JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

  Дар таҷрибаи давлатдории таърихи навтарини Тоҷикистон Паёми ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи рушди ҷомеа ва давлат маҳсуб буда, самтҳои асосии ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакатро муайян менамояд. Аз ҷиҳати мазмун ва моҳияти худ Паёми солона – ҳисоботи Сарвари давлат ба тамоми мардуми кишвар ба воситаи Парлумон буда, ин падида дар таҷрибаи муосири давлатдории ҷаҳонӣ ифодакунандаи принсипҳои муҳими давлати соҳибистиқлол, демократию ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад. Аз як тараф Паём самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷиро муайян намуда, аз тарафи дигар дурнамои рушди ояндаи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлатро дар асоси таҳлил ва баҳогузорӣ маълум месозад.

  Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 21  декабри  соли 2021 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, дар маҷмуъ барои  тамоми мардуми шарифи тоҷик  ироа гардид,  ба  ақидаи банда,  пурмуҳтавотарин  ба  ҳисоб меравад.
 Дар он,  пеш аз ҳама,  дастовардҳои  Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои зиндагӣ, яъне сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маориф, илм  ва ғайра дар  давоми 30  соли Истиқлолият  мавриди  таҳлили  амиқ  қарор  гирифта,  дурнамои  рушди  кишвар  вобаста  ба  самтҳои  муайянгардида, нишон  дода  шудааст. Дар мақолаи дурнамои  рушди  иқтисодиёти  кишвар, ки аз муҳтавои Паём  бармеояд,  нишон дода шудааст.

Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, ходими пешбари илмии Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умаров, Ризо Баҳромзод иштирок намуданд. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Ҷоизаи нобелӣ дар самти физика барои соли 2021» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд

     10 декабр зодрӯзи шоири файласуф ва мутафаккиру рӯшангари миллӣ устод Зиё Абдулло мебошад. Ҳанӯз аз нимаи дуюми солҳои ҳафтодуми садаи бист устод Зиё Абдулло тавасути матолиби ҷолиби манзуму мансур ба фазои адабию мадании ватанӣ ворид гардида, миёни аҳли илму адабу фарҳанги бумӣ ва ҷомеаи тоҷикӣ маҳбубият пайдо намуд. Устод Зиё Абдулло аз ибтидои фаъолияти адабию маданӣ ба муҳтавои мафҳуми зиёигарӣ ва рӯшангарӣ, ки ба исм ва номи ӯ пайвандӣ доранд, пай бурд ва умри азизи хешро сарфи хидмати маънавӣ ба мардум ва ҷомеаи тоҷик кард.  Замоне ки ба ном зиёиёни миллию ватанӣ сари манофеи шахсию гурӯҳӣ тамаркуз мекарданд (нимаи дуюми солҳои ҳаштоду ибтидои навадуми садаи бист, ҳамчунин замони ҷанги шаҳрвандӣ ва марҳилаи баъдиҷангӣ дар назар аст), устод Зиё Абдулло минҳайси мутафаккир ва рӯшангари тоҷик сари масоили умдаи ҳувиятию миллӣ меандешид, сарчашмаҳои адабию таърихӣ ва адабиёти илмӣ-таҳқиқиро муруру метолеа мекард, ба умқи хотираи таърихӣ фурӯ мерафт, дар дарёи фалсафаи миллию ҷаҳонӣ ғаввосӣ меварзид, он чиро ки меомӯхту дармеёфт, дар мизони ақлу мантиқи зинда месанҷид, мероси фарҳангу маънавиёти тоҷикиро аз ғалбери интиқодӣ мегузаронд, дар заминаи бурду бохти тамаддуни бумӣ тамрини фикрию эҷодӣ анҷом медод ва билохира ҳосили мутолеоту бардошту мушоҳидоташро дар қолиби манзуму мансур рӯйи сафаҳоти матбуоти даврии вақт мерехт. Аз ҳама муҳим, устод ҳанӯз аз бомдоди фаъолияти адабӣ мутолиботи ҷиддии миллиро, ки реша дар устураву бовардоштҳои бостонии аҷдодӣ доранд, матраҳ менамуд ва халқу миллатро ба сӯйи хештаншиносӣ ва ҳувиятсозӣ ҳидоят мекард. Ин буд, ки аҳли илму адаби замон, бемуҳобо, ӯро мутафаккир ва шоири файласуфи миллӣ меномиданд.

Китобҳо