JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

  Имрӯз зеҳни сунъӣ аз ҳар ҷиҳат нишон медиҳад, ки ӯ аз инсон бартар аст, ҳарчанд худи ӯ маҳсули таффакури инсон мебошад. Аммо ба фарқ аз инсон қобилиятҳои беназирро доро мебошад, ки инсон тавони анҷом додани онҳоро надорад. Зеҳни сунъӣ дар як вақт қобилияти таҳлил намудани трилионҳо иттилоотро доро буда, дар як соня метавонад баъд аз таҳлили ин миқдори иттилоот ба хулосаи ниҳоӣ омада, қарор қабул намояд ва ҳадафмандона амал намояд. Агар қобилияти ӯро бо инсон муқоиса намоем, мебинем, ки зеҳни сунъӣ метавонад шароит фароҳам биоварад то дар оянда техналогия бар инсонҳо мусалад бигардад. Шояд дар ояндаи наздик, зеҳни сунъӣ нисбат ба ҳаёт, саломатӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон тасмим бигирад. Алббата бо натиҷагирии раванди рушди технология, рӯзе ин фарзия ба ҳиқиқат табдил хоҳад ёфт.  Зеро чанд даҳсолаи ахир аст, ки дар бозори меҳнат  инсон ва технология дар рақобат бо ҳам қарор доранд. Технологияҳои муосир метавонанд бо истифода аз зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои гуногун инсонро иваз намоянд. Раванди худкоргардонии техналогия, мавқеъӣ инсонро дар бозори меҳнат танг менамояд, вале дар баробари ин боиси пайдоиши касбҳои нав мегардад. Аммо дар ин ҷараён зеҳни сунъӣ метавонад дар ҳаёти инсонӣ тағйироти амиқеро ба вуҷуд биоварад. Ин ки дар оянда инсон тобеи техналогия мегардад ва ё на, инро раванди ташаккули техналогия ба мо нишон медиҳад. Имрӯз инсон метавонад таввасути барномаҳои махсус бо зеҳни сунъӣ дар рақобат қарор бигирад. Он бозии шоҳмот, ки дар телефон ва компиютерҳо истифода мешаванд, шумо метавонед, бидуни ҳузур доштани рақиби инсонӣ шоҳмот бибозед. Яъне дар ин бози рақиби шумо зеҳни сунъӣ хоҳад буд. Бозии шоҳмот, ки дар ин авохир таввасути зеҳни сунъӣ барномарези шудааст, имкони таҳлили 70 милион иттилоотӣ вобаста ба бозии шоҳмотро доро мебошад. Инчунин метавонад дар як соня 70 ҳазор амалёти вобаста ба бозии шоҳмотро таҳлил намуда, амал намояд. Барои як инсон таҳлил чунин миқдор иттилоот номумкин аст ва аз ин ҷо бармеояд, ки дар муқобили инсон рақиби шикастнопазир қарор дорад. Пас дар оянда чиро метавон аз ин рақиб интизор гашт? Оё инсон тобеи ин рақиб мегардад ва ё натиҷаи ин рақобатҳо дар оянда чӣ хоҳад буд?

  Эҳё ё Ренессанс (аз лотини renasci «аз нав таваллуд шудан, аз нав эҳё кардан») муҳимтарин давраи таърихи илму фалсафа, санъату ҳунар, адабиёту фарҳанг ва сиёсату давлати кулли башар мебошад. Ин раванд асосан дар Аврупо ба амал омада, баъдан аҳаммияти ҷаҳонӣ пайдо кард. Раванди мазкур илму фарҳанги асрҳои миёнаро, ки дар он дину калисо ҳукмрон буд, комилан барҳам зада, аврупоиҳоро ба марҳилаи маорифпарварию равшангарӣ ва Замони нав ворид сохт. Он аввал дар ибтидои асри XIV, дар Италия ба вуҷуд омада, давоми асрҳои XV-XVI, дар Олмон, Испания, Фаронса, Лаҳистон ва Аврупои шимолӣ паҳн гардид ва ба баъзе минтақаҳои дигари ин қитъа, 20-солаи охири асри XVI ва ҳатто, даҳсолаҳои аввали асри XVII доман густурд.

   Аксар аз муҳаққиқин бар онанд, ки вазъиятҳое, ки дар тули зиндагӣ барои фардҳои муаян пеш меоянд ва ҳалли мушкили зистиро ба вуҷуд оварда танҳо аз роҳи тассалӣ додани хеш ва як навъ муъҷизакорона амал намуда, дар баробари воқеъиёт тасаввуроти зеҳнии худро иброз медоранд ва бад ин восита худро тасаллӣ дода, вазъиятро аз ҳолати даҳшати зеҳнӣ бартараф месозанд,ба як бовар табдил меёбанд. Чунин ба назар мерасад, ки аксар аз боварҳо аз насл ба насл интиқол гардида, ба ҳайси як рафтори рефлекси ғайришартӣ табдил меёбад. Далели ин гуфтаҳо он аст, ки аксаран дар нисбати ҳаводису воқеа ба таҷрибаи гузаштагони худ такя мекунанд. вақте як фард ба дунё меояд, табиӣ аст, ки дар ӯ ҳеҷ гуна бовар вуҷуд надорад. Аз аввалин амалҳое, ки як фард анҷом медиҳад, ин тақлид намудан дар баробари амалкардҳои бузургсолон аст. Одатан фардҳо пас аз тавлид аввалин рафторҳои худро дар тақлид ба падару модар ва атрофиён ба роҳ мемонад. Онҳо аксаран амалаҳоеро ки анҷом медиҳанд, онҳоро аз лиҳози сабабу натиҷавӣ ва моҳиятӣ баррасӣ наменамоянд. Танҳо бо анҷом додани он амал гумон меварзанд, ки ҳамин тарзи амалкард, дорои як маъние дар ҷаҳони инсонист. Бахусус, анвои гуногуни боварҳо дар ҳамин замина шакл мегирад. Инсонҳо аввалин рафторҳои боваргунаи хешро дар тақлиди бузургсолон анҷом медиҳанд ва усули тарбиятии хонавода бар зеҳни як фард сахт таъсиргузор аст.

    Дар чанд садсолаи охир омилҳои таъсиргузор дар рушду ақибмондагии миллатҳову кишварҳо мавриди омӯзиши донишмандон қарор гирифтаанд. Ин раванд баъди ба пайраҳаи рушди саноатӣ ворид шудани Британияи Кабир дар асри 18-ум оғоз шуда буд. Инқилоби санъатӣ дар ин кишвар, ки тибқи маълумоти Донишномаи “Британика” аз солҳои 1760 то 1830 давом дошт [1], ба иқтисоди он ҷаҳиши назаррас дода, сатҳи зиндагии мардум ва қудрати ҳукумати онро ба маротиб боло бурда буд. Кишварҳои дигар, чӣ рақиб ва чӣ шарики Британияи Кабир, ин тағйиротро бо диққат назорат мекарданд ва решаҳои ин комёбиҳои онро меомӯхтанд. Дар пайравӣ аз ин кишвар, дар асри 19-ум, давлатҳои зиёде аз Аврупову Амрикои Шимолӣ тавонистанд саноати худро рушд дода, ба пайраҳаи рушди устувор ворид гарданд. Ин таҷрибаро кишварҳои алоҳида дар Африқову Осиё низ такрор карданд, аммо бо таъхири зиёд ва аслан дар нимаи дуюми асри 20-ум. Аз ҷумлаи ин кишварҳо, Чин ва Кореяи Ҷанубӣ мебошанд. Ҷопон ҳанӯз дар асри 19-ум бо омӯзиши амиқи омилҳои рушди кишварҳои Аврупо дар сиёсату фарҳанги хеш ислоҳоти ҷиддӣ гузаронида, ба пайраҳаи рушд ворид шуда буд.

Китобҳо