JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 05 Декабри 2017 03:42

Фарҳанг: имрӯз ва фардои миллат

Муаллиф:

  Рушди фарҳанги миллиамон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ аз Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз меёбад. Он айём на танҳо масъалаи ҳаёту мамоти миллату давлат, балки фарҳангу тамаддуни тоҷик низ ҳаллу фасл мегардид. Хушбахтона, бо қабули қарорҳои судманд ва сари қудрат омадани фарзонафарзанди сарсупурдаи миллат Эмомалӣ Раҳмон фарҳанги миллӣ ҳифз гардид. Мо шоҳиди он ҳастем, ки дар баробари аҳли ҳунару санъат худи мардум дар рушди соҳа фаъолона ширкат меварзад. Рӯз ба рӯз доираи ҷалби мардум ба чорабиниҳои фарҳангӣ васеъ гардида, бунёди иншооти замонавӣ, эҳёи суннатҳои аҷдодӣ, тарғиби фарҳанги пурғановати миллӣ ва муҳайё сохтани заминаҳои моддии рушди самтҳои гуногуни фарҳанг ба вуқӯъ пайваста истодааст.

  Айни замон, дар ҷумҳурӣ 2351 муассисаи иҷтимоию фарҳангӣ фаъолият  дорад. Танҳо дар давоми  5 соли охир дар кишвар 16 бинои нави  хона ва қасрҳои фарҳанг, 5 осорхона, 13 китобхона бунёд гардид.

Яке аз падидаҳои хуби даврони истиқлолият ин таъсиси Консерваторияи миллии Тоҷикистон, коллеҷи хореографӣ, Пажӯҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотии  фарҳанг ва иттилоот, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, таъмиру таҷдид ва мавриди истифода қарор гирифтани  ягона арғунун аз таваҷҷуҳу  ғамхории бевоситаи Пешвои миллат  нисбат ба рушди  соҳаи фарҳанг мебошад. Ин муддат садҳо иншооти дорои аҳамияти фарҳангидошта бунёд ва таъмиру навсозӣ гардиданд. 
Бори нахуст Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ, ки 506 номгӯйи намунаҳои фарҳангиро дар ҳудуди Тоҷикистон дар бар мегирад, нашр гардид ва чанде аз номинатсияҳои он, аз қабили “Оши палав” ва “Шашмақом” ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО шомил гардиданд. Дар ҷаласаи 39 - уми Конференсияи генералии ЮНЕСКО, ки чанде пеш дар шаҳри Парижи Фаронса баргузор шуд, Ҷашни Меҳргон ҳамчун мероси фарҳанги ғайримоддии  халқи тоҷик пазируфта шуд. Кормандони соҳа ҳоло барои ворид намудан ба феҳрист номинатсияҳои “Чакан” ва “Фалак” – ро пешниҳод намудаанд. 
Аз ҷониби Вазорати фарҳанг лоиҳаи «Феҳристи ёдгориҳои моддии Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ омода ва ба Ҳукумати кишвар пешниҳод гардид. Аз шумораи ёдгориҳои моддии то имрӯз ба рӯйхати Мероси фарҳанги умумиҷаҳонии ЮНЕСКО воридгардида 17 – тоаш ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ мебошад, ки ин дастоварди  беназир  маҳсуб меёбад. Зеро ба ин восита мо тавонистем баъзе унсурҳои фарҳанги миллиамонро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ ва тарғиб созем. 
Ҳоло дар кишвари мо 46 шабакаи радиотелевизионӣ амал мекунад, ки аз он 28 шабакааш хусусӣ аст. Ҳамчунин, вақти эфирӣ барои шабакаҳои телевизионӣ 12 - 18 соат ва барои шабакаҳои радиоӣ шабонарӯзӣ шудааст.
Боиси хушнудист, ки дар навоҳии гуногуни кишвар сохтмони як қатор иншооти фарҳангӣ идома дорад. Яке аз ин муассисаҳо Театри миллӣ мебошад. Хишти аввали онро Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки аҳли фарҳанг ва ҳунари пойтахт дар вазъияти тантанавӣ ниҳоданд. Ин театр, ки баъди чанд муддат дар шафати Китобхона ва Осорхонаи миллӣ қомат хоҳад афрохт, минбаъд барои қонеъ гардондани кулли ниёзҳои маънавии мардуми фарҳангдӯсти тоҷик ба сифати яке аз марказҳои бузурги маърифатӣ ва тарбия хидмат хоҳад намуд. 
Аҳли фарҳанги кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, пайваста кӯшиш менамоянд, ки дар баланд бардоштани сатҳи маънавию фарҳангии мардуми кишварамон саҳмгузор бошанд. 


Азизмурод ШАРИФОВ,
корманди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

http://www.jumhuriyat.tj/index.php?art_id=31721

Хондан 2289 маротиба