JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

Якшанбе, 20 Феврали 2022 04:53

Фидоӣ

    (Паёми табрикии аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба ифтихори 70-солагии адабиётшинос, муҳаққиқ, андешаманд ва равшанфикри миллӣ Устод Ҷамолиддин Саидзода)       

    Адабиётшинос, муҳаққиқ, андешаманд ва равшанфикри муосири миллӣ  устод  Ҷамолиддин Саидзода 20 феврал ба синни 70 қадам мениҳанд. Устод аз чеҳраҳои матраҳу шинохтаи миллӣ маҳсуб мешаванд, ки як умри азизи хешро сарфи омӯзишу пажӯҳиши масъалаҳои умдаи адабӣ-бадеӣ, илмӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ, ҳувиятӣ ва маданӣ карда, то имрӯз дар  масири ташаккулу таҳаввули ҳувияти миллӣ ва ҷаҳоншиносии аҷдодӣ бардамона гом бармедорад. Ҳанӯз аз солҳои донишҷӯйӣ оғоз намуда, устод Ҷамолиддин Саидзода миллатшиносӣ, меҳанпарастӣ ва озодманиширо минҳайси мушаххасоти ҳувиятию эҷодӣ, равонию иҷтимоӣ ва фарњангию маданӣ меъёри кору зиндагии шахсию эҷодӣ ќарор дода, дар ин шоҳроҳ то имрўз, бидуни дарангу вақфа ҳаракат мекунад. Муҳимтар аз ҳама, устод Саидзода ҳувиятсозӣ ва миллатшиносиро ба унвони мабодӣ ва принсипи ҳаётӣ пазируфта, хидмат ба миллатро вазифа ва рисолати хеш медонад ва иҷрои ин рисолатро қарзи виҷдонӣ талаққӣ мекунад.

( ёдномае дар робита бо даргузашти муҳаққиқ ва файласуфи муосири тоҷик, доктори илми фалсафа, профессор Муҳаммад Давлатович Ғоибов)

       Шаби 6-уми феврали соли 2022 қалби муҳаққиқ, файласуф ва омӯзгори варзидаи тоҷик, устод Муҳаммад Давлатович  Ғоибов аз тапидан бозмонд ва нисфирӯзии 7-уми феврал устод ба хок супорида шуд. Устод Муҳаммад Давлатовичро ҷомеаи илмӣ ва фалсафии тоҷик, махсусан муҳити донишгоҳӣ (манзур Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) аз дер боз мешинохтанду мешиносанд. Мо, ки фориғуттаҳсили Донишгоҳи миллии Тоҷикистонем ва бо тақозои омӯзишу таҳсилот ва пажӯҳишу таҳқиқот бо доираҳои илмию фалсафии миллию ватанӣ ошноӣ доштем, табиист,  бо  устод Муҳаммад Давлатович ҳам ифтихори шиносоӣ пайдо кардем. Албатта, ошноӣ ва шиносоии мо бо устоди фақид Муҳаммад Давлатович бевосита набудааст ва таърихчаи худро дорад. Бинобар ин, зарур донистем, ки дар ҳошияи даргузашти устод сафаҳоти хотироти хешро варақгардон намоем ва аз ин тариқ ёдномае иҷмолӣ дар ҳошияи даргузашти равоншод Муҳаммад Давлатович иншо бикунем.

    Дӯст ва донишманди ҷавон, Номвари Қурбон!

    Шумо аз ҷумлаи ҷавонони пӯёву ҷӯёву тавонои тоҷикед, ки дар ростои хирадмеҳварӣ, манофеи давлатӣ, таҳкими раванди озодандешӣ ва ҳувияти миллӣ ибтикороти ҷиддие рӯй даст гирифтаед ва дар масири ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ гомҳои устувор бармедоред. Ба синни ҷавонӣ нигоҳ накарда, Шумо ба таври боварнакарданӣ ва хастагинопазир дар умури ташкилӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва эҷодӣ фаъолед.

(таслияти аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша” дар робита бо даргузашти иқтисодшиноси миллӣ Бостон Собир)

                                                 Умр фарсудиву рафтӣ бо ҳазорон орзу,

  Ёди ту дар дил бимонад то абад марди наку.

      Шаби 28-уми январи соли ҷорӣ қалби пуршӯру пурорзуи дӯсти ҷавон, иқтисодшинос ва донишманди мо Бостони Собир бармаҳал аз тапидан бозмонд. Хабари марги Бостонро аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дарёфтем ва хеле афсурдаву ғамгин шудем. Пас аз даргузашти нобаҳангоми устод Бостон  миёни худ радду бадал мекардем, ки чӣ тур як марди сип-сиҳат дар як они воҳид бидуни беморӣ ва эҳсосу дарди қаблӣ аз дунё дармегузарад. Баъдан дӯстон маълум карданд, ки Бостон шаби 28 январ ҳангоми ҳавохӯрӣ бар асари сактаи қалбӣ вафот мекунад. Афсӯс ва сад афсӯс, ки чунин дӯсту рафиқи шафиқро хеле барвақт аз даст додем.

Китобҳо