JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, Қамар Нурулҳақов – файласуф ва исломшинос иштирок намуданд. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Таносуби дин ва дунявият дар фарҳанги сиёсии тоҷик» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ширкати британии TuNur Ltd аз ҳукумати Тунис оид ба сохтмони генераторҳои офтобӣ бо тавоноии умумии 4,5 ГВт дар қисмати биёбонии ин кишвар хостори иҷозат шуд. Дар ин матн оид ба нерӯгоҳҳои барқии офтобии (гелиотермалӣ) (технологияи Concentrated Solar Power - CSP) муҷаҳҳаз бо дастгоҳҳои баландҳарорати нигаҳдорандаи энергияи гармӣ дар намуди ғунҷоиш бо намаки ҳалшуда сухан меравад, зеро онҳо метавонанд, ки қувваи барқро ба таври шабонарӯзӣ таъмин намояд.

  Дар ҳар соҳаи эҷодиёти адам, хоҳ илм бошад, хоҳ санъат, хоҳ иқтисод, бисёр мавзӯъҳо ва муаммоҳое ҳастанд, ки аз қадимулайём одамиятро ба ҳаяҷон меоварданд. Асрори Олами Сағиру Кабир , сирри вақту фазо ва ҳодисаҳои дар он ҷараёнгиранда- аз нумӯи гул то чаҳчаҳи булбул, аз ҳаракати сайёра то таркиши ситора ба назари аввал чунин менамояд, ки ҳамаи ин чизҳо соддаанд ва ҳочат ба фикркунӣ ҳам нест, вале дар асл ин хел нест, амиқтар нигарем саросар муаммост ва то ин вақт барои инсоният фисади каме аз ин муаммоҳо ҷавоби худро ёфтааст. Бояд инро ҳам гуфт, ки ин ҷавобҳо  мусбату қатъӣ  нестанд. Ҳамин аст, ки ҳадаф ва мазмуни идрок- фаҳмидани равандҳои ниҳоӣ ва асроромези табиат ва ҷойгоҳи мо дар Коинот аст, ки дар ҳар замону макон инсони солимақлро ба ҳаяҷон меорад ва боз ақли солимро ба омӯзишаш ҷалб менамояд.

  Музофоти Кӯлоб ноҳияҳои маъмурии Балҷувон, Восеъ, Данғара, Кӯлоб, Мӯъминобод, Фархор, Ховалинг, Ҳамадонӣ, Шӯробод ва Темурмалик- хосса собиқ вилояти Кӯлобро дарбар мегирад, 12,0 ҳазор километри мураббаъ масоҳат дорад ва беш аз 1086 ҳазор нафар (с.2014) сокинон ҳаёт ба сар мебаранд.

Китобҳо