гирифта, рушду нумӯ карда, боиси бурузи як шахсияти тому комил мегарданд. Устод хостори ҷомеа буданд, ки маҳак ва меҳвари онро хирад ва андешаи созанда ташкил медиҳад. Ногуфта намонад, ки ҷавҳар ё ба истилоҳ, хатти меҳварии таълифоти арзишманди устод Мирзо Боқиро мафоҳими ба ҳам тавъами огоҳӣ, хирад, ҳувиятсозӣ, ҳадафмандӣ, хирадсолорӣ, инсонпарастӣ, худсозӣ, дарунгаройӣ зинат додаанд.  Воқеан, мафҳумҳои калидии мазкур на танҳо инсони беқайду бандро дар иҷтимоъ месозанд, балки раванди фардикунонӣ (индивидуализм) –и иҷтимоиро, ки барои аксари кулли ҷавомеи Шарқи мусулмонӣ дар дарозои таърих бегона буда, имрӯз низ дар феҳристи мушкилоти асосӣ шомил аст, таҳким, тақвият ва тавсеа мебахшад. Дар осори устод аз оғоз то анҷом инсони худогоҳ, худгар, офаринанда ва ҳувиятсоз тарғибу тараннум мегардад.

   Ба назари устод, кашфи истеъдоду маҳорат, фикру андешаи созанда ва дар айни замон хоболудаи мо – инсонҳои хуфта (инсонҳои хуфтаи садаи бисту як) муҳаррики асосии пешрафти ҷомеа ва ҳама таҳаввулоти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва билохира фарҳангӣ дар низоми зиндагии инсонӣ буда метавонад. Ин ягона роҳи озмуда ва таҷрибашудаи навобиғи башарист ва ин нуктаи муҳимро устод Мирзо дар асри бисту як – асри муколаи инсону кайҳон аз нав, бо биниши воқеии шоирона матраҳ сохта, ба иҷтимоъ ҳушдору гӯшзад месозад, ки аз банди ҷаҳолату хурофот ва таассуб – ҷаҳли мураккаб бадар ояд ва бо истифода аз имконоти фитрӣ, эҷодӣ, ҳунарӣ ва фикрии худ  ба як инсони заминӣ, зиндагисоз, мустақил ва озоду саодатманд  табдил шавад.

   Шоир ба масоили фалсафӣ иртибот гирифта, таъкид мекунад, ки ҳама ашёи ҳастӣ аз каммию кайфӣ, хурдию бузургӣ дар ҷустуҷӯйи роҳи абадият ва намирандагӣ гом мебардоранд. Танҳо инсон аст, ки ин орзуи калидӣ ва сарсилсилаи ормонҳояшро дар қолабҳои гуногун – шеър, наср, афсона, суруд, мусиқӣ, наққошӣ, аккосӣ, сиёсатмадорӣ, тақводорӣ, диндорӣ, сӯфигарӣ ва соири ҳунармандӣ  ба намоиш мегузорад. Дигар махлуқот дар қолаби нохудогоҳӣ ба абадият рӯ меоранд. Ба таъбири сареҳтар, ҳама дар шоҳроҳи ҷӯстуҷӯ, такопӯ, орзумандӣ, ормонгаройӣ гом мебардоранд:

             На танҳо Мову Ман дар ҷустуҷӯ аст,

             Ки меҳри ҷовидон ҳам дар нумӯ ҳаст.

             Абад оғуши ҳастиҳо кушода,

             Сабо ҳам синачоки орзу ҳаст.

     (ниг.: Мирзо Боқӣ. Ҷовидоннома. Иборат аз ду ҷилд. Ҷилди 1. –Душанбе: «Деваштич», 2006. –С. 99).

      Ё ин ки:

               Камолоти ниҳоят дар вуҷуд аст,

               Бадоятҳо падидори намуд аст.

               Аёнсози ҷаҳони ғайб бо мост,

               Ки асрори азал дар хоки ҷуд аст.

(ниг.: Мирзо Боқӣ. Ҷовидоннома. Иборат аз ду ҷилд. Ҷилди 1. –Душанбе: «Деваштич», 2006. –С. 75).

   Дар ин дубайтӣ фалсафа (вуҷуд) ва ахлоқ (хоки ҷуд) бо ҳам дар ҳамбастагӣ хеле моҳирона ба риштаи тасвир кашида шудаанд. Ба таъбири дигар, фалсафаи назарӣ (вуҷудшиносӣ) дар фалсафаи амалӣ (ахлоқ - ҷуду сахо) татбиқ шудааст.

   Бояд қайд кард, ки шеъри устод Мирзо,  аз ҳама ҷиҳат бо шеъри

аллома Иқболи Лоҳурӣ ҳамоҳанг аст. Устод Мирзо аз Иқбол илҳом гирифтааст, сароғози илҳоми устод шеъри Иқбол, андешаи Иқбол, диди Иқбол, тасаввуру тааққул ва тасвири Иқбол мебошад. Воқеан, Иқбол дар шеъри порсӣ ҷони нав дамид: шеърро аз зулмоти таассубу хурофоти асримиёнагӣ наҷот дод; аз ғуломӣ раҳонид; тасвиру диққати хаёлро  танҳо барои ифодаи маонии бикри фалсафӣ  корбаст кард; инсони худсозро  меҳвари шеъру низоми шеърӣ  қарор дод; рисолати шоирро дар асри нав, бо назардошти талаботу муқтазиёти замон таъйин кард; рӯҳи эҷодӣ ва ҷустуҷӯгари шоирро дар баробари низомоти истибдодӣ ва мутаассиби ҷаҳонӣ дар мақоми баланд гузошт. Ибтикороти аллома Иқболро дар замони нав ва шароити тозаи иҷтимоӣ, идеологӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ  устод Мирзо Боқӣ муваффақона идома дод. Дар зимн, устод Мирзо дар баёни матолиби рӯзмарраи иҷтимоӣ, ахлоқӣ, фалсафӣ, динӣ аз аллома Иқбол истиқбол намуда, дар тарҳи масоили муҳим ва умдаи фалсафӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ, ирфонӣ ҳамдасту ҳамқадами аллома буда, шеъри ӯ бо шеъри Иқбол аз ҳар ҷиҳат мутавозин аст. Дар тасвиру таъйини маъно ва мазомини фалсафию ирфонӣ аз Иқбол камӣ надорад, илова бар ин, мундариҷоту муҳтавиёти мавзӯиро амиқтар ба риштаи тасвир кашида, ба хонанда бо тарзу шеваи наву тоза манзур намудааст. Танҳо чашми рӯшанбине лозим аст, ки ин тавони шоири имрӯзи тоҷикро бубинад ва дар маънию мазмуни шеъраш мунсифона қазоват кунад. Ба ин дубайтӣ таваҷҷуҳ мекунем:

                Тилисми зиндагиро боз кардан,

                Тафаккур бар ҷаҳони роз кардан.

                Ба ангуште  шикофидан қамарро,

                Худиро бо Худо ҳамсоз кардан.

(ниг.: Мирзо Боқӣ. Ҷовидоннома. Иборат аз ду ҷилд. Ҷилди 1. –Душанбе: «Деваштич», 2006. –С. 90).

    Устод Мирзо, воқеан, дар эҷоди «тилисмҳои ҳайрат» (манзур осори устод, ки дар се муҷаллади бузург фароҳам омадаанд) заҳмати зиёде кашидааст. Мутолеоти васеъ, диди фарох ба масоили иҷтимоӣ, фалсафӣ, фарҳангӣ шахсияти шоирро аз дигар ҳамқаламону ҳампешагонаш мутамоиз кардааст. Танҳо чашми камбин, завқи кӯр, кинаву хусумат, ҳавсалаи тангу хеле маҳдуд ва амсоли инҳо барин хасоили  ахлоқии фаръӣ мо – инсонҳои худхоҳу худкомаро водор месозад, ки шахсиятҳои арзандаи ҷомеаро дар ҳама соҳот сарфи назар кунем ва як умри азиз бо бухлу кинаварзӣ ва нотавонбинию хештанситезӣ ба сар бубарем.

   Бад-ин минвол, дар анвои гуногуни манзум дар сатҳи аллома Иқбол хомафарсоӣ кардан кори саҳлу осон нест ва агар ба дубайтиҳои устод  таваҷҷуҳ кунем, ба хубӣ дармеёбем, ки Мирзо Боқӣ мушкилоти ахлоқӣ, равонӣ, фикрӣ, динӣ, мафкуравӣ, идеологӣ ва фарҳангии замони навро ҷиддӣ фаро гирифта, нисбат ба ишколот дар қолаби назму наср ҳассосият  ва вокуниш  нишон медиҳад. Дар баёни матолиб ва ба намоиш гузоштани  масоили фалсафӣ ва рӯзмарра, ки ҳамагӣ бар мабнои  фоҷиаи инсонӣ дар бастагӣ бо маргу нестӣ тарҳрезӣ шудаанд, шоир аз аллома Иқбол амиқтар рафтааст. Агар қисмати зиёди шуаро ва удабои мутақаддиму мутааххир ба таври нохудогоҳ аз мавзӯи маргу нестӣ пайгирӣ карда бошанд, устод Мирзо Боқӣ ҳамеша ба он аз дидгоҳи фалсафӣ бархӯрд намуда, дар партави мутолеоти густардаи манобеи адабӣ-бадеӣ, таърихӣ, сиёсӣ, фалсафӣ ва маводи дасти аввали илмӣ-таҳқиқӣ «Ҷовидоннома»-ҳо таълиф кардааст. Устод ҳанӯз дар замони донишҷӯйӣ бо мероси фалсафӣ ва адабии файласуфону адибон ва мутафаккирони урупоӣ Данте, Волтер, Дидро, Монтескиё, Руссо, Ҳёте, Фихте, Шопенҳауэр, Нитше, Достоевский, Сарт, Камю ва дигарон тавассути хатти арабию форсӣ ва забони русӣ шинос шуда, биниши фалсафӣ ва илмиашро таҳкиму тақвият бахшидааст. Аз мероси манзуму мансури устод метавон дарёфт, ки ӯ, воқеан, шахсияти комили эҷодӣ буда, дар ироаи матолиби гуногун минҳайси як соҳибназари миллӣ ҷилва намудааст. Ин соҳибназарӣ дар натиҷаи заҳмату талошҳои фаровони эҷодӣ ва мутолиоти  густарда ба устод муяссар гардидааст. Ин аст, ки устод Мирзо  Боқӣ Иқболи замони мост ва хидмате, ки аллома дар ибтидои садаи бистум барои мардуми Шарқ анҷом дода буд, дар шароит ва фазои муҷаддади сиёсию иҷтимоӣ ва фикрию фарҳангӣ Мирзо Боқӣ, бо фаъолияти фарҳангӣ ва адабиаш барои тоҷикистониён ройгон карду рафт. Омӯзиш ва мутолеаи шеъру сухани устод Мирзо Боқӣ, бегумон, дар шинохту ташхиси уқдаҳо ва раҳоӣ аз бунбастҳои фикрию  равонӣ ва ахлоқию ақидатӣ, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ, бархӯрди тамаддунӣ ва ташаннуҷи  буҳронҳои ахлоқию фарҳангӣ, ки мувоҷеҳи ҷомеаи тоҷикӣ шуда истодаанд, мусоидат мекунад.

  Даргузашти устод Мирзо, ки бемуҳобо, «Иқболи нави замона» буд, ҷомеаи мадании тоҷикро андӯҳгин кард ва марги устод барои фарҳанг ва равшангарии миллӣ талафоти гарон аст. Маҳфили «Ҷаҳони андеша», ки устод Мирзо Боқӣ аз замони таъсисёбӣ узви он буд, ба хешу ақрабо, дӯстону пайвандон ва ихлосмандони шеъру сухани марҳум самимона таслият арз мекунанд.  

                          Маҳфили “Ҷаҳони андеша”

     

 

Устод аз ин карона моро тарк кард,

Бар сӯйи абад равона моро тарк кард.

Дар даст мудом хомаву дафтари шеър,

Бар лаб ғазалу тарона моро тарк кард.

Бар рағми тамаллуқоти тарсусифатон

Бо ҷуръати шоирона моро тарк кард.

Бар дӯш  агарчи бори андӯҳи гарон,

Бо чеҳраи шоирона моро тарк кард.

Бар сустиву заъфи баданӣ чира шуда

Бо пайкари бардамона моро тарк кард.

Бо шӯру қиёми ишқ бар қасди аҷал,

Мастонаву  ошиқона моро тарк кард.

Иқболи куҳан агарчи рафт, аз пайи ӯ

Иқболи нави замона моро тарк кард.

Бо  қалби пур аз отифа Мирзо Боқӣ

Сад ҳайф, ки ҷовидона моро тарк кард.

Нозим Нурзода

16 сентябри соли 2019, душанбе, соати 21:30

 Маҳфили “Ҷаҳони андеша”

Хондан 1677 маротиба